СУЛТОНӢ ТОҶИНИСО

 СУЛТОНӢ ТОҶИНИСО

ТОҶИНИСО СУЛТОНӢ 25 январи соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаби миёнаи №53-ро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин шудааст. Донишгоҳро соли 1971 бомуваффақият хатм карда, моҳи июли ҳамон сол ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба сифати мухбири шуъбаи мактабу пионерон ба кор пардохтааст ва аз ҳамон сол дар вазифаҳои мухбиру мудири шуъба, сармуҳаррири нашрияи мазкур фаъолият дошт.

Сафару мушоҳидаҳои тӯлонии журналистӣ, ҳамкории босамари эҷодӣ бо суханворони мумтози соҳа ва дарку таҳқиқи рӯзгори булъаҷаби кӯдакону наврасон авомиле гардидаанд, ки Тоҷинисо ба таълифи қиссаву ҳикояҳои воқеӣ пардозад. Ҳикояи нахустинаш «Афсона давом дорад» соли 1985 интишор ёфта, баъдан «Тағйирот», «Аҷаб савдое», «Ҷонаки ман», «Болоча», «Инсон бузург аст» ва ғ. рӯи коғаз омадаанд. Соли 2000 аввалин китобчааш «Балоча», соли 2001 маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвияш «Лӯлачаи очам» ба табъ расидаанд. Соли 2005 ҳикояҳои барои бачагони синни хурди мактабӣ навиштааш дар китобчаи «Кӯчахандонаки хонагирёнак», баъдан ҳикояҳои барои наврасон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Ҷиҳоз»-у «Ҳабиба» ба дасти чоп расидаанд.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982). Аз соли 1979 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 сентябри соли 2006 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо