Нахустин наворбардори тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 Нахустин наворбардори тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳангоми наворгирии воқеаҳои ҷанг 3,5 миллион метр лента масраф шуда­аст. Аз 257 кинооператори ҳарбӣ 33 нафар дар ҷанг ҳалок гардид. Бештарашон ҷароҳатҳои гуногун бар­доштаанд, ки яке аз онҳо собиқадор ва маҷруҳи ҷанг, устоди барҷастаи кинои тоҷик Мамадқул Арабов буд.

Ӯ соли 1921 дар Бухоро ба дунё омад. Баъдан бо оилааш ба Душан­бе кӯч баста, мактабро дар шаҳри мазкур хатм намуд. Соли 1939 ба факултети кинооператории Дониш­кадаи синамои Маскав (ВГИК) дохил шуда, онро соли 1943 хатм кард. Замоне ки ӯ ҳамчун мутахассис сари кор омад, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар авҷ буд.

Номбурда ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ бо кори кино машғул мешуд. Сипас фаъолиятро ҳамчун хабарнигори ҳарбии киностудияи марказии филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Ар­тиши амалкунандаи фронти Украина оғоз намуд. Рафти муҳорибаҳоро сабт мекард.

Мамадқул Арабов дар он замонҳо натанҳо ягона кинооператори фрон­тӣ аз Тоҷикистон буд, балки яке аз асосгузорони кинои ҳуҷҷатии тоҷик гардид. Доктори илми санъатши­носӣ, ректори имрӯзаи ВГИК Влади­мир Малишев ӯро устоди барҷастаи филмҳои таърихӣ дар Тоҷикистон номидааст.

То поёни ҷанг ӯ дар шароити ваз­нин кор мекард. Дар дафтари хоти­раҳояш навиштааст, ки бо ҳамкорон ҳаёти худро дар хатар гузошта, дар буткаи мошин саҳнаҳои муҳорибаҳо­ро ба навор мегирифтанд. Баъди коркард ба Маскав мефиристоданд. Масъулон дар Маскав филмҳоро тамошо карда, таҳриру танзим на­муда, дар филмҳову киножурналҳо истифода мебурданд ва онҳо ҳанӯз ҳам дар хазинаи вежае нигаҳдорӣ мешаванд. Мавсуф дар наворгирии филмҳои маъруфи «Дар Силези Боло» (коргардон Иосиф Поселский, 1945) ва «Берлин» (коргардон Юлий Райзман, 1945) иштирок кардааст, ки дар хазинаи тиллоии кинохроникаи ҳарбӣ маҳфуз аст.

– Ҳатто аз кӯтоҳтарин корҳои дар ҷабҳа сомондодаи Мамадқул Арабов пай бурдан мумкин аст, ки ӯ қисми ҷудонашавандаи низоми ҳарбӣ бу­дааст ва воқеияти майдони ҷангро ба навор гирифтааст. Бо вуҷуди мушкилот тавонистааст, ки муҳимта­рин лаҳзаҳо, ҳассостарин воқеаҳоро ба навор бигирад», – навиштааст собиқадори ҷабҳа, рӯзноманигор О. Соболев дар мусоҳибаи худ бо номи «Камераи фронтии Мамадқул Арабов».

Қаҳрамони мо дар шаҳри Кре­менетс қабри умумиеро ба навор гирифт, ки фашистон барои нишон додани даҳшати худ ҳамаро ба таври фоҷиабор кушта, як ҷо гӯронда бу­данд. Дар Днестр заминҳои аз снарядҳо «захмишуда»-ро ба лента сабт кард, ҳамон ҷо боз хандақеро ба навор ги­рифт, ки 300 кӯдаку навраси қатлшуда мехуфтанд. Маҳз дар ҳамон лаҳзаҳо бештар эҳсос кард, ки ин наворҳо барои таърих, барои мар­думи ҷаҳон чи қадар муҳим ҳастанд. Зеро тавассути онҳо аҳли башар бори дигар даҳшати ҷангро мефаҳмад, ашк мерезад ва онро маҳкум мекунад.

19 январи соли 1945 Ма­мадқул Арабов бо ҳамкораш Ана­толий Павлов ба ҳудуди ноҳияи Розенберг-Крайтсбург сафар карда, нахустин киноматериали худро дар ҳудуди Олмон ба навор гирифт, ки «Бреслаи ҷанубӣ-ғарбӣ» унвон дошт.

Номбурда аз нахустин касоне буд, ки дар Олмон «фабрикаҳои марг»-ро рӯи навор овард, ки дар онҳо қариб чор миллион аҳолии бегуноҳи Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравиро қатл намудаанд. Ӯ менависад: «Баъди рафтани фашистон онҳо бештари асиронро бо худ гирифта бурданд ва он ҷо 5 ҳазор пири бемору барҷо­монда, кӯдакон ва занон монда буданд. Эсесҳо (артиши ҷаррори немис) онҳоро бо пулемёт тирборон карда рафта буданд. Бисёрии онҳо мурданд. Ман медидам, ки чӣ тавр табибони мо ба маҷрӯҳон дасти ма­дад мерасонданд. Дар давоми чилу панҷ рӯз оид ба бадкирдориву бе­раҳмиҳои фашистон дар панҷ ҳазор метр лента филм бардоштем».

Аз рӯи маводи ҷамъовардаи Мамадқул Арабов ва ҳамкоронаш Студияи марказии филмҳои ҳуҷҷа­тии Маскав филми «Лагери марги Освентсим»-ро таҳия кард. Баъдан онро ҳамчун далел дар раванди суди байналмилалии сардорони фашистон дар Нюрнберг истифода бурданд.

Ҳарчанд пирӯзӣ бар фашизм ба даст омад, аммо ҷангу ҷидол, тар­кишу тирпарронӣ ҳанӯз ҳам идома дошт. Дар ин миён Мамадқул Арабов ҷароҳат бардошта, дар госпитал бистарӣ шуд. Шарикаш А. Павлов аз беморӣ ҷабҳаро тарк кард, аммо Мамадқул Арабов бо шарики нав Н. Биков корро идома дод. Дар рафти кор ногаҳон пеши Биков ва Арабов снаряде таркид. Пас аз ин ҳодиса хабари марги М. Арабов паҳн гардид. Соли 1946 В. Сушинский ва Н. Биков бо мукофоти сталинӣ қадр шуданд, аммо чаро кинооператори тоҷик не? Муаммоест норӯшан…

Сабтҳои Бресла дар Мас­кав баҳои баланд гирифтанд. Мамадқул Арабов соли 1973, ҳангоми вохӯрӣ бо коргардони Студияи марказии филмҳои ҳуҷҷатии Маскав Зоя Тулубаева огоҳ мешавад, ки филми бардо­штаи онҳо ҳамчун муҳимтарин далели ҷанг пазируфта шуда, қадр мегардад ва номи М. Арабов дар титри филм мегузарад.

Ӯро таъҷилан ба Маскав барои наворгирии нахустпаради Ғалаба (24 июни соли 1945) даъват карданд. Баъд ӯ бо ҳампешагонаш дар асоси киноэпопеи Роман Кармен филми «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1965) ва филми бистқисмаи «Ҷанги но­маълум» (1978)-ро ба навор гирифт. Пасон бо роҳхати вежа ба Сталино­бод, ба киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамчун кинооператор ба кор омад.

Ёдовар мешавем, ки номбурда аз соли 1946 то 1951 ҳамчун филмбар­дор дар киностудияи «Свердловск» фаъолият бурда, барои киножурнали «Советский Урал» навор таҳия ме­кард. Солҳои 1952-1953 филмбар­дори киностудияи «Тошканд» буд. Аз соли 1962 то 1988 ба сифати муаллифи сенарияҳо, коргардон ва оператори киностудияи «Тошканд» ва баъдтар студияи «Узкинохрони­ка» фаъолият кардааст. Аз охирҳои соли 1980 то охири умр корманди «Тоҷикфилм» буд.

Мамадқул Арабов дар арафаи 50-солагии Ғалаба бар фашизм филми «Хотираи дил»-ро рӯи навор овард. Тавассути маҳсули кораш мехост, ки ёду хотираи гузаштагони ҷонфидо абадӣ бошад.

Соли 1992 дар шаҳри Вашингтони ИМА вохӯрии ғайричашмдошти ки­нооператорони Ҷанги дуюми ҷаҳон сурат мегирад ва ҳамон сол Ма­мадқул Арабовро барои хидматҳои бедареғаш ба узвияти Ассотсиатси­яи ҷаҳонии кинооператорони ҷабҳа мепазиранд.

Баъди солҳои ҳаштодум дар студияи «Узкинохроника» ба навор­гирии филмҳои таърихӣ пардохт ва ишора ба номҳояшон кофист, ки арзиши онҳо маълум шавад: «Пайи тараққиёти замони бостон дар Осиёи Марказӣ» (1980-1998), «Теппаҳои сарсафеди Афросиёб» (дар бораи Самарқанди бостонӣ), «Қаротеппаи пурасрор» (дар бораи аввалин ёд­гории буддоӣ дар Осиёи Марказӣ), «Бохтари бостон». Ин силсиларо дар студияи «Тоҷикфилм» идома дод: «Кашфи Истаравшан», «Ҳайтолиён, шумо кистед?» (дар бораи империяи Ҳайтолиён, 1993).

Аввалин бор ӯ дар таърихи фил­мҳои ҳуҷҷативу таърихии тоҷик соли 1998 филми «Устод Бобоҷон Ғафуров: феномени «Тоҷикон»-ро ба навор гирифт. Месазад таҳ­син гӯем, ки вай филми ёд­шуда ва «Ҳайтолиён, шумо кистед?»-ро дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ офарид ва хост ҳамвата­нонашро ба бедории миллӣ хонад ва ҳофизаи таърихии онҳоро ангеза бахшад.

Агар шоир беҳтарин шеъри худро қабл аз марг гӯяд, ӯ охирин паёми худро бо филми Бобоҷон Ғафу­ров ба миллат расонд, ки аз беҳта­рин маҳсули ранҷҳояш ба шумор меравад. Мавсуф ба орзуяш расид ва филми мазкур беҳтарин армуғон ба ифтихори 90-солагии Бобоҷон Ғафуров гардид.

Ин марди қавиирода, ки даҳ­шатноктарин воқеаҳои Ҷанги дую­ми ҷаҳонро дида буд, дилаш сахт месӯхт, ки ҷоҳилону нотавонбинон боз даст ба аслиҳа задаанд ва халқи бегуноҳро мекушанд.

Қаҳрамони мо дорандаи ордени Ленин (1957), ордени ҶБВ дараҷаҳои I, II, Грамотаи Президиуми совети олии Ӯзбекистон барои хидматҳои шоён дар рушди санъати кинои ӯзбек (1965), ордени «Шараф» (Тоҷики­стон, 1999), соҳиби унвони Устоди хизматнишондодаи санъати РСС Ӯзбекистон мебошад.

Мамадқул Арабов 25-уми декабри соли 1999 дар шаҳри Душанбе чашм аз олам пӯшид ва аз хеш ёди неку осори гаронмоя боқӣ гузошт.

Ёддошт:

Духтарро зиндадори ному нишони падар мегӯянд, ки ҳақ асту рост!

Сипоси вежа изҳор медо­рем ба духтари қаҳрамони ҷанг Мамадқул Арабов – Ша­рофат Арабова, номзади илми таърих, ки ин ҳама маълумо­ти нодирро аз ганҷинаи падар дар ихтиёри мо гузоштанд. Дар мақола баъзе аз иттило­от аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид.

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Дигар хабарҳо