Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест…

 Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест…

Вақте ки дар хусуси аз қаъри асрҳо то замони мо бегазанд расидани Наврӯз меандешем, пеш аз ҳама орӣ будани он аз ҳама гуна дину мазҳабу ғояҳо ва иртиботи ногусастанӣ доштанаш ба Модар-табиат чун санади муҳимму бебаҳс пеши назар меояд. Вагарна дар тӯли таърихи инсоният лак-лак иду ҷашнҳое буданд, ки дер ё зуд ба коми нестӣ рафтанд, аз ёдҳо зудуда шуданд. Аммо ин маънии онро надорад, ки роҳи ин иди ниёкони мо ҳамеша тахту ҳамвор будааст. Мисли он ки ҳамеша аз пайи некӣ бадӣ кашола аст, буданд давлатдороне ки барои баргузории ин иди зебо монеъ мешуданд. Ин ҳолро мо дар таърихи начандони дури хеш шоҳид будем. Аммо мардум дар замони шӯравӣ низ, ба ҳар роҳу васила ва ба номҳои гуногун Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, хонаву дари хешро ороставу пероста мекарданд, либосҳои нав ба бар намуда, ба меҳмонӣ мерафтанд, ба сайри табиати сарсабз мешитофтанду якдигарро табрик мегуфтанд. Охир, мисли он ки бадалшавии шабу рӯзро касе наметавонад боздорад, Наврӯзро низ наметавон манъ кард. Вай мисли рустани гулу гиёҳ, хониши мастонаи мурғони чаману муғҷаи дарахтон бе изн чеҳра мекушояд ва ҳама гуна набототу ҷонзотро мафтуну шайдо мекунад. Наврӯз ҷашни пайванди инсону табиат, айёми сабзиш, шукуфоӣ ва муҳаббату бедорист. Вақте ки инсон ба табиат мепайвандад, мисли он рӯҳан тоза мешавад, ҷисман нерую қувва мегирад ва қалбаш аз ишқу муҳаббат саршор мегардад.

Боиси ифтихори мо, тоҷикон, аст, ки Наврӯзи оламафрӯз, ки чанд сол пеш ҷашни байналмилалӣ эълон гашту акнун онро дар кишварҳои мухталиф таҷлил мекунанд, реша дар таъриху фарҳанги мо дорад ва онро ниёкони заковатманду бошарафи мо асос гузоштаанд. Бинобар ин, мо ҳамчун меросбари он метавонем имрӯз бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз аст! Адабиёти ҳазорсолаи мо пур аз наврӯзномаҳост, шоирони бу­зурги мо дар ҳама давру замонҳо онро ситудаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ва ташаббусу ғамхориҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар сарзамини мо бо ҳама шукӯҳу шаҳоматаш дубора эҳё шуд ва он ҳар сол чун иди бузурги миллӣ дар ҳама гӯшаву канори кишварамон дар давоми як моҳ таҷлил мегардад. Сардори давлати мо на танҳо Наврӯзро бо ҳама суннату анъанаҳои қадимиаш дар кишварамон эҳё намуданд, бал барои ҷаҳонӣ шудани он ва бо талқини суннатҳои инсондӯстиву сарҷамъии ин иди некфол ҷиҳати ба ҳам овардани халқҳои муқими Осиёи Марказӣ хидмати арзанда карданд. Зеро яке аз фазилатҳои муҳимми Наврӯзи хуҷастапай ваҳдату якдилию дӯстист, ки дар ҷаҳони муосир халқҳо ба он бештар ниёз доранд. Чунки имрӯз кишварҳои абарқудрат ба ҳар баҳонаю сабаб ҷиҳати тақсими нави ҷаҳон кӯшишу талош мекунанд. Бар замми ин таҷовузи инсонҳо нисбат ба табиат, гаҳвораи мо Заминро торафт ба вартаи муҳлик наздик мекунад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарии хеш ҳангоми сафарҳои расмию мулоқотҳо фалсафаи Наврӯз, яъне кинаю кудурат аз дилҳо берун кардан ва ба якдигар оғӯши меҳру муҳаббат кушуданро пайваста дар байни роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – хонаи уммумии мо, талқин мекунанд. Ва табиист, ки ин гуна мулоқотҳо бештар дар айёми Наврӯз баргузор мегарданд. Барои тасдиқи ин нукта пораҳоеро аз чанд суханронии Сардори давлатамон дар ҷашнҳои Наврӯз меорем: «Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад… Бояд гуфт, ки маҳз унсурҳои неку писандидаи маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Наврӯз ва ҳамоҳангӣ бо табиат инсонҳоро ба ҳам меоваранд, муттаҳиду муттафиқ месозанд, муносибати байни онҳо ва вазъи руҳии онҳоро дар ҳоли эътидолу оромӣ ва шодиву сурур нигоҳ медоранд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он зиёда аз ҳаштод миллион одам ба сар мебарад, дар ҳама давру замонҳо            та­ваҷҷуҳи аҷнабиёнро ба худ кашидааст. Дар тӯли таърих борҳо бегонагон ба мақсади тасарруф ва ба даст оварда­ни сарватҳояш ба ин сарзамин ҳуҷум овардаанд. Дар бисёр маврид сокинони минтақа ҳамроҳ ба муқобили душманон сангар гирифта, барои ҳифзи ин марзу бум муборизаҳо кардаанд. Имрӯз дар қарни бисту як низ ин муборизаҳо ба таври гуногун идома доранд. Аз ин нигоҳ ҳама халқҳои муқими Осиёи Марказиро лозим аст, ҳамеша ҳушёру зирак бо­шанд, ба ҳар гуна дасисаю найрангҳои абарқудратон дода нашаванд. Танҳо дӯстию рафоқат, ҳамкорию ҳамгироӣ ме­тавонад моро аз ҳама гуна табаддулоту фоҷиаҳо эмин дорад. Мо бояд бештар ба ҳам рафтуомад кунем ва мақоли “Меҳр дар чашм”-ро, ки ба забонҳоямон гуногун садо медиҳад, аз ёд набарем. Ба андешаи ин ҷониб, дар байни сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвари мо беш аз дигарон ҷавҳари ана ҳамин мақоли зебои халқӣ ва суннати муҳимми наврӯзӣ, яъне дар сулҳу салоҳ зистану мудом ба истиқболи якдигар оғӯши меҳр кушоданро риояту посдорӣ мекунанд. Дар тӯли чанд соли охир Сардори давлатамон ҷиҳати гармшавӣ ва ба сатҳи баланди боварию эътимод баровардани муносибатҳои сиёсӣ, иқти­содиву фарҳангӣ бо ҳамсоякишварҳо­ямон корҳои зиёдеро анҷом доданд, ки онро метавон дастоварди муҳимми дипломатӣ ва меваҳои ширини мактаби давлатдории эшон номид. Барои мисол дар давоми бисту панҷ соли соҳиби­стиқлолӣ муносибату ҳамкориҳои мо бо кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон на ҳамеша ҳасанаву гарм буд, ки ин натанҳо ба муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодиёт, бал ба зиндагии халқҳоямон, ки дар тӯли таърих якҷо зиставу ҳазорҳо риштаҳои хешутаборӣ бастаанд, таъсири бад мерасонд. Маҳз бо даъвати Сардори давлати мо дар арафаи Наврӯзи соли 2018 Президенти ин кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод ва дар муносибатҳои мо тағйироти кулливу таърихӣ ба вуҷуд омад. Мардум то ҳол аз ёд набурдаанд оғӯшкушоиву ашкрезии мардумони ду ки­шварро ҳангоми кушода шудани марзҳо пас аз ҳаждаҳ соли ҷорӣ шудани низоми шадиди раводид. Он Наврӯз, воқиан ҳам, барои халқҳои тоҷику ӯзбек хуҷастапаю шодиовар буд.

Президенти дурандеши мо хуб дарк мекунанд, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ. Ин мақоли халқи мо маънии чуқур дорад. Зеро ҳамсоя тинҷу осуда набошад, ту низ наметавонӣ ором зиндагӣ бикунӣ. Баъдан ҳамсояи нағз пешу беш аз дигарон дар ҳолати сахтӣ ба ёрӣ мешитобад.

Ёд дорам, соли 2016 бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз дар кишвара­мон Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гашт, ки дар он шоиру нависанда­гон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон, Тур­кманистону Қирғи­зистон, Ҳиндустону Покистон, Русияву Олмон, Белорусия, Туркия ва ғайра ширкат варзиданд. 20 март дар доираи ин ҳамоиш мулоқо­ти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмо­нон ва аҳли зиё дар Кохи Борбади пойтахт баргузор гашт ва адибони ки­шварҳои гуногун аз суханронии Роҳбари давлати мо ба ваҷд омаданд. Сардори давлат дар суханронии хеш дар бораи суннатҳои Наврӯзи хуҷастапай ибрози андеша карда, адибони кишварҳои гуно­гунро ба он даъват намуданд, ки баҳри сулҳу суботи устувор дар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва баҳамоии мардумони кишварҳоямон ҳиссагузор бошанд: «Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи маънавии инсон, тарғиби ахлоқи ҳамида, ситоиши ҳамдиливу ҳамкорӣ, суботу осоиш, ба роҳи рост ва ба муҳити солими маънавӣ ҳидоят намудани инсон мебошад. Адабиёт одамонро ба ободо­ниву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекунад ва дӯстиву ҳамкории байни халқҳову кишварҳоро тарғиб менамояд».

Мисоли муҳимми дигар ба қарибӣ имзо шудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад. Ин масъалаи муҳим, ки борҳо сабабгори муноқиша ва ҳатто задухӯрди мусаллаҳона гаштаю боиси талаф ёфтани одамон гашт, мерос аз даврони шӯравист ва он натанҳо ба бехатарии халқҳои ду кишвар, балки минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекард. 12 март, дар арафаи Иди Наврӯз, Президенти кишварамон бо са­фари давлатӣ ба шаҳри Бишкек рафтанд ва дар мулоқот бо Президенти Қирғизи­стон масъалаҳои муҳими таҳкиму густа­риши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, 13 март президентҳо Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расонида, ба ин масъалаи ҳалталаб нуқта гузоштанд. Ба имзо расидани ин шартномаи муҳимро роҳбарони кишварҳои гуногун ва соз­монҳои бонуфузи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Ин иқдоми муҳимми Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров собит намуд, ки агар иродаи сиёсиву ҳамдигарфаҳмӣ бошад, метавон ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангезро бо роҳи гуфтушунид, бе дахолати кишварҳои сеюм ҳал кард. Дар оянда ин рӯйдоди муҳим метавонад барои дигар кишварҳо дарси ибрат бошад.

31 март бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф оварда, дар барномаи муштараки фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ширкат ва суханронӣ намуданд. Ҳамон рӯз роҳбарони се давлати ҳамсоя Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷандро оид ба дӯстии абадӣ ба имзо расониданд. Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид доштанд: “Имрӯз мо санади таърихӣ – Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем. Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем. Бовар дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.

Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапа­ров низ ҳангоми суханронии хеш ҳамин нуктаро таъкид сохта, халқҳои ҳар се кишварро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай ва имзои санадҳои муҳимми таърихӣ табрику муборакбод намуданд.

Албатта, ин ташаббусҳои Президен­ти мо дар айёми Наврӯз ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бетаъсир наме­монад. «Харбуза аз харбуза ранг гирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд» мегӯяд мақоли хуби тоҷикӣ. Роҳбарони кишварҳои ҳам­сояамон даъватҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ҷамъ омадан дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи фаррухқадам, ки дар ҳама кишварҳи минтақаи Осиёи Марказӣ чун иди миллӣ таҷлил мегар­дад, бо хушнудӣ мепазиранд. Зеро, тавре гуфтем, ба ҳам овардани одамони сулҳдӯсту покниҳод ва дилашон саршори меҳр аз суннатҳои муҳимми Наврӯз аст. Охир, маҳз дӯстӣ метавонад инсонҳои гуногунмиллату гуногуннажодро хушбахт гардонад. Ҳақ ба ҷониби устод Мирзо Турсунзода аст, ки мегӯяд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт…

Оре, Наврӯз рӯзи падид омадани рав­шанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,
Гулҳо ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.
Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест,
Мардум ба сари хони фаровон ҳама ҷамъанд.

Вохӯрии роҳбарони се давлати ҳамсоя дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва имзои санадҳои муҳимми таърихӣ дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни ниёкон бори дигар собит сохт, ки Наврӯз пайғомовари некиву накӯкорӣ ва сулҳу дӯстист. То бод, чунин бодо!

Равшан МАХСУМЗОД

Дигар хабарҳо