Рубоиро сода нагирем

 Рубоиро сода нагирем

Биёед, дар бораи рубоӣ бианде­шем, дар бораи навъи адабие, ки қар­нҳо дар шеъру адаби мо майдондорӣ кардааст. Ва ба давру бари худ бинга­рем ба ин умед, ки имрӯз дар шеъри ҷавони мо рубоӣ чӣ ҷойгоҳе дорад.

Қабл аз ҳама лозим аст, як мурури кӯтоҳе ба пешинаи рубоӣ дар шеъри муосир кунем, ки донистани он барои шоири ҷавони имрӯз муфид хоҳад буд. Ба назар мерасад, ки ин жанри адабӣ дар адабиёти муосир чун ғазал аз мақоме, ки дар адабиёти гузашта дошт, андак поён афтод, то замоне ки нақди адабӣ дар солҳои 60-ум дубора ба он таваҷҷуҳ кард ва рубоӣ дар осо­ри шоирон ҷони тоза гирифт. Пеш аз ин рубоӣ дар осори шоироне чун Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб ва дигарон таҷриба шуда буд, вале таваҷҷуҳи бештар ба ин жанр замоне бештар зоҳир шуд, ки Муҳаммадҷон Шукуров бо таассуф дар мақолаи “Сухан аз лирика ва мазмуни ҳаётии он” (“Садои Шарқ” -1965. № 2. – С. 78-105) навишт: “…рубоӣ барин навъи муҳимми шеъри тоҷикӣ дар назми имрӯзаи мо рӯз то рӯз мавқеи худро аз даст дода истодааст. Ҳам шоирони куҳансол ва ҳам шоирони ҷавон онро қариб тамоман фаромӯш кардаанд”. Ин мақола дар пешрафти шеъри тоҷик, ба вижа рубоӣ, нақши бориз дорад. Баъди чунин баҳс таваҷҷуҳи шоирон ба рубоӣ бештар гардид. Дар ишора ба бештар мавриди корбаст қарор гирифтани рубоӣ дар миёни адибон баъдҳо (соли 1985) Юсуф Акбаров дар мақолаи “Шеъри эҳсос ва тафаккур” навиштааст:

“Ҳоло бошад, рубоӣ ба яке аз маҳбубтарин навъҳои шеърии имрӯ­заи тоҷик табдил ёфтааст. Ин навъи шеър хусусан дар эҷодиёти А. Шукӯҳӣ, Л. Шералӣ, У. Раҷаб, М. Шералӣ, Ҳ. Файзулло, Гулназар ва дигарон хеле ривоҷу равнақ ёфт”.

Дар ин миён чанд маҷмуаи алоҳи­да бо фарогирии ин жанри адабӣ низ рӯи кор омад, ки мешавад “Чормағз”-и Аминҷон Шукӯҳӣ, “Ҷоми Хайём”-и Лоиқ Шералӣ ва силсилаи рубоиҳои дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмуаҳои дастаҷамъиву алоҳидаи шоирон Ҳаби­булло Файзулло, Гулрухсор, Гулназар ва дигаронро ном бурд. Дар осори ин шоирон рубоӣ ҳамчун барандаи бори зиндагии воқеии инсонҳо, бо руҳи ҳикматбору фалсафӣ, чун тарбиятку­нандаи инсони муосир ба ҷилва омад. Баъд аз гузашти солҳо ин қолаби бо­шукуҳро метавон пас аз ғазал дувумин қолаби хушиқболи шеъри классикӣ назди шоирони муосир донист.

Агар мо боре бо диққат ба рубоиёти шоирони солҳои 70-80 ва баъдтар аз он назар андозем, мебинем, ки ин жанр бо чанд вижагӣ аз чаҳорчӯби суннатии худ фосила гирифтааст. Аввал таҷассумгари руҳи замон будааст, яъне бо зиндагии инсони муосир созиш карда­аст, дувум, бо забони зиндаи мардум гуфтугӯ кардааст, яъне таркибу во­жаҳоеро дар худ гунҷондааст, ки мах­суси забони муосиранд, севум, бештар тобиши вуқуъгароёна доштааст ва ниҳоят ба мавзуъҳои мушаххасу хоса пардохтааст. Аммо аз тарафи бархе аз шоирон дар асоси ин таъриф суруда шудааст ва имрӯз низ, хосатан дар осори шоирони ҷавон, ин гуна ба на­зар меояд: “як мисраъ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад ва боқии мисраъҳо дар хидмати он қарор мегиранд”.

Аз рӯйи ин нишондод, рубоӣ бояд дар мисраи охир зарбае кӯбанда ва баҳайратоварандае дошта бошад ва дар андешаи бисёре аз дастандар­корони соҳаи шеършиносӣ ин зарба ҷойгузини тамоми аносири шеър маънидод мешавад. Бехабар аз он ки ин равиш дар рубоӣ ҳаргиз ба маънои ҳайратзада кардани хонанда барои лаҳзае гузаро нест. Дар осори бисёре аз шоирони гузашта рубоӣ бидуни ғо­филгир кардани хонанда дар мисраи охир, дар маҷмуъ таъсиргузор аст.

Мутаассифона, имрӯз ҳам ин таъриф дар бештари маврид бархе аз шоиронро водор намудааст, ки қофия­ро ҳамчун қоидаи риояшавандаи рубоӣ ва суханони умумиву оддиро ҳамчун пуркунандаи вазни он дар се мисраи ёрирасон ба кор бибаранд. Имрӯз чу­нон ба назар мерасад, ки кори хеле аз шоиронамон дар сурудани рубоӣ ҳатто ба пояи иқдомоти шоирони солҳои 60- 70 ва 80 намерасад, ки мо ба чанд ве­жагиаш ишора кардем. Ростӣ, агар дар баррасии рубоиёти бархе аз шоирони имрӯзаамон ҳамон як хостаамонро, ки дар мисраи чаҳорум чаҳормехаш кар­даем, аз миён бардорем, чизе барои қазоват боқӣ намемонад. Се мисраи дигар бо тамоми вожагонашон ноло­зим ба назар меоянд. Бадтар аз ин, дар осори бисёре аз ҷавонон рубоӣ бештар паҳлу ба вазн мезанад ва ҳатто ҳамон як мисраи ҳадафманду таъсиргузорро ҳам ба боди фаромушӣ месупорад. Яъне вазн дар рубоии аксар ҷавонон нақши сандуқеро дорад, ки бо абзори нолозим пур шудааст. Дар воқеъ ин қолаби сандуқ аст, ки он ҳама партобро мураттаб нигоҳ медорад ва вақте онро сарозер мегузорем, аз дарунаш ашёи нолозиму корношоям мерезанд. Мисли ин рубоии шоири ҷавон, ки қаҳрамо­наш ба ҷои “сарозер” шудан “фарозер” мешавад ва ҳеч чизи арзишманде барои рубоӣ будан надорад:

Уммеди нишастаи маро бардоред,
Гулдастаи бастаи маро бардоред.
Аз ғурбати меҳанам фарозер шудам,
Ду китфи шикастаи маро бардоред.

Ба иловаи шевоии вазни ин навъи адабӣ, ки ба масал як сандуқи намо­ишист, шояд аввалин чизе, ки дар рубоии фавқ метавонад диққати шу­моро ба худ бикашад, “китфи шикаста” бошад. Аммо ин “китфи шикаста” ҳам ба монанди чанд дона себи поккарда­шудаест, ки болои борхалтаи савдогар барои намоиш ва ҷалби муштариён гузошта шудааст. Ба поёни борхалта даст андозед, он ҷо себҳои пӯсидаву кирмхӯрда кам нестанд. Айни ҳамин “фарозер шудан аз ғурбати меҳан”, ки ҳеч рабти маъноие бо дигар вожаҳо ва он чики шоир мехоҳад бигӯяд, надорад ва бемаъност. Байти аввал ҳам як кӯ­шиши бесуду суханбозист. Шоир мутеи қофияҳое чун “нишаста”, “баста” ва “шикаста” шуда, то бо се вожа “уммед”, “гулдаста” ва “китф” иктифо кунад ва дар ҳамин як жанри кӯтоҳ барои осонии кори худ радифи “маро бардоред”-ро чун пуркунандаи вазн ба миён гузорад.

Агар андаке эҳсосамонро идора кунему ҳолати шефтагӣ ба вазни ру­боиро дар худамон фурӯ нишонем ва бо тааммул ба хостаи шоири ҷавони имрӯз дар рубоӣ бингарем, дар беш­тари маврид ҳатто ҳамон як ҳадафи мушаххасу зананда, ки шоир ба хотири он рубоӣ месарояд, бароямон маълум намегардад. Барои мисол аз шоири дигар:

Бо ёди хушат нафас куҷо мегирам,
Бе ёди ту бечораву бетадбирам.
Бе ту зи ҳама халқи ҷаҳон дилгирам,
Танҳо нагузорам, ки зи ғам мемирам.

Инсофан агар қазоват кунем, аз назари бадеият ва ҳунари шоирӣ чизе дар ин рубоӣ ба чашм намерасад. Мо солҳо ба унвони як хонанда фақат шефтаи вазни ширини рубоӣ будем ва боре нагуфтем, ки ин сурудаҳо ба унвони шеър арзиш доранд ё не. Ин ҳамаро канор бигузорем ва ба забони он нигоҳе андозем. Оё вожае тозаву имрӯзӣ ва ё баёне нав дар он мебинед? Чизе диққати шуморо ҷалб намекунад.

Албатта, барои мо кам иттифоқ меафтад, ки мавзуи тозаву дастнахӯр­даеро ба шеър бикашем. Чун дар ҳаёти инсон мавзуъҳои ҳамешагие ҳастанд, ки мо хоҳу нохоҳ бо онҳо рӯбарӯ қарор мегирем ва ҳаргиз аз онҳо роҳи гурез надорем. Мисли Наврӯз, ки соле як мартаба раги шоиронро ба ҷунбиш меорад. Акнун барои шоир қудрату тавоноии фавқуллодае лозим аст, ки ин мавзуи куҳнаву такрориро бо либо­си наву бадеъ ба ҷилва биёрад. Агар ин корро карда натавонад, адабиётро ба чашми хонанда хору залил мегар­донад. Аз шоири ҷавоне рубоиеро дар ин мавзуъ хонда будам:

Наврӯз биёмаду муродам омад,
Сад поварақи зиндагӣ ёдам омад.
Ҳар сафҳа зи кина пок шуд, покнавис,
Наврӯз ту гӯйӣ, устодам омад.

Дар бораи беназокатиҳои забо­ниву харобии таносуби ин навишта гап намезанем ва вақти худро ҳадар намедиҳем, чун ин суруда ҳам аз хона­водаи он ду сурудаест, ки аз заъфашон гуфтем. Аммо зарур аст ба мавзуи он бипардозем. Мавзуаш он қадар обшу­ставу куҳнаву такрорист, ки хонанда бо хонданаш эҳсоси хастагӣ мекунад. Аммо вақте дар ин мавзуъ аз шоири тавоное сухани тозаеро мешунавад, болидахотир мешавад, эҳсоси лаззат мекунад. Мисол:

Ҷӯбори сафолбаста тардоман шуд,
Ҷинбоди дағал ҳарирпероҳан шуд.
Бархез, дилову шодиёна бибарор,
Ин субҳ, ки чашми ғунчаҳо рӯшан шуд.
(Фарзона)

Дар ҳарду рубоӣ ҳикояти омадани Наврӯз аст. Тозакориро мо дар рубо­ии дуюм дар вожаҳое дармеёбем, ки рамзу роз доранд, бидуни он, ки ба му­хотаб ибораи шахшӯли “Наврӯз омад”-ро таъкид кунанд, бо баёни унсурҳои ҳамеша дар ҳаёти мо дидашаванда аз расидани Наврӯз дарак медиҳанд. Ин як паҳлуи тозакории шеър аст. Агар шоири мо қудрати бозӣ бо калимотро намедошт ва набзи вожагонро ламс намекард, аз ҳамин ҳарфи аввал ба ҷойи “сафолбаста” “яхбаста” мегуфт ва “боз ҳамон ҳикояти ҳамешагӣ”-ро такрор мекард, ки дигарон кардаанд. Албатта, “яхбаста” ҳам ба ин мавзуъ созгор меояд. Чун баҳор омад, ҷӯй­борони яхбаста ҷорӣ мешаванд, вале ҷӯйбори сафолбастаро чӣ мегӯед? Тасаввур кунед ҷӯйбореро, ки аз беобӣ сафолак бастаасту бо омадани баҳор тардоман мешавад. Ин паҳлуи дувуми тозагии рубоист. Тозакории дигараш ин аст, ки шоир қавонини маснуии ру­боиро, ки дар боло таърифаш кардем, мешиканад ва дар ҳамин мисраи аввал манзури ҳадафмандонаи худро баён мекунад ва ҳеҷ мисраеро дар ин миён ба унвони василаи ёрирасон барои мисраи ниҳоӣ қарор намедиҳад. Чаҳо­рум нуктае, ки дар ин рубоӣ инсиҷоми маъноро таъмин мекунад, ҳузури таркибҳои шоиронае чун “ҷӯбори сафолбаста” ва “равшан шудани чашми ғунчаҳост”, ки дар ниҳояти шоиронагӣ офарида шудаанд.

Ҳоло биравем ба суроғи ин ки чаро дар рубоии имрӯз, ба истиснои рубо­иҳои ҷудогонаи баъзе аз шоирон, ҳар мисраъ, ғайри он, ки моро даступоба­стаи вазну қофия кардааст ва фақат ба хотири андешаи ниҳоӣ дар мисраи охир бо он дастугиребон ҳастем, худ як ҳадаф ва як зарбаи кӯбанда надошта бошад? Хаёл мекунам, ин равиш ме­тавонад як роҳи тозакорӣ ва дур шу­дан аз суннатгароӣ дар рубоии имрӯз бошад, ки ҷавонон бояд бештар онро таҷриба кунанд. Роҳи дигари раҳоӣ ин аст, ки шоири имрӯз қофия ва радифро дар хидмати калом биншонад ва аз пуркунандаи вазн будани ин ду унсури шеърӣ дар рубоӣ бипарҳезад. Сеюм, шоири ҷавони имрӯз он гоҳ муваффақ дар рубоисароӣ мешавад, ки аз ин жанри кӯтоҳи адабӣ, ки маҷоли андаке барои бардоштани бори вожагонро дорад, бо ҳар фурсате барои гузиниши вожа аз беҳтарин шакли мумкин баҳра бигирад. Чаҳорум, шоири рубоисарои имрӯзро мебояд бо ҳинҷоршиканӣ дар қолаби куҳнаи забон саъй кунад, то рубоиро ба забони мардуми рӯзгори худ наздик созад ва бо баҳрагирӣ аз таркибсозиҳои шоирона ва тарзи истифодаи дурусти онҳо ин падидаи ҳунариро аз банди суннатгароӣ берун кашонад. Ва ниҳоят панҷум, ин сухани донишманди мумтоз Муҳаммадҷон Шакуриро, ки то кунун арзиши адабиву илмии худро ҳифз кардааст, овезаи гӯши худ гардонад: “Чун рубоӣ аз хур­дтарин навъи шеър аст, ҷавонони мо бояд бидонанд, ки ин яке аз мушкил­тарин навъи шеър аст. Рубоӣ фикри расо, дили ҳассос ва сухани пухта мехоҳад. Дар рубоинависӣ иқтидоре лозим аст, ки моҳияти як ё якчанд ҳодисаи ҳаёт бо образҳои барҷастае дар ниҳояти муҷазбаёнӣ кушода ва хулосаи амиқе бароварда шавад. Аммо ин давлат дар ҷавонӣ кам даст медиҳад. Дар ҷавонӣ барои таълим ва касби маҳорат бештар рубоӣ машқ кардан мумкин аст, вале ҳар машқи шогирдонаро дафъатан ба чоп додан зарур набудагист”.

Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо