Шинохти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ дар «Чеҳраҳои мондагор»

 Шинохти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ дар «Чеҳраҳои мондагор»

Таърихи муосири тоҷикон бо ном, кор ва пайкори фарзанди шарафманди миллат Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон бедоргаре аз зумраи баргузидагони таърих гиреҳ мехӯрад. Садои пуртанин ва наҷотбахши он кас дар сиёҳтарин ва талхтарин даврони таърихи тоҷикон дар такя ба неруҳои созандаи миллат ва омӯзаҳои пешрафтаи сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ-маънавӣ тарҳи нав дарафканд, тарҳе, ки давраҳои даҳшатоварро дар таърихи тоҷикон ба ҳамешагӣ ба поён расонд ва эҳёгари давраи комилан нав дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвари тоҷикон гардид.

Дар ин овои бедорӣ ва ҳидоятгар бозгашт ба асли хештан ва эътимодман­дӣ ба неруҳои созандаи таърих ошкор буд ва ба ҷомеаи тоҷикон роҳи комилан нави худшиносиву худсозиро нишон дод. Барои амалӣ сохтани навсозиҳои куллии ҷомеаи тоҷикон таҷрибаи таърих ва ифтихороти миллиро омили аслӣ ва таҳрикбахш ба шумор оварданд. Дар ҳамин самт Пешвои миллат корҳое­ро анҷом доданд, ки сода набуданд. Чеҳраҳои қаҳрамони миллатро ташхис доданд ва дар пояи рӯҳи Айниву Ширин­шоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Тур­сунзодаву Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва дар паҳлуи он Китобхонаи миллиро чун рамзи китобхонаи оламшумули даврони Сомониён ва Бухорои шариф бунёд ниҳоданд.

Роҳе, ки Сарвари давлат интихоб карданд ва мардумро ба он ҳидоят фармуданд, дид ва андешаи нав ба ҷомеаро дар шинохти арзишҳои ҷовидо­наи миллӣ ва баҳрагирӣ аз онҳо муайян намуданд, ки барои имрӯз ва фардои миллат сарнавиштсоз аст. Китоби «Чеҳраҳои мондагор» консепсияи хоси Пешвои миллатро дар шинохти нақш ва ҷойгоҳи чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ дар таърихи миллат муайян мекунад.

Пешвои миллат дар мақолаҳое, ки дар китоб фароҳам овардаанд, ба сарнавишти шахсиятҳои баргузидаи таърихи тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун субъекти таърихи миллат нигариста, чеҳраи онҳоро дар заминаи усулҳои иҷтимоиву фарҳангии маърифати шахсият ба қалам кашидаанд. Бинобар ин, таҷассуми моҳияти сарнавишти ин­сонӣ ва фарҳангии ин гуна шахсиятҳо арзиши хос пайдо кардааст, онҳоро ҳамчун намунаи арзишҳои таърихии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ, ки сарнавишташон аз рӯзгори таърихӣ ва муосири тоҷикон ҷудо нест, ба назар намоён мекунанд. Муаллиф дар офариниши чеҳраи шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ сараввал ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаанд, ки он афрод сарнавишти худ ва миллаташонро чӣ гуна сохтаанд ва чӣ гуна метавонанд ба имрӯзу ояндаи меросбаронашон ба василаи андешаҳову ормонҳояшон таъсири созанда бирасонанд. Дар ши­нохт ва арзёбии чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамин нукта маҳаки эътибор будааст, ки моҳияти аслии ҷустуҷӯҳои соҳиби китобро муайян мекунад.

Пешвои миллат дар ин замина дар хитоб ба хонанда таъкид мекунанд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.

Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргу­зидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зин­да гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».

Ин раҳнамоии солеҳона ормонҳои созандаи Роҳбари давлатро дар шинох­ти таърих ва сарнавишти фарзандони барӯманди он собит мекунад. Ин тамо­юли фикрӣ дар инсон мавҷуд будани ҳадафҳои муайяни созанда, равиши пешрав ва намунаҳои ибратангези қоби­ли пайравӣ ва ибратпазирро дар назар дорад. Инчунин ормонҳо ба миллат ва наслҳои он ёрӣ мерасонанд, ки ҳастии худро муайян кунад, дар зиндагӣ ҷой­гоҳашро шиносад, хислат, эътиқод ва дараҷаашро таъйин созад. Омӯзаҳои Пешвои миллат дар шинохти моҳияти зиндагии инсонӣ ва фарҳангии шахси­ятҳои таърихиву фарҳангӣ идеалсоз буда, наслҳоро барои шарофатман­дона зистану фаъолият кардан омода мекунанд.

Президенти кишвар бо таълифоти зиёдашон дар парвариши ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва ватандорӣ нақши созанда доранд. Китоби «Чеҳраҳои мондагор» консепсияи тозаи арзёбии таърихиро, ки таъкиди ибратпазирии солеҳона аз сарнавишти таърихии миллат ва абармардони он аст, ҳамчун идеали ояндасоз ифода мекунад. Интихоби чеҳраҳо низ вобаста ба замони тӯлонӣ сурат гирифта, нақш ва ҷойгоҳи ононро аз оғози таърихи қавмҳои ориёӣ то рӯзгорони баъд нишон медиҳад. Моҳияти ҷустуҷӯҳои Сарвари миллатро дар ин замина суханони зеринашон дақиқ бармало менамоянд: «Ба гузаштаи дури миллати худ рӯ оварда, мо фақат маълумотнома, санад ва мадорики таърихӣ ҷамъ намеоварем, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андеша, афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои такомули хушбинонаи имрӯзу ояндаи халқамон ва бунёди як ҷомеа ва давлати навин меомӯзем, истифода мекунем. Зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои маънивию ахлоқии гузашта ва хотираи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад».

Таҷрибаи таҳқиқи Пешвои муаззами миллат дар ин китоб ба парвариши со­зандаи ифтихороти миллӣ ва ватандорӣ дар се асл таъкид дорад. Асли аввал – ибратпазирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале пурифтихори гузашта, асли дуюм – забон ва фарҳанги миллӣ ва ниҳоят сарнавишти чеҳраҳои баро­зандаи таърихиву фарҳангӣ. Дар ин замина ба масъалаҳои ибрати таърих, сабақҳои он бештар диққат додани муаллиф, пеш аз ҳама, ҳадафи волои ҳифзи асолати миллӣ ва таърихиву фарҳангии тоҷикон мебошад. Вақте ки мақолаҳои китобро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки дар фаъолияти чеҳраҳои муҳимми таърихи тоҷикон нуктаҳо, ҳик­матҳо ва омӯзаҳои созандае ҳастанд, ки барои имрӯз ва фардои миллат, бахусус насли ҷавонамон ибратомӯзанд.

Нависандаи бузурги рус Лев Толстой навишта буд: «Суоли асосии қалби ман ин аст: Ту чӣ гуна инсонӣ? Ва аз инсонҳои дигаре, ки ман мешиносам, чӣ фарқе дорӣ ва ба ман дар бораи он ки ба зиндагӣ чӣ гуна бояд нигарист, чӣ ҳарфи тозае гуфта метавонӣ?» Ин суханон назари зеҳнии моро ба ҷустуҷӯҳои муаллифи китоб мутаваҷҷеҳ месозанд. Дармеёбем, ки муаллиф дар ҳамаи мақолоти китоб, пеш аз ҳама, ба мушаххасоти зиндагинома ва корномаи таърихиву фарҳангии чеҳраҳое таваҷҷуҳ кардаанд, ки марбут мешаванд ба эҳёи ормонҳои миллӣ ва давлатдориву фарҳангпарварии миллати тоҷик. Дар ин замина сарнавишти Куруши Кабир ҳамчун «бунёдгузори давлатдории мутамаддин» ба ҳаёти таърихӣ ва фарҳангии миллат рабт пайдо мекунад, ки Пешвои миллат бо таҳқиқ ва воқеият дар мақолаи аввали китоб зинда кардааст. Дар мақолаи «Бунёдгузори давлатдории мутамаддин» шахсият ва андешаву орои Куруш аз нигоҳи давлат ва дурнамои фарҳангиву таърихӣ мавриди назар қарор гирифта, пайванди ногусастании он ҷомеаи миллӣ, гузаштаву имрӯзу фардои тоҷикон нишон дода шудааст. Дар мақола сарнавишти Куруш дар мабнои воқеиятҳои таърихиву фарҳангӣ арзёбӣ шуда, бо замони мо пайванди бевосита пайдо мекунад, зеро аҳаммияти миллӣ дорад. Ба ифодаи саҳеҳтаре, манзараи зиндагии инсонҳои бузурге, мисли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳамеша тамошогаҳи зебоӣ ва манзараи ибратпазирест, ки рӯҳро тақвият ва фаъолиятро таҳрик мебахшад. Аз ин ҷиҳат, аксаран таҳқиқ ва тафсири чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ аз тариқи шинохти моҳияти маънавии зиндагиномаи онон ва таносуби он бо воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоии замони гузашта ва имрӯз анҷом гирифта, фазилатҳои муҳимми инсонии муҳаббат ба Ватан, миллат, ҳисси ифтихори миллӣ, эътиқодмандӣ, собитқадамӣ ва фидокорӣ маҳаки шинохти нақш ва ҷойгоҳи ин шахсиятҳо дар таърих қарор гирифтааст.

Куруши Кабир ва усули давлатдории ӯ барои тоҷикон дарс ва ибрати таърих буда, ба ифодаи Сарвари давлат, омӯ­зандаи «рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибони сулҳу адолат, густа­риши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдко­рию ободгароӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили усули идоракунии мамлакат» мебошад.

Дар таҳқиқ ва тафсири Пешвои мил­лат Спитамени суғдӣ «парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» буда, ҳамчун шахсияте, ки ҳимояи халқашро пайгиро­на идома дода, ҷаҳиш ба амал овардааст ва дар ин ҷаҳиш дубора зода шуда, умри дубора ёфтааст, дар таърихи тоҷикон мақоми маънавию миллӣ дорад.

Дар шинохт ва арзёбии чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ асоси консепсияи диди таърихии Сарвари давлатро тасвири ҳақиқати таърих, фарогирии моҳияти он ва рӯҳи замон ташкил медиҳад, ки барои имрӯз моҳияти ибратпазирӣ дорад. Ба ифодаи дигар, Роҳбари кишвар дар шинохти чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ бозгашти абадиро тақвият бахшиданд, ки барои миллат моҳияти худшиносиву миллатсозӣ дорад. Чунин дарки дақиқ ва асосноки сарнавишти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ бар он устувор шудааст, ки Пешвои муаззам он ҳама санадҳои зиёдро дар як нуктаи муҳимми ғоявӣ ба ҳам оварда, ба ин васила пайванди замонҳои таърихиро ба вуҷуд меоваранд, ки дар натиҷа нафақат як давраи муайян, балки қонунияти инкишофи таърихии як миллат дар давраҳои гуногун, замон ва макони муайяни таърихӣ пеши назар зинда мешавад. Дар ҳар чеҳранигорӣ Сарвари ҷумҳурӣ ба намудани ҷиҳатҳои гуногуни ҳаракати таърих дар мисоли сарнавишти шахсиятҳои алоҳида муваффақ шудаанд. Аз ин ҷиҳат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаҳои ин китоб замонҳо ва шахсиятҳои меҳвариро муаррифӣ карда, воқеият ва сарнавишти таърихиву фарҳангии миллатро аз замонҳои қадим то имрӯз фаро мегиранд, ки ифодагари зинаҳои ташаккули халқи тоҷик низ ҳаст. Сарнавишти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ на аз назари маҷмуи воқеиятҳои алоқаманд ба сарнавишти онҳо, балки ба туфайли моҳияти инсонӣ ва миллии аъмолашон диққатангез будааст. Аз ин мавқеъ Зардушт нафақат барои тоҷикон, балки барои бани башар «паёмбари ойини ростин» аст. Аз нигоҳи ин марди шариф Монии бузургвор «бозтоби нур дар зулмот» буда, Маздак бо иқдомҳои бузурги инсонӣ ва миллиаш «пешвои мардумдӯсти Эрони бостон» аст. Пешвои миллат Ҳазрати паёмбари акрамро «бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини ҳақ» тавсиф намуда, Имоми Аъзамро «асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро» арзёбӣ мекунанд.

Дар тафсири саҳеҳи Сарвари давлат ба Исмоили Сомонӣ ва дигар абармар­дони таърихи тоҷикон давраи комилан нави фаъолияти чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ оғоз меёбад, ки ҷанбаи хоси миллӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, Исмоили Со­монӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Бедил, Туғрал, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода аз нигоҳи он кас миллатдӯсту ватансоз буда, раҳнамову сарнавиштсози миллат буданд ва хоҳанд монд.

Ин китоб ойинадори таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон буда, беҳтарин ва короитарин дастури омӯзаҳои раҳнамои саодат барои наслҳои имрӯзу фардост, ки офаринандааш Пешвои азизи миллати мо ҳастанд.

Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо