Қаламам умри ҷовидони ман аст
4-уми феврали соли 2025 ба қаҳрамонона ҳалок шудани шоири шаҳир Ҳабиб Юсуфӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур мешавад.
Ҳабиб Юсуфӣ 29 сол умр дид ва аввалин шеъраш соли 1936 чоп шуд, ки ба он устод Айнӣ баҳои баланд дода буд. Шоир то соли 1942 пайваста ба кори эҷодӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошт. Маҳсули эҷодаш аз соли 1936 то 1942 қариб ба 400 саҳифаи чопӣ расид. Аз он 180 саҳифа шеър, 120 саҳифа тарҷума, 94 саҳифа мақола ва мактубҳоянд. Рақамҳои фавқ ба он далолат мекунанд, ки Ҳабиб Юсуфӣ шоир, адабиётшинос, тарҷумони хушсалиқа ва пурмаҳсул буда, пайваста ба эҷод машғул гардидааст.
Аз хотироти Ҳабиб Аҳрорӣ маълум мегардад, ки шоир то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ аз шеър гуфтан даст накашидааст. Аммо афсӯс, ки шеърҳои давраи дар фронт навиштаи ӯ (мисли шеърҳои Мӯсо Ҷалили тотор, ки хайрхоҳе ба дӯстонаш оварда дод) то ҳол ба даст нарасидааст.
Ҳабиб Юсуфӣ солҳои донишҷӯӣ дар техникум ба шеъргӯӣ шурӯъ намудааст. Азбаски ӯ ҷавони хоксор ва фурӯтан буд, шеърҳояшро ҳоло нопухтаву норавон медонист, аз чопи онҳо худдорӣ мекард. Шеърҳояшро танҳо дар маҳфилҳо ба дӯстонаш мехонду бас. Муаллимаш Абдулқодир Ҷомеъ дар бораи Ҳабиб Юсуфӣ мегӯяд:
«Ман тобистони соли 1936 ба хонаи Айнӣ рафтам. Айнӣ ба даст рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», бе он ки ҳолпурсӣ кунанд, гуфтанд:
– Ин шеърро хондед?
Чун донистам сухан аз хусуси шеъри Ҳабиб Юсуфӣ меравад, «ҳа, хондам» – гуфтам.
– Ин бачаро мешиносед?
– Нағз мешиносам.
– Барои чӣ ин бачаро ба пеши ман наовардед, ба ман нашиносонидед? Ин бача қобилияти баланд дорад. Ӯро тарбия кардан лозим аст. Шумо ӯро пеши ман оред».
Дар бораи таҳсил ва рушду такомули маҳорати эҷодии шоири ҷӯянда ва навовар, шавқу рағбати ӯ ба омӯхтани адабиёти рус низ бояд сухан гуфт. Шоир ба тарҷумаи бадеии осори Лермонтов, Пушкин, Крилов, Маяковский, Шевченко машғул гардида, ба ин восита аз осори адибони рус таъсири вофире бардоштааст. Барои исботи ин фикр суханони зерини дӯсти шоир Рофеъ Орифиро аз қавли нависанда Адаш Истад иқтибос овардан айни муддаост:
«Ҳабиб, ёд дорӣ, ту «Евгений Онегин»-ро ба шавқ мутолиа мекардӣ? Аз он баъзе чизҳоро ба дафтарат навишта мегирифтӣ. Ман гумон карда будам, ки ту онро тарҷума мекунӣ. Вале ман хато карда будам. Ту аз шоири бузурги рус меомӯхтӣ».
Шоир дар майдони мубориза алайҳи душманони Ватанаш меҷангид. Ҳабиб Аҳрорӣ дӯсти шоирашро солҳои ҷанг бори аввал дар фронти Ленинград вомехӯрад: «…Дидам, ки даруни траншея дар рӯ ба рӯи як заминкан ба болои суфачаи хокӣ як марди ҳарбӣ сархам нишаста, чизе менависад. Погони лейтенантӣ дорад… дар синааш ордени «Ситораи сурх» ва медали «Барои мудофиаи Ленинград»… Вай сар бардошта… аз ҷояш хест. Қалам дар дасташ як варақи коғазаш ба замин афтид… Ман бо чашмонам бовар накардам… Ин лейтенант Ҳабиб Юсуфӣ буд… Мо ним соат суҳбат кардем…»
Дӯстон бори дуюм ва сеюм бо ҳам вохӯрда, аз ҳар хусус суҳбат кардаанд. Дафъаи чорум Аҳрорӣ ба он ҷо меояд, аммо дӯсти шоирашро пайдо намекунад. Баъди чанд рӯз Аҳрорӣ аз афсар Н. Шкуратко нома мегирад. Дар нома омадааст, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар яке аз муҳорибаҳои роҳи Варшава – Кенигсберг маҷруҳ шудааст. Шоирро Н. Шкуратко ба беморхона мебарад ва онҳо бо чашмони пуроб аз якдигар ҷудо мешаванд.
Ҳабиб Юсуфӣ орзу дошт, ки пас аз торумори фашистон боз ба Душанбеи азиз баргардад. Аммо 4-уми феврали соли 1945, дар яке аз муҳорибаҳои шадиди наздики шаҳри Варшава сахт захмӣ шуда, қалби пурармонаш абадан аз тапиш бозмонд.
Рӯзи фавти шоирро дар китоби «Адабиёт» барои синфи 7 15-уми феврал, дар китоби «Адабиёт» барои синфи 11 22-юми феврал, дар китоби «Сатрҳои нотамом» (нашриёти «Адиб», ҷ. 2, саҳ. 220) 4-уми феврал овардаанд. Дар «Сатрҳои нотамом» Анна Розенфелд дар мақолаи худ «Лаҳзае чанд аз рӯзгори Юсуфӣ» дар саҳифаи 141 навиштааст: «Ӯ… 2-юми феврали соли 1945 дар назди Варшава ҷон додааст». Таърихшиносон ва муаллифони китоби дарсиро зарур аст, ки гунаи дурустро пайдо намуда, онро дар китобҳои дарсӣ ва осори илмӣ дарҷ намоянд.
Ба тозагӣ аз дохили китобҳоям мақолаҳои устод Соҳиб Табаровро пайдо кардам, ки дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Пионери Тоҷикистон» соли 1975, 26 январ бо чунин пешгуфтор чоп шудаанд: «Аъзо корреспонденти АФ Тоҷикистон Соҳиб Табаров зимни мусоҳиба бо комиссариати ҳарбии Тоҷикистон, комиссарияти ҳарбии ш. Самарқанд ва саруправленияи кадрҳои Вазорати мудофиаи СССР пурра муайян кардааст, ки командири взводи собиқ полки 532-и миномётии двизияи 18-уми артилерӣ лейтенант Юсуфов Ҳабибулло (Ҳабиб Юсуфӣ) пас аз сахт ярадор шудан 4-феврали соли 1945 ҳалок гардида, дар мавзеи СЭ-и қабристони русҳо, маркази рақами 9, ки дар шаҳри Викшуви губернияи Варшава воқеъ аст, дафн шудааст».
Ба назари мо, дақиқтарин маълумот дар бораи рӯзи вафоти Ҳабиб Юсуфӣ ҳамин сана – 4-уми феврал аст. Дар зиндагиномаи шоир сабт намудани ин сана дурусттару мантиқӣ хоҳад буд.
Осори бозмондаи шоир ёди ӯро зинда хоҳад дошт.
Хайрулло РАҲИМОВ,
собиқадори маориф