Шеваи тарғиби фарҳанги миллӣ чӣ гуна бошад?

 Шеваи тарғиби фарҳанги миллӣ чӣ гуна бошад?

Маҳфуми “фарҳанг” аз печидата­рин, вале фарогиртарин ва густарда­тарин маҳфумҳои улуми башарӣ аст, зеро аз зовияҳои инсоншиносӣ, ҷо­меашиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа, адабиёт баррасӣ мешавад. Фарҳанг маҷмуае аз арзишҳо, донишҳо, бо­варҳо, расму оинҳо, суннатҳо, на­модҳо, забон ва ҳунар аст, ки аз насл ба насл ба мерос мегузарад ва симои як миллатро фароҳам месозад.

Вақте мо миллатеро ном мебарем, ҳатман арзишҳои болозикр пеши на­зар меоянд. Фаразан, аврупоӣ, ҳинду, араб ва ё қафқозӣ бо шеваи зиндагии барои эшон хос, забон, либос, суруд, рақс ва мисли инҳо пеши назари мо тасвир мешаванд.

Вале гоҳҳо мешавад, ки тамаддун ва фарҳанги як миллат ё қавм пеши назари дигар миллатҳо ҷаҳолат менамояд.

Бубинед, юнониҳо дар аҳди бостон худро яке аз миллатҳои мутамаддин ва дигар миллатҳоро ҷоҳилу ваҳшӣ мешинохтанд. Бо девондорӣ, низоми ҳуқуқӣ, меъморӣ, хат, артиши худ иф­тихор доштанд ва ин дастовардҳоро меъёри тамаддун медонистанд. Ба­рои онҳо тамоми миллатҳои дигар, ки берун аз доираи ин “меъёр”-ҳо зин­дагӣ мекарданд, ҷоҳил ба шумор ме­рафтанд. Ба андешаи юнониҳо, ҳатто кишварҳои ҳамҷавори ин империя, миллатҳое, ки ба рушди тамаддуни башар саҳми арзишманде гузошта­анд, мисли олмониҳо, сарматиҳо, ҳунҳо ва галҳо ғайримутамаддин ва ваҳшӣ шинохта мешуданд.

Вале юнониҳо бо ҳама дастовардҳои илмиву фаннӣ одатҳое низ доштанд, ки дур аз фарҳанги инсонӣ ва дар пояи ҷаҳолат қарор дошт. Онҳо дар асрҳои I-III милодӣ дар амфитеатрҳои шаҳрҳои бузурги Юнон, ба сӯи пайравони дини масеҳӣ шерҳои хунхорро раҳо мекарданд, то онҳоро пеши назари мардум пора-пора кунанд. Чунин намоишҳо тақрибан ҳар ҳафта баргузор мешуданд. Юнониҳо ба тамошои ин даҳшат бо фарзандони хурдсоли худ, мисли ин, ки имрӯз мардум ба театр мераванд, ҳозир мешуданд. Онҳо аз “ғояти меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ” дастандаркорони ин саҳнаҳои мудҳишро хоҳиш мекарданд, ки масеҳиёнро урён ба “саҳна” раҳо кунанд, то дандони шерон аз либоси дурушти онҳо озор набинад. Баъд аз анҷоми “намоиш”, вақте фарзандонашон аз волидайн хоҳиш мекарданд, навбати дигар низ барои тамошои куштори масеҳиён ҳамроҳ гиранд, шарт мегузоштанд, ки агар онҳо дар давоми ҳафта рафтори хуб дошта бошанд ва аз доираи одоб убур накунанд, ҳатман хоҳишашон иҷобат мешавад.

Тасаввур кунед, ки ҳамин “саҳнаи мудҳиш” яке аз ҷузъҳои муҳимми фарҳанги зисти юнониён буд.

Ҳамин гуна то асри XX дар ИМА бидуни иҷозаи додгоҳ ба дор кашидан ва оташ задани зангиҳо ва ҳиндуна­жодон аз ҷониби тӯдаи сафедпӯстон як амри воқеӣ ба шумор мерафт.

Яҳудиёни ортодокс низ ҷашни диние доранд ба унвони “пурим”, ки ҳамасола онро таҷлил мекунанд. Шабе қабл аз ҷашн дарҳои худро бо хуни ҳайвон сурх мекунанд, ки заминаи таърихӣ дорад. Ин ҷашн ба хотири шабехун задан ва эъдоми даҳҳо ҳазор форс таҷлил мегардад, ки аз суннатҳои наслкушии яҳудиён дарак медиҳад.

Ва ё ин ки барои мусулмонони ортадокс, мисли ДОИШ ва Толибон, дар маҳзари ом ба таври ваҳшиёна бо теғ сар буридан ва сангборон кардани муҷримон ба як ҷузъи фарҳанги эшон табдил ёфтааст, ки ҷомеаи баъзе кишварҳои исломӣ онро ором қабул мекунанд.

Чаро мо ин амалҳои ҳаросафкан­ро, ки аз доираи ахлоқи башарӣ бе­рунанд, ҷузъе аз фарҳанги ин ақвом арзёбӣ мекунем? Дар ҳамаи ҳола­тҳое, ки дар боло зикрашон рафт ё издиҳоми омма зери раҳнамоии “нух­багон” дар он ширкат меварзиданд ва ё ҳадди ақал ихтиёрӣ ба тамошои он мерафтанд ва аз ин ваҳшоният лаззат мебурданд. Яъне ин далели он аст, ки “қурбонӣ”-и инсонҳо дар заминаи таассуби нажодӣ ва динӣ ба фарҳанги миллии эшон табдил ёфта буд.

Барои баъзе кишварҳои мутамад­дини ҷаҳон, ки аз насли ин миллатҳои баргузидаанд, имрӯз ҳатто қурбонӣ кардани мол дар идҳои мусулмонӣ як амали ғайриинсонӣ маънидод меша­вад. Бо вуҷуди ин, ки худи аврупоиҳо ҳамасола миллионҳо филмурғро дар иди мавлуди Масеҳ ба теғи қассоб месупоранд.

Имрӯз низ бидуни шустушӯи субҳ­гоҳӣ дар бистари хоб наҳорӣ кардани аврупоиҳо, ки бо фарҳанги эшон алоқамандӣ дорад, барои мусулмо­нон макрӯҳ аст. Мисли ин тасаввур кунед, ки агар аврупоиҳо бо даст яз як табақ палов ё қурутоб хӯрдани чанд каси моро бубинанд, ба фарҳанги миллии мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ хеле чизҳои арзишмандро додааст, чӣ баҳо мегузоранд?

Манзур аз ин гуфтаҳо чист?

Имрӯз дар ҷомеа мо ба тарғиби ғизо ва либосҳои миллӣ зиёд та­ваҷҷуҳ мекунем ва ҳатто дар ша­бакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъ боиси баҳсҳои доманадор мешавад. Мисли ин, ки чанд сол қабл баҳси андозаи риш ва бӯсидани дасти рӯҳониён фазои иҷтимоиро комилан забт кар­да буд. Банда мухолифи он нестам, ки суннатҳои мардумӣ ба хотири аз зеҳни ҷавонон фаромӯш нашудан дар фазои дохилии иттилоотӣ мав­риди тарғиб қарор гиранд, вале дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мо бояд илм ва фарҳанги ғаноманди миллиро таблиғ кунем, ки дар гузашта камтар миллатҳо аз он бархӯрдор буданд.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки илм ва фарҳанги тоҷикон барои миллатҳои дигари минтақа ва ҷаҳон ҳамеша рисолати раҳнамоиро анҷом додаанд. Пас ҳангоми тарғиб байни суннатҳо, расму ойинҳои мардумӣ ва донишу фарҳанги асили миллӣ тафо­вут гузоштанро биёмӯзем. Сарҳади ин арзишҳо, мутаассифона, имрӯз бештар аз ҷониби блогнависон (юту­берҳо, тик-токерҳо, инстаграмерҳо…), ки савод ва дониши кофӣ надоранд, помол мешавад. Онҳо бо шеваи маҳаллии омехта бо забони русӣ, ҷаҳоншиносии маҳдуд, ахлоқи фосид чизҳои сода ва беарзишеро аз номи миллати тоҷик таблиғ мекунанд, ки гӯё маънавиёт ва фарҳанги мо дар ҳамин поя қарор дошта бошад. Ин шеваи таблиғ, бидуни шак, иҳонат ва таҳқир ба арзишҳои асили миллии мост, ки моро пеши дигарон мисли як қавми ҷоҳил муаррифӣ мекунад.

Хуб, моро дар ҷаҳон чӣ гуна меши­носанд ва мо низ худро бояд чӣ гуна ба таври шоиста муаррифӣ кунем?

Мисли баъзе қавму миллатҳо моро зарур нест, ки ба таърихсозӣ ва ё таърихгадоӣ шуғл варзем. Та­моми далелҳо доир ба тамаддуни пешрафтаи миллати мо дар саҳи­фаҳои таърих сабт шудаанд, ки танҳо истинод овардан кофист.

Фаразан, мо ягона миллате дар минтақа маҳсуб мешавем, ки дар аҳди бостон дорои таълимоти динӣ- фалсафии таъсиргузор ва фарогир буд.

Ойини Зардуштӣ, ки ҳанӯз асри IX қабл аз мелод аз худ дарак дода буд, бо шиори “пиндори нек, гуфто­ри нек, кирдори нек” бо назардошти фосид шудани ахлоқи башарӣ то ҳанӯз меҳварӣ аст. Оташи муқаддаси Зардуштӣ дар шаҳри Язд 1 500 сол инҷониб фурӯзон аст ва боре ҳам хомӯш нашудааст.

Митрогароӣ-фирқаи парастиши Ху­дои нур ва хуршед-Митро, нигаҳдори паймонҳо ва адолат пеш аз зардуш­тгароӣ вуҷуд дошт ва ҳамзамон бо он низ идома ёфт. Намоде барои навсозии кайҳонӣ буд.

Монигароӣ (садаи савуми милодӣ) – беҳтарин таълимоти зардуштӣ, ма­сеҳият ва буддоиро ба ҳам оварда буд.

Зурувонгароӣ – шохае аз дини Зар­душтӣ. Эзиди марказӣ – Зурувон, яъне “Замон”, ки Аҳуромаздо ва Ангиримайна (Аҳриман) аз ӯ зода шудаанд. Дар ин таълимоти динӣ чун замон сарчашмаи ҳама чиз буд, сарнавишти ҷаҳон аз пеш таъйиншу­да талаққӣ мешуд, ки то имрӯз низ байни мардум ба унвони амри тақдир, сарнавишт маъруф аст.

Маздакгароӣ – ҷунбиши иҷтимоӣ-мазҳабӣ дар авохири садаи V ме­лодӣ, бунёдгузораш Маздак буд. Дар меҳвари таълимот бародарӣ ва баробарии инсонҳо, лағви моликия­ти хусусӣ ва нобаробарии иқтисодӣ қарор дошт, ки баъдтар дар таълимо­ти Марксистӣ ва Ленинӣ ҳамчун ғояи меҳварӣ истифода шуд.

Бузургтарин ва маъруфтарин оли­мон дар шинохт ва муаррифии Ислом низ аз табори тоҷикон буданд, ки имрӯз дар тамоми ақсои олам мусул­монон аз таълимоти эшон пайравӣ мекунанд: Имоми Аъзам, Имом Бу­хорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғаззолӣ ва даҳҳо каси дигар, ки рисолати раҳнамоӣ доштанд.

Бузургтарин империя дар таърихи ҷаҳон то ба ҳол салтанати ниёкони мо Ҳахоманишҳо (550-330 пеш аз мелод) маҳсуб мешавад, ки 44 дар­сади тамоми аҳолии сайёраро идора мекард ва то ҳол империяи дигаре ба ин дастовард ноил нашудааст.

Нахустин “Маншури ҳуқуқи башар” дар ҷаҳон: Куруши Кабир дар садаи панҷуми пеш аз милод “устувонаи гилӣ”-ро содир кард, ки дар он озо­дии дин, лағви бардадорӣ ва ҳимоят аз ақалиятҳои миллӣ эълон шуда буд. Ин рӯйдод ду ҳазор сол пеш аз тасвиби “Маншури кабири озодиҳо” (Великая хартия волностей, 1215, Англия) рух дод. Куруши Кабир ҳат­то дар китоби Тавроти масеҳиён ба унвони фиристодаи Худо эътироф шудааст.

Шиносномаҳо нахустин маротиба дар давраи ҳукумати Ҳахоманишиҳо пайдо шуданд, ки ба аҳолӣ дар шакли корти чармӣ дода мешуданд.

Нахустин системаҳои обёрӣ ба унвони “канат”-ҳо (маъруф ба канал) дар давраи Сосониён бунёд гарди­да буданд, ки то имрӯз дар тамоми ҷаҳон истифода мешаванд.

Дар аҳди Дорои Кабир бори ав­вал ниҳоди додгоҳ (суд) аз сохтори ҳукумат ҷудо карда шуд, ки то имрӯз дар тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ин усул истифода мегардад.

Дар катибаҳои Персополис ишора рафтааст, ки ҳанӯз дар аҳди бостон занон дар умури давлатдории кишварҳои форсизабон ширкати фаъол доштанд ва вазифаҳои роҳбариро низ ба зимма мегирифтанд.

Нахустин тақвимеро, ки аз тақвими имрӯза (григорианӣ) дақиқтар буд, дар садаи XI Умари Хайём тартиб дод. Фаразан, дар тақвими гириго­рианӣ дар 3 330 сол як рӯз иштибоҳ шавад, дар тақвими Умари Хайём ин иштибоҳ дар муддати 5 000 сол ба мушоҳида мерасад.

Минётураҳои форсӣ натанҳо як мусаввара, балки як истиора дар фалсафа буданд, ки баъдтар дар рушди мусавваранигории аврупо замина гузоштанд.

Яке аз бузургтарин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар соҳаҳои ахтаршиносӣ, хокшиносӣ, ҷуғрофиё, физика, таърих ва этнография корҳои назаррас анҷом дод. Асарҳои маъруфи ӯ «Қонун-ул-Масъудӣ» ва “Осор-ул-Боқия” то ҳанӯз заминае барои пажӯҳиши улуми мухталиф маҳсуб мешаванд. Берунӣ нахустин шахсе буд, ки усулҳои дақиқи андоза кардани ради­уси Заминро пешниҳод кард.

Ал-Хоразмӣ, асосгузори илми алгебра ва яке аз падарони математикаи муосир аст. Асари машҳури ӯ «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» натанҳо ба пайдоиши калимаи «алгебра» сабаб шуд, балки усулҳои ҳал кардани муодилаҳои хаттӣ ва квадратиро низ ба таври муназзам пешниҳод кард. Аз номи лотинишудаи ӯ – Algoritmi (Ал-Хоразми) – калимаи «алгоритм» ба забонҳои аврупоӣ ворид шуд. Тарҷумаи «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» тавассути Роберт Честер соли 1145 милодӣ анҷом шуд ва то қарни XVI китоби дарсии донишгоҳҳои Аврупо буд. Китоби “Ҳисоб-ал-ҳинд” чанд маротиба ба лотинӣ тарҷума ва боис шуд, ки урупоиҳо ва баъдтар тамоми манотиқи ҷаҳон аз ададнависии румӣ даст кашанд.

Абуалӣ Ибни Сино яке аз асосгу­зорони тибби муосир эътироф шу­дааст. Аз муҳтарамтарин осори Ибни Сино метавон ба китоби “Қонун дар тиб” ишора кард, ки ба унвони яке аз муҳимтарин мутуни пизишкӣ дар ҷаҳон ба муддати чанд аср будааст. Дар ин асар Ибни Сино илми тибро бо усули мантиқӣ ва таҷрибавӣ тавсиф намуда, бемориҳоро гурӯҳбандӣ ва усулҳои муолиҷаро тавзеҳ додааст. Ҳамчунин китоби “Шифо” низ аз осо­ри муҳимми ӯ дар заминаи фалсафа маҳсуб мешавад. Мероси Ибни Сино марзҳои ҷуғрофиё ва замонро убур кардааст.

Асарҳои шоирони бузурги форсизабон, мисли Фирдавсӣ, Хайём, Балхӣ, Ҳофиз, Саъдиро, ки натанҳо назм, балки фалсафаи ҳаётанд, дар тамоми сайёра беш аз XIII қарн ин ҷониб мутолиа мекунанд ва андешаҳои эшон дар асарҳои адибони маъруфи ҷаҳон мисли Ҳуте, Шекспир, Матё Арно, Эдвард Фитҷералд, Стеван Георге ва Пушкин иқтибос шудаанд. Рубоиҳои Умари Хайём то ҳол яке аз серхонандатарин китобҳо дар аврупо маҳсуб мешаванд.

Аз асри X то XIX забони форсии тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Мар­казӣ, Ҳиндустон, Қафқоз ва Империяи Усмонӣ забони илм, адаб ва дипло­матия эътироф мешуд.

Бад-ин тартиб, феҳристи дастовардҳои ҷаҳонии миллати моро метавон ҳамчунин идома дод, вале мо дар маҳдудаи ин мақола танҳо ба ёдоварии шинохташудатарин ва баҳснопазиртарин ҳақоиқ басанда кардем.

Бо дареғ бояд гуфт, ки дар рас­онаҳо ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр кам ба ин воқеиятҳои истисноӣ ва беҳамто таваҷҷуҳ мекунем.

Ман беш аз ин мутмаинам, ки до­нишомӯзон ва донишҷӯёни мактабу донишгоҳҳои мо мероси гаронмояи таърихӣ ва фарҳангиамонро ба таври сатҳӣ мешиносанд. Ҳатто дар рӯзгори мо, ҳангоме ки дар мактабу донишгоҳ таҳсил мекардем, низ сухан чандон аз ин воқеият ба миён намеомад.

Фурсати он расидааст, ки ба барномарезии омӯзишӣ ислоҳот ворид кунем. Имрӯз мо муваззафем, ки аз солҳои нахустини таҳсил дар курсии мактаб ва донишгоҳ, насли наврас ва ҷавонро бо ин дастовардҳои беназири ниёгон ошно кунем, то дар оянда, замоне ки олим, адиб, рӯзноманигор ва ё блогнавис мешаванд, дар фазои илмӣ ва иттилоотӣ тасвир ва имиҷи шоистае аз миллат бисозанд, ки саҳми дархур ва арзишманде дар тамаддуни ҷаҳонӣ доштааст…

Дигар хабарҳо