ВАҲДАТГАРОЕМ, ВАҲДАТСАРОЕМ!

 ВАҲДАТГАРОЕМ, ВАҲДАТСАРОЕМ!

?????????????????????????????????????????????????????????

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон киштии дар гирдобафтодаву ғарқшудаи тоҷикро аз дарёи бало бо дасти тавонои хеш кашиданд ва онро аз нестшавӣ наҷот доданд. Аз ин рӯ, хидмати ин мард дар наҷоти миллат ва кишвар аз неруҳои аҳриманӣ хеле бузург аст. Маҳз ҳамин мард буд, ки мухолифинро бар сари мизи музокира нишонд ва охируламр мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ, яъне созишномаи умумии сулҳ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав имзо шуд, расидем. Ба қавли яке аз аъзои фаъоли КОМ, устод Кароматулло Олимзода, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва неруҳои мухолифин дар Маскав ба имзо расида буд, ҷамъбасти мулоқоту баҳсу мунозираҳои зиёд барои ба ҳадафи ниҳоӣ – сулҳу ваҳдат ноил шудан буд. Ҳамзамон, созишномаи мазкур барои фаъолияти якҷояи ҳарду ҷониб роҳ кушод ва механизми амалисозандаи он Комиссияи оштии миллӣ дар муддати беш аз дуним сол вазифаҳои муҳимро анҷом дод. Сулҳи тоҷикон намунаи нодири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ буд. Он аз бадномии ҷангзадагӣ ба сулҳу оштиофаринию некномӣ овард, ҳатто намунаи ҳалли муваффақонаи низоъҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ҷаҳони муосир гардид. Дарки масъулияти олӣ барои тақдири миллату давлат буд, ки ҳарду ҷонибро ба ҳам овард ва дар паси як миз қарор дод. Натиҷаи он имрӯз маълум аст, ки ҳаёт осудатар, ҷумҳуриамон ободтар, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хоси худро касб менамояд».

Ба андешаи муаллифони китоби “Меъмори ваҳдат” – Султони Мирзо­шоҳ, Шодон Ҳаниф, “Рӯзи аз Москва баргаштани Раиси ҷумҳур, 27 июни соли 1997, фурудгоҳи шаҳри Душанбе идона оро ёфта буд. Фавҷ-фавҷи мардуми шаҳр бо дилу дидаҳои шодоб аз хурсандӣ ва садоқат ба Сарвари миллати худ ба истиқболу шодбахшии Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов омада буданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассумҳои орифонаи Эмомалӣ Раҳмонов нур меборид. Гӯё имрӯз офтоб дар вусъати осмони миноии шаҳри Душанбе пурнуртар ме­дурахшид. Он рӯз мардум аз Пешвои худ нур ва сафоро ҳадя гирифта буд! Нури зиёбахши Сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад. Ва он лаҳзаҳо ин байти Лоиқ вирди забонҳо буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги шармандавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад».

Маълум аст, ки баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва хусусан имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар соли 1997 обрӯю эътибори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзуд. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба фаъолияти ӯ баҳои баланд ва арзанда медоданд. Хусусан, адибон дар ашъори худ ӯро баҳри хидматҳои бузургаш барои миллат ва кишвар ҳамду сано мегуфтанд. Агар мо ҳамаи он шеърҳое, ки адибон ба шахсият ва фаъолияти Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд, ҷамъоварӣ ва тадқиқ намоем, дар чандин рисола намеғунҷад. Лиҳозо, ба баррасии бархе аз онҳо иктифо менамоем.

Устод Аскар Ҳаким яке аз ҳамин гуна адибонест, ки дар шеъри “Номаи фахру сипос”, ки дар шакли маснавӣ навиштааст, аз “азми побарҷо”, “ҷа­соратҳои беҳамто”-и Сарвари кишвар бо эҳсоси баланд, бо ифтихори вежа изҳори ташаккур мекунад. Ӯ дар ин шеър аз хидматҳои камсобиқаи ин марди сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, ки истиқлоли миллии моро ҷон дар каф ҳимоя ва таъмин намуд, хусусан аз фарҳангпарварӣ, нангу номус, ватандорию ватандӯстӣ, кишвардо­рию миллатсозӣ ва ҳимматбаландию меҳрубониҳову дастгириҳояш аз аҳли илм, аз ҷумла худи шоир, ки ҳангоми ба сактаи дил гирифтор шуданаш ба­рояш карда буд, ёдовар шуда, худро дар назди ӯ қарздор ҳисоб мекунад ва ин шеърро ҳамчун номаи сипос ба ӯ ҳадя менамояд:

Шоҳи шоҳон кам набуд дар рӯзгор,
Шоҳи инсон буд аммо камшумор…
Ман нагуфтам ҳеҷ гоҳе мадҳи паст,
Ҳарчи гуфтам, фахри шоир будааст…

Фахри ман буд азми побарҷои ту
В-он ҷасоратҳои беҳамтои ту.
Гуфтӣ: “Ин таъриху ин фарҳанги туст,
Ҳеҷ медонӣ, ки сад ман санги туст…”

Баъд аз ин донистамат ҷону ҷигар,
Чун туӣ, дидам, ватанро чорагар…
Аз қазоям сактаи дил шуд раво,
Ҳиммату меҳри ту кард онро даво…

Ман ба дарди дил даво мекофтам,
Умри нав аз ҳиммати ту ёфтам…

Устод Мирзо Файзалӣ аз шоирони дигарест, ки ашъори зиёд ва хуб дар ин замина гуфтааст. Хусусан шеъри “Марди Худо”-и ӯ аз ҳар лиҳоз ҷолиб мебошад. Ӯ дар ин шеъраш, ки 10 бандро фаро мегирад, аз фоҷиаи кишвар, мушкилот, парешонӣ, хорию зорӣ, яъсу навмедӣ, нокомию номуродӣ, оҳу нолаи миллат ва, билохира, ба доди онҳо расидани ин марди Худо–Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона қисса менамояд ва мардумро ба шукрона кардан фаро мехонад:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард,
Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин Раҳбари фарзона бояд кард.

Ӯ ба ҳамин мазмун дар ҷои дигар чунин мегӯяд:

Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,
Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,
Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,
Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Низом Қосим низ шеъри “Эмомалӣ Раҳмон”-ро, ки аз 8 банд иборат аст, ба Пешвои миллат эҳдо намудааст:

Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,
Барои родмардиро намудан марди род омад,
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,
Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад…
Ҷавонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард,
Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард,
Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,
Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард…

Ӯ дар шеъри “Наврӯзи Данғара”, тавассути санъати талмеҳ ба Пешвои миллат унвони “Рустами Дастони Данғара”-ро арзонӣ медорад, ки, барҳақ, унвони барозанда аст бар ин наҷотбахши миллату кишвар:

Наврӯз мерасад зи гулафшони Данғара,
Гулзори ваҳдат аст гулистони Данғара…
Эй дашти дилвасеъ, бубин бо дили васеъ
Нангу ғурури Восеъи Хатлони Данғара…
“Шаҳнома” оваред, ки гӯяд ҳакимвор
Аз нангу ори Рустами Дастони Данғара.

Мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон ба сохтмони НБО-и «Роғун» маҳз дар замони истиқлол ва бо саъю кӯшиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғозиданд. Дар сохтмони он Прези­денти кишвар натанҳо саҳми фаъол гирифт, балки “худ савори булдозери вазнин, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо яку ним соат ба пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшид. Ин манзараро шо­ири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки дар он ҷо ҳузур дошт, чунин шоирона ба қалам дод:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст,
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.

НБО-и «Роғун», ба қавли устод Бо­зор, “воқеаи бузурги таърихист, ки дар пеши ҳафт ҳазор тамошобин ва дар шоҳидии қариб сад сафири хориҷӣ ва меҳмонон ба воситаи беҳтарин ва мудернтарин мошинҳову техникаи за­монавӣ ин кор анҷом дода шуд”.

Албатта, ин гуфтори ягонаи устод Бозор Собир нест, ки дар мавриди кор­номаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст. Дар ин замина овар­дани шеъри машҳури дигари ӯ бо номи “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро” айни муддаост:

Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли деҳқонбаччаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.
Чун кафи дасти ту шаҳроҳат
Аз Душанбе то Бадахшон.
Аз канори Суғд то Хатлон:
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин,
Фавҷи дарёҳои мошин.
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби «Анзоб»,
Бастакори нақби «Шаршар»,
Бастакори «Чормағзак»,
Бастакори ГЭС-и «Роғон»
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор.

Ин намунаро низ аз ситоишномаҳои устод Бозор дар ҳаққи Пешвои мил­лат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сурати шоҳбайт аз қаламаш таровидааст ва “Соядасте ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” унвон дорад, тақдими хонандагон мекунем:

Номи туро нависем,
эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло
дар тоқи Қасри миллат.

Ногуфта намонад, ки қариб тамоми шоирони мо ваҳдати миллӣ ва меъ­мори он — Эмомалӣ Раҳмонро дар осорашон васф кардаанд. Шоироне чун Салимшо Ҳалимшо, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Назри Яздонӣ, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Ворис, Нуруллоҳи Ориф, Алимуҳаммад Муродӣ, Парда Ҳабиб, Сайёд Ғаффор, Шаҳрия, Му­фаззали Аҷамрод, Муродалӣ Собир, Сафар Амирхон ва дигарон, ки мо маҷоли аз ҳамаи онҳо мисол овардан­ро дар даст надорем.

Ҷамолиддин САИДЗОДА

Дигар хабарҳо