Рӯнамоии «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон»
15 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ маҳфил баргузор гашт. Гардонандаи он муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз дар бораи хидматҳои зиёди устод сухан ронда, аз ҷумла гуфт:
– Садриддин Айнӣ бо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» сад сол пеш исбот намуд, ки тоҷикон миллати қадиманд ва бояд ҷумҳурии мустақили худро дошта бошанд. Дар таърихи адабиёти муосир низ аввалин шеъри навро Айнӣ эҷод кардааст.
Очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»-и устод Садриддин Айнӣ бо ибтикори Маркази тарҷумаи ИНТ ба забони англисӣ тарҷума шуд ва дар Амрико ба нашр расид.
Тавре Ато Мирхоҷа афзуд, аз соли 2015 ин ҷониб Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон осори адибонамонро ба забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, фаронсавӣ, гурҷӣ ва ғайра тарҷума карда истодааст. Нашри ин ду асари устод Айнӣ дар Амрико падидаи нодир мебошад. Аз эҷоди онҳо соли равон 80 сол пур шуд.
Тарҷумаи асарҳо ба забони англисӣ аз ҷониби корманди Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон, профессор Абдусалом Маҳмадназаров анҷом ёфта, дар таҳрири профессори амрикоӣ Ҷонатан Зарман ва бо пешгуфтори академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар нашриёти «Роутлиҷ, Лондон-Ню Йорк» чоп гардидаанд.
Навори суханронии Ҷонатан Зарман дар бораи ин асарҳо нишон дода шуд. Абдусалом Маҳмадназаров оид ба тарҷумаи худ, нашр ва дастраси хонандагон гардидани он дар Амрико сухан кард:
«Тавассути интернет фамидан имкон дорад, ки аллакай 120 китобхонаи ҷаҳон, аз ҷумла китобхонаҳои бузурги донишгоҳҳои Кембриҷ, Сорбон онро харидорӣ кардаанд».
Ин китоб «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон» ном дошта, танҳо тарҷумаи осори Айнӣ набуда, балки рисолаи бузурги илмиро мемонад, ки дар он шарҳу тавзеҳоти илмӣ, зиндагиномаи пурраи муаллиф, шарҳи маконҳои ҷуғрофӣ, вожаву ибораҳои душворфаҳм низ замима гардидаанд.
– Талош кардем, ки хонандаи англисизабон бо мутолиаи ин китоб ҳам устод Айниро хубтар шиносад ва ҳам ду асари муҳиммашро пурра фаро гирад, – баён дошт тарҷумон ва сипас ба саволҳои ҷамъомадагон посух гуфт.