ҚИРОНИ САЪДАЙН

 ҚИРОНИ САЪДАЙН

Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ду тан аз нобиғаҳои рӯзгори хеш ҳастанд, ки равобити миёни эшон ҳам он­гуна ки аз мукотиботи тарафайн аён аст, бо ҳусни садоқат ва ҳиммате, ки дар он ба харҷ додаанд, аз падидаҳои нодир ва омӯзанда ба назар мерасад.

Ин ду шахсияти фозил дар ибтидои қарни пурҳодисаи 20 ҳамчунин боризтарин шахсиятҳо ва дурахшонтарин чеҳраҳое ҳастанд, ки бо фазли дилбастагӣ ва садоқати хеш, ҳамчунин огоҳиҳои амиқ аз фарҳангу адаби муштарак табдил ба мазҳари нуронии идомаи равобити маънавӣ ва адабии халқҳои Мовароуннаҳру Эрон гардидаанд.

Ба ҷуз аз қареҳа ва даҳои фикрию адабӣ чанд ваҷҳи муштарак ва омили иштирок миёни ин ду шахсият боис гардида ва дар муддати тӯлонӣ алорағми ҳаводиси пуршу­мори бунёдсӯз то вопасин нафасҳо идома доштааст. Ин дар ҳолест, ки шиддат ва ваҳшати ин ҳаводис гоҳе ҳатто падарону фарзандон ва бародаронро дар ду ҷабҳаи душман қарор додааст.

Шояд нахустин ваҷҳи иштирок ин аст, ки ҳам устод Айнӣ ва ҳам устод Лоҳутӣ аз умқи замири ҷомеаи худ берун омада ва дар қалби он парвариш ёфта ба ин восита омодаи пазируфтани рисолатҳои бузурги иҷтимоӣ гардидаанд. Чун дар ин хусус меандешем, порае аз достони манзуми Сиёвуши Касроӣ “Ораши камонгир” ба ёд мерасад, он ҷо, ки фармуда:

Халқ чун баҳре барошуфта…
Буриш бигрифту марде чун садаф
Аз сина берун дод

Муҳити хонаводагӣ ва тифлии онҳо низ шабоҳатҳое дорад, чун ҳарду дар хона­водаҳои миёнҳол, пурфарзанд, пойбанди суннатҳои куҳан, падарони солору сахтгиру заҳматкашу муъмин ва ҳамзамон дорои қалби раҳим ишқу алоқаи фаровон ба илму адабу ирфон, модарони меҳрубону пуроти­фа парвариш ёфтаанд. Виқор, шаҳомат ва итминону иззати нафси ҳарду, ки ба ҳар муносибате дар муҳтавои номаҳояшон низ буруз мекунад, аз ҳамин сарчашма шодоб ва бо ҳамин решаҳо устувор аст.

Адолатҷӯӣ ва ҳақталабиро ҳарду аз падарони худ ба ирс бурданд ва ангезаву омили аслии ба фаъолиятҳои пуршӯру пур­таҳаррук ва ҳамзамон пурхатари иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ даст задани онҳо аз ҳамин мабдаъ нашъат мегирад ва аз аѓрозу аҳ­дофи маҳдуди шахсӣ ва нафсонӣ комилан орӣ мебошанд.

Пойбандии онҳо ба барномаҳо ва аф­кори инқилоби сотсиалистӣ низ маҳз ба ҳамин аҳдофи олии онҳо (таъмини адолати иҷтимоӣ ва истиқлоли миллӣ) марбут аст, ки дар даврони эшон ин навъ аз ҳаракатҳо бахши азиме аз ҷаҳонро фаро гирифта буд. Дар асл бо таваҷҷуҳ бо қароини зиёде, ки аз матни навиштаҳои эшон бармеояд, наметавон гуфт, ки ин барномаҳо ва ни­зомҳои инқилобӣ барои онҳо ба унвони як ҳадафи маҳз, эътиқоди фикрӣ буда ва ҷавҳари фикру андешаи онҳоро ташкил дода бошад, зеро бидуни эҳсоси таъми­ни адолати иҷтимоиву мусовот ва ҳифзи арзишҳои башарӣ, маънавӣ ва миллӣ ин барномаҳо ва низомҳо барояшон намета­вонист дорои арзише бошад.

Аз ҷумла дифоъи ҳарду аз китоби “На­мунаи адабиёти тоҷик” (таълифи устод Садриддин Айнӣ), ки ин пойфишорӣ ва ба марҳалаи тасдиқу таъйин ба нашри умумӣ расонидани ин тазкираи навини ҳовии осо­ру аҳволи садҳо тан адибони форсизабон бо шуруъ аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то худи Айниву Лоҳутӣ як ҷонбозии ошкор зери дами теғи муаллақи душманони ин фарҳангу адаб буд. Камтарин бетафовутӣ ба ин фарҳангу адаб ва беэътиноӣ ба ин суннатҳои гаронарзиш ё вуҷуди ғаразҳо ва аҳдофи шахсӣ метавонист ҳардуро аз ин исрору истиқомат боздорад ва узри муваҷҷаҳ низ барояшон муҳайё буд. Аммо пур возеҳ аст, ки эшон ҳеч навъ низом ва идеологияро бидуни гавҳари пурбаҳои ҳувияти маънавӣ ва асолати миллии худ қабул надоранд.

Чунин мавридҳо барои ҳарду адиби фозил минбаъд низ борҳо пеш омад ва ҳар бор бо сарафрозӣ аз имтиҳони садоқат ба миллату таъриху ҳувияти худ берун омаданд.

Масъалаи ҳифзи суннатҳои адабӣ низ, ки аз он гаҳгоҳе дар номаҳои ин устодон ёд мешавад, барои ҳарду ҷа­бҳаи муштарак буд. Масъала ин аст, ки дар солҳои аввали баъди инқилоб дар Бухоро тундравоне дар майдон пайдо шуда буданд, ки мехостанд бо суистифо­да аз барномаҳо ва шиорҳои инқилобӣ натанҳо осори адабии классикии тоҷику форс, балки навъҳои адабӣ ва ҳатто вазни арӯзро низ чун унсури монеасоз дар роҳи рушди афкори инқилобӣ аз миён бибаранд, ки дар ниҳоят неши теғи ситез ба синаи забони тоҷикӣ ҳам мерасид.

Устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, ки то ин муддат ҳам дар қолабҳои сун­натии назм ва ҳам дар ашъори навоваронаи худ мазомини рӯзро ба беҳта­рин шеваи бадеъ суруда буданд, амалан посухи ин навъ ситезҳоро медоданд. Аз ин моҷароҳо як қитъа шеъри нақизаи шоири дар он солҳо нисбатан ҷавон Пайрав Сулаймонӣ чун шоҳиди таърих боқӣ мондааст, ки ба як муддаъии “шеъри нави инқилобӣ” Ғулом Ализода, ки зери сарлавҳаи “шеърҳои” бевазну беқофияву бемаънии худ “бо ҳавои махсус” менавишт, хитоб мекунад:

Эй шоири “шеърҳои махсус”,
То кай бофӣҳавои махсус?”
Аттор наӣ, чӣ мефурӯшӣ
Беҳуда ту ин давои махсус?
Ҳарчанд ба тору чанг бастем,
Маълум нашуд “навои махсус”.
Хоҳӣ, ки зи шеър баҳра ёбӣ,
Ё халқ барад ғизои махсус,
Аз Лоҳутиву санъати ӯ
Ибрат гиру давои махсус.

Бо навовариҳои озмуда ва бо асолату муътадил ғанӣ кардани таркиби системи шеъри муосири форсӣ-тоҷикӣ низ корест миёни ҳарду устодон муштарак.

Ба эътиқоди адиб ва донишманди муҳтарам Шамси Лангрӯдӣ дар китоби “Таърихи таҳлили шеъри нав” нахустин касе, ки дар Эрон шеъри нав суруда Лоҳутӣ будааст (соли 1900), аммо эшон бино бар пайвастан ба шуғли сиёсат ба­рои такмил ва тасдиқи назарии ин пади­даи адабӣ наметавонист вақт бигзорад.

Нахустин намунаҳои шеъри навро устод Айнӣ ҳам дар даҳаи аввали қарни 20 таҷриба кардааст ва саҳифаи аввали китоби назми навини тоҷик бо шеъри “Марши озодӣ”-и устод Айнӣ шуруъ ме­шавад, ки бо таркиби комилан тозаи вазн соли 1919 интишор ёфтааст.

Аммо вуҷуҳи муштарак байни афкору осори устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ фаро­тар аз ин масоил аст ва ба ҷунбишҳои озодихоҳии милали мазлуми Шарқ дар муқобили истилои Ғарб мерасад. Ширка­ти Лоҳутӣ дар ин ҳаракатҳои озодихоҳӣ ба таври мустақим маълум аст. Дар ашъораш низ ин мавзуъ бозтоб ёфтааст, аз ҷумла:

Қурбони рӯшноиву нуру сафои Шарқ
В-он боғи дилкашу чамани дилкушои Шарқ
Эй он ки Шарқро ба Урупо фурӯхтӣ,
Эй бешараф, бигӯ, чӣ харидӣ ба ҷои Шарқ?

Устод Айнӣ ҳам ба ин мавзуъ ба тав­ри махсус таваҷҷуҳ доштааст. Яке аз мақолаҳои эшон бо унвони “Масъалаи Шарқ” ба шарҳу басти муфассали мавзуи мазкур ихтисор ёфта, дар фарҷом нависанда ибрози умед менамояд, ки интишори ҳаракатҳои инқилобӣ барои кишварҳои мазлуми Шарқ аз истеъмори Ғарб мусоидат мекунад. Дар ин силсила аз мақолаҳои устод Айнӣ яке махсуси ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Эрон мебо­шад. Дараҷаи таассур ва риққати қалби нависанда нисбат ба “масъалаи Шарқ” дар як пораи назме, ки дар сарлавҳаи мақола навиштааст, ба равшанӣ маълум мегардад:

Бе субҳ шабе хоҳам,
Бо ту ғами дил гӯям.
Ту хандию ман гирям,
Танҳо туву танҳо ман.

Сар то сари ин мақола аз ҳамин навъ эҳсосоти дардмандона нисбат ба мазлу­мияти Шарқ саршор аст.

Ҷолиб аст, ки ҳатто Муҳаммад Иқбо­ли Лоҳурӣ, ки аз саромадони ҷунбиши фикрии ҷаҳони ислом дар он замон мебошад, ҳамчунин дар ҳалли масъалаи Шарқ (озодии Шарқ аз ситези импери­ализми Ғарб) нақше ба инқилоби рус таъйин мекунад ва он ҳам аз номи Саид Ҷамолиддин, ки Русро ба идомаи инқи­лоби хеш даъват мекунад:

Боз меоӣ суи ақвоми Шарқ,
Баста айёми ту бо айёми Шарқ
Куҳна шуд Афрангро оину дин,
Сӯйи он дайри куҳан дигар мабин.
Кардаӣ кори худовандон тамом,
Бигзар аз “ло”, ҷониби ”иллаҳ” хиром.

Гузашта аз ин, ҳамон гуна ки дар ашъори инқилобии устод Айнӣ ва Лоҳутӣ мебинем, мавриди хитоби Иқбол низ барзгару ранҷбар аст:

Хоҷа аз хуни раги муздур созад лаъли ноб,
Аз ҷафои деҳхудоён кишти деҳқонон хароб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб.

Ҳамин сон ки дар мавриди Иқбол ба итминон метавон гуфт, дар мавриди устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ низ ба ҳамон андоза итминону эътимод метавон гуфт, ки ҳаргиз ин андеша ба тасаввури онҳо роҳ ёфта наметавонист, ки дар ивази инқилоби барояшон дилхоҳ ҳозир бошанд озодӣ ва истиқлоли кишвари худ ва миллату оину сунани худро ба гарав бигзоранд. Балки баръакс дар он замон муҳите эҷод шуда буд, ки ҳамсӯӣ ва истифода аз паёмадҳои инқилоби Русро як фурсат ва воситае барои озодии кишварҳои худ аз истеъмор ва нуфузи империализми ҷаҳонӣ медонистанд ва ин андеша хеле густариш пайдо карда буд. Агар ҷое хилофи ин пеш омад, ғайриинтизори эшон буд.

Муҳаббати устод Айнӣ ба Эрони бостону ҷадид ва муҳаббати устод Лоҳутӣ ба Тоҷикистон ва умуман қаламрави забони порсии тоҷикӣ Мовароунаҳр муҳимтарин омили ҳамкорӣ ва дӯстию бародарии эшон мебошад. Дар нахустин рӯзҳое, ки устод Лоҳутӣ аввалин дастгоҳи чоп ба ҳуруфи форсӣ бар дӯш аз Маскав ба Тоҷикистон омад, ин муҳаббатномаро суруд:

Эй умеди дили рамидаи ман,
Қуввати қалбу нури дидаи ман.
Ватани кору хонаи ишқам,
Табъи шеъру таронаи ишқам.

Даврони зиндагии Лоҳутӣ дар Тоҷикистон пурбортарин давраи халлоқиятҳои адабии эшон буд ва номи ӯ дар канори номи устод Айнӣ чун яке аз поягузорони адабиёти навини тоҷик сабт гардидааст.

Устод Айнӣ дар пешгуфтори “Наму­наи адабиёти тоҷик” (1926) шояд барои аввал бор дар таъйини ҳувияти халқи тоҷик аз истилоҳи “орӣ” (ориёӣ) истифода мекунад ва агар иштибоҳ нашавад, то замони касби истиқлоли сиёсии Тоҷикистон, яъне соли 1991 дигар дар маъхазе аз ин истилоҳ кор намегиранд, ӯ менависад:

“…Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз бо са­баби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати Эрониён набуда, са­баби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи “тоҷик”, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост”.

Устод Айнӣ алорағми талоши бархе аз ховаршиносони ғараз­манд ва сиёсатзадаи бегона, ки мехо­станд адибону донишмандонро бар асоси маҳали таваллуд ва зиндагиашон миёни Эрону Тоҷикистон қисмат кунанд, ҳамаро барои мардуми форсизабон муш­тарак ва баробар мешумурд. Дар зимни номае муфассал ба фарзанди худ Камол Айнӣ дар ин хусус аз ҷумла менависад: “Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ (ки­тоби Саъдии Шерозӣ) исбот кардам, ки “Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст”, аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоироне, ки дар Эрон ва Хуросон рӯидаанд, “шоири форс-тоҷик” гуфта унвон додам” .

Сарфи назар аз он ки устод Лоҳутӣ дар ҳудуди Шӯравӣ нисбат ба Эрон табъидӣ ба шумор меомад, тавре ки аз ҷумла аз мазмуни баъзе номаҳо бар­меояд, эшон бо Эрон ба таври куллӣ қатъи робита нанамуда, натанҳо худ ба донишмандон ва намояндагони Эрон робита дошта, балки то ҷое ба робитаи устод Айнӣ низ мусоидат менамудааст. Дар яке аз номаҳо Абулқосими Лоҳутӣ дар соли 1927 аз Маскав ба Садриддин Айнӣ менависад: “Устоди муҳтарам Айнӣ! Намояндагони Эрон ва мудирони рӯзномаҳо ва вакилони маҷлис, ки омада буданд (аз Эрон ба Маскав) беандоза аз судмандии “Намунаи адабиёти тоҷик” хурсанд буданд ва борҳо дар хусуси ин китоб ва заҳматҳои шумо дар тараққии адабиёти тоҷик баҳс карданд.”

Омили дигаре, ки боиси мукотиботи пайваста миёни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ гардидааст, ниёзи мубрам ба машварату назархоҳӣ дар масоили адабӣ, забони асар ва масоили сиёсӣ мебошад. Устод Лоҳутӣ борҳо дар номаҳои худ, ки дар зимн як ё чанд шеъри тозаро баҳамроҳ доранд, таъкид кардааст, ки раво наме­донад бидуни машварат ва тасҳеҳи устод Айнӣ онро ба чоп бидиҳад ва аввалин хонандаи ин шеърҳо ҳам устод Айнӣ мебошад. Ба ғайр аз он ки завқи шеърӣ ва савияи адабии устод Айнӣ аз назари устод Лоҳутӣ иёри олии завқи шеърӣ, маърифати адабӣ ва муҳити адабиёти он замони Мовароуннаҳр буд, ҳамчунин назокатҳои забони форсии роиҷ дар ин сомонро адиби дигаре мисли Садриддин Айнӣ намедонист. Мавридҳое ҳам шуда­аст, ки устод Лоҳутӣ руйи калимаи му­шаххасе ва назокатҳои маъноии он суол матраҳ кардааст. Ин масъалаҳо танҳо ба муқтазиёти адабию илмӣ маҳдуд намешуд, балки ба он муҳити оганда аз рақобатҳои сиёсии гурӯҳӣ ва шахсӣ камтарин имкони суитаъбири матне, навиштае метавонист барои нависанда паёмадҳои асафборе дошта бошад. Вуҷуди ин хатар дар ҳар қадам мушоҳида мешуд ва баъдҳо низ касоне аз хориҷи кишвар аз номи Абулқосим Лоҳутӣ асаре бо номи “Зиндагонии ман” ҷаъл карданд, рӯйи ҳамин “нуқтаи заъф”-и адабиёт ангушт гузошта, аз забони Лоҳутӣ гӯё “иқрор карда” буданд, ки эшон дар осори худ зери пардаи истиорот ва киноёт аз низоми шӯравӣ интиқод кардааст. Албат­та, Лоҳутӣ фавран ин асари ҷаълиро рад кард, аммо зоҳиран ин тавтеа дар солҳои баъдӣ ҳини нақду баррасии осори ӯ, хусу­сан достони манзуми “Парии бахт”, ки ба вуҷуди ибҳомот ва мавҳумбаёнӣ маҳкум гардида буд, бетаъсир набудааст.

Ба назар мерасад, ки хатари таъбиру тафсири ғаразмандона аз матни асари адабӣ яке аз омилҳои асосии фақри ҳунарии нисбии матнҳои адабӣ гардид, зеро адиби ин замон бар он мекӯшид, ки дар навиштаи ӯ маҷозу истиораву киноя ва анвои дигари саноеи адабӣ, ки боиси чандмаъноии калимаву иборот мегар­данд, ҳарчи камтар бошад.

Дар номаҳои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ ба якдигар агарчи ҷузъиёти зиёде низ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ҷанбаи шахсӣ ва хусусӣ доранд, эҳсос мешавад, ки эшон ҳама ҷонибҳоро му­роот менамоянд, ки дар сурати нашри васеъи ин номаҳо масъалае ба миён наояд ва беш аз ин ҳатман ба навъе дар миёни калом бар пойбандии худ ба низоми мавҷуд ва сиёсатҳои ҷорӣ таъкид менамоянд, ки ин таъкидҳо низ як навъ тадбире пешгирона дар муқобили тавте­аҳои эҳтимолист.

Сарфи назар аз ҳама ҳаводиси рӯз­гор, инқилобҳо, гароишҳо, таҳаввулоти ғайриқобили пешбинӣ нишони азамат ва ҷовидонагии фарҳангу адаби муштараки мост, ки дар ҳар даврае ва марҳалае шахсиятҳоеро ба майдон оварда ва сарнавишту рисолатеро бар онҳо тақдир карда, ки барои бақои ин фарҳангу адаб ва идомати пайвандҳои он ҷоннисорӣ кунанд.

Сиёсати миллии низоми ҳоким дар қарни гузашта ва барномаҳои он дар ро­стои рушди “фарҳанги шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” (ҳоло бигзарем аз он ки ба чи аҳдофе буд) ки имконоти моливу маънавию сиёсиро барои ин­тишор, омӯзиш ва таблиғи муҳимтарин осори илму адаби пешин фароҳам сохт, танҳо ба саъйу эҳтимоми комили чунин шахсиятҳои бошаҳомат ва бодироят метавонист аз инҳирофҳо эмин бимонад ва натиҷа бидиҳад.

Дар чунин лаҳзаи ҳассоси сарна­виштсоз ба ҳукми сарнавишт ва таърих дар канори устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори фарҳанг ва адабиёти на­вини тоҷик ҳузур пайдо кардани шоири номвари ҳамзабону ҳамдил ва шахсияти бонуфуз дар доираҳои олии сиёсии он замон устод Абулқосим Лоҳутиро танҳо ба таъбири “қирони саъдайн” метавон баён кард.

Китоби мукотиботи ин ду устоди бузургвор дастури кору пайкори меҳан­парастона, башардӯстона ва содиқона мебошад.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

Дигар хабарҳо