БАҲМАНЁР
Аминӣ Баҳманёр Арабзода 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Падару модараш деҳқони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, соли 1972 донишҷӯйи бахши арабии факултаи Ховаршиносӣ гашт.
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез(инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд.
Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.
Аз соли 1983 то соли 1985 дар Либиё ба сифати тарҷумон аз русӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба русӣ адои хизмати ҳарбӣ намуд. Пас аз бозгашт ба Ватан дар рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон”, ки ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, корро идома дод.
Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” машғули кор буд.
Бо вуқӯъи воқеаҳои нохуш ночор ба зогоҳаш баргашт. Он ҷо сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид. Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.
Соли 2003 ба Душанбе баргашт.
Ҳоло ҷонишини сардабири моҳномаи “Садои шарқ” аст.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номҳои “Ишқи сайёд”(1984), “Аспи обӣ”(1988), “Дуди ҳасрат”(1994), “Сармаддеҳ”(2002) ба чоп расиданд. Соли 1991 мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песенӣ идюшего в петлю” дар тарҷумаи Хуршеда Даврондухт нашр гашт. Журнали “Согласие”-и шаҳри Маскав нӯҳ ҳикояи ӯро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров ба табъ расонид.(Соли 1995 № 1).
Нахустин романаш бо номи “Шоҳаншоҳ” аввал дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.
Дар бистҷилдае ки нашриёти “Адиб” китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад интишор ёфт, ки интиҳои сол комиссияи хосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2013” донист, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонид.
Соли 2014 ду китобаш, яке бо номи “Сармаддеҳ”(Китоби дувум) ва “Турфаҳо”(Баргадон, тарҷума ва гирдоварӣ аз Баҳманёр) ба чоп расиданд.
“Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондон ба табъ расид.
Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст.
Баҳманёр 10-уми ноябри соли 2020 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Асарҳои муаллифро метавонед дар зер боргирӣ(скачать) кунед: