Гароиши ҷавоншоирон ба ғазал чӣ суду чӣ зиён дорад?

 Гароиши ҷавоншоирон ба ғазал чӣ суду чӣ зиён дорад?

Ғазал пуристифодатарин навъи шеър дар ашъори шоирони ҷавони имрӯз аст. Ошноӣ бо маҷмуаҳои ин ҷавонон далолат мекунад, ки онҳо ба ин қолаб гароиши рӯзафзун доранд. Дар бораи таъсири мусбату манфии ин тамоюл ба шеъри имрӯзамон андешаҳои адибони шинохтаамонро бихонед:

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илми филология:

– Ғазал аз анвои ҳассостарини шеър аст, ки дар он дигаргуниҳои авзои замон зуд мунъакис мешаванд.Тоҷикистон, баъди расидан ба истиқлол ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва оқибатҳои мудҳиши онро аз сар гузаронд, ки ин ҳол бештар аз ҳама дар ғазал ифода ёфт. Рӯҳияи инсони ғазал дар ин солҳо аз руҳияи то он марҳала доштаи ӯ сахт фарқ мекунад, ки воқеъияти ҳол аст. Ҷойи умед аз зиндагӣ ва тавоноиеро, ки ӯ то замони ҷанг дошт, яъсу ноумедӣ мегирад ва шоир бештар аз он ки ба олами фоҷиабори атроф нигарад, ба ҷаҳони даруни худ фурӯ меравад ва дар он ҷо ҳам ғаму андӯҳ мебинад, зеро ба тағйир додани авзоъ қудрат надорад.

Аз аввали садаи бисту якум ғазал ба навъи аз ҳама серистифодаи шеър мубаддал мешавад ва бо кам-кам ба салоҳ омадани авзои иҷтимоӣ рӯҳияи он ҳам рӯ ба саломат меорад, ки намунаҳои беҳтарини он дар эҷодиёти Фарзонаи Хуҷандӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Абдуҷаббори Суруш, Адибаи Хуҷандӣ, Давлати Раҳмониён, Озар, Назруллои Азизиён, Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Фирдавси Аъзам ба назар мерасанд. Агар ба насли ҷавонтари шоирон рӯй биёрем, мебинем, ки дар байни онҳо дилбастагони ғазал хеле бисёранд ва амри воқеъ аст, ки ҳар якашон ба сабку шеваи худ ғазал мегӯянд. Номи ҳамаи онҳоро дар ин ҷо зикр кардан, албатта, гаронӣ меорад, вале интихобан метавон дар ин радиф номҳои Сурайё Ҳакимова, Насимбек Қурбонзода, Дилором Солибоева, Бобаки Суғдӣ, се Бузургмеҳр – Ҳаким, Баҳодур, Тоҷиддин, Иброҳимҷон Дӯстализода, Нурӣ Муҳаммади Истам, Руъё Усмонӣ, Баҳманёр Муяссарзодаро ба забон овард, зеро чеҳраҳои онҳо ҳоло дар ғазал мушаххастар аст. Дар баробари дастовардҳои онон, ки дар сабку забон ва сувари хаёлу пероиши шеър вуҷуд доранд, бояд қайд кард, ки дар гуфтани ғазали тоза дар гуногунтарин мавзуъҳо бояд бештар бикӯшанд, зеро такрори ҳарфҳои куҳна ҳам кам нест. Ин нақсро худи шоирон ҳам дарк кардаанд, ки Нусратулло Бобоев дар яке аз ғазалҳояш “Ба шоирони ҷавон”, аз ҷумла чунин мегӯяд:

Дигар зи ҷафою ситами ёр нагӯед,
Аз сарви қаду аз гули рухсор нагӯед.
Аз маънии садобгирифта бигурезед,
Сад бор бигуфтанд, дусад бор нагӯед…

Ғазалҳои беҳтарини замони нав аз ғазали пешин фарқ мекунанд, ки табиист, зеро замон тағйир хӯрдааст ва шоире ҳам, ки ғазал мегӯяд, наметавонад аз он сарфи назар кунад, бинобар ин дар ҳар навъи ғазал кӯшиши бо диди тозатаре гуфтани он ба мушоҳида мерасад. Акнун дар ғазал бар замми мавзуъҳои суннатии он – ҳасбиҳоливу ошиқиву панду ҳикамӣ, боз муҳтавои иҷтимоӣ, сиёсӣ, таърихӣ, табиатгароӣ низ бештар мавриди тасвиру ифода қарор мегиранд. Дар он оҳангҳои ирфонӣ, ки қаблан тамоман вуҷуд надоштанд, зеро ба сиёсати фарҳангии замон созгор набуданд, низ кам-кам тавсеа пайдо мекунанд, аммо онҳо аксаран сатҳӣ ба назар расида, бештар ба он мемонанд, ки бар асари пайравӣ аз гузаштагон гуфта шудаанд, зеро, аввалан, муҳити зиндагии шоир чунин хусусият надорад ва, сониян, дарки мо аз ирфон ба он амиқие, ки бояд бошад, нест, то сухани худро бигӯему бар шеъри ирфонӣ чизе биафзоем.

Инсон дар ғазали имрӯз бо чеҳраҳои гуногун зуҳур мекунад, бештар аз ҳама, албатта, ошиқ ва дар ин сурат ҳам бо фазилатҳои мутафовит, баъзан мисли ҳамон ошиқони шеъри пешин – ғуломи дари маъшуқ, дар баъзе ҳолатҳои дигар бо сифатҳои инсони замон, ки бо маъшуқ баробарӣ дорад, вале дар ин ҳол ҳам мартабаи маъшуқ болост. Дуруст аст, ки мабҳаси ишқ ҳар қадар баланду боло бошад, мартабаи ишқро низ ҳамон қадар боло бурда, ба ғазал сифати улвӣ медиҳад, ки зеҳни мо, шарқиён, ба он хӯ гирифтааст. Дар ин зина ғазалҳои ошиқонаи мо накҳати ирфонӣ ҳам мегиранд. Суратҳои дигари инсони ғазали мо сурати инсони иҷтимоӣ, ки ба сари масъалаҳои зиндагии ҷомеа меандешаду эҳсосоти худро аз бурду бохти он баён менамояд. Дар ин мавқеъ дар андешаҳои ӯ нуктаҳои интиқодӣ ҳам буруз карда, хонандаро водор месозад, ки бар авзои худу замон амиқтар нигарад, то рисолати шаҳрвандии худро барои беҳбуди вазъи ҷомеа хубтар бишиносад. Ин гуна ғазал танҳо падидаи фарҳангӣ набуда, моҳияти иҷтимоӣ низ касб менамояд.

Дар таркиби ғазал ҳам тозаҷӯиҳо ба назар мерасанд. Маълум аст, ки дар ағлаби ғазалҳои даврони шукуфоии он байтҳо мустақилмаъно буданд ва дар як ғазал маъниҳои ҳасбиҳоливу ошиқонаву ирфониву ҳикамӣ бо ҳам меомаданд, аммо ҳоло гуфтани ғазалҳое низ таҷриба мешавад, ки дар атрофи як муҳтаво, масалан, ошиқона ё муҳтавои дигар мечарханд.

Ғазал, ки пешинаи бениҳоят ғанӣ дораду суннати фарогир, боиси тааҷҷуб ҳам нест, ки асарашро ба ғазали имрӯз мегузорад, ки дар сабку забонаш ҳам ҳувайдост, ҳарчанд кӯшиши шуаро барои ба сабки наву забони тоза гуфтани он кам нест, бинобар ин аксари ғазали имрӯзи мо, ба назари банда, навқудамоист, вале тамоман навгароёнаи он ҳам бештар мешавад, ки бояд ба ҷараёни асосии минбаъдаи рушди он табдил ёбад. Дар ин самт шуаро мекӯшанд аз муҳтаво, сабку забон, авзони гуногуни камистифодашуда ва ё аз авзони мавҷуда сохтани авзони нав истифода карда, ба ғазали худ тозагӣ бахшанд, зеро авзони серистифода ва қофияҳои маъмул имкони шоирро ғайриихтиёр дар тоза гуфтани ғазал маҳдуд карданашон мумкин аст.

Дар маҷмуъ ғазал дар шеъри муосири тоҷик дар ҷараёни асосии рушди худ марҳалаеро тай менамояд, ки онро метавон аз меҳр то сеҳри ғазал номид, зеро меҳр аст, ки шоиронро барои ба ғазал рӯй овардани ҳамагонӣ таҳрик мекунад ва онон мекӯшанд, ки дар ин ҷода бо фарохтар фаро гирифтани муҳтавои тоза – гуногунтарин зуҳуроти эҳсосоту андешаи инсон, ки аз қутбҳои мухталифи ҳастии иҷтимоиву инфиродии ӯ бармеоянд, онро бо абзори тоза ва пероиши бадеӣ чунон ифода намоянд, ки он ба сеҳрангезии пешинааш баробарӣ карда тавонад.

Давлати Раҳмониён, шоир:

 – Ба ғазал бештар рӯ овардани шоирони ҷавон барои эшон аз манфиат холӣ нест. Зеро чун ҷавҳари адабиёти классикии мо ғазал аст, доираи омӯзиши ҷавоншоиронро васеъ мекунад, яъне ба ҳазми осори Ҳофизу Саъдӣ мусоидат менамояд. Аммо назири эшон гуфтани ғазал имконнопазир аст.

Танҳо ба ғазал саргарм шудани аксар шоирони ҷавони имрӯз ба адабиёт суде намеорад. Чунки дар адабиёти муосири қаламрави форсӣ шоирони бузурги ғазалсаро асосан дар давраи камоли эҷодӣ ғазалро таҷриба кардаанд.

Баъзе аз бузургони сухани форсӣ дар бузургсолӣ низ ҷуръати зиёд ғазал гуфтанро накардаанд ва ҳатто дар намунаҳои сурудаашон муваффақ ҳам бошанд, тарки ғазал гуфтаанд. Чӣ расад ба ҷавонони камтаҷриба, ки тавонанд ғазали кироӣ бисароянд.

Ҷавоншоирони тоҷикро бештар ғазали муосири Эрон ба худ ҷазб мекунад. Вале он аз ашё мамлуву аз муҳтаво каммоя аст. Аз ин рӯ аксари тағаззулоти дар ҳавои ғазали муосири Эрон сурудаи ҷавоншоирони тоҷик, ки фазои маҷозиро пур кардааст, моли адабиёт нест.

Орзуи онро дорам, ки агар ҷавонони мо ғазал мегӯянд, тоҷикона бигӯянд.

Муҳриддин Сабурӣ, мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ:

– Агар мо ба маҷрои ғазали имрӯз бингарем, бегумон як ғазали такмилёфта дар баробари ғазали солҳои 70-80-умро мебинем, ки аз роҳи мавзуъ ва муҳтаво афзалият дорад. Аммо ҷойи равишҳои тозаи забониву ҳунарӣ, истифодаи тарзу равишҳои нав, тасвири ҳолати руҳиву равонии инсони муосир, истифодаи калимаҳои наву тоза, ҳатто калимаҳои идориву коргузорӣ, равишҳои ривоятӣ ва синамоӣ дар он холист. Ғазали имрӯз бояд бо забон, калима ва вожаҳои дигар рӯнамо шавад. Бигзор калима ва вожаҳое, ки гузаштагон истифода кардаанд, дар он ба кор раванд, аммо моҳиятан маъно ва мафҳуми он вожаҳо баромада аз дили замони мо бошанд. Ин вожаҳоро замон ба ихтиёри мо мегузорад, на шоир. Айни ҳамон вожаи сарв, ки дар шеъри Соя ба маънии шаҳид ба кор рафт.

Омили аввали дилбастагии шоирон ба ғазал навъи ғиноӣ будани он аст, ки метавонад ҳолати отифӣ ва эҳсосии шоирро дар худ таҷассум кунад; Дувум, ғазал қодир ба кашидани бори дигар қолабҳои шеърист, воситаи муфиди интиқоли эҳсосот ва маонӣ ва афкори фалсафӣ, ирфонӣ ва руҳияи ҳамосӣ ва миллӣ аст. На чун рубоӣ кӯтоҳ ва на чун маснавӣ дароз аст, ки шоирро гирифтори муъҷазбаёнӣ ва пойбанди қолабпуркунӣ гардонад. Муҳимтар аз ҳама метавонад интиқолдиҳандаи мазмуни достон ва ҳикоя ба хонанда бошад, ки бастагӣ ба таҷриба ва тахайюли шоир дорад. Ва ниҳоят барои шоирони ҷавон метавонад дар он сурат хуб бошад, ки онон ғазали худро аз пойбандии хату холи маъшуқ раҳо кунанд ва руҳи иҷтимоъгароёнаро ба ҳаҷру навмедӣ ва ишваву нози маъшуқа бадал насозанд, худро аз гирифториҳои қаринасозӣ ва саргармии мазмунофаринии шеъри суннатӣ ва такрори масъалаву мафҳумҳои куллии ғазал канор бикашанд, домани ғазалро пур аз отифаҳои фардӣ ва нигоҳҳои жарфбинона ба мавзуъоти замонӣ гардонанд. То ҳадди имкон дар пайи тозагии забону баён, қолабшиканӣ, истифодаи тарзу равишҳои нав, тасвири ҳолати руҳиву равонии инсони муосир, тобишҳои зиндаагии имрӯз бошанд, аз равишҳои маъмуливу корхӯрда даст кашанд, то миёни шеъри имрӯзу дирӯз фосилаи равшане ҳис шавад. Дар ғайри ин сурат ғазалгӯйӣ суде надорад ва дар як ҷой пой кӯфтанро мемонад. Шоири ҷавоне, ки дар ғазал қодир ба анҷом додани ин корҳо нест, беҳтар он аст, ки аз анвои дигари шеър, мисли чаҳорпора, шеъри нимоӣ ва шеъри сафед кор бигирад. Ин анвоъ бо хосият ва тозагиҳое, ки доранд, шоирро водор ба тоза гуфтан ва тоза нигаристан мекунанд, шоир ба осонӣ хоҳад пай бурд, ки забону баёни шеъраш дар ин навъи адабӣ гӯёву тоза ва равонтар аз забони ғазалаш аст.

Дигар хабарҳо