«Овози тоҷик» – минбари баланди миллат
Ба муносибати 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик»
Қабл аз инқилоби Октябр натанҳо коргузории аморати Бухоро бо забони тоҷикӣ буд, балки тамоми анвои китоб, аз дарсӣ то илмӣ ва ҳатто авроқи таблиғотии ҳаракати ислоҳхоҳии ҷавонбухороиён ба забони тоҷикӣ нашр мегардид, аммо ба ҳама ин хотима дода шуд.
«Бухорои Шариф» нахустрӯзномаи тоҷикии таъсиснамудаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ аз 11 марти соли 1912 тақрибан баъд аз даҳ моҳи фаъолият бо амри амири вақт аз нашр боздошта шуд.
Маҷаллаи тоҷикии “Шуълаи Инқилоб”, ки моҳи марти соли 1919 дар асоси аризаи форсизабонони ноҳияи Боғишамол (Самарқанд) ва бо пайгирию талошҳои Саидризо Ализода таъсис ёфту мавсуф нахустмуҳаррир, устодон Садриддин Айнию Ғуломалӣ Козимзода узви ҳайати таҳририя ва хаттоташ Ф. Роҷӣ буданд, мутаассифона, баъди нашри ҳамагӣ 91 шумора аз чоп монд. Дақиқтараш чопу нашри онро барои ҳамеша манъ карданд. Чаро? Айёме ҳукмравоӣ дошт, ки як идда саъй мекарданд, ки ҳастии миллати моро бо василаҳои гуногун инкор намоянд. Аламовар аст, ки ин раванд ҳатто боиси гумроҳ гардидани баъзе аз аҳли зиёи тоҷик гардид ва маҳз ҳамонҳо дар қатъ шудани чопу интишори маҷаллаи “Шуълаи Инқилоб” даст доштанд. Дар навиштаи «…тоҷикони Осиёи Миёна ба сабаби каҷфаҳмии гурӯҳе аз коркунони масъули шуроӣ ва фирқагиашон аз тоҷик номидани хешу сухан гуфтан ба забони тоҷикӣ нанг медоштанд. Аз ин ҷиҳат то соли 1924 ба сивои маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», ки вай ҳам беш аз ду сол давом накарда, фидои (қурбони) ин каҷфаҳмиҳои коркунони масъули тоҷик гардид, дар тамоми Осиёи Миёна барои тахминан ду миллион миллати тоҷик рӯзнома ё маҷаллае нашр, китобу рисолае чоп, мактабу курсе кушода нашуд» («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926), маҳз онҳо мавриди назар ҳастанд.
Пас аз инқилоби Октябр, аниқтараш то соли 1924, қабл аз ба миён омадани масъалаи тақсимоти ҳудудҳои миллии Осиёи Миёна, (ба истиснои ҳамон «Бухорои шариф» ва «Шуълаи инқилоб») тоҷик на рӯзнома дошту на маҷалла, ки барояш ҳамчун минбари баланди эътироз ба ёвагӯиҳои бадхоҳон хидмат намояд. Мурод нашрияи сирф тоҷикист. Зеро нашрияҳои дузабонаю сезабона («Самарқанд», «Ойина», «Қутулиш» («Раҳоӣ») мавҷуд буданд. Дар ин давраи бисёр ҳассос аҳли зиёи тоҷик хуб дарк кард, ки бе доштани нашрияи миллӣ наметавонад ҳадафҳои худро иброз кунад ва ба гӯши ҳамагон расонад. Аз ин ҷиҳат тоҷикон маъюс буданд. Зеро миллате, ки рӯзнома надорад, аз олам бехабару аз зиндагии худ бебаҳра аст. Ба ҳамин сабаб, баъзе аз тоҷикон кӯшиш карданд, ки ба забони тоҷикӣ ҳам рӯзномае нашр шавад, то ки тоҷиконро аз хоби ҷаҳолат бедор карда, ба корвони тараққию маданият расонад. Вале ин фикр пеш нарафт. Пас аз чанд муддати дигар, яъне дар аввали соли 1924 Шуъбаи миллатҳои майда дар ҳузури Кумитаи Марказии Фирқаи Ииштирокиюни Туркистон он фикри пешинро хеле пурманфиат дида, кӯшиш кард, ки як рӯзнома ба забони тоҷикӣ нашр карда шавад. Ба ин сабаб ин масъаларо дар музокира гузошта, ҳал карданд.
Пас аз қарордоди Кумитаи марказии фирқаи иштирокиюни Туркистон, иҷрои ин амр ба Кумитаи вилояти Самарқанд ҳавола карда шуда буд, ки дар он вақт котиби масъули Кумитаи вилоятӣ Ғанихон Ҳомидхонзода буд. Дар маҷлиси кумита ин масъала музокира шуда, шуъбаи тарғиботу ташвиқотро барои ба вуҷуд овардани ин ҷарида маъмур карданд. Муҳаррири навтаъйиншудаи ин ҷаридаро (Абдулқайюми Қурбиро) ба шуъбаи ташвиқоту тарғибот талаб карда, бо ӯ дар хусуси харҷу дахли ҷарида, исми ӯ ва дигар чизҳои заруриаш гуфтугӯ карда, ба ин қарор омаданд, ки алъон муваққатан ин ҷарида ҳафтае як бор нашр шавад ва ҷояш ҳам муваққатан дар идораи нашрияи «Зарафшон» таъин шавад. Ин рӯзнома «Овози тоҷик» номида шуд.
Ҳамаи ин қарорҳоро Кумитаи фирқаи вилоят тасдиқ кард. Рӯзе, ки ин масъала ба майдони вуҷуд баромад, дар миёни тоҷикон як сурури фавқулода пайдо шуд. Аз ҳар ҷо аҳли қалам интизори он буданд, ки ин ҷарида мунташир шавад ва дар ӯ аз аҳволи тоҷикон баҳс, ва масъалаҳои мушкилашон ба воситаи он ҳал гардад. Хусусан он ду рафиқи муҳтарам, Ализода ва Козимзода, ки аз аввали ҷарида то ба ҳол (соли 1926) ба хидмати ӯ ҳастанд ба нашри ин ҷарида хеле заҳматҳо кашиданд. Албатта, хидмати онон ба назди миллат шоёни тақдир аст. Ва ҳамчунин дигар аҳли қалами тоҷикон ҳам барои ин ҷарида хидматҳои некӯ карданд. Вақте ки барои интишори ҷарида шуруъ шуд, дар ҳамон вақт аз вилояти Фарғона ба тариқаи иъона аз рафиқи муҳтарам, Абдураҳим Ҳоҷибойзода, панҷсад сӯм гирифта шуд ва низ аз Кумитаи Марказии Туркистон 3 000 сӯм ва аз Ҷумҳурии Бухоро 2 000 сӯм гирифта шуд.
Пас аз ба роҳ мондани корҳои идора ба баровардани ин ҷаридаи тоза шуруъ шуд. Рӯзи душанбе, 25-уми моҳи августи соли 1924 чӣ хуш рӯзест, чӣ некӯ моҳест, чӣ фархунда солест, ки барои тоҷикони маҳрумшуда аз ирфону дурафтода аз маданият ин ҷаридаи «Овози тоҷик» пайдо шуд. Гуё ки ин овозест ба мисли сур, то ки тоҷиконро аз хоби ғафлат бедор кунаду ба роҳи иҷтимоӣ ҳидоят намояд. Ҳамон рӯзи 25-уми моҳи август ғулғула дар миёни тоҷикон афтод. Ҳама шодону хандон ин ҷаридаро мехонданд, хурсандии ин миллат ба хурсандии миллатҳои дигар ҳам таъсир мебахшид. Дар ин ҷо лозим аст, ки ёрирасонидагон ба ин рӯзномаро ёдоварӣ намоем, рафиқон Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад, Эшонқул Мирҷамолзода, Ҳоҷибойзода, Ҳомидхонзода, Искандар Файзулин ва ғайра, ки ҳамагӣ ба нашри ҷарида сабаб шуданд. Зикри аҳли қалам, ки ба қалам ёрӣ расонида буданду ёрмандӣ мерасонанд, ҳоҷат ба баён нест, чунки ба хонандагони ҷарида аз оина равшантар аст.
Аммо ёрмандии як рафиқи муҳтарамро зикр кардан лозим аст, ин рафиқ Алӣ Исмоилзода аст, ки дар он вақт муҳаррири ҷаридаи «Зарафшон» буд. Номбурда хеле ёрмандиҳои моддию маънавӣ ба ин ҷарида расонидааст. Албатта, ин ёрмандиро таърихнависони миллат фаромӯш нахоҳанд кард. Имрӯз замони қадам ба соли савум гузаштани ин ҷарида аст. Вале шумораи он акнун ба сад расида. Чаро кам мунташир шудааст? Маълуми хонандагони ҷарида аст, ки мо доим аз хусуси буҳрони молии ҷарида шикоятҳо мекардем. Сабаб ҳамон аст.
Ин ҷарида, вақте ки интишор ёфт, ношири афкори Кумитаи фирқаи вилоятӣ ва Кумитаи иҷрои вилояти Самарқанд буд. Баъд аз ташкил ёфтани ҷумҳуриятҳои миллӣ аз аввали соли 1925 ин ҷарида ношири афкори Бюрои ташкилоти фирқаи иштирокиюни Тоҷикистон ва Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистон буд. Тоҷикистон мехост, ки идораи ин ҷаридаро ба Душанбе кӯч диҳад. Баъзе аз тоҷикони ин ҷо аз Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистон илтимос карданд, ки идораи ин ҷарида дар Самарқанд монад, то барои умуми тоҷикони Осиёи Миёна хидмат кунад. Ба мӯҷиби ин илтимос Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистони мухтор қарор дод, ки идораи ин ҷарида дар Самарқанд бимонад ва дарҷи ин ҷаридаро Ҷумҳурияти Ӯзбакистон таъмин кунад. Дар ҳақиқат он қарордодро Кумитаи иштирокиюни марказии Ӯзбекистон қабул кард ва аз якуми моҳи апрели соли 1925 то ба ин дам ба роҳбарӣ ва таъмини Ӯзбекистон ин ҷарида давом кард. Мо умедворем, ки дар оянда ин ҷаридаи мо ба тарақиёти олӣ ноил шавад. Зеро ки дар ин муддати андак тоҷиконро хеле аз хоб бедор кард, ки дар Душанбе ҳам ҷаридаи «Бедории тоҷик» қадам ба доираи интишор гузошт» («Овози тоҷик», №100, аз 6 сентябри с. 1926).
Ҳамин тариқ, идораи нашрия дар қароргоҳи нашрияи ӯзбекии «Зарафшон» таъйин гардид ва дар таърихи 25-уми августи соли 1924 нахустнашрияи миллии тоҷикон бо унвони «Овози тоҷик» (то шумораи нуҳум бо номи «Овози тоҷики камбағал») аз чоп баромад. Агар мардуми шаҳрнишин аз чӣ будани рӯзнома воқиф бошанд, фаротар аз он иттилоъ надоштанд. Бо мақсади муаррифии рӯзнома дар саҳифаи аввали шумораи 1-ум навиштаи устоди бузургвор Садриддин Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» ва мудири масъул Абдулқайюми Қурбӣ «Ҷарида чист?» ҷой дода шудааст. Баҳои ба рӯзнома додаи устод Айни машҳур асту ҳоҷат ба такрор надорад, аммо Абдулқайюми Қурбӣ мегӯяд: «… Кадом қавме, ки ба лафзи худ ҷарида дорад, албатта, кораш дар тараққӣ аст, кадом қавме, ки ҷарида надорад, гунг аст, кар аст, бехабар аз авзои замон аст».
Дигар аз равшанфикрони давр ва ҳамкори доимии рӯзнома Асадуллоҳи Кошонӣ низ дар робита ба ин дар мақолааш «Мужда ва табрик» менависад: «Рӯзнома забони миллат аст. Ҷарида оинаи ҷаҳоннамост. Рӯзнома мӯниси бекасону додраси мазлумон аст. Ҷарида мояи ҳушёрӣ ва боиси бедории халқ аст» («Овози тоҷик», №7 аз 6 сентябри с. 1924).
Нашри ягона рӯзномаи тоҷикиро натанҳо тоҷикони қаламрави Иттифоқи Шуравӣ, балки кулли ҳамзабонони бурунмарзӣ низ бо хушҳолӣ ва дилгармӣ истиқбол намуданд. Дар андак муддат робита ва табодули мавод миёни идораи «Овози тоҷик» ва рӯзномаҳои форсизабони берунӣ чун «Ҳаблулматин» (Ҳиндустон), «Ситораи Ирон», «Шафақи сурх», «Садои Шарқ», «Фикри озод», «Тӯфон», «Пайк», «Чаман», «Фарҳанг» (Ирон) ва ғайра ба роҳ монда шуд: «Нигоҳ ба маълумоти мухбирони мо дар Эрон рӯзномаи «Овози тоҷик» даст ба даст дар миёни ранҷбарон хонда мешавад… Ба зудӣ ин рӯзнома ҳам бо пучта ва ҳам даст ба даст дар он кишварҳои форсизабон нашр (паҳн) ва дар рӯзномаҳои Эрон аз рӯзномаи «Овози тоҷик» таърифу тақризҳо навишта шуд» («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926).
Дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» маводи зиёде интихобан аз ин рӯзномаҳо низ ба табъ мерасид ва билъакс. Як нуқтаи ҷолиб он аст, ки ҳамон солҳо яҳудиҳо дар тоҷикӣ кардани таълим ва кушодани мактабхои нави тоҷикӣ аз хеш саъю талош нишон доданд. Фаротар аз ин, барои худ ба забони тоҷикӣ рӯзномаҳою маҷаллаҳо таъсис доданд: «Дар ин рӯзҳо дар таҳти мудирию муҳарририи рафиқ Сайидзода, вакили миллати яҳуд рӯзномаи тоҷикӣ бо хати яҳудӣ (ибрӣ) ба номи «Рушноӣ» дар шаҳри мо (Самарқанд) ба интишор қадам гузоштаву то кунун 3 шумораи он нашр шудааст. Ин шумора дорои чаҳор саҳифа буда, ҳозир ҳафтае як бор нашр мешавад. Бародарони яҳудии мо, ки ба сабаби надонистани хати арабӣ аз хондани рӯзномаи форсӣ маҳрум буданд, инак ба нашри ин рӯзнома метавонанд аз олами матбуот огоҳ бошанд. Мо рафиқ Сайидзодаро, ки чандин ҳазор писарони моро аз маҳрумияти матбуот халос намуда, ба ишон имкон дод, ки аз тадбиру қарорҳои ҳукумати ранҷбарон хабардор гарданд, ба ин хизмати муҳим табрик намуда, давоми ин рӯзномаро хоҳонем. Миллати тоҷик ҷой дорад ифтихор кунад, ки имрӯз бо нашри рӯзномаи «Рушноӣ» дорои се рӯзнома гаштааст. Албатта, тоҷиконро пас аз баланд кардани «Овоз» (манзур рӯзномаи «Овози тоҷик»)-и худу «Бедор» (рӯзномаи «Бедории тоҷик») кардани хуфтагон, барои фарқ додани роҳро аз чоҳ «Рушноӣ» ҳам лозим буда. Имрӯз, хушбахтона, миллати тоҷик ба он ҳам ноил шуд. Аз баракати вуҷуди Ҳукумати Шуроӣ дар миёни мо тафриқаи иронӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, тӯронӣ ва яҳудӣ набуда, балки фақат миллати бузурги форсу тоҷик мавҷуд аст, ки ҳамагӣ ба забони ягона сухан мегӯянд» (Рустоӣ. «Рӯзномаи тоҷикӣ бо хати яҳудӣ». – «Овози тоҷик», аз 10 декабри с. 1925, №72).
Бо нашри нахустшумораи «Овози тоҷик» миллати тоҷик соҳиби беҳтарин василаи муаррифии хеш шуд. Аз шумораи дуюми рӯзнома сар карда, садои ӯ бо робита ба таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, таълими тоҷикӣ, таҳияю нашри китобҳои тоҷикӣ, ҳифзи забону таъриху фарҳанг ва марзу буми аҷдодӣ баланд гардид. Аз ин ки сари вақт маблагғузорӣ намешуд, буҳрони молӣ ҳамеша рӯзномаро таҳдид мекард. Ҳамин буд, ки он ҳафтае як маротиба ва бо теъдоди ҳамагӣ 2 000 нусха аз чоп мебаромад. Ҳол он ки мувофиқи маълумоти оморӣ, тавре дар боло ишора шуд, нуфузи тоҷикон наздик ба ду миллион нафарро ташкил медод!
«Аз сабаби он ки мошина ва ҳуруфот ба нашри рӯзномаи «Зарафшон» ва маҷаллаи «Машраб» (нашрияҳои ӯзбекӣ) банд буд, рӯзномаи «Овози тоҷик» натавонист сари вақт ба нашр расад» («Овози тоҷик», №18 аз 25 феврали с.1925). «Дар шумораҳои собиқ аз хусуси бепулӣ ва тангии аҳволи ҷарида навишта будем. Бино ба ҳамон сабабҳо (нашри) ҷаридаи мо боз таъхир шуд. Бинобар он, ин шумораро ба шаш саҳифа бароварда шуд, то ки ба ҷойи ду шумора равад» («Овози тоҷик», №46 аз 26 июни с. 1925).
«Ба сабаби кӯчидани матбааи рӯзномаи «Овози тоҷик» аз ҷойи худ ба хонаи дигар ва табъ намудани тезисҳои Анҷумани дуюми фирқаи иштирокиюни Ӯзбакистон (дар дигар рӯзномаи ӯзбакӣ) рӯзномаи мо чанд рӯз таъхир карда, ва чанд рӯзи дигар ҳам таъхир хоҳад кард. Лиҳаза аз хонандагони ҷарида маъзарат мехоҳем» («Овози тоҷик», №70 аз 19 ноябри с. 1925).
«Имрӯз ҷашни қадам ба соли савум гузоштани ин ҷарида аст, вале шумораи он акнун ба сад расида. Чаро кам мунташир шудааст? Маълуми хонандагони ҷарида аст, ки мо доим аз хусуси буҳрони молии ҷарида шикоятҳо мекардем. Сабаб ҳамон аст» («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926).
«Овози тоҷик» дар муддати давоми дусолаи худ ба сахттарин рӯзҳо ва бадтарин буҳрони молӣ гирифтор гардид. Аз ҳаёти худ ноумед шуда бошад ҳам, тавонист соли дуюми худро ба поён расонад» (Ҳамон манбаъ).
Ҳоли табоҳи рӯзномаро нашрияҳои ӯзбекӣ низ иқрор кардаанду дар табрикоти худ ба муносибати пур кардани дусолагии «Овози тоҷик» аз ин ёддовар шудаанд:
«…Ҷаридаи «Овози точик» дар муддати ин ду сол бо ҳазор гуна сахтию мушкилиҳо бошад ҳам, хонандагонашро маҳрум накарда, эҳтиёҷи тоҷиконро як қадар таъмин карда омад» (Ҳамон манбаъ).
«…Ҳамқаламони «Овози тоҷик» дар муддати ду сол, агарчи ба чандин буҳрони молию маънавӣ дучор гардида бошанд ҳам, дар олами матбуот хидматҳои муҳимме нишон дода…» (Ҳамон манбаъ).
Идораи рӯзнома бо ин ҳол маҷбур мешавад, эълом дорад: «Аз якуми моҳи ноябр ба ҳеҷ кас ҷаридаи «Овози тоҷик» маҷонӣ фиристода намешавад, ба ғайри идораҳои рӯзномаҳо, ки ба тариқи мубодила аст» («Овози тоҷик», №65, 19 октябри с. 1925).
Дастандаркорони вақти рӯзнома дилсард нагардида, талош мекунанд, ба сад кӯю дар сар мезананд, то ба ҳеҷ ваҷҳ нагузоранд нашри рӯзнома қатъ гардад. Аз камтарин ёрӣ хушҳолӣ мекунанду сипоси худро тавассути рӯзнома эълон медоранд: «Аз ҳамватанони фаъоламон рафиқ Муллоабдулрафиқ Эргашзода, ки аз ходимони қавии иҷрои Самарқанд аст, дар сояи ташаббуси худ аз музофот обуна чида, ба мо муштарӣ кунониданро ваъда медиҳад. Аз ин ҷиҳат ба рафиқи мазкур идора ташаккур мехонад. Дар ҳақиқат ин гуна фаъолон ба даруни масъулкоргарон хеле камёбанд» («Овози тоҷик», №55, 15 сентябри с. 1925).
«Аз қитъаи Конибодом, аз муштариёни ҷаридаи «Овози тоҷик» ба воситаи рафиқ Комилзода 50 манот гирифта будам. Дар ин рӯзҳо ба идора 61 маноту 50 тин ба ҷарида муштарӣ кунонида, пул фиристоданд. Боз ҳам ваъда медиҳанд, ки аз Конибодом бештар муштарӣ пайдо кунанд. Ба ин хидмати тараққипарваронаи рафиқамон Комилзода изҳори ташаккур мекунам» («Овози тоҷик», №63, 15 октябри с. 1925).
“Овози тоҷик” шароит фароҳам овард, ки тоҷикон барои ҳимояи манфиатҳои миллии худ садо баланд бикунанд. Дар он миён, дар самои адаби тоҷик тобноктарин ситора устоди бузургвор Садриддин Айнӣ буд. Чун бо корбурд аз тафаккур ва тадаббур ба навиштаҳои устод назар мекунем, мебинем, ки ҳар навиштаи ишон муҳиму бамавқеъ ва дархӯри ниёзҳои миллату ояндасозанд. Аз масоиле пайгирӣ мекунад, ки то ӯ касе ба онҳо дахл накарда, ва услуби баёнаш низ аз дигар қаламбадастони вақт тафовут дорад. Он орӣ аз муғлақбаёнӣ, дар аксар маврид дур аз корбурди калимоти бегона буда, ҳамафаҳм аст. Ҳамзамон бо таваҷҷуҳ ба масоили муҳими сарнавиштсоз роҳҳои ҳал ва рафъи онҳоро низ ироа медорад. Гоҳе аз вазифаҳои рӯзнома ҳарф мезанаду гоҳе аз қобилияти ташкилотчигии тоҷикон, гоҳе роҷеъ ба омӯзонидани ҳаммилатонаш таваҷҷӯҳ мекунаду гоҳе ба зиндагии пурмашаққати мардуми кӯҳистон, гоҳ аз вазъи табъу нашр мегӯяду гоҳе аз ташаккули забон, гоҳе барои бастани даҳони бефароз вошудаи инкоркунандагони ҳастии миллати тоҷик дар навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳаммиллатонаш муроҷиат ба миён меораду гоҳе ба ёваҳои Бектош посух мегӯяд… Ба болои ҳамаи ин устод дар ин айём боз ба офаридани нахустповести даврони шуравии адабиёти тоҷик – «Саргузашти як тоҷики камбағал» («Одина») сахт банд аст.
Мавсуф аз нахустинҳост, ки тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» зери унвони «Дар бораи мактабу маорифи тоҷик» роҷеъ ба омодасозии муаллимони тоҷик, кушодани мактабҳои тоҷикӣ ва дурнамои нашри китобҳои тоҷикӣ садо баланд мекунад: «…Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактабу маорифашон аст. Шак нест ки ба роҳ андохтани мактабу маорифи тоҷик аз лозимтарин корҳост, аммо ба чи ранг пеш бурдани мактабу маорифи тоҷик ҷойи музокираву мубоҳиса аст» (Садриддин Айнӣ. “Дар бораи мактабу маъорифи тоҷик”.– «Овози тоҷик», №2 аз 4 сентябри с.1924).
Устод дар давоми навиштааш мегӯяд, ки тибқи як «хабари пухта (ибораи зебои устод)¬, ки имрӯз дар рӯзномаи тоҷикӣ чоп мешавад», Ҳукумати марказии Туркистон барои тайёр кардани муаллим аз ҳисоби тоҷикон дар Тошканд мактаб мекушояд. Устод инро хуш қабул карда бошад ҳам, намехоҳад вақт (5 сол) ба беҳуда паси сар шавад ва барои роҳандозии ҳарчи зудтари ҷалби тоҷикон ба мактабу маориф пешниҳод менамояд: «Ба фикри ман мерасад, ки ҳеч фурсат нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як қурс кушода шавад. Дар ин қурс аз Фалғар, Мостчоҳ ва соири кӯҳистону деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, 40 ё ки 50 нафарро ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шавад… Агар то моҳи уктобир ҳозирӣ дида ба шартҳое, ки дар боло навишта шуд, барои тоҷикон қурси тарбияву таълим кушода шавад, умед аст, ки дар моҳҳои ёнвор ё фиврол дар кӯҳистони тоҷик чанд мактаб ба усули нав боз гардад.
Ҳамин ки намунаи мактаби нав ба кӯҳистон қадам гузошт, хотирҷамъ бошед, ки зеҳни софу қобилияти фитрии аҳли кӯҳистон ба майдон баромада корномаҳо хоҳад нишон дод».
Ҳамин масъала дар шеъри устод, ки бахшида ба таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳамон шумора чоп шудааст, бо дарду алам баён мешавад:
Фақат бемактабӣ дар асри ҳозир
Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик.
Дар робита ба тозагии забон мегӯяд: «…Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикии маъмул аст, ки ин забон бо ӯзбакӣ махлут буда, ба таъбири «буқаламун» сазовор аст. Чунончи мегӯянд: «аробаро қӯшӣ карда биёр», «буғулӣ карда монд», «Биқилӣ карда рафт…». Албатта, ин забонро ҳеч тоҷик қабул нахоҳад кард. Забони шаҳри Уротеппаву Хуҷанд агарчи аз забони тоҷикии шаҳри Самарқанд қадре софтар аст, маъазолик аз таъсири узбекӣ ва ихтилоти луғату одатҳои ӯзбакӣ холӣ нест. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони Кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони Кӯҳистони тоҷик, форсии сода, аз такаллуфоти иронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида хилт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба забони форсиёни шаҳрӣ қадре ғализӣ дорад. Маъазолик софу мувофиқи қоъида аст. Ингуна забон, аз Фалғар – Мастчоҳ гирифта то Қоротегину Дарвоз маъмулу ҳамафаҳм аст…» (Садриддин Айнӣ. “Дар бораи китобҳои мактаби тоҷикон”. – Овози тоҷик, саҳ. 1. № 3. 12 сентобири 1924 мелодӣ, ҷумъа, 12 сафари 1343 ҳиҷрӣ)
Роҷеъ ба забони китобҳои таълимӣ ва дурнамои табъу нашри китобҳои тоҷикӣ устод назари хос дорад: «…Аз аввали (соли) ҷоришуда мактаби усули тоза дар Туркистон аз Самарқанду Бухоро ду-се ҷузъ китоби форсӣ чоп шуд. Лекин ин китобҳо, ба замми ин, ки ба усули таълимӣ он қадар мувофиқ нестанд, аз ҷиҳати забон ҳам хеле нуқсон доранд. Илова бар ин, китобҳои мазкур ба муносибате, ки дар даври истибдод навишта шудаанд, албатта ба зиндагониву усули идораи ҳозира он қадр мувофиқ нестанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки китобҳои тоҷиконро аз алифбо гирифта то китоби савод, ҳисоб, торих ва ҷуғрофия ва маълумоти мадания ва сиёсия аз сари нав таълифу тартиб намоем. Дуруст, дар китобҳои то ҳол чопшудаи тоҷикӣ хеле порчаҳои муносиби мактаб ёфт мешавад. Дар китобҳое, ки баъд аз ин навишта мешавад, аз он порчаҳо истифода кардан мумкин аст. Ба ҳар ҳол китобҳои мактабии тоҷиконро аз сари нав тартиб карда, чоп кардан лозим аст.
Нахустин Алифбо ва китоби Саводро тайёр карда, аз паси он кадом китоб, ки бештар даркор аст, пештар ҳозир кардан зарур аст.
Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан ба китобҳозиркунӣ шуруъ карда, то моҳҳои декобр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна дар Кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем». (Ҳамон манбаъ).
Устод бо баёни масоили муҳим барои таъкид кардани тоҷик будани мардуми кӯҳистон ва ба ин васила расму урфу одати хоси онҳоро бозгӯ сохтану нуфузи тоҷикро дар минтақа ёдрас намудан, аз забони саройбонони фалғарӣ вазъи зиндагӣ ва одоти ин мардумро тавзеҳ медиҳад. Бояд гуфт, ки бо ин навишта устод ба истифодаи жанри мусоҳиба дар журналистикаи тоҷик хишти аввалро мегузорад: «Аҳолии Фалғар, Мастчоҳ, Қаротегин ва Дарвоз умуман фақир буда, заминашон сахти кӯҳистон аст, ки ба эҳтиёҷи аҳолӣ ба кор намеояд… Аммо дар Мостчоҳ, Қоротегин ва Дарвоз ҷоҳое ҳаст, ки гандуми онҷо ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч сол маишати корандаи онро кифоя намекунад. Ҷоҳойе ҳаст, ки фақат даҳ қадоқ тухм корида, барои муҳофизаи он ба тадбирҳои дастӣ ва сохта муҳтоҷ мешаванд…
Аҳолии Кӯҳистон умуман соҳиби заковату зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд, шоъирҳои хуб ҳам аз кӯҳистон мерасад. Шоъирҳои он ҷо мисли шоъирҳои шаҳр, қоъидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғолбери танқид нагузаштаст, маъазолик шоъиранду истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд. (Садриддин Айнӣ. «Аҳволи иқтисодию иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон».– Овози тоҷик, № 5 аз 5 уктобири 1924)…
Устод ҳанӯз қабл аз таъсиси вилояти мухтори тоҷикон, нарасидани кадрҳои маҳаллиро дарк карда буд. Бинобар ин, қабл аз ҳама масъалаи омодасозии кадрҳои тоҷикро маҳз ӯ ба миён мегузорад. Устод боварӣ дошт, ки тоҷик якбора набошад ҳам, тадриҷан ба орзуи миллии худ – таъсиси ҷумҳурии мустақил мерасад. Ӯ барои тоҷикаш ғам мехӯрад, ҷон мекоҳад, то дар мақоми роҳбарии вилояти мухтори тоҷик ва дигар сохторҳои он маҳз худи тоҷикон бошанд. Саъй мекунад дигаронро мутақоид кунаду нишон диҳад, ки тоҷикон бо тафовут аз дигар ақвом соҳибфарҳангу боҳунартар ҳастанд. Бебокона тоҷикони кӯҳистонро бартар аз дигар ақвоми Туркистон нишон медиҳад: «Қобилияти ташкилоти Шуроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз соири қавмҳои Туркистон бештар аст…
… коркуноне ки аз ранҷбарон мерасанд, дар кӯҳистон роҳбар шуда бираванд, умед аст ки Вилояти Мухтори тоҷикро мувофиқи дастурамали Ҳукумати Шуроӣ ба хубӣ идора менамоянд.
Дар ин хусус тадбироти зайл ба хотир мерасад:
1. Тоҷиконе, ки ҳозир дар Самарқанду Фарғона ранҷбарӣ мекунанд ва ба ягон иттифоқ дохиланд, ба зудӣ хату савод хононда шаванд.
2. Тоҷиконе, ки дар қитъаҳои мазкура ранҷбарӣ мекунанд ва ҳанӯз расман ба ягон иттифоқ дохил нестанд, ба ташвиқоти ҷиддӣ ба иттифоқ дохил карда, ба зудии зуд дар баровардани хату савод (ашон) кӯшиш карда шавад.
3. Аз ин иттифоқҳо ҷавононе ки дар қурсҳои хату савод қобилияти фавқулъодаи худро нишон медиҳанд, зиёдтар дар тарбияти эшон кӯшиш карда, ба қурсҳои махсус дохил карда, тарбияти сиёсӣ ва тарбияти идоракунии эшонро ба камол расонида шавад.
Ба ҳамин тадбирот мумкин аст ки то барпо шудани Вилояти мухтори тоҷик як миқдор коркунони Шуроии дараҷаи дувум аз худи ранҷбарони тоҷик ба ҳам расад. Агар ин дастаи тарбиятшударо бо роҳбарии одамони таҷрибадида ба ҳар тарафи Вилояти мухтори тоҷик тақсим карда шавад, умед аст, ки Вилояти мухтори тоҷик бекоркун намемонад…». (Садриддин Айнӣ. «Қобилияти ташкилотии тоҷикон». – «Овози тоҷик», №7 аз 13 октябри с. 1924).
Хулоса, рӯзномаи «Овози тоҷик» барои мардуми мо дар ибтидои қарни ХХ ҳамчун минбари баланди баёни фикру андеша, василаи бедории миллию худшиносӣ, воситаи мубориза бо бадхоҳон, собиткунандаи мавҷудияти миллати тоҷик, ташаккулдиҳандаи забони адабӣ, таҳрикдиҳандаи эҳсоси ифтихор, мудофеи манфиатҳои миллӣ, тарғибгари осори адибон ва умуман шинохти тоҷикон хидмати басо гаронмояро анҷом дод. Кормандони вақти рӯзнома Абдулқайюм Қурбӣ, Сайидризо Ализода, Ғуломалӣ Козимзода, Мирҳайдар Шабистарӣ, Самиъҷон Муҳаммадзода ва ҳамкорони доимии нашрия устодон Садриддин Айнӣ, Аблуқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Асаддулоҳи Кошонӣ, Ҳомид Бақозода, Нисор Муҳаммад, Турақул Зеҳнӣ ва даҳҳо нафари дигар на танҳо ба он муваффақ гардиданд, ки чопи рӯзнома идома ёбад, балки сарфи назар аз камбуди молию монеаҳои зиёд барояшон муяссар гардид, ки нашрияҳои дигаре чун «Ширинкор»-у «Мулло Мушфиқӣ»-ро рӯйи чоп оранд. Эшон ба ин васила тавонистанд дар айёми барои миллати тоҷик басо душвору тақдирсоз арзишмандтарин хидматро анҷом диҳанд. Ёдашон ба хайру гиромӣ ва руҳашон шод бод!