Публитсистика – баёнгари руҳи замон

Нашрияи “Адабиёт ва санъат” ҳамчун минбари баланди эҷодкорон дар ташаккулу таҳаввули публитси­стика аз оғоз то имрӯз нақши густур­да дорад. Дар тамоми давраҳову марҳалаҳои инкишофи худ нашрия бо назардошти талаботи замон ва тақозои мавзуъ талош кардааст, ки дар нишон додани набзи ҳаёти иҷтимоӣ саҳм гузорад. Ин нашрия публитсистикаи хоси худро дорад, ки дар баъзе мавридҳо бо адабиёт соҳибмарз ва дар ҳолатҳои дигар умумиятеро низ соҳиб аст. Муноси­бати публитсистии нашрия ба масо­или иҷтимоӣ, ё ташхиси набзи замон аз ҷабҳаҳои мухталиф ҷараён пайдо менамояд, ки дар ин самт мавзуъ, жанр ва маҳорат ба сифати се ун­сури шартиву муҳим дар пешрафти публитсистикаи он созгор омадааст. Дар самтҳои эҷоди публитсистии нашрия унсурҳои мазкур яке муҳим­му дигаре баръакс нестанд ва ин се паҳлуи ҳам қарор гирифта, занҷираи маълуме дар миёни онҳо вуҷуд до­рад. Дар ҳақиқат пайдоиш ва рушду ташаккули матбуот дар шаклгириву таҳаввули жанрҳои публитсистӣ-ба­деӣ мусоидат карда, равия ва самти алоҳидаро бо номи публитсистикаи матбуотӣ ба вуҷуд овардааст, ки аз публитсистикаи китобӣ фарқи­ятҳои зиёд дорад. Публитсистикаи матбуотӣ бо сареъбаёнӣ, ифодаи муъҷаз, ҳамқадам будан бо замона, ҳукму хулосаҳои мушаххас, ташхиси натиҷадор, оҷилият, мавқеи фаъоли “ман”-и муаллиф ва амсоли ин дар мафкурасозиву дар роҳи таъсир ба мафкура нақш дорад, ки ин ҷиҳатҳо дар маводи саҳифаҳои “Адабиёт ва санъат” бараъло зоҳиранд.

Тавре зикр гардид, матолиби хо­саи публитсистӣ дар саҳифаҳои на­шрия фарогири самтҳои гуногунанд. Ҳам аз нигоҳи қолабҳои жанрӣ, ҳам аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва ҳам сабку услуби ин матолиб дар маҷмуъ мавқеи иҷтимоии нашрияро маълум менамоянд. Имрӯз дар саҳифаҳои он публитсистикаи иттилоотиву ахборӣ, ташреҳиву таҳлилӣ ва адабиву ба­деӣ марзҳои васеъро дарбар меги­ранд. Дар ин радиф назми иҷтимоии нашрияро низ метавон ном бурд, ки бешак, ҷузъи маълуми онро публи­тсистика ташкил медиҳад. Дар ин таҳқиқи кӯтоҳ дар асоси матолиби дар давоми соли 2023 нашргардида кӯшиш кардем, ки ба таври интихобӣ бештар ба публитсистикаи бадеии он таваҷҷуҳ намоем. Ин андешаҳо аз қисматҳои муқаддима, лавҳа, очерк, эссе, қолабҳои жанрӣ дар саҳифаи “Мушфиқӣ” ва хулоса иборат гар­дидааст.

Дар қиёс бо аксар нашрияҳои кишвар матолиби ҳафтаномаи “Ада­биёт ва санъат” дар офариниши воқеияти замон ва образи публи­тсистӣ аз ҳама лиҳоз — теъдоду сифат, сабку услуб, забони баён, руҳияи бадеӣ, халқияти калом, та­блиғу ташвиқ, хулосаву ҳукм, пар­дозҳои бадеӣ, вусъати муколамаҳо, ҷолибияту мафтунсозӣ, марғуби­яту мавзуният, даъвату шиор ва ғайра бартариҳо дорад. Масалан, офариниши симо ё портретсозии публитсистӣ барои нашрияи мазкур анъанаи дерин аст ва дар ин самт нақши адибони соҳибқаламу бо­таҷриба дар ҳама давраҳо назаррасу омӯзанда низ ҳаст. Манзур корбасти лавҳаву очерку эссеҳоест, ки дар онҳо симои мусбат бештар пайгирӣ карда мешавад. Муаллифон миёни воқеияту тахайюл роҳ паймуда, доим талош мекунанд, ки инъикоскунан­даи симоҳои кору пайкор бошанд. Ҷанбаи воқеият ва тахайюлии пор­трети асар дар адабиёт масъалаи домангустурда ба шумор меравад. Бархӯрди ҳақиқат ва тахайюл дар публитсистикаи матбуотӣ низ портретҳои хурди хотирмонро ба вуҷуд оварда метавонад, ки намунаи қоби­ли таваҷҷуҳро дар ин нашрия дидан мумкин аст.

ЛАВҲА. Лавҳаҳо дар саҳифаҳои ҳафтанома мутобиқати замонӣ доранд ва бо назардошти гуногунмавзуӣ истифода гардидаанд. Ин гуногунрангии мавзуӣ чеҳраҳои на­мунаро низ муаррифӣ карда тавони­стаанд. Навиштаи Толибҷон Бобоев таҳти унвони “Маҳбуби шогирдон” (12.01.2023), бо махсусиятҳои нақли тасвирӣ, шарҳ, тафсил, ҳукму баҳо­гузориҳо ва саҳнаҳои умумӣ жанри лавҳа аст, ки симои аҳли ҳунарро баррасӣ карда тавонистааст. Ҳар­чанд дар он махсусияти шарҳиҳолӣ боло рафта бошад ҳам, аммо чеҳраи Тамара Махсумовна дар умум заҳ­матқарину намунаи ибрат нишон дода мешавад. Як анъана он аст, ки ин гуна лавҳаҳову очеркҳои тарҷума­иҳолӣ дар арафаи ҷашну солгардҳо бештар ба табъ мерасанд.

Таҳияи чанд лавҳаи Амонбой Ҷуманов дар тарҷумаи А. Ҳамдам ва Ф. Нозим (“Меҳри модар”, “Суру­ди дилбар”, “Сабақ” ва “Маслиҳат” (05.01.2023) бо интихоби мавзуъ ҷолиб мебошанд ва руҳияи иҷти­моӣ доранд. Тарҷумаи ҷолиб низ ҳунар ба шумор рафта, ҳунари аз он муҳимтар дарёфту интихоби мавзуъ мебошад ва инро нашрия хуб дарк сохтааст. Муҳимтарин ҷолибияти дигари ин лавҳаҳо ҳаҷми кӯтоҳ ва муъҷазбаёнист. Усули мушоҳидаи воқеӣ аз зиндагӣ мазмуни лавҳаҳоро таъсирбахш кардаанд. Дар лавҳаҳои “Меҳри модар”, “Суруди дилбар” ва “Сабақ” маҳорати саҳнасозии хуб ба кор рафтааст. Оҳанги фалсафию бадеӣ бо ҳам хуб омезиш ёфта, мазмуни умумӣ андешазо мегардад. Махсусан, дар лавҳаи “Суруди дил­бар” талоши муаллиф бар он аст, ки одамон аз пайи суроғи меҳру муҳаб­бат мераванд. Саҳна дар “Меҳри модар” он ҷузъиёти ширини зинда­гист, ки ҳамарӯза мебинем ва онро муаллиф бо нигоҳи хосе дарёфтаву ба риштаи тасвир кашидааст. Лавҳаи “Маслиҳат” бо мазмуни таҳтонӣ аз баъзе мушкилоту тирагиҳои зиндагӣ ҳикоят менамояд. Дар он ҷуръати муаллиф баландтар ба назар мера­сад ва муаммои рӯзро аз равзанаи бадеият то ҳадде бо оҳанги луқма баррасӣ кардааст.

Зери рубрикаи “Ҳунарҳои мар­думӣ” лавҳаи Шаҳёд бо номи “Зе­бошиносу зебоиофар” (02.02.2024) ба нашр расидааст, ки дар он симои ҳунарманд Маҳмуд Бобоев ҷилои хуб ёфтааст. Корбасти чанд саҳна ва пеш овардани муколамаҳои кӯтоҳ дар бораи қаҳрамон таассуроти нек бахшида метавонанд. Низоми анде­шаҳо ва пайванди мантиқӣ ҷараёни хуб дошта, оҳанги тарғибӣ қатъи назар нагаштааст. Маҳмуд Бобоев муҷассамофар мебошад ва маҳсу­ли дастони пурҳунари ӯ дар чандин шаҳру ноҳияҳо дар худшиносии миллӣ мусоидат кардаанд. Андешаи муаллиф хеле нишонрас аст, ки ме­гӯяд: “олами табиату таърихро дар муҷассамаҳо инъикос мекунад”. Оғоз гардидани он аз саҳнаи бадеиятдо­шта анъанаи лавҳанависии солҳои ҳаштодумро ба ёд меорад, ки хеле марғуб буданд.

Лавҳаи Ҷ. Ҳабибулло таҳти унвони “Капитани мустаъфӣ” (23.02.2023) тазоди аҷиб дорад. Пайванд додани соҳаи низомӣ бо касбу ҳунар мавзуи хеле ҷолиб ба назар мерасад. Са­доқату муҳаббат ба ҳунар ва талоши мақом ёфтан дар ҷомеа мармузона баён мегардад. Саҳнаҳову мукола­маҳо дар ифодаи симои Ҳакимхоҷа ва Шафиқ созгор омадаанд. Онҳо муҳаббати хосе ба зиндагӣ ва муно­сибати созандае ба муҳити фарогир доранд. Тафсирҳову ташреҳҳои публитсистӣ ҳадафу маромро рав­шантар менамоянд ва ҳукму хуло­саҳо дар он хосияти тарғибӣ пайдо кардаанд.

ОЧЕРК. Одатан очеркҳо дар саҳифаи “Публитсистика”-и нашрия ба табъ мерасанд. Очерки “Бунёдгузори Роғун”, ки ба қалами Раҷабалӣ Аҳмад тааллуқ дорад, бо масъала­гузориҳо хосияти таърихсозӣ дорад. Дар навишта санаду воқеият ғолиб бошад ҳам, муаллиф дар ҳошияи онҳо ифодаҳои бадеиро хеле хуб истифода бурдааст. Ифодаҳову ибораҳои “Фарҳоди кӯҳкан”, “синаи кӯҳи хоро”, “дарёи шӯху саркаш”, “нур ва ормонҳои миллӣ”, “санги маҳаки номуси миллӣ” ва амсоли ин тасвирҳову бозёфтҳои муаллифанд, ки дар партави онҳо ҳадаф қарор гирифтааст. Эътимод ва масъулияти муаллиф дар доираи ремаркаҳо ва тавзеҳоти факту аснод (ба сифати ҷузъи муҳимми иттилоот) ҳамчун рукни аслии ин навъи очеркҳо масъ­аларо равшан намудааст. Ҳузури муаллиф ва мушоҳидаҳои бевосита ҷанбаи воқеияти очеркро зиёдтар намуда, таҳқиқи мавзуъ имкони про­блемагузориву ҳаллу фасли онро ба вуҷуд овардааст.

Матлабе таҳти унвони “Духтари Хосият”, ки муаллифи он Бузурмеҳри Тоҷиддин аст (12.01, 2023), аз рӯи сифату махсусиятҳо очерки портретӣ мебошад. Оғози сарлавҳа мазмуни таҳтониву мантиқӣ дошта, ба муҳта­вову мазмун пайванд аст ва бо ин васила муаллиф ба қаҳрамони худ назари самимие зоҳир менамояд. Орзугулро парвардаву пайрави мак­таби Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев ва Хосият Ортиқова дони­ста, мақому манзалати қаҳрамонро мушаххасу баланд нишон дода тавонистааст. Орзугулро ҳунёгаре медонад, ки ғазалсарост ва ӯро дар маҳфилҳо маҳз бо ин сифати камна­зир шинохтаанд. Нақли тасвирӣ дар он бештар ба назар расида, истифо­даи баъзе муколамаҳо қолаби якна­вохти баёни андешаро мешиканад. Дар ин навишта ташбеҳу тавсифҳо кам ба назар расанд ҳам, бо усули пешниҳоди сода пеш овардани фак­ту аснод саҳифаҳои зиндагиномаву фаъолияти Орзугулро варақгардон карда тавонистааст.

“Теғи Сино гирифт”-и Шералӣ Мусо (“АС”, 03.08.2023) очерки ко­мили портретӣ мебошад. Гуфтан меарзад, ки танҳо бо ҳунару маҳо­рати баланди эҷодӣ метавон ба суроғи симои мақбулу намуна рафт. Масъалаи офаридани портрети публитсистикаи матбуотӣ солҳои тулонист, ки чун як муаммову вазифаи печида боқӣ мемонад. Аз як ҷониб баъзеҳо чунин портретсозиро “васфия” номанд, аз паҳлуи дигар онро танҳо аккосии хушки тарҷумаи ҳолу симои қаҳрамон мепиндоранд. Мункир наметавон гардид, ки баъзан зӯри беҳуда ҳам сарф мешавад, ки чунин симоҳо дар асоси таҷри­баву маҳорати маҳдуд шакл пайдо кунанд. Аммо дар очерки мазкур симои табиби ҳозиқ Саидбилол дар як қолаб тарҳрезӣ нагардидааст. Дар он “ташаккули характери фард” ба назар мерасад ва муаллиф дар асоси саҳнаҳои рӯзгор бо истифо­даи сухани мухайяли созгор симои қаҳрамонро дар тасаввури хонанда меғунҷонад. Саҳнаҳо, санадҳо ва факту рақамҳо бо ҳам хуб омезиш ёфтаанд, низоми хронологӣ ҷараёни хуб пайдо кардааст, образи мувофиқу комил арзиши мавзуъро муайян сохтааст ва ҷузъиёти бадеии он ҳусни таваҷҷуҳи хонандаро бедор мекунад.

Навиштаи Ф. Исмоилов бо номи “Нуктасанҷи олами атфол” (28.09.2023) низ очерки портретӣ мебошад. Хосияти таҳқиқӣ дар он боло рафта бошад ҳам, аммо хулоса кардан мумкин аст, ки ҳадафи асосӣ баррасии симо аст. Албатта, бо қиё­си имрӯзаи шинохти очерки портретӣ ҳанӯз дар чунин навиштаҳо уфуқҳои эъмори симо комилан фарогир не­станд. Масалан, унвони сарлавҳа эҷодкорона нест ва маълумотнома­шаклу ҳисоботдиҳандаву пажуҳишӣ ба назар мерасад. Ин андешаҳо ба он ваҷҳ аст, ки ин мавод дар саҳифаи “Портрети эҷодӣ” ба нашр расида­аст. Муносибат намудан аз равзанаи бадеияти нақл имкон медиҳад, ки дар чунин нигоштаҳо симоҳои наму­на ҷилваи бештар пайдо намоянд.

Очерки “Равшании офтоб”-и Ка­роматуллоҳи Мирзо (05.10.2023) бо­шад, аз чандин паҳлуҳо бо ҷузъиёти нав диққати хонандаро ҷалб ме­намояд. Қаҳрамони он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Муаллиф дар домани до­нишу ҷаҳонбиниҳои баланд атрофу акнофро назораву мушоҳида карда тавонистааст. Публитсист пеш аз ҳама ҷомеашиносу ташхисгар аст ва ин рисолатро муаллиф дар матлаб иҷро карда метавонад. Муваффақи­яти ин адиби пуркор аст, ки дараҷаи корбасти воқеиятро боло мебарад ва ин боис мешавад, ки нақли воқеаи рӯз хонандаро мутаваҷҷеҳ намояд. Ҳузури фаъоли муаллиф ва ба сифа­ти яке аз қаҳрамонон амал кардани ӯ ҷанбаи воқеияти очеркро тақвият бахшида, имкони аз равзанаи дигар муаррифӣ кардани симои Роҳбари давлат ба ӯ даст додааст. Ба таври мисол, пеш овардани ин муколама қабл аз ҳама самимияти Роҳбари давлатро бозгӯ намудааст:

“– Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бандаро қабул намуданд.

– Акаи Кароматулло, чӣ аҳвол доред? – гуфтанд дар лабонашон табассум.

Гуфтам, ки дар нашриёт корҳо хубанд.

— Дар ин ҷо ҳам хуб мешавад”, овозашонро шунидам.” (05.10.2023)

Ҳарчанд дар очерки мазкур муҳта­вою мазмун зиёд ҷолиб ба назар расад ҳам, маҳорати адиб аст, ки аз корбасти ремаркаҳои қолабӣ даст мекашад. Яъне муътақидсозӣ, ё ва­зифаи тарғибу таҳлилро тасвирҳои ҷолиб ба иҷро расонидаанд. Оҳанги таблиғу ташвиқ дар бобати бунёд­кориҳову созандагиҳо низ обшуста нестанд ва муаллиф масъалаҳои мубрамро аз майдони заҳмату са­доқат ҷустуҷӯ дорад.

ЭССЕ. Дар саҳифаи “Аз дафтари ҳунарпеша” се нигоштаи Ортиқи Қодир – “Ту гӯӣ мебаромад офтоб аз шонаи Боқӣ”, “Пайкараи ҳикма­ту маърифат” ва “Ҳастии бузургон чист?” ба нашр расидааст, ки бо самти фарогирӣ ва оҳанги ифо­даву тасвир эссе мебошанд. Эссе жанрест, ки дар он муаллиф дар доираи ҷаҳонбиниҳову таҷрибаҳо худро куллан озод дидан мехоҳад. Убур кардани ҳама сарҳадҳои жанрӣ ва истифода аз имконоту хосияти жанрҳои гуногун (ҳамчун сифатҳои жанри эссе), қабл аз ҳама, далели маҳорати эҷодкор мебошад. Дар се навиштаи боло симои се нафар шахсиятҳои шинохтаи эҷодӣ – Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода ва Муҳаммад Осимӣ хеле хуб таҷассум ёфтаанд. Муаллиф дар шинохту баҳогузориву арзишдиҳӣ муноси­бату яксону якнавохт надорад. Аз саҳнаҳову хотироти зиндагӣ мисол оварда, самимияти ин шахсиятҳо­ро воқеъбинона ба риштаи тасвир овардааст. Пеш овардани ҷузъиёти нав дар шинохти ин шахсиятҳо бо пешниҳоди содаву муъҷаз хосияти мондагории навиштаро ҳам таъмин карда метавонад.

Матлаби Б. Мақсудов таҳти унвони “Муаллима” (19.01.2023) дарвоқеъ эссе мебошад. Эссе ба зоҳир содаву одӣ намояд ҳам, аммо офаридани он аз муаллиф диди наву баёни тозаро тақозо менамояд. Муаллиф ба масъала аз равзанаи таълиму таҳқиқ нигариста бошад ҳам, боти­ну зоҳири навишта эҷодкоронаву сода мебошад. Б. Мақсудов ҳамчун ҳамкасби воқифу ихтисосманд бо корбасти ифодаву ибораҳои таъсир­бахш ба ҳадаф расидааст. Умумигӯӣ надорад. Ифодаҳои “ҳар эҷоди ӯ тозагӣ дошт”, “муаллима нест, аммо хотираи ӯ бисёр аст”, “ҳастии худро дар таълим медонист”, “озу тамаъ барояш бегона буд” ва амсоли ин дар шинохти М. Қосимова созгор омада­анд. Дар ин эссе хосияти фалсафӣ бештар падидор аст ва ҷанбаи каш­фи мафҳуми инсон бештар пайгирӣ мегардад.

Офариниши чеҳра дар эссеҳои нашрия ҷараёни хосу назаррас аст. Эссеи Холназар Муҳаббатов бо номи “Ёде аз бародарам Меҳ­мон” (26.01, 2023) аз чанд ҷиҳат хотирмону таъсирбахш мебошад. Нахустин хосияти навишта нақли равону суфтаи тасвирист, ки дар он эҳсос ғолиб омадааст. Воқеият дар доманаи бадеияти ҷолибу маҳдуд хеле хуб матраҳ гардида, мавқеи иҷтимоии муаллиф мушаххас мебо­шад. Руҷуъҳои бидуни сарлавҳа дар доираи сарсатрҳои кӯтоҳ шумораи хонандагони навиштаро бисёр гардо­нида метавонад. Зеро дар ҳар яки он як фикру андешаи нисбатан нав ба назар расида, ба авзои равонӣ биду­ни таъсир нестанд. Муқаддимаи эссе хосияти баланди тарбиявӣ дорад ва ҳикмати зиндагиро ифода менамояд. Ҷиҳати назарраси навишта он аст, ки хислату хӯ ва рафтору гуфтору кирдори Меҳмон Бахтӣ хеле табииву самимӣ ба риштаи тасвир гирифта шудааст ва ҳамзамон дар он “ман”- и муаллифӣ гӯшхарош намебошад.

Дар бораи Меҳмон Бахтӣ эссеи дигар бо номи “Ҷои ӯ дар дида буд” (30.03.2023) ба қалами Диловари Мирзо тааллуқ дорад. Ҳузури “ман”-и муаллифӣ низ дар ин навишта ғолиб аст ва талоши бо ин “ман”нишон додани чеҳраи дигар эҳсос мегар­дад. Муаллиф дар домани ёддошту хотираҳо саҳнаҳои зиндагиро дар пояи муколамаҳо нишонрас пеш­ниҳод менамояд. Тафовути ин ду навишта дар он аст, ки дар дуюмӣ ҷанбаи гуманизм бештар мебошад ва бештар портрети психологӣ шакл пайдо менамояд. Дар он нисбати ҳаёти иҷтимоии давру замон чӣ гуна мавқеъ доштани шоир дар асоси ҷузъиёти воқеиятдошта баён гарди­да, ба шебу фарози ҳаёти ҷамъиятии алоҳида чи гуна муносибат доштани адиб маълум мегардад. Хосияти дигараш он аст, ки дар навишта дар баробари тасвири чеҳраи мушаххас мавзуъоти дигар рӯз – тарбияи шогирдон, эҳсоси ватандӯстӣ, ма­заммати ихтилофу парокандагииҳо баррасӣ гардидаанд.

“Вопасин дидор”-и Саидаҳма­ди Зардон (16.03.2023) ҳам бо фарогирии мавзуъ ва офаридани симо хотирмону ҷолиб мебошад. Муаллиф қаҳрамони шоиста пайдо карда тавонистааст. Одина Ҳошим ҳунарманди нотакроре буд, ки бо истеъдоди фавқулода ҳамчун си­тораи рахшон дар олами фарҳангу санъати форсизабонон эътироф мегардид. Муваффақтарин эҷодкор онест, ки бузургии қаҳрамонро на­мегӯяду талқин намекунад, балки ин бузургиро ҳунармандона дар такя бо саҳнаҳо бозгӯ месозад. С. Зардон тавонистааст дар саҳнаҳои рӯзгору доираи нақлҳои тасвирӣ бузургии Одина Ҳошимро ҷаззоб баррасӣ на­мояд. Муаллиф эҷодкори нозукбину нозукбаён аст ва он чизеро дар ши­нохти қаҳрамонаш дида тавониста­аст, ки дигарон онро кам дидаанд. “Он замон сухани ҳунарманд болои дида буд, вазн дошт ва чун алмос ҳар таноберо мебурид” ишора ба он аст, ки бо як таъкиду луқмаи ин ҳофизи мумтоз дар маркази хоҷагӣ клуби замонавӣ бунёд карда шавад. Ибораву ифодаҳои “касе, ки фарҳанг надорад, номусу нанг надорад”, “бадтарин сулҳу оштӣ, бартар аз ҷангу низост” ва амсоли ин баёнгари набзи зиндагист, ки муаллиф бо ин васила ба даричаи афкори хонанда хеле наздик мегардад.

Эссеҳои “Модари гулпарва­рам” (Г. Маҳмадизода, 16.03.2023), «Худ бисӯхту дигаронро барафрӯхт» (М. Суруш, 19.01, 2023), “Ёде аз рӯзгорон” (Ҳ. Ғоиб, 30.03.2023), “Ҷони одам” (Н. Оташ, “АС”, 30.03.2023), “Айнӣ ва шогирдон” (Ш. Раҳмон, 13.07.2023), “Дар домани лолазори ёр афтод” (Ш. Халил, 13.07.2023), “Донандаи асрори ҳунар” (Б. Хуррамзод, “ 10.08.2023), “Ёди Гулназар” (А. Са­мад, 21.09.2023) ва амсоли ин бо доираи мавзуъҳои ҷолиб ва намо дода тавонистани чеҳраҳои шинохта саҳифаҳои нашрияро хеле хуб оро додаанд.

ҚОЛАБҲОИ ЖАНРӢ ДАР САҲИ­ФАИ “МУШФИҚӢ”  Саҳифаи “Мушфиқӣ”-и нашрия низ бо фа­роҳам овардани матолиби гуногун дар қолаби ҳаҷву танз оҳангҳои иҷтимоиро ифода карда метавонад. Бо оҳанги ҳаҷв ба майдон кашидани муаммову нуқсонҳои рӯзгор анъанаи дерини нашрия мебошад, ки солҳо идома меёбанд ва он хонандаи ху­дро дорад. Ҳаҷви публитсистӣ бо махсусиятҳои кӯтоҳбаёнӣ ва муъҷаз­гуфторӣ ҳамеша диққати хонандаро ҷалб намуда, дар ин самт аз қола­бҳои гуногуни жанрӣ истифода ме­гардад. Матлаби Зариф Ғулом таҳти унвони “Таърихи деҳа” (26.01.2023) аз нигоҳи ҳусну қубҳ ва таъйинот ба жанри фелетон шабоҳат дорад. Онро фелетони беадрес гуфтан ҷоиз аст, ки ба як масъалаи бозгӯи маънавиёт – номгузориҳои беҳадафу бемазмун механдад. Муаллиф чун хосияти маъмули жанрҳои памфле­ту фелетон ба мазмуни як ривояти кӯтоҳ такя карда, ба номи деҳа, ки Сангистон аст, хандаи нисбатан заҳрдор кардааст. Типпӣ шудани объект ва қаҳрамонҳо ҷуръати муаллифро дар он бештар мегардонад. Тафсири воқеаи аз як санги аз дарё берунбаромада, ки бо “шарофати он” сокинон ба фарзандонашон номҳои Сангинҷон, Сангвалӣ, Сангмуҳам­мад, Сангхӯҷа, Сангҳоҷӣ, Сангтош мегузоранд, аз нодории фарҳангӣ дар масъалаи баъзе номгузориҳо ишора менамояд.

Дар гузашта ва имрӯз истифодаи жанри латифа дар саҳифаҳои мат­буот барои нишон додани нуқсонҳои гуногуни ҳаёт як падидаи маъму­лист. Тавассути латифа маромеву ҳадафе баён гашта, ҳақиқати му­шаххасе мавриди ҳаҷву танз қарор дода мешавад. Яъне латифа низ дар суроғи воқеияти зиндагӣ хеле фаъол аст. Латифа бо таъсир ба мафкура “дар байни мардум сайр карда метавонад” ва махсусан, дар шароити рақобати шаклҳои зиёди васоити ахбор ва интихоби васеъ он бо ҳаҷми кӯтоҳу фишурдаи ҷузъиёти рӯзгор хонандаро мутаваҷҷеҳ мена­мояд. Аз ин ҷиҳат латифаҳои хоси публитсистӣ дар саҳифаҳои нашрия кам нестанд. Масалан, “Устои нав”-и С. Баёзӣ (20.07.2023) латифа аст ва бо ҳаҷви начандон тунд зоҳиран ба фелетон ҳам шабоҳат пайдо карда­аст. Дар он ба унсурҳои алоҳидаи манфии ҳаёти иҷтимоӣ хандида мешавад. Мусаллам аст, ки ҷуръат дар фелетонҳои имрӯзаи матбуот коста мебошад ва ин аст, ки бештар фелетонгунаҳои кӯтоҳ дар қолаби жанри латифа истифода мешаванд. Ба ин метавон аз саҳифаи «Мушфиқӣ» латифаҳои “Маъруза” ва “Қудрати пора”-ро (14.09.2023) мисол овард, ки мавзуи рӯзанд ва бо вуҷу­ди надоштани қаҳрамони мушаххас ҳадафи маълумеро пайгирӣ намуда­анд. Дар ин саҳифа зери рубрикаи “Латифаҳои ҳарбӣ” (23.03.2023) мураттаб гардидани чанд латифа ифодакунандаи баъзе ҷузъиёти воқеии зиндагӣ мебошанд. Ба таври мисол, дар латифаҳои “Нома”, “Дар комиссариат”, “Даъватшаванда” ба ҳоли ҷавононе хандида мешавад, ки бо ҳар роҳу восита аз хизмати ҳарбӣ худро канор гирифтан мехоҳанд.

Дар ин саҳифа “Ҳамели танз”, ки муаллифи он А. Муродӣ (30.03.2023) мебошад бештар эпиграммаҳоро фаро гирифтааст ва чунин эпиграм­маҳо дар маҷмуъ дар саҳифаҳои нашрия гоҳ-гоҳе ба назар мерасанд. Эҷоди эпиграмма, ки аз нигоҳи ҳаҷм хурдтарину кӯтоҳтарин жанри публи­тсистика мебошад, чандон саҳл нест. Беҳтарин эпиграммаҳоро онҳое эҷод карда метавонанд, ки латифтабъу зарифтабъ ва бо ҷаҳонбинии васеъу ҳозирҷавобанд. Ба таври намуна дар эпиграммаҳои “Чун шеъри тиллоӣ гуфта натавонист, дар бораи тил­ло шеър навишт”, “Аз хирадманде шунидам, ки шаббода гуворост ва шаб бода нушидам”, “Дар сабқати дурӯғгӯйҳои ҷаҳонӣ намояндаи идо­раи пешгӯии боду ҳаво ба пирӯзӣ расид”, “Ҳафт бародар” ном ҳикояи адибе пас аз таҳрири муҳаррир бо номи “Ду бародар” ба табъ расид”, “Талхгуфтор, ки буд дар бораи аса­лу шакар ҳам сухани ширин гуфта натавонист” (23.03.2023) ва ғайра ба ҳолу аҳволи баъзе эҷодкорони тасодуфӣ хандида мешавад.

Дар қолаби назм офаридани фе­летону памфлет анъанаи дерини адабиёти мост ва он садсолаҳо боз идома дорад. Як хосияти фелетону памфлетҳои назмӣ ба истилоҳ, “бе­адрес” будани онҳост, ки ин як навъ аз масъулияту омилҳои дигар дур га­штани муаллифон аст. Дар саҳифаи мазкур ба табъ расидани чунин назм таври пайваста ҳам ҳаст. Дар феле­тонгунаҳои “Сардор” ва “Тахаллус”-и Гурез Сафар (06.04.2023) ду мавзуъ баррасӣ мегардад. Дар шеъри “Сар­дор” ба ҳоли мансабдори фиребгари ҳарис хандаи заҳрдор карда меша­вад. Дар мисраҳои зерин мавзуъ нисбатан мушаххас бошад ҳам, қаҳрамон дар он умумист:

Гушнае сардор гашту кор мурд,
Нахли дилро шоху баргу бор мурд.

Бахтиёри Қутбиддин,
доктори илми филология,
декани факултети журналисти­каи ДМТ

Дигар хабарҳо