• 05.02.2025

Биёву шаб бубин кон канданамро…

 Биёву шаб бубин кон канданамро…

????????????????????????????????????

(Аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)

Муҳити адабии мо дар соли 2024 ран­горанг буд ва дар маҷмуъ метавон онро хуб баҳогузорӣ кард. Нависандагонамон чун собиқа ҳамқадаму ҳамнафаси за­мон буданду ҳастанд ва аз пешравиҳои ҷомеа болида, аз ногувориҳо эҳсоси но­роҳатӣ кардаанд. Нисбат ба ҳеҷ як рӯй­дод бетараф набуда, албатта, вокуниш ҳам нишон додаанд. Дар ибтидои сол бо ҳамовозӣ аз сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо нашри мақолаҳо дар нашрияҳои даврию ғайридаврии ватанӣ ва ҳамчунин мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми шарифи кишвар саҳми боризи худро гузоштанд.

Ширкат дар маҳфилу нишастҳои ниҳодҳои гуногун, мулоқот бо хонанда­гон, суҳбату мусоҳиба дар шабакаҳои радиоиву телевизионии кишвар дар робита ба санаҳои фархунда, ба мисли ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам, Рӯзи Забони давлатӣ, ҷашнҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва иштирок дар ҳама даврҳои озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Ту қалби Тоҷикистонӣ, – Душанбе» ва ғайра барои нависандагонамон ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар давоми сол бо ибтикори Раёсати ИНТ бо нишони қадрдонӣ аз заҳамоти нависандагонамон Шоҳназир Назиров, Зариф Ғулом ва Мансур Суруш бо иштироки дӯстдорони каломи бадеъ маҳфилҳои адабӣ баргузор гардида, роҷеъ ба осори эшон ва саҳми онҳо дар дар рушди адабиёти муосири тоҷик ан­дешаҳои ҷолиби ҳамқаламон садо дод.

Анъанаи хуби дигареро, ки ИНТ солҳо боз пайгирӣ мекунад, пос доштани хотираи неки адибони фавтида аст. Ин беҳикмат нест, зеро пайванди руҳӣ бо гузаштагон моро умри абад мебахшад. Дар ин росто, барои гиромидошти руҳи поки нависандагонамон Шодон Ҳаниф, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдураҳмон Расулӣ ва Баҳманёр, ки бо осори худ ганҷинаи адабиётамонро ғанӣ гардонидаанд, бо иштироки ҳаводорон, дӯстон ва пайвандони эшон маҳфилҳои ёдбуд сурат гирифта, беҳтарин наму­наҳои осори онҳо дар саҳифаҳои нашри­яҳои ИНТ бознашр гардиданд.

Дар чанд соли охир таҷлили солгарди нашри осори мондагори нависандаго­намон дар ИНТ ба ҳукми анъана даро­мадааст. Дар соле, ки сипарӣ мешавад, ба муносибати 100-солагии нашри нахустповести адабиёти муосири тоҷик – «Одина»-и устод Садриддин Айнӣ, 50-умин солгарди чопи романи «Палатаи кунҷакӣ»-и устод Фазлиддин Муҳам­мадиев, 70-солагии ба табъ расидани «Субҳи ҷавононии мо»-и устод Сотим Улуғзода ва 50-солагии рӯйи чоп омада­ни романи «Тахти вожгун»-и устод Ҷалол Икромӣ маҳфилҳои илмӣ-адабӣ баргузор гардида, роҷеъ ба таърихи эҷод, нақши муассири асарҳои мавриди назар ва ҷой­гоҳи онҳо дар адабиёти муосири тоҷик нависандагону адабиётшиносонамон андешаҳои худро иброз намуданд.

Рӯйдоди муҳимми дигаре, ки дар робита ба он дар Иттифоқи нависанда­гон конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид, 100-умин солгарди ба нашр рас­идани нахустшумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» буд. Рӯзномае, ки барои мардуми мо дар ибтидои қарни ХХ ҳамчун ва­силаи бедории миллию худшиносӣ ва мудофеи манфиатҳои миллӣ хидмати бу­зургро анҷом дод. Ба ин васила руҳи поки кормандони вақти рӯзнома Абдулқайюм Қурбӣ, Сайидризо Ализода, Ғуломалӣ Козимзода, Мирҳайдар Шабистарӣ, Самиъҷон Муҳаммадзода ва ҳамкорони доимии нашрия устодон Садриддин Айнӣ, Аблуқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Асадуллоҳи Кошонӣ, Ҳомид Бақозода, Нисор Муҳаммад, Тӯрақул Зеҳнӣ ва даҳҳо нафари дигар шод гардонида шуд.

Соли равон 30-юмин солгарди таъ­сиси Қӯшунҳои сарҳадӣ дар кишвар бо тантана таҷлил гардид. Вобаста ба ин дар ҳамкорӣ миёни ИНТ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ озмуни «Беҳтарин асарҳои ба­деӣ ба муносибати 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳан­дозӣ гардид. Дар он нависандагонамон бо ироаи осори тозаэҷоди хеш, ки тасви­ри бадеии корнамоии сарҳадбонони ди­ловарамонро фаро гирифтаанд, ширкат варзида, асарҳои беҳтарин аз тарафи ниҳоди дахлдор қадрдонӣ шуданд.

Дар ин сол ба забони англисӣ аз тарафи профессор Абдусалом Мамадназаров ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ тарҷума ва нашри осори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устоди бузургвор Садриддин Айнӣ – «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ», «Марги судхӯр» ва «Ҷаллодони Бухоро»-ро метавон беҳтарин рӯйдоди адабиву фарҳангӣ донист. Хушҳолкунанда аст, ки ин тарҷумони хушсалиқа ният дорад «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айниро низ дар ояндаи наздик ба забони англисӣ тарҷума ва нашр бикунад. Хуб мебуд, агар дигар тарҷумонҳоямон, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ҳастанд, бо пайравӣ аз устод Абдусалом Мамадназаров ба тарҷумаи беҳтарин асарҳои нависандагонамон иқдом менамуданд. Зеро дар замоне ки бархурди тамаддунҳо шиддат мегирад, танҳо ба ҳамин васила метавон таъриху фарҳанги пурарзиши миллати азизамонро, ки дар осори бадеӣ бозтоби худро ёфтаанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки ба баракати соҳибистиқлолӣ дар қатори Наврӯз, Фалак ва дигар мероси фарҳан­гии миллати мо ҳамчунин латифаҳои Хоҷа Насриддин ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО қабул гардид. Ба ин муносибат дар ҳошияи маҳфили ёдбуди ҳаҷвнигори шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ бо ширкати адибони ҳавҷвнависи кишвар ва дӯстдорони адабиёт зери унвони «Зинда будан кам аст» маҳфили адабии хотирмон баргузор гардид.

Дар давоми сол дар саҳифаҳои нашрияҳои ИНТ – маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Помир» анвои гуногуни осори бадеӣ, ки фарогири паҳлуҳои мухталифи рӯзгори дирӯзу имрӯзи мардуми шарифамон ҳастанд, рӯйи чоп омаданд. Аз ҷумла, дар маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” пора аз романи “Исмоили Сомонӣ”-и Бароти Абдураҳмон, ҷилди 4-уми романи “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа, мухтасари романи “Порисаеву ворисе”-и Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, пора аз романи “Нони шарикӣ”-и Мирзонасриддин, қиссаҳои “Фарзандони рӯ ба хуршед”-и Мирзо Шукурзода, “Қурбониёни роҳи ишқ”-и Муҳаммад Ғоиб, “Ҳушдаргумҳо”-и Сайидаҳмади Зардон, “Кӯргиреҳ”-и Диловари Мирзо, “Майна”-и Азизи Азиз, мухтасари қиссаи “Ҳукми дил”-и Зариф Ғулом, қиссаи мустанади “Ёхсучиён”-и Карим Давлат, киноповести “Дилдодагони Лаби Чашма”-и Кароматуллоҳи Мирзо, ёддоштҳои “Ҷабҳа”-и Абдулҳаким Ғуломзод, аз дафтари “Таассуроти ақлу дил”-и Соҳиб Табаров, ҳикояҳои “Роҳи оромгоҳи ғарибон”-и Ховари Пӯлод, “Гадои ишқ”-и Муҷибахон Ҷавҳарӣ, “Киштии коғазӣ”-и Шоҳмансури Шоҳмирзо, “Курта”-и Сироҷиддин Икромӣ, ҳикояҳои хурди Шодӣ Раҷабзод, Ҷумахони Сайидалӣ, эссеҳои Шукурҷон Зуҳуров ва Алӣ Ҷӯра ба нашр расиданд. Ҳамчунин дафтари сеюми ёддоштҳои Абдулҳамид Самад бо номи “Раҳоварди зиндагӣ” ба хонандагон пешниҳод гардид, ки метавон онро дар шумори беҳтарин осори ёддоштӣ қарор дод.

Ба идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз қаламрави кишвар беш аз сад ҳикоя ва пораҳо аз роману қиссаҳо ворид гардид, ки ба қалами нависандаго­намон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Маъруф Бобоҷон, Шералӣ Мӯсо, Муҳаммад Ғоиб, Шераки Ориён, Муҳибуллоҳи Қурбон, Зариф Ғулом, Юнус Юсуфӣ, Абдулвосеъ Сангинов, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Азизи Азиз, Маҷид Салим, Сипеҳри Абуаб­дуллоҳи Ҳасанзод, Гулсифат Шаҳидӣ, Абдурауф Муродӣ, Шодӣ Раҷабзод, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Саидҷаъфар Баёзӣ, Юнус Насрулло, Бурҳон Салмон, Ҳамроҳи Авлиёпур, Довудшоҳи Сулай­моншоҳ, Шоҳмансури Шоҳмирзо, Саид Сангин, Нурмуҳаммад Одиназода ва дигарон тааллуқ доштанд. Ҳамчунин ба хотири ҳавасмандӣ ва дилгармии бешта­ри қаламкашони ҷавонамон ба кори эҷод ҳикояҳои Мижгона Халилова, Хуршеди Эҳсон, Фурқати Низом, Беҳрӯз Қайюмӣ, Сайидо Шарафӣ, Фаридуншоҳи Абдул­ло, Диловари Саъдулло, Фурӯғ Одинаева ва дигарон дар саҳифаи ҳафтанома ба нашр расиданд.

Дар маҷаллаи “Помир” ҳикояҳои “Қисмати талх”-и Муҳаммад Ғоиб, “Пир­мард ва Бухоро”-и Карим Мӯсо, “Яздони Орзу”-и Баҳманёр, “Андӯҳ”-и Ҷумахон Сайидалӣ, “Дузд”-и Хайрулло Амонулло ва қиссаи “Духтарам”-и Акбар Абдулло дар тарҷума ба забони русӣ ба хонанда­гони маҷалла ироа гардиданд.

Маркази тарҷумаи ИНТ дар шумораи панҷуми солномаи худ – “Литературный Таджикистан” ҳикояҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Адаш Истад, Диловари Мирзо, Си­роҷиддин Икромӣ, Маҳбуба Неъматзода ва Муродалӣ Собирро дар тарҷумаи Таҳмина Эмин, Хуршед Назаров, Узро Раҳимзода, Нозанин Абдуманнонова ва Норӣ Раббимдухт ба забони русӣ пеш­каши русизабонони кишвар гардонид.

Нависандагонамон дар баробари эҷоди асарҳо ба кори тарҷума низ бо дилгармӣ даст зада, дар давраи сипа­ригардида намунаҳои осори нависан­дагони хориҷӣ – Леонид Бородин (дар тарҷумаи Ҷумъа Қуддус), Всеволод Гаршин (Маҷид Салим), Константин Паустовский (Шодии Шикебоӣ), Элчин (Абдураҳмон Абдуманнон), Худойбердӣ Хомиев, Иван Меленс, Виктор Астафйев (Равшан Махсумзод), Юлия Вознесен­ская, Татяна Лонская, Нуралӣ Қобул, Мо Ян, Олег Антонов (Сироҷиддин Икромӣ), Андро Ломидзе (Абдуғаффори Партав), Худойбердӣ Девонқулиев (Пури Ҷаҳон­гир), Бобониёз Қаюмов, Майя Доматти, Андрей Кучаев (Ато Ҳамдам), Ҳусейн Аббосзода (Абдулҳамид Самад), Мир­маҳмади Оғоӯғлу, Вил Андреев, Антон Чехов, Рюноскэ Акутагава (Сурайёи Аҳмадзод), Нодар Думбадзе (Ҷумахо­ни Сайидалӣ) ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дар нашрияҳои ИНТ чоп намуда, ба хонандагони тоҷик ироа карданд.

Тавре ки мебинем, нависандагона­мон дар чаҳорчӯби имконоте, ки доранд, бо хидмати софдилона ба давлату мил­лати хеш рисолаташонро анҷом дода, нони худро ҳалол кардаанд. Он чӣ ба таври фишурда баён гардид, марбут ба фаъолияти бахши наср дар ҳамкорӣ бо нашрияҳои ИНТ буд.

Бо бардошт аз навиштаи боло метавон натиҷагирӣ кард, ки сафи насрнависонамон афзудааст, вале бояд иқрор кард, ки на ҳама осори бадеии нашргардида, минҷумла баъзе аз ҳикояҳо, аз нигоҳи банду басту гирумон ва гардишҳо на дар он сатҳе буданд, ки дил мехоҳад. Гоҳо ба хотири як ҷузъиёти ҷолиб ва андешаи он, ки ба кори эҷодии нависанда такон мешаваду хубтар аз пеш­тар менависад, бархе ҳикояҳо бо таҳрири ҷиддӣ рӯйи чоп омаданд. То мо ҳам гуфтанд ва мо ҳам мегӯем, ки ҳикоя жанри хурди насрӣ ҳам бошад, навиштанаш кори саҳлу сода нест. Барои он ки ҳи­коя ҳикоя шавад, қабл аз ҳама мавзуъ бояд ҷолиб ва дархури ниёзи хонандаи имрӯз бошад. Агар мавзуъ нав нест, дар сурате қобили қабул аст, ки нависанда аз зовияи дигар ва бо нигоҳи тоза ба он нигариста, роҳҳалеро барои мушкили ба­миёномадаи қаҳрамон мавриди корбурд қарор бидиҳад, ки барои хонанда ғайи­ринтизор сурат бигирад ва гузашта аз ин, пандомӯз буда, анҷоми он паёми созанда дошта бошад. Ҳикояе, ки хонандаро ҷазб накунад, дар зеҳнаш нанишинад, ӯро ба сӯйи хубиҳову футуввату ҷавонмардӣ ва дигар хисоли ҳамидаи инсонӣ ҳидоят накунад, ҳувияти миллиро баланд набар­дорад ва нақл кардани он барои дигарон зарур дониста нашавад, ҳикоя нест. Мушкили дигаре, ки дар баъзе ҳикояҳо ба чашм мехӯрад, забону баёни хароб, риоя нагардидани мантиқ, муколамаҳои бебор, пурҳарфӣ, нақли хушку холӣ ва рӯ овардан ба мавзуъҳои забонзада аст.

Аминем, ки дар соли нав нависан­дагони мо ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоию сиёсии ҷомеа, ба мисли тер­роризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, ҳувиятсозӣ, инъикоси корнамоии бунёд­корони иншооти бузурги кишвар ва офа­ридани қаҳрамони даврони ҳукмфармо бо тасвири ҳама дарду мушкилу орзую корнамоияш рӯ оварда, асар эҷод меку­нанд. Эҷоди асари хубу хонданӣ омӯзиш, масъулият, заҳмат ва бозбинии батакрор мехоҳад. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ бо назардошти сангинии кори эҷод бисёр хуб ишора мекунад:

Биёву шаб бубин кон канданамро,
На кон кандан, бубин ҷон канданамро.

Дар фуроварди сухан бо таманнои саодати рӯзгор фарорасии соли нави мелодии 2025-ро ба аҳли адаб ва кулли ҳамватанони азизамон мубораку фар­хунда мегӯем!

Сироҷиддин ИКРОМӢ,
мудири бахши насри ИНТ

Дигар хабарҳо