«Кафш дар остонаам гул кард»

 «Кафш дар остонаам гул кард»

Бад нест ба унвони муқаддима нигоҳи мухтасаре ба шеъри форсии имрӯз ва буҳронҳои пешраваш дошта бошем. Мусалламан буҳрони шеъри мо буҳрони мухотаб нест (махсусан дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Эрон, ки ағлаби мардум ё шоиранд ё шеърдӯст), буҳрони фурм (сурат) ва бозиҳои забонӣ ва тасвирҳои шоирона ҳам наметавонад бошад, буҳрони вазн, қофия, радиф ва ҷанги ҳамешагии шеъри сапеду классикӣ ҳам нест, буҳрони мо ба буҳрони ҷаҳонбинӣ, тақсири шоир аз ҳастӣ бозмегардад. Аз дарди музмини тасвирҳои забонзади «шамъу парвона», «гулу булбул», «майу соқӣ» ва ғайра, ки бигзарем, бояд барои рушди шеър роҳе пайдо кунем.

Мухотаби огоҳ ҳангоми варақ задани бисёре аз китобҳои шеъри пуровоза эҳсос мекунад, ки ба таъбири Унамино – нависанда ва файласуфи испониёӣ, «дар ҳоли рад шудан аз гӯристони андешаҳои мурда аст», дар ҳоле ки камоли шеър дар огоҳӣ ва нигоҳи амиқи шоир ба ҷаҳон ва инсон аст ва аз ҳамин манзар лузуми гираҳхӯрдагии зебоӣ ва эҳсос бо андеша мушаххас мешавад.

Мо ба шеърҳое ниёз дорем, ки дар тамоми соҳот нав бошанд. Яъне, натанҳо забони нав ва тасвирҳои тоза мехоҳем, балки барои шеърҳои ноб андешаҳои нав металабем. Шояд иддае тасаввур кунанд, ки барои доштани забони нав бояд дар зеҳни шоирон калимаҳои нав ва камтар истифодашуда вуҷуд дошта бошад. Аммо воқеият ин аст, ки шоири чирадаст бо ҳамон калимаҳои такрорӣ рафторе нав мекунад ва нақше дигар дар ҷумлаҳо ва ибораҳо ба онҳо медиҳад. Ҳиссу андеша ва хаёли шоир ба гунае тавъамону маътуф мешаванд ба нақшҳои нави калимаҳо ва чигунагии ҷавлонашон дар тарсими тоблуҳои ғайриқобили тасаввури ҳиссӣ, хаёлӣ ва андешагӣ.

***

Аз Муҳриддин Сабурӣ се шеъри пешрав дорем дар қолабҳои ғазал, маснавӣ ва нимоӣ, ки дар бархӯрди аввал нишон медиҳанд, ки шоир саъй дар фирор аз клишаҳо (қолабҳо) ва расидан ба нигоҳе нав доштааст, мисли корбурди феъли «месабзад» аз масдари «сабзидан» ба маънои «сабз шудан».

Қабл аз ҳар чиз меравем ба суроғи рафторҳои нави шоир бо калимаҳои такрорӣ. Ин рафтор дар шеъри аввал ба иқтизои радифи хоси «гул кард» рух намудааст. Чизҳое мисли «гул кардани пешдолони (айвон) хона»:

Боз кардам тирезаҳоямро,
Пешдолони хонаам гул кард;

«Гул кардани лабу бозуву шона»:

Ишқ гуфтам, баҳор ифшо шуд,
Лабу бозуву шонаам гул кард;

«Гул кардани кафш дар остона»:

Ишқ гуфтам, баромадам аз дар,
Кафш дар остонаам гул кард.

Инҳо чизҳое ҳастанд, ки дар воқеият гул намекунанд, аммо дар ҷаҳони зеҳнии шоир хосияте дигаргуна пазируфтаанд ва ончи ба зеботар шудани ин тасвирҳо анҷомида, ҳис ва отифаест, ки аз тамоми ин иттифоқоти шоирона ба мухотаб мунтақил мешавад, чароки омили гул кардани тамомашон «ишқ» аст.

Нигоҳи нисбатан мутафовити шоир ба табиат дар асари сеюм ҳам қобили таваҷҷуҳ аст:
«Дарахтон меъроҷи офтобанд»:
                     Он ҷо, ки ҳар дарахташ меъроҷи офтоб аст;

«Шабнамҳо лабханди гулҳоянд»:
                     Шабнам табассумест бароганда аз сафо;

«Рагҳои ток саршор аз сухани ишқ аст»:
                        Эй ошно, дуруд,
                       Ангурҳо барои ту сабзиданд,
                       Рагҳои ток баҳри ту саршор гаштаанд;

«Рангрезии гули насрин ва сар баровардани гандум аз хок ишқофаринанд»:
                          Ман омадам туро ба тамошо бароварам,
                          То рангрезии гули насринро,
                           Аз хок сарбарории гандумро
                          Биниву ишқро ба дилат зиндатар кунӣ.

Ва хуб аст, ки шоир тавониста тамоми табиатро дар шеъраш ба чолиш бикашад, то бигӯяд ҳеч як аз аҷзои ҷаҳон бекору беҳадаф нест ва пушти тамоми диданиҳо розе нуҳуфта аст, ҳатто агар ин нигоҳ дар ибтидои роҳ бо илҳом гирифтан аз осори дигар шоирон, махсусан шоирони табиатгаро шакл гирифта бошад.

Дар канори тамоми мавориди зикршуда, лозим аст ба нукоте ишора шавад, ки диққат дар онҳо ба иртиқои сатҳи шеъри Сабурӣ кумак хоҳад кард.

Дар асари дувум ва қабл аз шуруъи шеър шоир тавзеҳ дода, ки ин асар бардоште аз як филми ҳунарӣ аст, аммо агар мухотаб тавзеҳи ибтидоии шеърро нахонад, наметавонад дарёфти хубе аз калимаҳо дошта бошад, аз ин рӯ бояд бигӯям, ки ҳунарнамоии музоафи шоир замоне хоҳад буд, ки бидуни ҳеч тавзеҳе он фазои мадди назарро бо калимаҳое ба тасвир дароварад. Аз тарафе мисраъи «бӯйи озодиро шунидан ҳаст» аз назари арӯзӣ ниёз ба бозсозӣ дорад ва дар ин байт:

Ҳалқаи дар гирифту тақ-тақ кӯфт,
«Нозанинам, кушо даратро» – гуфт.

Ба назар меояд, ки «кӯфт» (бо вов) дар лаҳҷаи шоир ба сурати «куфт» (бидуни вов) талаффуз мешавад, ки агар чунин бошад, қофия дуруст аст. Дар ғайри ин сурат «кӯфт» (бо вов) ва «гуфт» (ки вов надорад) қофия намешаванд.

Нукоти забонии дигаре, махсусан дар ҳавзаи наҳв қобили зикр аст, аммо аз он ҷо, ки эҳтимол меравад, дар гуфтори рӯзмарраи шоир наҳв ва навъи калимот ҳанӯз ба ин шакл мутадовил бошад, ба онҳо ишорае намекунем. Аммо ҳазфи «ро» дар шеъри имрӯз бо ҳар лаҳҷае чандон дилнишин нест, мавридҳое мисли ҳазфи «ро» аз канори «дунё» дар ин байт:

Дид, дунё ба зери пар дорад,
Ёдаш омад, ки бому дар дорад.

Лозим аст, ки шоир байни ду қофияи «дардхона» ва «хона» якеро интихоб кунад ва аз хайри дигаре бигзарад ва ба ҷои он ба байти дигаре биандешад.

Нуктаи дигар ин ки дар чиниши арӯзии шеъри саввум тамоми сатрҳо бо ҳиҷои дароз шуруъ мешаванд, ба ҷуз сатрҳои «ва месабзад» ва «намудортар шаванд», ки лозим аст шоир ба он таваҷҷуҳ дошта бошад.

Ба назар мерасад, ки Сабурӣ ҳар қадар бештар шеърро фаро гирад, ба забони салистару маҳкамтаре хоҳад расид.

 Ҳусно МУҲАММАДЗОДА,
мунаққиди эронӣ

Дигар хабарҳо