Аз дафтари хотираҳо. Наравад ёди ту ҳеҷ аз ёдам

 Аз дафтари хотираҳо. Наравад ёди ту ҳеҷ аз ёдам

Яке аз нишонаҳои хоси коргардо­ни дар пешаи худ ворид дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо драматург, бастакор ва рассом аст. Ин кор дар назари аввал саҳлу осон намояд ҳам, дар асл аз коргардон мулоҳиза­корӣ ва донишу маҳорати баландро тақозо мекунад. Асари пурмуҳтавои саҳнавӣ вақте пайдо мешавад, ки аз ҷиҳати драматургия, кори коргар­донӣ, оҳангсозӣ ва рассомӣ (ороиши саҳна) қавӣ, мукаммал ва дорои бадеият бошад. Эҷодкорон шахси­ятҳои аҷибанд. Табъи нозук доранд ва дарки хислату ҳунари онҳо барои коргардон муҳим аст.

Барои театр аз ҳама муҳим дра­матургия аст. Коргардони машҳури шӯравӣ Г.Товстаногов гуфта буд: «Драматургия – дӯсти ман, дра­матургия – душмани ман». Яъне драматургияи хуб обрӯ ва нуфузи театрро боло мебардорад ва дра­матургияи суст ба шукӯҳи он халал ворид месозад.

Бо шоир ва драматурги машҳур Сафармуҳаммад Аюбӣ замони фаъолият кардан дар Театри шаҳри Кӯлоб ошноӣ пайдо кардам. Он кас дар мағозаи машҳури он даврон – “Равшан” кор мекард ва ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил менамуд. Дар бораи истеъдоди шоириаш кам касон огоҳ буданд. Баъди шиносоӣ аз миёни шеърҳояш якеро интихоб карда, оҳанг бастам. Шеър «Саҷда ба деҳқон» ном дошт, ки то ҳол дар хазинаи тилоии «Радиои Тоҷикистон» нигоҳ дошта мешавад. Шиносоии мо ба дӯстӣ мубаддал гашт. Бо тавсияи ману устод Одина Ҳошим Сафармуҳаммад аз кори савдо канор рафта, ба рӯзномаи «Роҳи Ленинӣ» ба кор гузашт. Солҳои аввал як муддат дар Театри шаҳри Кӯлоб кор карда буд ва ба кори театр ошноӣ дошт. Мусиқиро ҳам хуб дарк мекард. Гоҳ-гоҳе най менавохт. Азбаски дар шаҳр мунтақиди соҳаи театр набуд, боре аз ӯ хоҳиш кардам, ки намоишҳои театрро таҳлил намуда, дар матбуоти даврӣ чоп кунад, зеро он шабу рӯзҳо ин кор барои тарғиби корҳои ҳунарии театри мо бисёр муҳим буд. Ёдам ҳаст, ҳамроҳ нишаста, дар хусуси навиштани мақолае дар бораи намоиши «Се нафар хушдор»-и А. Баҳорӣ маслиҳат кардем. Бобати бисёр камбуду норасоиҳои театр ба ӯ маълумот додам, аммо хоҳиш намудам, ки танҳо дар бораи нуқсонҳои бозии ҳунармандон ва муваффақияти бадастовардаи намоиши мазкур бинависад. Он ҳам бисёр нарму маслиҳатомез. Мақола нашр шуд. Хонда, ҳуш аз сарам парид. Устод ҳама он нуқсонҳоеро, ки дар робита ба фаъолияти театр гуфта будам, айнан дар мақолааш дарҷ намудааст. Албатта, он вақт аз ин кори ӯ ниҳоят дар қаҳр шудам ва ҳатто барои чанд муддат иртиботамон қатъ гардид, аммо вақте оштӣ шудем ба ӯ фаҳмондам, ки дар бораи нуқсонҳои театр ва кори ҳунармандон бисёр эҳтиёткорона бояд сухан гуфт.

Соле баъд ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи адабӣ ба театр ба кор омад. Бо матбуоти даврӣ низ ҳамкорӣ ме­намуд. Дар навиштани фелетон ҳам­то надошт. Кори театрро тадриҷан омӯхт ва вориди ин фазо гардид.

Мо рӯзҳои фориғ аз кор бо театрҳои халқӣ ва дастаҳои ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ менамудем. Устод Аюбӣ матни саҳнаҳо, дуету лапарҳо ва саломномаҳоро иншо мекард, ман ба онҳо оҳанг мебастам ва ҳамзамон коргардонӣ менамудам. Маҳз дар ҳамон давраҳо сурудҳои яккаи «Гуларӯсак», «Роки Ховалинг» (иборат аз 5 қисм), бадеҳаи «Заргарбача» (иборат аз 3 қисм), «Даҳмарда», оҳангҳои «Духтари кӯҳистон», «Рақс бикун, луъбатак» (иборат аз 4 қисм) барои рақси якка ва ғайраро офаридем. Саҳнаҳои ҳаҷвии навиштаи С. Аюбиро бо номи «Пашшахона» (дар ноҳияи Фархор), «Минбар» (дар ноҳияи Ховалинг) таҳия намудем. Ноҳияҳое, ки барномаҳояшон дар ҳамкорӣ бо мо сурат мегирифт, аксаран дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб мегаштанд. Табиист, ки аз ин муваффақиятҳо ҳамаи мо шод мешудем. Боре дар ноҳияи Муъминобод барои иҷрои рақси якка, ки рӯйи саҳна гузоштан мехостем, ҳунарманди мувофиқ наёфтем. Чанд рӯз сипарӣ шуд. Як бегоҳ баъди кор дар хонаи мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия меҳмон шудем ва дар омади гап устод Аюбӣ гуфт: «Мирзо! Ба ҳавои «Қумбоқ» (доиранавозии махсуси минтақаи Шӯрообод ва Даштиҷум, ки вақти пешвозгирии арӯс занҳо иҷро мекунанд) рақси яккаро омода кунем чӣ? Охир ҳадафи асосии ин озмун зинда кардани суруду рақсҳои қадимаи мардумӣ аст». Иброз доштам, ки дар ин рақс ҳаракатҳои хоси пиразанҳои кӯҳистонӣ бояд саҳнавӣ шаванд. Шабона дар хаёли худ тарҳи мусиқӣ ва рақси онро, ки тахминан бояд аз ду қисм иборат мешуд, кашидам. Фардо устодони рақс Муҳаммадӣ Абдурасулов ва Файзулло Каримовро назди худ хондем ва матлабро арз кардем. Ба таври тахминӣ зарбҳоро навохтам ва сужаи рақсро нақл кардам. Ба устодони рақс ин писанд омад ва онҳо аз байни духтарони даъватшуда якеро интихоб карданд, ки бо рақси пиразанони кӯҳистонӣ ошноӣ дошт ва чунин рақсро хуб иҷро мекард. Ман ба саҳна баромадани раққосаро аз садои сангҳо сар кардам. Баъд таблак, сипас лабчангро ворид карда, дар ҳавои ин садоҳо овои доираро низ зам намудем. Ҳамин тариқ , дигар созҳои зарбиро илова кардам. Қисми уфарии рақс замоне шуруъ мешавад, ки аллакай ҳамаи асбобҳои зарбӣ ҳамовоз шудаанд. Табиист, ки якрангии навохтани доираҳоро тағйир додем ва байни лабчангҳо ва асбобҳои дигари зарбӣ оҳангро тақсимбандӣ намудем. Он солҳо чунин шеваи кор дар соҳаи мусиқӣ ғояи тоза ба шумор мерафт. Дар байни ду ҳафта рақс тайёр шуд. Рақси комилан тозаву ҷадид ҳосил шуд, ки аз рақсҳои маъмулии он солҳо тафовут дошт. Лаҳзаҳои пешниҳод шудани рақси мазкур тамошобинон рост истода, самимона каф мекӯфтанд.Талаб мекарданд, ки такроран пешниҳод шавад. Ҳакамон ба ин рақс баҳои баландро сазовор донистанд ва дар борааш бо ҳаяҷон назар доданд. Эҷоди мо ба ҳадафи асосии худ расид. Акнун дар андешаи он будам, ки чӣ тавр устод Аюбиро ба иншои пйесаи калонҳаҷм водор кунам.

Боре зимни сафар ба ноҳияи Фархор аз устод хоҳиш кардам, ки пйесаи бисёрпардагӣ нависад. Устод каме андеша карду гуфт: «Дар рӯзномае хондам, ки дар шаҳри Саратови Русия занеро барқ зада­аст. Баъди ин ҳодиса зан дарунбин шудааст. Ӯ бемалол фикру андешаи одамро мехондааст». «Ана бо исти­фода аз ин воқеа имкон дорад, ки пйесаи ҷолибе иншо кард», – гуфтам ман.

Баъди анҷоми кор дар ноҳияи Фархор Сафармуҳаммад гузинаи аввалро пешниҳод намуд, ки маз­муни мазҳакавӣ дошт. Номҳои қаҳрамонҳо одамони воқеӣ буданд, ки ҳамаашонро мешинохтем. Ба ӯ маслиҳат додам, номҳоро тағйир диҳад. Номи қаҳрамонҳо бояд рам­зӣ бошад. Аз нав саҳнаҳоро дигар кардем. Қаҳрамони асосии мо Ҳафиз устои барқ буд, ки вақти таъмири хати симчӯб ӯро барқ мезанад. Мар­дум фикр мекунанд, ки ӯ мурдааст. Аммо Ҳафиз шабона ба ҳуш меояд ва фикрҳои атрофиёнашро баҳузур мехонад. Медонад, ки раис чӣ ан­деша дорад, муфаттиш чӣ гуна ғай­риқонунӣ амал мекунад. Муборизаи шадид оғоз мешавад. Ҳафт гузинаи пйесаро кор кардем, нақшҳоро тақ­сим намудем. Маълумамон шуд, ки монологҳо хеле дароз, саҳнаву суханҳо ба ҳам намеоянд. Ноумед шуда ба директори вақти театр То­либҷон Бобоев гуфтам, ки аз уҳдаи ин кор набаромадам, устод Аюбиро беҳуда азият додам. Толибҷон дар ҷавоб чунин гуфт: «Давоми кор муш­килоти зиёдеро пушти сар кардед, нағз фикр кунед, аз уҳдааш меба­роед. Ман ба шумо бовар дорам, ин намоишнома бояд рӯйи саҳна ояд».

Дар хона оромона ҳамаи гузинаҳоро дигарбора хондам. Монологҳоро кам карда, диалогҳоро ҷоннок намудам. Саҳнаҳои нав ворид сохтам. Рӯзи дигар ҳунармандонро ҷамъ оварда, гузинаи ислоҳшударо пешниҳод кардам. Мутмаин шудам, ки намоишнома ба низом даромадааст. Кор чунин шуд, ки он 14 маротиба рӯйи саҳна намоиш дода шуд. Ҳар навбат дар толор ҷойи нишаст набуд. Баъди ҳар навбат атрофи намоиш таҳлилу баррасиҳои зиёд сурат мегирифт. Тамошобинон ҳар кадом рӯйи саҳна омада, зиндагии худро бо зиндагии қаҳрамонони саҳна қиёс мекарданд ва ба мо офарандагон сано мегуфтанд. Намоиш дар шаҳри Душанбе низ бомуваффақият пазируфта шуд. Дар «Парасту»-и онсола мо соҳиби шоҳҷоиза шудем. Машаққати яксолаи ману Аюбӣ барабас нарафт. Бояд гуфт, ки ороиши саҳна аз ҷониби Саша Гейвандов ва мусиқӣ аз ҷониби бастакор Талабшо Сатторов хеле мувофиқ ва олиҷаноб офарида шуда буданд.

Ба арсаи адабу ҳунар, махсусан драматургияи тоҷик, эҷодкори нав бо исми Сафармуҳаммад Аюбӣ собитқадамона гом ниҳод. Пас аз гузашти чанд моҳ хостам аз рӯйи эпоси «Гуруғлӣ» асари тозае таҳия кунам. Боз ба устод Аюбӣ рӯ овардам. Корро оғоз кардем. Намоиш нағз баромад, вале, мутаассифона, баъди пешниҳоди он воқеаҳои нохуши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Бо устод Аюбӣ охирин ҳамкории мо дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов рӯйи драмаи мусиқии «Гурд» бо ҳамроҳии афсарони Горди миллӣ сурат гирифт. Ҳам мусиқии асарро навиштам ва ҳам таҳиягар будам.

Бояд гуфт, ки устод Аюбӣ та­хайюли бой ва завқи хеле баланд дошт. Рӯйи асарҳои хеш бисёр кор мекард. Агар навиштани эпизодеро хоҳиш мекардӣ, ӯ чанд гузина пеш­ниҳод менамуд. Инсони зиндадил ва хушсуҳбате буд. Ёдаш бахайр бод!

Мирзоватан МИРОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо