Ганҷномаи таърихи тоҷикон

 Ганҷномаи таърихи тоҷикон

Зи таърихи куҳансолони ин бум
Маро ин ганҷнома гашт маълум.
                                                      Низомии Ганҷавӣ

Китоби “Тоҷикон” ҳадяи шоистаи академик Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик аст, ки ин абармарди фарзона бо ҳадафи эҳё ва ҳифзи ҳастии таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти ин миллат эҷод карда буд. Ҳамчунон ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ва таъйид кардаанд, “Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”.

Ба ин далел, ҳанӯз соли 1998 Президенти кишвар дар муқаддимаи нашри тозаи ин китоб, ки бо иқдоми бевоситаи худашон сурат гирифта буд, “Тоҷикон”-ро “сарчашмаи худ­шиносии миллӣ” унвон карда, таъкид карда буданд, ки “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест”. Маҳз бо назардошти арзиши таърихиву миллӣ ва маърифатии ин асар Президент иқдоми миллат­дӯстона ва маърифатпарваронаи дигар зоҳир карда, ба нашри тоза ва ба ҳар хонадони тоҷик ройгон тақсим кардани “Тоҷикон” амр намуданд, ки дар таърих ҳодисаи бешоиба аст.

Ин иқдоми ояндабинонаи Пешвои миллат чанд ҳадафи мушаххас дошт. Нахуст он кас бо дастрас кар­дани ин асар ба ҳар хонадони тоҷик мехостанд дар як фурсати кӯтоҳ дар такя ба сарнавишти таърихии мил­лат тафаккур ва андешаи тоҷиконро дар шинохти ҳувияти миллӣ тағйир диҳанд ва ба сӯйи худшиносии комили миллӣ раҳнамоӣ намоянд, сониян, ҳадафи дувум ин буд, ки бо ин иқдом шароити муҳимми фарҳан­гие ба вуҷуд оваранд, ки таърихи гузашта, ки бунмояи ҳувиятшиносӣ дорад, дастраси мардум шавад ва ба маънавиёти онҳо таъсир гузорад ва ниҳоят, мехостанд таърих ва бузургдошти гузаштаи боифтихор омили бедории миллат ва раҳоии он аз карахтӣ шавад ва мардум итминон пайдо кунад, ки таърих ва ҳифзи асолати он омили бақои ҷовидонагии миллат аст.

Ин иқдоми Президент қадами ҷиддӣ дар роҳи ислоҳоти амудии тафаккури миллӣ буда, мехостанд бо нашр ва омӯзиши мероси гузашта, аз ҷумла китоби “Тоҷикон” насли имрӯзу оянда дар шинохт ва таф­сири ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии миллат аз бунмояи миллии он ба қадри кофӣ истифода намояд. Чунки “бе омӯзиши густарда, андӯхтани до­нишу маърифати таърихӣ миллат аз шикасту рехт, сарнавишти печидаи хеш дар тӯли асрҳо огоҳ намешавад ва ба ояндаи худу сарзаминаш бе­тафовут мемонад. Зимнан гумроҳӣ, бохту гаравиш ба сиёсати аҷнабӣ дар замони “Табартақсим”, ки имрӯз фоҷеаи миллӣ қаламдод мешавад, аз ҳамин нодонӣ ва бегонапарастиву надоштани ҳисси ифтихори миллӣ рӯй дода буданд”. Дар ин замина метавон хулоса кард, ки омӯзиши таърих, хабардорӣ аз сарнавишт ва роҳи дар тӯли замонҳо сипардаи миллат, дар марҳалаҳои ҳассосу тақдирсоз ҳувияти миллиро аз даст надодани тоҷик ягона василаи ба­ланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, миллатпарастӣ ва масъулиятши­носӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва имрӯзу ояндаи давлати соҳибистиқ­лол мебошад. Китоби арзишманди “Тоҷикон” чи дар замони шӯравӣ ва чи имрӯз барои миллати мо ҳамин гуна рисолат дошту дорад.

Дар бораи арзиши таърихиву милли “Тоҷикон” сухан карда, авва­лин ҳарфе, ки дил мехоҳад бигӯяд, ин аст, ки орзуи аслии Бобоҷон Ғафу­ров аз таълифи ин асари мондагор идомаи ҳамон ҳадафу нияти исботи ҳастии миллати тоҷик дар дарозо ва паҳнои таърих буд. Устод Айнӣ низ дар замони ҳассоси барои тоҷикон сарнавиштсоз барои исботи ҳастии таърихиву фарҳангии миллат” Наму­наи адабиёти тоҷик”-ро навишта, бо овардани санадҳои адабию таърихӣ ва намунаҳои осори адибони гузуш­таву имрӯзӣ ба даҳони тоҷиксите­зони пантуркист муҳри хомӯшӣ зад ва ба таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи “Тоҷикон” ҳа­дафи ормонии сарнавиштсози эҳёи гузашта ва зинда доштани миллат­ро дар марҳалаи нави ҳаёти сиёсӣ дунбол карда, бо санадҳои радна­шаванда басо густардаву моҳирона таърихи пайдоиш, зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, ихтироъкорӣ, шаҳру давлатсозӣ, таҳоҷуми аҷнабиён, ҷан­гу шикасту пирӯзӣ, дар ҳама ҳолат бо иродаи қавӣ устувор мондан, рушди ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг, илму адабиёти тоҷик, нақши арзандаи тамаддунсози фарзандони нобиғаи миллаташро дар замонҳои мухта­лиф барои ташаккул ва инкишофи маърифати давлатсозӣ бар дигар қавму қабилаҳо собит намуд, ки аз нахусти нашри ин китоб мавриди эътибор қарор гирифт. Ба ин далел, ин китоб дар доираҳои бонуфузи илмии ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Мут­таҳидаи Амрико, Аврупо ва дигар кишварҳо мавриди таваҷҷуҳи до­нишмандон қарор гирифт. Аз ҷумла яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои “Мероси Эрон”, “Бухоро”, профессори Донишгоҳи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи “Америка ҳисторикэл ревю” (Ахбори муаррихони Амрико) мақолае таҳти унвони “Академик Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон” навишта, арзиш китобро ба тариқи зер мушаххас намуда буд: “Беназирии академик Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё натанҳо аз он ибо­рат аст, ки ӯ фарзанди мил­лати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ СССР-бузургтарин мар­кази ховаршиносие мебо­шад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваф­фақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русии оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон” аст”

Эҷоди чунин китобе, ба­хусус дар замони шӯравӣ, ки мухолифону муонидони фаровоне дошт, барои Бобоҷон Ғафуров осон набуд. Вай дар ин роҳ беш аз сӣ сол ранҷ кашид ва шоҳасари безаволаш меҳрномаи ӯ барои миллати азизаш гардид.

Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб нафақат бо як ҷасорат ва маҳорати фавқулода воқеияти пурвусъати таърихро ба қалам додааст, бал­ки соҳаҳову паҳлуҳо, ҷараёнҳо ва ҷузъиёти онҳоро дақиқназарона ва бо шарҳу тафсири дақиқ ба хонанда намудааст, ки бесобиқа аст. Аз ин ҷост, ки дар пеши назари мо натанҳо тарҳи умумии таърихи чандинасра намудор мегардад, балки пайкараи зиндаи он бо тамоми мураккабию тазодҳояш арзи ҳастӣ менамояд.

Хусусияти дигари ҷустуҷӯҳои Бобоҷон Ғафуровро дар ин китоб амиқият ва дар алоқамандӣ бо қо­нуниятҳо ва зуҳуроти машаххаси онҳо таҳқиқ намудани ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти этникӣ, таърихи фарҳанг ва пайван­ди онҳо бо ҳам муайян менамояд. Донишманди фақид муҳимтарин масъалаҳои таърихи халқи тоҷикро дар заминаи санадҳои ба ӯ дастрас омӯхта, доир ба қадимтарин ҷамъи­ятҳои инсонӣ ва доираҳои фарҳангӣ маълумоти навро ба ихтиёри хонан­да мегузорад. Дар ин равиш ӯ ҳамчун донишманди назарияи илми таърих вақеиятҳо ва санадҳои таърихиро барои ошкор намудани қонуниятҳои умумии тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ба кор гирифта, дар як вақт ба ҳал­ли масъалаҳои муҳиме муваффақ шудааст, ки аз дарёфти қонуни­ятҳои умумии пешрафти таърихии мамлакатҳову халқҳо ва ошкор сохтани махсусиятҳои инкишофи халқеву кишваре иборат мебошад. Дар ҷустуҷӯҳои илмии ӯ умумият ва махсусият ду ҷанбае ҳастанд, ки дар шинохти моҳияти ҳодисаҳои муҳим­ми таърихӣ муаллифро ба ҳақ пайва­стаанд. Бо ин усул ӯ тавонистааст, ки хусусиятҳои хоси як халқ, як давлат ва як давраи таърихиро аз хусуси­ятҳои зикршудаи халқу давлатҳо ва давраҳҳои дигари таърихӣ тафовут диҳад. Дар ин замина ӯ таърихи халқи худро дар пайванди ногуса­станӣ ва чун қисми таркибии ҷараёни таърих ва тамаддуни башарӣ таҳқиқ намуда, дар як вақт ҷиҳатҳои хоси таърих ва фарҳанги тоҷикон ва саҳ­ми арзандаи онҳоро дар тамаддуни ҷаҳонӣ мушаххас месозад.

Тадқиқоти ин донишманд дар боби забони тоҷикӣ низ ҷолиб мебо­шад. Ба назари ӯ, агар забони форсӣ (тоҷикӣ) дар ҷануби Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи устуворро соҳиб бошад, пас дар шимоли Тоҷикистон-Суғд фақат дар асрҳои IX-X қисмати асосии аҳолӣ забони форсӣ (тоҷикӣ)-ро па­зируфт. Муҳаққиқ дар асоси ҳуҷҷатҳо ба ин натиҷа мерасад, ки суғдиён баъзе аносири забони суғдиро ба забони форсии тоҷикӣ дохил наму­данд. Ин донишманд қабул кардан ва пазируфтани забони навро дар сар­замини Суғд ва бидуни ҳеҷ душворӣ ҷараён ёфтани онро далели назди­кии таърихӣ, сарфу наҳв ва таркиби луғавии ин ду забон медонад. Ба на­зари ӯ вожаи “тоҷик” аз нимаи аввали асри ёздаҳи мелодӣ сар карда, ба таври қатъӣ устувор мегардад ва ба номи халқе мубаддал мегардад, ки дар Осиёи Марказӣ, дар сарзамини Хуросон ташаккул ёфтаааст.

Ба ин тартиб, дар китоби “Тоҷи­кон” бисёр масъалаҳои муҳимми таърихи ташаккули халқи тоҷик ва сарнавишти таърихии он ба тарзи нав ҳаллу фасл шудаанд. Китоб бо фасоҳат ва шеваи содаву возеҳ эҷод шуда, қобили фаҳму идроки хонандагон мебошад. Дар китоб чеҳраи муборизи миллати тоҷик дар фосилаи замонҳо барои ҳифзи ҳастии таърихии худ хеле дақиқ ва дар такя ба санадҳои қотеъ офарида шудааст, ки беназир мебошад.

Нависандаи ҳушманд Абдулҳа­мид Самад ин асарро “Беҳтарин намунаи ибрат” шинохта, ба ҳар хо­надон ворид шудани онро фоли нек таъбир мекунад ва “аз бузургсолони ҳар як хонадон, падару модарон та­маннои онро” мекунад, ки “ин асарро дар баробари бафурсат омӯхтан чун ёдгории муқаддас, сарчашмаи омӯ­зиши таърих, таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани ғурур ва ифти­хори миллии фарзандону набера ва абераҳо гиромӣ доранд ва дар ҷойи намоён ва шоиста бигзоранд”. Агар чунин карданд, “Аз ин қадрдонӣ рӯҳи аллома Бобоҷон Ғафуров шод ва мададгори ҳамагон хоҳад шуд”.

Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо