АСРОРӢ ВОҲИД

ВОҲИД АСРОРӢ 7 ноябри соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст.

Соли 1938 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи муаллимини Тошкандро ба итмом расонда, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст.

Солҳои 1942-1944 сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст.

Баъди ҷанг аввал дар Вазорати давлатии назорати ҷумҳурӣ кор карда, сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» таъин шудааст.

Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, вориди аспирантура шудааст.

Соли 1953 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Баъдан устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе будааст.

Соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя карда, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Асарҳояш аз соли 1939 чоп мешаванд.

Китобҳои «Салом, мактаб!» (1951), «Ҳардуяшон нағз» (1962), «Замзамаи ҳаёт» (1964) ашъори дар солҳои гуногун офаридаи ӯро дар бар гирифтаанд.

Осори алоҳидаи В.Маяковский, С.Маршак, А.Гайдар, А.Қаҳҳор, П.Турсун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Муаллифи асарҳои илмии оммавии «Дар бораи эҷодиёти Юсуф Вафо» (1957), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор ва эҷодиёти нависанда» (1968), «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» (қ.1, 1983; қ.2, 1985) мебошад.

Китобҳои дарсии «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (1950), «Забони тоҷикӣ» (1954, 1957) ва «Фолклор» (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ; 1979, 1983, 1985) натиҷаи заҳмати чандинсолаи ӯстанд.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1977), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1953), академики АИ байналмилалии макотиби олӣ (1966), узви Иттифоқи рӯзноманигорон (1977).

Бо чандин ордену медали ҷангӣ ва ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

3 июни соли 1996 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо