Раҳнаварде «Чароғи шаб» дар даст…

 Раҳнаварде «Чароғи шаб» дар даст…

(Абдумалики Абдуҷаббор. Чароғи шаб». – Хуҷанд: Ношир, 2023. – 128 саҳ.)

Пас аз ба даст овардани Истиқ­лол заминаҳои мусоиде барои эҷод фароҳам гардид, хусусан озодии гуфтор дар боби худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва амсоли ин фазоҳои тозаеро ба рӯи эҷодкорон боз кард. Метавон гуфт, барои пе­шрафт ва инкишофи шеъри имрӯз, хусусан шеъри ҷавонон, Истиқлол як такони ҷиддие буд. Шоироне, ки дар ин миён по ба арсаи адабиёт гу­зоштанд, ба унвони адибони замони Истиқлол муаррифӣ шуданд. Дар шеъри адибони ҷавони даврони Истиқлол ҳавову фазои дигареро ба мушоҳида мегирем.

Шеъри шоирони ҷавони дав­рони истиқлол камтар мавриди таваҷҷуҳи мунтақидон қарор гирифтааст. Мутаассифона, нақди адабии имрӯз ончуноне ки мебояд, фаъол нест. Дар бораи шоирони ҷавон, ки баъзе аз онҳо 4-5 маҷмуа доранд, қариб чизе навишта нашудааст. Мақолаҳое, ки дар бораи ҷавонон навишта шудаанд, ғолибан иборат аз тавсифу муболиғаанд. На ҳамаи ин нигоштаҳоро метавон нақд но­мид. Зеро танқид дар онҳо кам ан­дар кам аст ё аслан нест. Ба ҳамин сабаб аст, ки баъзан шоирони ҷавон дар роҳи эҷод раҳгум мезананд.

Тайи чанд соли охир як гурӯҳ ҷавонон ба майдони адабиёт ома­данд, ки талош доранд роҳу равиши худ ва мавқеи худро дар адабиёт пайдо намоянд. Дар ин миён мета­вон аз Абдумалики Абдуҷаббор ном бурд. Мавсуф ба адабиёт муноси­бати ҷиддӣ дорад. Дар нашри китоб ва ашъори худ сахтгир аст. Шеърҳо­яшро пас аз таҳрири пайваста ва ҷиддӣ ба нашр мерасонад. Ҳамин аст, ки маҷмуаи аввалини ӯ «Баҳори ишқ» соли 2010 ва маҷмуаи дув­вумаш пас аз 13 сол, соли 2023 бо номи «Чароғи шаб» мунташир шуд. Аз соири ашъоре, ки дар фосилаи ин солҳо сурудааст, беҳтаринҳоро дар маҷмуаи наваш ҷой додааст. Ҳамчунин, бартарияти дигари ӯ ин аст, ки аз қоидаҳои шеър огоҳ мебошад. Дар риояи вазни шеър, таносуби сухан, қофияву радиф ва дигар воситаҳои фаннӣ таҷрибаи хуб дорад.

Маҷмуаи «Чароғи шаб» фаро­гири 54 шеъри озод ва чорпора, 42 ғазал, 43 рубоӣ ва 11 дубайтӣ аст. Бахши аввал бештар чаҳор­пора ва шеърҳои нимоиро фаро мегирад. Қариб нисфи маҷмуаро ғазалҳо ташкил медиҳанд. Миқдори рубоиёт бештар, аммо дубайтиҳо хеле каманд. Агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, мебинем, ки Абдумалики Абдуҷаббор дар қолабҳои гуногун табъозмоӣ кардааст ва муваффақи­ят низ ба даст овардааст. Ӯ шои­рест, ки метавонад дар қолабҳои гуногун, амсоли ғазал, чаҳорпора, шеъри нимоӣ фикри худро баён намояд. Намунаҳои хуб дар ҳама қолабҳои шеърӣ дорад.

Забон бунмояи шеър аст. До­нистан ва шинохти забон, огоҳӣ аз забони имрӯз барои ҳар қаламкаше муҳим ва зарурист. Нақши забони зиндаи мардум дар обуранг ва таро­ват бахшидани шеър назаррас аст. Барои сухани тоза гуфтан аз забони зиндаи имрӯз бояд кор гирифт. Гулчини калимаҳои зебо, хусусан калимаҳои зиндаи имрӯз, ки дар шеър камтар мавриди истифода қарор гирифтаанд, барои боз ҳам дилнишинтар шудани шеър хидмат мекунад. Шоирон, ки соҳибони за­бонанд, бо ин роҳ калимаҳои тозаи имрӯзро ба шеър ворид менамоянд, забонро боз ҳам ғанитар мекунанд. Мушкили забон дар шеъри ҷавон­шоирон масъалаи доғ ба шумор меравад. Зеро аксари онҳо бар­хӯрди дуруст бо забон надоранд, дар интихоби калимоти шоиронаву зинда ва дархури имрӯз ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Аз ин рӯ, дар аксари маврид кӯшиши онҳо барои сухани тоза гуфтан барбод меравад. Вақте шеъре аз онон мутолиа менамоед, гумон мекунед, ин шоир дар қуруни вусто зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ҳамчунин, баъзе аз ин ҷавоншои­рон пайравӣ ва тақлиди нораво ба забону лаҳҷаи бегонаро ба ҳадди ифрот мерасонанд, калимаву ибо­раҳоеро ба кор мебаранд, ки барои мардуми мо бегонаанд. Маҳз ҳамин сабаб аст, ки дар шеъри онҳо руҳи­яи тоҷикӣ дида намешавад. Роҳе, ки Абдумалики Абдуҷаббор интихоб намудааст, воқеан шоистаи таҳсин аст, зеро шеъри ӯ аз ин тақлиду ноҷӯриҳо барист. Ӯ калимаҳои хоси як маҳалро, ки барои умум номафҳуманд,истифода намеку­над, балки аз калимот ва ифодаҳое кор мегирад, ки барои умум қобили фаҳманд. Ба ин намунаҳо таваҷҷуҳ кунед:

Шоири бечора баски боғбон аст,
Боғи шеъраш то шавад шодоб,
То хурад ҳар як ниҳолаш об,
Мекашад сарҷӯ ба ин боғ
                                             аз раги ҷонаш.

***

Модар, дуо бикун,
Варна дарахти умри
                               ман аз боди рӯзгор
Барбод меравад.

Як барг ҳам накардаву
                                 дар айни гулшукуфт
Тармарг мешавад. 

***

Дар осмони чашми ту истораам ҳанӯз,
Бо он ки пушти кори худ овораам ҳанӯз.
Бо роҳи шеър рафтаву кашфе накардаам,
Ҳасрат хурам, ки ин ҳама бекораам ҳанӯз.

***

Ба рӯи бомат аз нав лола мерӯяд,
Сари деворҳо сархор мемонӣ  ту аз дигар.

Калима ва ифодаҳои «сарҷӯ», «сархор», «бекора», «тармарг шу­дан», «пушти коре овора будан» зебову шоиронаанд ва истифодаи онҳо ба шеър ҳусни дигаре зам на­мудааст. Калимаи «сарҷӯ» – оғоз, ибтидои ҷӯй, «сархор» – буттаҳои хор, ки бар сари деворҳо маҳкам карда мемонанд, барои муҳофизат намудани девор ва бақои он, дур­донаҳое ҳастанд, ки Абдумалики Абдуҷаббор онҳоро аз забони зиндаи имрӯз вом гирифтааст. Аз ин гуна калимот, ки Абдумалики Абдуҷаббор аз онҳо суд ҷустааст, мутаассифона, шоирони ҷавон камтар истифода мекунанд.

Дар шеъри Абдумалики Абдуҷаббор дар қатори дастовардҳо норасоиҳо низ дида мешаванд. Яке аз онҳо такрори мавзуъ аст. Мавзуъҳое ҳастанд, ки такрор ба такрор дар шеъри ӯ мебинем. Ин такрорҳо аксар вақт якранганд. Шоир дар тасвири дарду ранҷ, роҳпоиҳои модар, интизорӣ кашидани фарзанди раҳдур, дурӣ аз деҳа, даврони кӯдакӣ такроргӯӣ мекунад. «Турнаҳо», «Кош аз модар намезодам чунин ҳассос», «Боз омадам ба пушти дари қиблагоҳи хеш», «Роҳи Анзоб баста шуд, модар», «Модарам, вақти сафар як каф дуо бахшо маро», «Модар», «Модар, дуо бикун», «Замини меҳри модар» шеърҳое ҳастанд, ки ҳолу ҳавои якранг доранд. Чанд мисоле, ки дар зер меоварем, дар мавзуи дурӣ аз модару диёр аст, ба ибораи дигар, дар атрофи як мавзуъ мечарханд:

Дер шуд то дари ту рафтани ман,
Дили доғам шикаста шуд, модар.
Чашми ту хаста шуд зи раҳпоӣ,
Чашми ман обдаста шуд, модар…

***

Кош аз модар намезодам чунин ҳассос…
Аз канори модари пире, ки чашмаш
дар ра
ҳи фарзанд чор аст.

***

Боз омадам зиёрати модар зи дурдаст,
Сӯзам дар оташи нигаҳаш то гуноҳи хеш.

***

Турнаҳо, турнаҳои болафшон,
Хабар аз рустои ман оред.
Модари меҳрубони ман чун аст?
Номае аз барои ман оред.

***

Модарам, вақти сафар як каф дуо бахшо маро,
То намонам дар хатар, як каф дуо бахшо маро…
Гарчи дурам ин замон аз остони хонаат,
То намонам бесипар, як каф дуо бахшо маро.

Дар маҷмуъ, тасвир, ҳунари шо­ирӣ, дилнишинии калом ва тасаллу­ти шоир ба қоидаҳои шеър дар ин маҷмуа равшан ҳувайдост. Равонӣ ва зебоии каломро дар шеърҳо ме­тавон ба мушоҳида гирифт. Шоир ҳар қадар ба забони зиндаи имрӯз бештар рӯй орад, дурдонаҳоро бештар дар шеъри худ мавриди корбаст қарор диҳад, суханаш боз ҳам зеботар ва писандидатар хоҳад шуд. Хуб мебуд, агар шоири ин дафтар ба мавзуъҳои густардатар рӯ биёрад ва шеъри худро аз ин ҷиҳат низ пурбортар гардонад.

Насимбек ҚУРБОНЗОДА

Дигар хабарҳо