• 22.01.2025

Сухани ношир

 Сухани ношир

«Фарҳанги Доро» (муаллиф Доро Наҷот) таввасути интишороти «Хирадгон» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду ҷилд бо хати кириллӣ таҷдиди чоп ёфт. Мо сухани ноширро ба хонандагони гиромӣ пешниҳод мекунем, то ки дарёбанд, ноширони эронӣ дар бораи ин китоб чӣ назаре доранд.

Дар дунёи имрӯз забон ба унвони яке аз муҳимтарин абзорҳои иртиботии инсонҳо нақши калидӣ дар интиқоли фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ ифо мекунад. Забони форсӣ бо ғанои таърихӣ ва адабии худ натанҳо ба унвони забони зинда ва пӯё, балки ба унвони мероси гаронбаҳо аз фарҳанги эрониён ниёзманди таваҷҷуҳе ва баррасии амиқтаре аст. Дар ин росто чопи як китоби луғати решашинохтӣ ва тафсирӣ дар бораи вожагони забони форсӣ иқдоми зарурӣ ва шоистаи тақдир ба шумор меравад.

Забони форсӣ бо таърихчаи куҳан ва адабиёти ғанӣ ҳамвора дар конуни таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон ва алоқамандони фарҳанги эронӣ қарор доштааст. Вожагони ин забон натанҳо баёнгари мафоҳим ва эҳсосот ҳастанд, балки ҳомили достонҳо ва таърихчаҳое аз зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Эрон низ мебошанд. Аз ин рӯ тадвини як фарҳанги луғати решашинохтӣ ва тафсирӣ метавонад ба масобаи пуле миёни гузашта ва ҳол амал кунад.

Интишори фарҳанги луғат натанҳо ба шинохти решаҳои вожагон ба таърихчаи онҳо кумак мекунад, балки бо ироаи тафсир ва тавзеҳоти ҷомеъ заминаро барои дарки амиқтари маонӣ ва корбурдҳои вожагон фароҳам меоварад. Дар дунёи печида ва чандбуъдии имрӯз огоҳӣ аз решаҳои забонӣ ва фарҳангӣ метавонад ба мо кумак кунад, то иртибототи беҳтаре барқарор кунем ва аз ғанои забони худ баҳраманд шавем.

Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон ва муҳаққиқи донишвар, бо осораш ба унвони яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар адабиёти муосири форсӣ шинохта мешавад. Китоби фарҳанги ӯ бо унвони «Фарҳанги Доро» ҳамчун як асари ҷомеъ ва мунҳасир ба фард ба баррасии вожагон ва истилоҳоти забони форсӣ мепардозад ва бо ироаи тавзеҳоти дақиқ ва решашинохтӣ ба хонандагон кумак мекунад, то ба дарки амиқтаре аз маонӣ ва корбурдҳои вожагон даст ёбанд. Ин асар натанҳо ба унвони як манбаи муътабар барои пажӯҳишгарон ва донишҷӯёни забоншиносӣ ва адабиёт амал мекунад, балки ба тарвиҷи забон ва фарҳанги форсӣ дар миёни наслҳои ҷадид кумаки шоёне менамояд. Вежагии боризи ин фарҳанги шомили диққат дар интихоби вожагон, танаввуи мавзуӣ ва рӯйкарди таҳлилии он аст, ки инро ба як манбаи арзишманд барои алоқамандони забон ва адабиёти форсӣ табдил кардааст.

Ин китоби дуҷилдӣ қасд дорад, то бо баррасии решаҳои вожагони форсӣ ва ироаи тафосири дақиқ ба хонандагон кумак кунад, то натанҳо бо маонии вожагон ошно шаванд, балки битавонанд бо умқи бештаре ба зебоиҳои забони форсӣ пай бибаранд. Ҳар вожа дар ин китоб ба унвони як даричае ба сӯи дунёи густардатари фарҳанг ва таърихи Эронзамин муаррифӣ мешавад.

Мо бар ин боварем, ки ин асар метавонад ба иртифои дониши забонӣ ва фарҳангии ҷомеа кумак кунад ва заминасози таҳқиқоти бештар дар ҳавзаи забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ шавад. Умедворем, ки ин китоб мавриди истиқболи хонандагон қарор гирад ва битавонад нақши муассире дар тарвиҷи фарҳанги ғании форсӣ ифо кунад.

Зарурат ва аҳаммияти китоб дар он аст, ки муҳаққиқонеро ки моиланд дар мавриди вожаҳое, ки бавежа дар байни шоирон ва адибони Тоҷикистон ва Эрон мавриди истифода қарор мегирад, бишиносанд, ёрӣ кунад ва аз ин манзар ба даричаи вожагони сараи форсӣ ва басо вожаҳои аздастрафта иттилооте дошта бошанд, ҳамчунин барои мутахассисони соири заминаҳои адабиёт низ судманд аст.

Асоси методологӣ ё равиши таҳқиқи ин фарҳанги луғатро дастовардҳои удабо ва шуарои мухталифи форсизабон (эронӣ ва тоҷикӣ) ташкил медиҳад, ки дар тадвини китоб илова бар таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳо, ба сурати тафсирӣ ва решашинохтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин китоб метавонад ба пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва алоқамандон ба забоншиносӣ ва адабиёти форсӣ абзори арзишманд ироа диҳад. Бо баррасии решашинохтии вожагон метавонем дарки беҳтаре аз таҳаввулоти забонӣ ва фарҳангӣ дар тӯли таърих даст ёбем ва иртибототи байни забонӣ ва фарҳангиро таҳким диҳем.

Дар ниҳоят ин асар натанҳо як манбаи илмӣ ва омӯзишӣ аст, балки фурсате аст барои таҷдиди назар дар фаҳми мо аз забон ва фарҳанги худ. Умед аст, ки ин китоб битавонад нақши муҳимме дар тарвиҷи дониши забонӣ ва фарҳангӣ ифо кунад ва илҳомбахши наслҳои оянда бошад.

Дигар хабарҳо