Озмуни «Фурӯғ»-ро хор накунем…

 Озмуни «Фурӯғ»-ро хор накунем…

Банда 7 сол аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат мекунам ва ҳамасола баъди анҷоми он андешаҳоямро дар ша­кли муфассал (ҷиҳати такмили ҳам низомнома ва ҳам сохтори озмун) ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун мерасонам.

Як ҷиҳати фаъолияти аксар сох­торҳое, ки ба ташкили чунин озмунҳо масъуланд, ҳамин аст, ки озмуни мазкурро ҳамчун озмун (на пади­дае, ки мудом бояд такмил шавад, тараққӣ кунад, беҳтар гардад) эҳсос мекунанд. Аммо муҳим аст, ки ба ин озмуни ниҳоят муътабар ҳамчун па­дидаи иҷтимоӣ эътибор дода шавад.

Хосияти падидаи иҷтимоӣ ҳамин аст, ки мунтазам такмил мегардад, ҳамасола таҳқиқ шуда, аз натиҷаи он муассисаҳои дахлдори илмиву таълимиву пажӯҳишӣ хулосаҳо ме­бароранд ва барои равнақи корҳои идеологӣ истифода мекунанд. Яъне озмунро ба хотири озмун баргузор кардан кори беҳуда аст, агар аз таҷрибаи он барои беҳбуди ҷомеа чораҳо ва тадбирҳои дигар андеши­да нашавад…

Ҳоло як андеша сари бе ин ҳам пурдарди маро азият медиҳад: ҳар қадар аз ин озмун, ки ҳадафаш тарғиби китоб аст, шикоят зиёд ша­вад, ҳамон қадар дар чашми мардум беэътибор хоҳад шуд. Ин кор хавфу хатари афзун дорад!

Ба ҳеч ваҷҳ роҳ додан мумкин нест, ки ин озмун беқадр шавад. Ҳама навъи шикояту арзу даъвоҳо бояд сари вақт ва роҳу тарзҳои му­вофиқ санҷидаву ҳал карда шаванд, то ки касе норозӣ намонад. Барои ин кор бояд тамоми шароит – таблоҳои фаврии баҳогузорӣ, комиссияҳои баррасии арзу шикоят, дубораву себора пурсидану қиёс карданҳо ва ғайра истифода шавад, то ки ягон кӯдаку бузургсол хулоса накунад, ки “заҳмати ман барабас рафт”.

Порсол баъди хатми даври ниҳоӣ пешниҳод карда будам, ки ҳангоми сар задани ихтилофот дар баҳогу­зории довталабон ва ё роҳ ёфтани шубҳа дар арзишдовариҳо, ба вуҷуд омадани вазъияте, ки ду ё се ва ё чаҳор нафар донишу дарки яксон до­ранд, бояд аз довталабон имтиҳони хаттӣ дар шакли иншо ё эссе гирифт. Мантиқ мегӯяд, ки одами босавод ҳа­монест, ки дониши шифоҳиву хатти­аш дар як сатҳ бошад, чизе, ки баён мекунад, ҳамонро дуруст навишта метавонад. Ба таври қуръапартоӣ асарҳоро интихоб кардан мумкин, ягон душворӣ пеш нахоҳад омад.

Баъдан зарур аст, балки муҳим­тарин кор аст, ки дар гурӯҳи син­нусолии дувум (яъне хонандагони синфҳои 5-у 11) низоми пурсиш ва ё тартиби муайян кардани беҳтаринҳо тағйир дода шавад. Ҳеч имкон надо­рад, ки хонандаи синфи 5 (бо муто­лиаи намунаҳо аз анвои сабуктари бадеӣ – афсонаву ривоёт, ҳикоёту қиссаҳои барои кӯдакон таълиф­шуда) бо довталаби синфи 11 (ки аз навъҳои мушкилдарки каломи бадеъ – роману фоҷиаҳо ва қиссаҳо аз равияҳои ҳозиразамони эҷоди ба­деӣ огоҳ аст) баробарӣ кунад. Бояд ҳадди ақал ин гурӯҳи синнусолиро ба ду гурӯҳ – синфҳои 5-у 8 ва синфҳои 9-у 11 ҷудо кард.

Масъалаи дигар вақти пурсиши довталабон ва миқдори суолҳо ва тартиби мушаххаси посух гуф­танҳост. Вақти пурсупос набояд аз як соат кам бошад, албатта, барои онҳое, ки рӯйхати осори хондаашон дар маҷмуъ аз 100 адад бештар аст. Барои онҳое, ки аз ин миқдор кам рӯйхат пешниҳод мекунанд, ним соат кофист.

Ба ҳеч ваҷҳ роҳ додан мумкин нест, ки бо рӯйхатҳои пур аз ғалат ва нокифоя аз осори хондашуда, ному­вофиқ ба тақозои низомномаи озмун довталаб ба озмун роҳ ёбад. Ба даври сеюму чаҳорум танҳо беҳта­ринҳо бояд роҳ ёбанд, ҳамонҳое, ки аз санҷишҳои пешакии шуъбаҳои маориф ва масъулини босаводу пуртаҷрибаи сохторҳои дахлдори шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо гузашта бошанд. Дар садри ин ҳама корҳо бояд муовинони идеологии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо бошанд, онҳо бояд шахсан дар ин кор ҷавобгарӣ эҳсос кунанд.

Борҳо навиштаам ва инак боз менависам, ки комиссияи озмун дар интихоби доварон бояд хеле эҳтиёткор бошад. Шарафу эъти­бор ва қадру аҳаммияти ин озмуни муътабар, қабл аз ҳама, ба доварони донишманд ва баинсофу масъул вобаста аст. Як қолаби нодурусти фикрӣ дар ҷомеа густариш ёфта, ки гӯё танҳо номзаду докторҳои илм, дотсенту профессорҳо шахсиятҳои донишманду китобхонда бошанд, дигарҳо агарчи ҳазор-ҳазор китоб хонда бошанду унвоне надоранд, гӯё ба тақозои озмун посух гуфта наметавонанд.

Ин андеша, бо назардошти он вазъияте, ки ҷомеаи илмии кишвар ҳоло дорад, куллан хатост. Дотсен­ту доктору профессорҳое ҳастанд, ки ба ҷуз таҳқиқи як соҳаи маҳдуди илми хеш ба адабиёти бадеӣ шавқу завқе надоранд, агар осори бадеӣ хонда бошанд ҳам, ниҳоят кам хон­даанд. Пас, чӣ гуна онҳо метавонанд одилонаву оқилонаву аз рӯйи инсоф доварӣ кунанд?! Аз дигар қишрҳои ҷомеа бояд шахсиятҳои китобхонда ҷуст, одамонеро бояд кофту ёфт, ки олим набошанд ҳам, аммо асарҳои зиёде хондаанд ва ба фаҳми хон­даҳояшон мерасанд.

Баъдан, озмуни “Фурӯғ” озмуни ошиқони адабиёт аст, озмуни илмӣ нест, ки ҳатман олими унвондор довари он бошад, ин ҷо аз илм на­мепурсанд, аз миқдор ва сифати ки­тобҳои хондашуда, дарки хонанда аз осори бадеӣ, таассурот ва бардошти хонанда, лаҳзаву эпизодҳои асари бадеӣ ва дигар чизҳое мепурсанд, ки дар ҳақиқат хондан ё нахондан, дуруст “ҳазм” шудан ё нашудани аса­ри бадеӣ дар мағзу зеҳни хонанда муайян мешавад.

Меъёри аслӣ посух ба ду суол аст: хонанда ё довталаб ЧӢ ҚАДАР хондааст (то ки бо дигар довталабон муқоисаи дуруст шавад) ва ЧӢ ГУНА хондааст (фаҳмидаву дарк карда хондааст ё танҳо барои пур кардани рӯйхат хондааст, аз осори хондашу­да чӣ фаҳмидааст)…

Баъдан, чаро аз ҷараёни озмун ягон довар чизе наменависад? Ин ҳам як далели он аст, ки масъулияти доварон дар кадом сатҳ қарор дорад. Як вазифа ё ҳадафи асосии (аз ҳама муҳимми) ин озмун ҳамин аст, ки миёни ҷомеа китоб тарғиб шавад. Чӣ гуна озмун ва китоб тарғиб мешавад, ки доварон аз таҷрибаи доварии хеш, аз рафти озмун, аз пешрафту муаммоҳои он чизе наменависанд?

Магар баъди анҷоми як рӯзи доварӣ аз натиҷаҳои ҳамонрӯза се-чор саҳифа навиштан барои олим душвор аст?

Расо ҳашт рӯз гузашт, аммо ба ҷуз чанд шикоят дигар чизе аз ин озмун ман надидаму нахондам. Касе чизе нанавишт, касе андешаҳояшро нагуфт, ҳадди ақал чизҳои хуб, пади­даҳои неки озмунро расонаӣ накард, то ки шавқу шӯри ҷомеа ба китоб бештар шавад, мардум фаҳмад, ки маҳз китоб наҷотбахши миллат аз ҳама иллатҳост!

Пинҳон-пинҳон ба гӯшам ме­расад, ки баъзе доварон гӯё аз сайёраҳои дигар фуромада бошанд, суолҳое медодаанд, ки хилофи тақо­зои озмун ва моҳияти он аст. Довар ҳақ надорад, ки бипурсад: ту чаро аз фалон шоиру нависанда асар нахондӣ? Чаро аз ин нависандаву шоир хондиву аз дигараш на.

Конститутсияи озмун ҳамон баста ва ё рӯйхату номгӯйи осорест, ки довталаб ба озмун пешниҳод меку­над. Довар ҳақ надорад, ки берун аз он чизе бипурсад.

Имкону тавон ва донишу ҷаҳонби­нии довталаб дар чаҳорчӯби ҳамон баста ё рӯйхати асарҳост. Ӯ ҳамин қадар тавоноӣ дорад, ҳамин қадар хондааст. Тамом.

Довар дар доираи ҳамон рӯйхат пурсупос мекунад, берун аз он як қадам бояд нагузорад. Боз ба гӯшам расид, ки доваре аз обу ҳавои кадом кишваре суол додааст, довари дигар дар куҷо воқеъ шудани он кишвар­ро… Чунин рафтори доварон обрӯ ва мақоми волои озмунро ба нестӣ мебарад, пероҳани онро доғдор мекунад.

Довталабон низ набояд зиёда­равӣ кунанд. Ба 5-10 суол посух додан ва онро сабт кардаву худро донишманд нишон додан аз рӯйи инсоф нест.

Ҳама чизи дунё, аз ҷумла дони­шу фаҳму идроки инсон, дар қиёс муайян мешавад. Мисол, ду довта­лаб ба 10 суол дуруст посух дод, бояд дақиқан мушаххас шавад, ки дониши кадоме беҳтар буд, посу­хи кадоме аз инҳо дурусттар буд. Барои муайян кардани беҳтаринҳо вақти зиёд, заҳмати зиёд ва ҳунари баланди пурсукови доварон тақозо мешавад. Бигзор чанд рӯзи дигар иловатан сарф шавад, аммо касе навмед нагардад, ҳатто онҳое, ки даъво доштанду ҷо нагирифтанд, бо сари баланд аз саҳнаи озмун берун бираванд.

Ниҳоят, ҷомеа (падару модарон, омӯзгорон, репетиторҳо, масъулини маориф ва ғайра) бояд дарк кунанд, ки ин озмун тадбири шавқманд кар­дани мардум ба китобхонист, тарғи­би китоб аст ва бояд беҳтаринҳо сазовори ҷоизаву подоши озмун шавад.

Мо дар даври ҷумҳуриявӣ ба ин натиҷаву таҷриба расидем: онҳое, ки се солу чор сол пайиҳам ба озмун меоянд, дар ниҳоят пирӯз мешаванд. Довталаберо медонам, ки чаҳор сол пайиҳам омада пирӯз нашуд, дар соли панҷум шаҳди пирӯзӣ чашид. Ва шумори чунин довталабон кам нест.

Навмед шудан дар ин озмун маъ­нои вақтро барҳадар сарф кардани худи довталаб аст. Магар одам аз хондани китоби бисёр пушаймон мешавад? Оё камоли саодат нест, ки инсон осори зиёде аз бар кунад ва шахсияти хештанро комил созад?

Мерасам ба ин нукта, ки чаро ин матлабро навиштам. Метарсам, ки бо зиёд шудани арзу шикоятҳо ин озмуни муътабарро набанданд, метарсам, ки шавқу эҳтиёҷи мардум ба китоб кам шавад.

Азбаски ин озмунро ба ҷон дӯст медорам, то ҷон дар бадан дорам, онро, китобро, адабиётро тарғиб хоҳам кард. Беш аз инҳо ҳадафи дигаре надорам, буду набудам ҳа­мин китоб асту тарғиби китоб, чунки беҳтарин василаи наҷоти миллату давлат аз ҳама хориву зориву нақсу иллатҳо ҳамин китоб аст. Ҳамин адабиёт аст, ки миллатро миллат ва инсонро инсон мекунад.

Ва яке аз бузургтарин дастовар­дҳои замони истиқлол, ба андешаи банда, ҳамин озмуни “Фурӯғ…” аст. Онро эҳтиром бояд кард ва ҳам эҳтиёт!

Ҳафиз РАҲМОН

Дигар хабарҳо