Таъсири пурбаракати Истиқлол ба адабиёти тоҷик

 Таъсири пурбаракати Истиқлол ба адабиёти тоҷик

Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду боландагии тамоми самтҳову шохаҳои ҳаёту фаъолиятамон муҳимтарин ва мустаҳкамтарин заминаҳоро фароҳам овард. Завлонаҳои мафкуравию идеологие, ки дар имтидоди солҳои тулонӣ пеш аз он ба гардан доштем, ба баракати Истиқлол гусаставу шикаста шуд ва руҳу андешаи миллиямон арсаи тозае барои оғозҳову парвозҳои нав пайдо кард. Ниҳоят боди мусоид вазиду киштии муроду ормони миллати ситамкашидаи моро, ки дар тули солҳову садаҳо аз сахрае ба сахрае бархӯрда, аз таъсири боди мухолиф ва тӯфонҳои вайронгар латмаву осеб дид, вале, хушбахтона, шикаставу пора нашуд, ба соҳили саодат расид. Агар жарфтар биандешем, дармеёбем, ки дар чунин ҳолатҳо барои бегазанд мондани ин киштӣ забону адабу фарҳангамон ҳамчун бодбон хидмат кардаанд ва ба шарофати ин арзишҳои ҷовидони миллиямон решаҳои дарахти ҳастии мо ҳамеша дар об будаанд.

Баъди дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ ҳама арзишҳои миллиямон, ки қаблан ғуборолуду зангоргирифта буданд, комилан эҳё шуданд, ҷавҳари тобнокашонро пайдо карданд, ба дурахшиш омаданду умри дубора ёфтанд. Насими тозаи Истиқлол ҳаворо тоза карду ғунчаҳои умеди моро шукуфонд, ба ҳама каронаҳои мамлакатамон башорати сарсабзиву шодобӣ расонд.

Файзу баракати Истиқлол, дар баробари дигар арзишҳои волои миллиямон, ба адабиётамон низ расиду аз бисёр ҷиҳат мояҳову ғояҳои тозае ба он бахшид. Қолабҳову чорчӯбаҳои ақидатие, ки тули 70 сол соҳаҳои гуногуни адабиётро то ҷое дарҳам фишурда буданд, шикаста шуданд. Назму насри мо аз ҷиҳати муҳтавою дарунмоя ба маҷрои комилан дигаре ворид шуд ва мавзуъҳои ватандӯстона бо рангу бӯ ва тобишу ҷилои дигар таҷассум ёфтанд. Адибонамон беш аз ҳар вақти дигар ба мавзуъҳои таърихӣ, ки бо ҳувияту ифтихори миллӣ гиреҳ мехӯранд, рӯй оварданд ва ба қадри имкон корнамоиҳои бузургони гузаштаро тасвир карданд. Ин ҷо масъалаи сифат ва арзиши бадеии ин асарҳо баҳси дигар аст, вале муҳим он аст, ки мафҳумҳои худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, забони миллӣ ва умуман арзишҳои миллӣ ҳамчун меҳвари эҷодиёти адибон авлавият ёфтанд. Агар аз ҷиҳати миқдор асарҳои ватандӯстонаи замони Шуравиро (ҳам назму ҳам наср, ҳам асарҳои саҳнавӣ) бо замони Истиқлол муқоиса кунем, тафовути чашмрас мебинем ва дармеёбем, ки Истиқлоли давлатӣ чӣ имконоти бузургеро барои мо фароҳам овардааст. Ба ёд орем асарҳои насрии “Девори Хуросон”-и Муҳаммадзамони Солеҳ, намоишномаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Фирдавсӣ”-и Меҳмон Бахтӣ, асарҳои таърихиву меҳанпарастонаи “Куруши Кабир”, “Куруш ва Томирис”, “Камбуҷия”, “Дорои бузург”- и Бароти Абдураҳмон, “Спитамон” ва “Маздак”-и Сорбон, “Гардиши девбод”-и Абдулҳамид Самад, “Бармакиён” ва “Низомулмулк”-и Равшани Ёрмуҳаммад, “Сарои санг”-и Ато Мирхоҷа, “Кайфар” (дар бораи Нусратулло Махсум)-и Диловари Мирзо ва даҳҳо осори дигари ватандӯстонаро, ки баъзе аз онҳо дар солҳои аввали Истиқлол эҷод шудаанд ва баъзе солҳои охир.

Дар шеъри ин давраи адабиётамон низ дигаргуниҳои сифативу мазмунии бисёр ба назар мерасанд, ки албатта, ба шарофати Истиқлол ва қувват гирифтани руҳи миллӣ ба миён омадаанд. Дар ин марҳала, пеш аз ҳама, забони шеъри мо тозатару пухтатар ва зеботар гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки пеш аз он, яъне дар замони Шуравӣ таъсири забони русӣ ҳатто ба забони шеъри мо ҳам расида буд ва шоирон баъзан калимоту ибораҳоеро дар ашъорашон ба кор мебурданд, ки дархури шеъру забони мо набуданд. Забони мо, хушбахтона, дубора ба сарчашмаҳо ва асолати худ пайваст ва ҳамон гироиву шевоии худро дигарбора касб кард.

Аз назари муҳтаво низ дар давраи мавриди назар шеъри мо билкул дигаргун шуд. Доираи мавзуъҳо вусъат ёфту оҳанги ватанхоҳонаи шеърҳо хеле баландтар гардид. Шоирони машҳурамон Гулназар, Гулрухсор, Сайидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода, Алимуҳаммад Муродӣ, Фарзона, Озарахш, Озар, Давлати Раҳмониён ва дигарон дар обуранги бадеии бештар ёфтани шеъри ватандӯстонаи даврони Истиқлоламон саҳми назаррас гузоштанд ва ҳатто зумрае аз онҳо, аз ҷумла Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ ва Рустам Ваҳҳобзода китобҳои махсуси шеъри ватандӯстона чоп карданд. Маҷмуаҳои зиёди дастҷамъие низ дар ин давра ба табъ расиданд, ки дар онҳо ашъори дар васфи Ватан, дастовардҳои замони Истиқлол ва корнамоиҳои Пешвои муҳтарами миллат навиштаи шоиронамон фароҳам омадаанд.

Истиқлоли давлатӣ майдони фарохеро барои ҳунарнамоии адибонамон фароҳам овард, доираи бинишу ҷаҳоншиносии онҳоро вусъат бахшид ва адабиёти моро ба тамоми маънояш миллӣ кард. Расму оинҳои миллиямон беш аз ҳар вақти дигар дар асарҳои ин давра таҷуссум ёфтанд ва симову образи шахсиятҳои машҳури таърихиямон равшану муассир тасвир шуд. Имрӯз адибонамон бо камоли ифтихор ва сари баланд дар бораи ҷашнҳои миллиямон – Наврӯз, Меҳргон, Сада, дар бораи пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ва ҷонбозиҳову талошҳои доимии Пешвои миллат асарҳо менависанду ба ин васила дар парвариши эҳсоси ватандӯстии мардум саҳми худро мегузоранд.

Агар манзараи умумии адабиётамонро аз оғози расидан ба Истиқлоли давлатӣ то имрӯз пеши назар оварем, равшан мебинему хулоса мекунем, ки ҳар дигаргунӣ ва таҳаввули он ба баракати таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастааст. Зеро Пешвои миллат аз оғози фаъолияташон ҳамчун Раҳбар ба мероси таърихӣ, фарҳангу адаб, забон ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус доштанд ва аз дилу ҷон мехостанд, ки ҳувият ва ифтихори миллии тоҷикон боло равад.

Мо бояд ба қадри ин ғамхориву қадрдониҳо бирасему барои Ватани соҳибистиқлоламон асарҳои тозаи арзишманду муассир эҷод бикунем.

Т. ХАЛИЛӢ, «АС»

Дигар хабарҳо