Шеъре, ки саршори отифаҳост
Вожаи «зан» дар фарҳангҳо ба маънои «зиндагӣ» ва «зояндагӣ» аст ва ҷинси муқобили мард шинохта мешавад. Дар осори гузаштагони мо, дар ривояту асотири халқҳои эронинажод низ мақоми зан аз оғози ташаккули он мушоҳида мешавад. Дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс низ тасвири образи зан ҷойгоҳи вижа дорад. Мутафаккирони тоҷик бо ҷаҳонбинӣ ва муносиботи гуногун нисбат ба давраҳои гуногуни таърихӣ симову образи миллии занони Шарқро басо ҷолиб ва мондагор тасвир кардаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ва оғози асри ХХI шумори занони эҷодкор бамаротиб афзуд ва имрӯз номи шоирони тавонои миллат Гулрухсор, Фарзона, Зулфия Атоӣ, Меҳринисо, Нориннисо, Раънои Мубориз, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва садҳо нафари дигар маҳбуб аст ва ҳар кадом бо ҳунар ва истеъдоди вижаи худ дар пешбурд ва муаррифии адабиёти муосири тоҷик саҳми назаррас доранд.
Оё вуруди шоирони зан, ироаи осори онҳо, ибрози эҳсос ва шахсияти воқеии занон тавассути худи онҳо, баррасии мушкилоти иҷтимоии зан бо қалами зан дар навъи нигоҳ ба мақоми зан дар ҷомеа ва тасвири симои вай дар адабиёт таъсире гузошт? Дар ҷустуҷӯи посухи ин суол таваҷҷуҳ намудем ба шеъри Фарзона.
Шеъри шоири саршиноси адабиёти имрӯзи мо Фарзона, ки ба унвони таъсиргузортарин шоири зан шинохта шудааст, дар арсаи ҷаҳон шеъри тоҷикро муаррифӣ менамояд. Паҳлуҳои гуногуни ашъори Фарзона ва таъсири шеъри ӯ ба ҷомеаи муосир зиёд мавриди омӯзиши аҳли илму адаб ва пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ қарор гирифтааст.
Воқеан симои зан дар шеъри Фарзона ҷилои равшантар дорад. Шоир дар ашъори хеш мақому мартаба, вазифаи дар ҷамъият доштаи занро возеҳу равшан муайян намудааст.
Тағйир дар зиндагӣ ва рӯзгори ҷомеа ва ҳавзаи фарҳангӣ, бешак, боиси тағйири тасвирҳои шоирон низ мегардад. Дар ашъори Фарзона мо ҳамин дигарнигариҳои шоирро ба образи зан-модари тоҷик мушоҳида мекунем. Дар шеъри шоир зан дар мақоми модар, ошиқ, ҳамсар, зани хирадманду муборизи рӯзгор тасвир мешавад. Завқи саршору эҳсосоти латифи шоир ҳамеша ӯро ба ситоиши зебоиҳо ҳидоят мекунад. Ситоиши ҷамоли занро дар шеъри Фарзона чун ситоиши як ҷамоли маънавӣ шинохтан мумкин аст.
Тасвири симои занро дар шеъри Фарзона чунин дастабандӣ кардан мумкин аст:
Зан ба унвони модар: Дар шеъри муосир зан бисёр арҷманд аст ва кулли шоирон дар ашъори худ ба ситоишу қадрдонии модар таваҷҷуҳ кардаанд. Тақрибан тамоми шеърҳои ба модар бахшидашудаи шоир аз беҳтарин навиштаҳои ӯ ба ҳисоб меояд. Дар ин маврид ба хулосаҳои Ш. Исрофилиён ва М. Раҳимӣ наметавон розӣ нашуд, зеро воқеан “шеърҳои ба модар бахшидаи Фарзона бо вуҷуди мавзуъу муҳтавои муштарак доштан, бо вижагиҳои худ аз модарномаҳои дигарон фарқ дорад”:
Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармой, модарҷон,
Бад-он ҳастии зебо ҳастиям орой, модарҷон…
Мусалло бофтам аз тору пуди ишқи беифшо,
Ҳидоятхоҳам, инак, қиблаам бинмой, модарҷон.
Зан ва шуҷоат: инсоният ҳамеша бо ҳастии заноне, ки аз лиҳози бебокиву шуҷоат аз мардон камӣ надоранд, ифтихорманд аст. Номи ин занон, амсоли Томирису Гурдофарид дар хотираи таърих маҳфуз аст. Фарзона низ бо ифтихор аз ин матонату шуҷоати занон мегӯяд. Дар бештари маврид ҷасорати зан дар шахсияти ғиноии шоир зуҳур мекунад, руҳи бебоки зани шоир мегӯяд:
Ман дар ин қаҳтии имон
дар дил андӯхтаам
сад хирман кӯҳи меҳрубониро.
Зан ва сабурӣ: фидокорӣ ва сабурии зан дар шеъри имрӯз ҷойгоҳ хос дорад. Дар адабиёти классикии мо образи Зулайхоро метавон намоди сабурӣ шинохт, ки тасвирҳои мондагор дорад. Дар тасвири адабиёти имрӯз, аз ҷумла дар шеъри Фарзона, модар ва ҳамсар самбули сабурӣ ва ҷонфидоӣ мебошанд.
Ҳамсояи мо зане, ки панҷаҳои бӯрёбофаш
Мусиқии якмароми сукутро
Эҷод мекунад,
Ҳеҷ гаҳ фикрашро боло намебарорад.
Ба куҷо мебарад ин нардбон, намедонад.
Бо нигоҳи каммасоҳати худ
Ӯ бурун аст аз ҳавошии дунё,
Зани чун чашмаи биҳишт мубарро.
Зан ва ахлоқи нек: симои зани хушахлоқу некандеш дар шеъри Фарзона ҷойгоҳи намоён дорад. Ин занон ба симу зар таваҷҷуҳ надоранд, некиву покиву ростиро қонуни ягонаи зиндагӣ медонанд. Яке аз вижагиҳои фарқкунандаи шеъри Фарзона дар он аст, ки зан танҳо бо ахлоқи ҳамида ва поку ҷонфидо тасвир мешавад. Симои модари танҳо, ки сарпарастии фарзандонашро бар уҳда дорад ва барои тарбияи дурусти онҳо талош меварзад, дар шеъри шоир бо муҳаббат тасвир мешавад:
Ман мехоҳам,
Боз ҳам ба ёди Шумо
бевазанеро орам, ки нони ширмоли маҳро
ҳар шаб ба кӯдаконаш
тақсим мекунад.
Зан ва ишқ: Дар шеъри Фарзона мо ошиқи ситамкор ва бемеҳру ҷафокорро қариб пайдо намекунем. Шоир дар сурудаҳои хеш образи зани ошиқ ва хушбинеро таҷассум кардааст, ки дар ҳама ҳолат ба ишқ такя мезанад ва ба муъҷизаи ишқ итминон дорад.
Бозтоби масоили иҷтимоъ, мушкилоти рӯзгори занон дар шеърҳои Фарзона бо дарки амиқи эҳсоси занона ба мушоҳида мерасад. Аз он ки шоир худ зан аст ва эҳсосҳои муштараки занонро хуб дарк мекунад, дар шеърҳои иҷтимоӣ баёни муассиртар дорад:
Марду зан, ду ҳамошёни номуросо
Бо ғиреву дашном
Субҳро сактаи дил мекарданд,
Риштаи пайвандро сахт чигил мекарданд.
Муносибати марду зан, оиладорӣ ва муаммову мушкил дар ин самт низ аз нигоҳи шоир дур намондаанд:
Чароғи сабз фурӯзон шуд.
Ту, ки дар мошини лимузин
Аз канори зани дувум, балки
Чандсаду дувум бармегардӣ,
Дар сари чорроҳа ҳайронӣ.
Бо итминон метавон гуфт, ки Фарзона барои зуҳури чеҳраи ростини зан ва мақоми ӯ дар ҷомеаи башарӣ бо гуфтани шеърҳои мондагор, тасвирҳои шоирона ва хулосаҳои аҷиби фалсафӣ, дар ҳама қолабу шаклҳои шеърӣ, эҳтимоми лозимаро аз худ зоҳир намуда, дар тағйири тасвири симои зан дар шеъри муосири тоҷик саҳми бориз гузоштааст. Зане, ки шоир тасвир мекунад, оинаниҳод аст ва хуб медонем, ки авотифи дарунии шоир метавонад таъсири хубе бар мухотаб гузорад. Фарзона бо ҳамин роҳи отифӣ дар шинохти воқеии симои зан, бавижа зани тоҷик ба қалби хонанда роҳ мекушояд ва дар ин самт аз шоирони пешгоми адабиёти мост.
Сурайё ҲАКИМОВА