Дар партави Паём. Пешвои миллат ва фарҳанги миллӣ
Дар Паёми имсолаи худ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи фарҳангро ҳам мавриди баррасӣ қарор дода, аз пешравиҳои он гуфтанд. Пешвои миллат нахуст ҷамъомадагонро ҷиҳати дар яке аз биноҳои бо фарҳанги меъмории миллӣ бунёдёфта доир гаштани Паёми навбатӣ муборакбод намуда, таъкид доштанд, ки дар се соли охир дар мамлакат дар шумори дигар иншоотҳо 175 иншооти фарҳангу фароғат бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Воқеан, дар муддати ҳамагӣ се сол ин қадар иншоот андак набуда, ҳазорон шаҳрванди ҷумҳуриро ба фарҳангу фароғат ҷалб месозад. Тавре маълум аст, ҷаҳониён ҳар миллатро, пеш аз ҳама, бо фарҳангаш мешиносанду баҳо медиҳанд.
Дар Паём супориш дода шуд, ки моҳонаи вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг ҳам боло бурда шавад. Пешвои миллат зикр карданд, ки иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Ҳамчунин дар Паём аз маблағҳои зиёди ба соҳа ҷудошуда аз буҷети давлатӣ ишора шуд, ки метавонад барои густариши бештар ёфтани фарҳанги тоҷикӣ ва ба башарият ба таври шоистатар муаррифӣ намудан саҳм гузорад.
Ба гуфтаи Роҳбари давлат имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки онҳоро дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Сипас Пешвои миллат оид ба баъзе корҳои шоёни дар соҳаи фарҳанг суратгирифта назар карда, ёдрас намуданд: «То имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем».
Имрӯзҳо Китобхонаи миллӣ натанҳо макони бузурги мутолиаи китоб, инчунин боргоҳест, ки дар он чорабиниҳои гуногуни вобаста ба китоб ҷараён доранд. Барои мисол, ҳамасола даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он баргузор мешавад. Аз ин кохи муҳташами маънавиёт хориҷиён низ дидан намуда, аъзояш мешаванд. Шабакаҳои телевизиониямон, ки аксарашон ба моҳвора пайвастанд, ҳамарӯза дар тарғиби фарҳангамон саҳм мегиранд. Аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонӣ ба қайд гирифтани маконҳои зиёди фарҳангӣ-таърихиямон бозгӯйи эътирофи ин ганҷинаи меросӣ аст.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳоро бори дигар ҳушдор доданд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. – Зеро, – гуфтанд Ҷаноби Олӣ, – фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.
Сарвари давлат зимнан таъкид карданд: «Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд».
Аз ин таъкидҳо бармеояд, ки Президенти фарҳангпарвари мо чун ба ҳар соҳа таваҷҷуҳи баробар доранд, мехоҳанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузурги фарҳангӣ истиқбол бигирем. Дар маркази ҳар шаҳру ноҳия сохтани мактаби мусиқӣ хурдсолонро аз беҳудагардӣ ва машғул шудан ба амалҳои зиёновар бозмедорад ва ба фарҳанг ба тарзи ҷиддӣ ҷалб менамояд, ки баъди хатми ин мактабҳо ба муассисаҳои олии мусиқӣ бо дили пур равона мегарданд. Барои ҳамин дар давоми дастурҳояшон Пешвои миллат баён намуданд:
«Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост». – Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, – натиҷагирӣ карданд Ҷаноби Олӣ ва афзуданд: «Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.
Ба таъкиди муҳтарам Ҷаноби Олӣ, «моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Аллакай барои таҷлили 2550-солагии «Эъломияи Ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир бо ташаббуси Пешвои миллат заминаҳо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, соли 2006 дар ҷумҳурӣ «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид ва чорабиниҳои гуногун доир гаштанд. Соли 2019 боғи «Куруши Кабир» бунёд ёфт ва муҷассамаи ин асосгузори нахустин империяи мутамаддини ориёӣ гузошта шуд. Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастандаркорон талоши беш намоянд.
Дар охири Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиву тамаддунсоз будани сокинони мамлакат ишора карда, чунин таманно намуданд:
«Ба ҳар як хонадони мардуми фарҳангиву тамаддунсози тоҷик хушбахтӣ, хонаободӣ ва иқболи нек орзу менамоям». Дар шумори кормандони дигар соҳаҳо аҳли фарҳанги кишвар низ бо шунидани Паём аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат болида, пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳастанд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»