Абдулҳамид Самад: Имтиҳони иродаву ҳунари суханварӣ осон нест
Дар бораи романи «Гардиши девбод»-и Нависанда халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз замони нашр то ба имрӯз андешаҳои зиёде гуфта шудаанд ва дар оянда ҳам мавриди муҳокима ва баррасиҳо қарор хоҳад ёфт. Номзади илми филология Хуршеда Ҳошимова бо нависанда роҷеъ ба баъзе масъалаҳои мубрами марбут ба эҷоди ин асар ва вазъи насри муосир суҳбат орост.
Суол: Шумо дар поёни романи «Гардиши девбод» дар хитоб ба хонанда гуфтаед, ки «ба Шумо ваъда медиҳам, ки банда ба ҳамин китоби дувуми романи «Гардиши девбод» ба жанри бузург ва пурвусъати адабиёт – роман видоъ мегӯям». Чаро? Ё омилҳои ҷиддитаре сабаб шуданд?
Посух: Аввалан, барои оростани суҳбат ташаккур мегӯям. Бешак, ин иқдом таваҷҷуҳест ба раванди эҷод ва масъалаҳои наср.
Аслан ҳадафи банда аз ҳушдор ва ё муроҷиат «Ба хонанда» дар охири китоби дуюми романи «Гардиши девбод» то ҷое осон кардани фаҳмиши дӯстдорони калом, пажуҳиши муҳаққиқони имрӯзу оянда, ошноии эшон ба зиракӣ ва масъулиятшиносии қаҳрамонҳои ормоние, ки аз асарҳои хурду бузург, ҳатто мақолаҳои публитсистии пешинаам дар даврони ҳассоси гирудори ҳалли сарнавишти миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол, – миллату давлати мо, ки ба назарам, дар сарҳади пора-пора шудану нестӣ қарор дошт, – чун фарзанду шаҳрванд ба дифои ҳастӣ, шараф ва пойдории давлату миллат бархестанд, буд. Роҳнамоӣ, адои вазифаи фарзандӣ беғараз, бо садоқат. Хостам хонанда пай барад ва донад, ки кадом қаҳрамони армонӣ аз кадом асари хурду бузурги пешини нависанда бо чӣ дороии маънавӣ: худшиносӣ, ҳисси ватану миллатдӯстӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷасорату дурандешии сиёсӣ дар даҳсолаи охири асри бист, дар замоне ки пояи устувори давлати озоди навтаъсисро бояд мегузоштем, вале моҷарову хушунату худсӯзиву худсозӣ нокомиҳои пурфоҷиаву бунёдсӯз, роҳгумиву роҳҷӯӣ ва талошҳо пеш оварданд, чун инсону шаҳрванду фарзанди сарзамин чӣ хел ташаккул ёфта, ҷонпайванди мардум шуда, барои расидан ба сулҳу ваҳдати созанда бо хираду ҳимматашон чӣ хидмате карда тавонистанд. Рости гап, агар медонистам, ки хонанда ё аҳли таҳқиқ ҳангоми хондан аз рӯйи ҷумлаву ҷузъиёт, тасвири воқеаву ҳолат ва сарнавишту хӯву хислати қаҳрамонҳои роман сарсарӣ гузашта, бештар ба чанд нуктаи «Ба хонанда» таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, шояд онро наменавиштам.
Ба гумонам, меъёри ба ин ё он нигоштаи «хомфарбеҳ» мондани жанри волои наср – роман, ҳавову ҳавас, яъне ба хотири «Хӯҷаам боғ дорӣ? Дорам!» не, балки ҳунари кашфи тозаи олами ботину зоҳири инсон, ҳалли бадеии мавзуъ бо тасвирҳои ҷаззобу хушобуранг мебошад. Инро таҷрибаи эҷодии нависандагони бузурги дунё исбот кардааст. Яъне ҳар романи нав чун хишти бобақо бояд дар қасри шукӯҳманди ин жанр ҷо ёбад, ба он ҳусне бахшад ва сазовори пазироии аҳли завқ гардад. Вале офаридани романи асили адабиёт кори заҳматхоҳу сангин аст. Иншои он аз нависанда дар баробари таҷрибаву малакаи ғанӣ тани сиҳат, дили бақувват, неруи созгор, ҳатто набзу фишори муътадили хуну боз умри бардавом мехоҳад (Ақли солим аз тани солим мебарояд. Гипократ). Тавоноии мане, ки синнам аз 70 гузаштааст, борҳо ҷарроҳӣ шудаам ва ҳар рӯз чор-панҷ маротиба дору истеъмол мекунам, заъфи нури чашм низ ёри нав аст, барои иншои романи тозае сазовори адабиёт созгор нанамуд. Дигар «омилҳои ҷиддитаре» вуҷуд надоранд.
Суол: «Ба армон ҷомаи зебои амал пӯшонидан дар асари бадеӣ осон набудааст» навиштаед дар ҳамин хитоб «Ба хонанда». Мехостам онро каме шарҳ диҳед.
Посух: Кадом адиб дар дил орзу намепарварад, ки бо офаридаи хурд ё бузургаш дар майдони сухану маънӣ нақши дурахшон гузорад? Нияти нек. Аммо офаридани осоре, ки шоҳкор набошад ҳам, чанд даҳсола дар муҳити адабӣ ва дилу забони хонанда зинда монад, ба роҳату осонӣ ба даст намеояд. Азияту ҷонкоҳонии бардавоми ковишу кашф, тозагӯӣ, тозакорӣ ва тозаофариро то ҷое босаброна пушти сар бояд кард. Имтиҳони иродаву ҳунари суханварӣ осон нест. Аз ин хотир, зиндаёд Шоҳини 34-сола эълом дошт:
Шеър арчи ба хондан аст осон,
Он кас, ки бигуфт, меканад ҷон.
Сарнавишт ва роҳи эҷоди ҳунарманди асил, – хоҳ адиб бошад, хоҳ олим, хоҳ рассом бошад, хоҳ коргардон, – аз ҷонфарсоӣ, чашидани заҳри нокомиҳо орӣ нест. Аммо инро хонанда намедонад. Вай нони пухтаи бомаззаи тайёр – асари бадеиро ба даст мегирад. Агар дилкашу хушрангу болаззат бошад, бо камоли майл истеъмол мекунад ва шояд, ба офарандааш сано мехонад. Агар бенамак, шӯр, норасида, хомпазу гулзада, ё ногувор намояд, бо кароҳат сӯе мепартоядаш. Ин ҳуқуқи комили хонанда аст. Ба ин маънӣ, устод Мирзо Турсунзода боре пас аз хомӯшии зиёди эҷодӣ бо сабаби беморӣ ба нависандаи забардасти равоншодамон Фазлиддин Муҳаммадиев гӯшзад кардаанд.
Аз дафтари хотираҳои Ф. Муҳаммадиев: «Вале се соли охир худро (аз муҳити адабӣ — А.С.) дур мекашидам. Касал будам, чизе навишта наметавонистам. Худ ба худ хиҷолат кашида, дур меистодам. Хусусан баъди як гуфтугӯе дар конференсзали Союз».
Гуфтугӯ байни устодон М. Турсунзода ва Ф. Муҳаммадиев дар танҳоӣ сурат гирифта будааст. «Муаллим (Мирзо Турсунзода – А.С.) пурсупос карданд. «Аз саломатӣ эҳтиёт шудан лозим. Ҳоло биёед кор кунед, кори шумо ба хонандаҳо, ба адабиёт даркор».
Ба андоми муалим нигоҳ кардам, ки боз чизе гуфтан мехоҳанд.
– Ана ман ҳам ду-се сол боз гоҳ сиҳату гоҳ касал, – гуфтанд муаллим: – Худатон медонед. Аммо хонанда чӣ кор дорад, ки аҳволи мо чун аст. Модом ки зиндаем, аз мо нигарони асар аст. Ин аз мураккаботи кори мост ва аз он ҷойи гурез нест…
Ман фикри муаллимро фаҳмидам. Аммо бандаро чӣ илоҷе ҳаст? Ҳамин ки қалам ба даст гирифта, ба сари миз нишастам ва ҳуши худ ба як сӯ гиру ғун карда, дар хусуси ягон чиз фикр кардам, соате нагузашта, дарди ҷонкоҳе маро ҳушёр мекунад. Пӯсти баданам дар рӯйи ду шонаам мисли пӯсти гӯспанди навкушташудае, ки дар офтоби саратон паҳн карда бошанд ва он дар зарфи чандин рӯз не, балки дар бадали ҳамаги се-чаҳор дақиқа босуръат хушк шуда, ба ҳам омада, кашида шавад, ба ҳамин тариқа кашида мешуд ва маро сахт азият медод. Фақат аз ҷой хеста, ба ҳавои тоза баромадан, дар айни замон доруи обакии зеленин ё волидол истеъмол кардан ё агар дард сахт бошад, духтурро фарёд карда, сӯзандору занондан ё ба рӯйи сина коғазҳои горчитсаолуд монда, дароз хобидан аз ин дарди ҷонхарош тадриҷан ба як соат фориғ мегардонад.
Ин як навъи дард буд.
Гоҳ баробари ба фикр рафтан дил ба бозӣ даромада, нафастанг мешудам. Гоҳо ҳис мекардам, ки рагҳои зӯре дар ҷоғҳоям пайдо шуда, ҷони маро аз дарун кашола карда бароварданӣ ҳастанд.
Аз дард нолидан кори чандон гуворо нест. Аммо дар ҳолате ки ҳис мекунед, мардум шуморо коҳил мешуморанд, маҷбур мешавед, ки аҳволи худро шарҳ диҳед».
Устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар радифи ин дардҳои ҷонкоҳ ду бор сактаи дилро аз сар гузаронда, дар синни 58 аз захми теғи авбошони оқипадар вафот кард. Вале хонандаи арҷманд магар аз дарду бемориҳои азиятовари нависандаи нозукбаён, фидокору бузургамон, ки беҳтарин асарҳоро офарид, воқиф аст? Бадбахтона, роҳи ҳунар, аз ҷумла илму адабиёт бештар азият дорад, ки он дар паси парда мемонад. Адиб дар пайроҳаи офариниш аз шебу фароз, вартаву ботлоқҳои маргбор мегузарад, то ки аз сеҳри сухану маънӣ, қаҳрамонҳои дилнишини ормонӣ китобаке офарад. Шояд ба аҳли назар лаҳзаҳои фоҷиабори охири умри ду нобиғаи адабиёти ҷаҳон – Н. В. Гогол ва Л. Н. Толстой равшан аст. Банда бо шоир Камол Насрулло ба аёдати равоншод Раҳим Ҷалил, пеш аз маргаш ба бемористони Хуҷанд рафта будем. Гӯё тифлаке зору низор ва интизори парастор болои бистар мехобид. Банда чанде пеш аз вафоташ (1997) дар Маскав ба зиёрати нависандаи бузургамон зиндаёд Сотим Улуғзода шарафёб шудам. Росташ, ки ҳолати ҷисмониву равонии устод ҳузнангез буд. Сар бардоштаву ҳарф зада наметавонист. Бо дарди ҷонкоҳ танҳо монда буд. Ба назарам, неру ва шираи бадани паҳлавононаи устодро андеша ва эҷоди асарҳои баландпоя ҷабида буд. Аммо инро хонандаи имрӯзу фардо магар медонаду ба ҳисоб мегирад? Албатта, аз кори азал ва сарнавишт инсон ҷойи гурез надорад. Лекин дил мехоҳад фарзандони фидоӣ ва накуноми миллат, ки умри азиз ба рушди илму адаб, сарсабзиву шукуфоии диёр мебахшанд, умуман, ҳар як инсон бо пои раво, ақли расо, чашми бино ҷон ба Ҷонофарин супоранд. Ҳарчанд эҳтиётро ними ҳаёт мешуморанд, аммо асрори сарнавишт ҳукми худро дорад.
Суол: Нависандагони дӯстдоштаи Шумо киҳоянд ва аз онҳо дар ҳунари нависандагӣ чӣ сабақе бардоштед?
Посух: Устодон С. Айнӣ, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Содиқ Ҳидоят, Маҳмуди Давлатободӣ, Н. В. Гогол, А. П. Чехов, Л. Н. Толстой, М. Шолохов, В. Распутин, Н. Думбадзе, Г. Тютюнник… Магар ҳамаи адибони номварро, ки аз фазилату ҳусни осорашон чошние гирифтаам, метавон номбар кард? Оё пазироии гарми Муҳиддин Хоҷазодро, ки масъули бахши насри Иттифоқи нависандагон буд, фаромӯш мекунам? Ё оғози фаъолият дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бо Гулназари гиромиро, ё даҳ соли кор дар шуъбаи насри ҳамин маҷаллаи муътабар бо Саттор Турсун айёми сардабирии устодон Убайд Раҷаб ва Лоиқ Шералиро? Даврони пурсамари омӯзиш, ҷустуҷӯ, талош, мактаби беназири огоҳӣ ёфтан аз асрори олами эҷод, дарду армонҳои миллӣ…
Нависандаи бузурги олами форсизабонон Маҳмуди Давлатободӣ басо хуб таъкид карда: «Нависанда бояд аз ҳама омӯзад, ҳатто аз пинадӯз низ». Сухан, ба хаёлам, аз таъсирпазирӣ ва андӯхтани таҷриба меравад. Ҳақиқат ин аст, ки банда аз осори устод Айнӣ ковишу интихоби мавзуъ, ҷузъиёти зиндагӣ, қаҳрамонофариву ҳикоябандӣ, заҳмати пайвастаро дар офаридани қаҳрамонҳо омӯхта бошам, аз асарҳои устод Сотим Улуғзода омӯзиши маводи таърих, шинохти шахсиятҳои таърихӣ, бо садоқату меҳри беандоза ба воситаи сухани воло ба ҳамзамонону наслҳои оянда кушодани даричаеро аз рӯзгори пурфоҷиаи миллатам андак-андак омӯхтаам. Аммо шахсияти воқеан нуронии адабӣ, масъулиятшиносиашон дар назди ҷомеа баланд ва осори рангин, пурзарофат, хушнамаку дилнишини устод Фазлиддин Муҳаммадиев маро ҳам дар интихоби мавзуъ, ҳам қаҳрамон, ҳам корбасти тару тозаи хазинаи бузурги забонамон бештар ба кори ҳунармандона ҳидоят карда. Бешак, банда аз рӯйи зарфияти бинишу фаҳмишу тавоноие доштам, аз мактаби осори адибони номвар сабақе бардоштам. Ба таъбири шайхи бузургвору ҷаҳонгашта Саъдӣ:
Таматтуъ зи ҳар гӯшае кофтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
Суол: Аз нависандагони муосири тоҷик дар навишта ва суҳбатҳоятон аз устод Сотим Улуғзода ва зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун устодони худ ёд мекунед. Мехостем дар ин бора ботафсилтар суҳбат намоед.
Посух: Ба назарам, худро шогирди нависанда ё шоири хушному бузурге шуморидан, – ҳатто адиби ҷавони болаёқату умедбахшеро шогирд низ гуфтан, – масъулияти зиёд дорад. Мутаассифона, вақтҳои охир суистифодаи беибо ё намоишкоронаи ҳарду вожа: устод ва шогирд зиёд ба назар мерасад… Банда, хушбахтона, борҳо дар Иттифоқи нависандагон ва манзилаш аз суҳбатҳои донишмандонаи устод Сотим Улуғзода бархурдор шуда будам. Аммо ҳаргиз ба худ раво надидам, ки ягон дастхатамро бо ибрози хоҳиш барои мутолиа ба эшон супорам ва боиси заҳмат додану озори хотир, сарфи вақту нури чашмаш бишавам. Дар баробари солманд будан устод ҳамеша пуркору хаста менамуд ва баъзан ҳангоми маҷлисҳо низ дар толор ба шакархоб мерафт. Лекин зиндаёд Сотим Улуғзода бо осори пурарзиш, заҳматписандӣ ва ҷасорати беҳамтои адабияш ба гумонам, ба мо хаққи устодӣ дорад. Роҳнамо, нерубахш, намунаи ибрат. Маҳз вай пайроҳаи устод Айниро дар бахши рӯ овардан ба мавзуъҳои таърих, офаридани симои шахсиятҳои таърихӣ ва ба ин васила бедор кардани хотираҳои таърихӣ, ҳисси худшиносӣ, ҳақталошӣ, озодихоҳиву меҳанпарастӣ бо дили пур идома дод. Аллома Айнӣ бо эҷоди асарҳои арзишманде чун «Намунаи адабиёти тоҷик», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик», мақолаҳое оид ба осор ва шахсиятҳои адабӣ таваҷҷуҳи хонандаро дар оғози муборизаҳои оштинопазир барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби сарзамину сарвати гаронбаҳои маънавии қадимаи худ шудан ҷалб карда бошад, – таърихи пурфоҷиаи хешро биомӯзу бидон, шахсиятҳои баруманди сиёсӣ, адибону донишмандони шаҳиратро бишинос! – Сотим Улуғзода бо муҳаббату ҳунармандӣ чеҳраҳои бадеии ҷовидонаи Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Темурмалик, Восеъ, Аҳмади Донишро офарид. Моро бо қиссаи «Ривояти суғдӣ» ва романи «Восеъ», ҳатто осори тарҷумакардааш чун шоҳкори «Тил Уленшпигел»-и Шарл де Костер, ки саршори руҳи бешикаст, ҷоннисориҳои фарзандони ғаюр, баору нанг ва шердил барои озодии сарзамину мардум дар марҳалаҳои гуногуни таърих алайҳи зулму истибдод ва таҳқиру яғмогарӣ мебошанд, огоҳонд. Бешак, чунин адиби забардасту бедордил ва озодихоҳ ба ман ҳаққи устодӣ дорад.
Лекин дар баробари осори рангини пурбаҳояшон фазилатҳои нодиру омӯзанда ва ибратбахши устод Фазлиддин Муҳаммадиев бо тарзи муносибаташон ба муҳити адабӣ, эҷодиёти устодон, ҳамқаламон ва ҷавонадибон зиёд ба чашм мерасид. Бетарафиро намеписандид. Аз таҳи дил ҷавонмардона навқалами умедбахшро дастгирӣ мекард ва саҳву хатои роҳи эҷодиашро низ фошофош мегуфт. Устод ҳамеша ба гуфтаи худаш содиқ мемонд, ки инро аз ин гуфтаҳояшон метавон дарёфт: «…хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст. Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст. Дигар гап не. Ба халқ ҳар қадар зиёд бахшӣ, ба худат ҳамон қадар зиёд мемонад». Шодравон чун мураббии адибони ҷавон пайрави арзандаи устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар ва Б. Раҳимзода буд. Яъне маърифату маҳорати баланди омӯзгорӣ дошт ва бедареғу беғараз ба навқалам маслиҳат медоду ба чопи асари шогирдонааш ёрӣ мерасондад.
Як мисол. Устод котиби дуюми Иттифоқи нависандагон буд. Бахтам хандиду барои нашри китоби дуюмам «Баъд аз сари падар» ба нашриёти «Ирфон» нома дод. Пас аз моҳҳо дар даҳлези Иттифоқ пурсид:
– Мулло, дастхатро ба нашриёт супоридед?
– Бале, ҳамон рӯз…
– Хайр, кай чоп мекардаанд?
– Пас аз се-чор сол.
– Эҳа, се-чор сол баъд думи шутур ба замин мерасад, – гуфт ва андешаманд боз пурсид: – Имкони ба нақшаи пештар даровардан набудааст?
– Илоҷ надорем, мегӯянд.
– Афсӯс, – гуфт муаллим ва рафт.
Ман, ба ростӣ ин пурсиши сарипоиро як ғамхории нӯгизабонӣ пиндоштам. Аммо рӯзи дигар устод маро наздаш хонд ва пас аз ҳолпурсӣ гуфт:
– Мулло, рафта мактубу дастхатро аз нашриёти «Ирфон» гирифта биёред. – Барои чӣ? – пурсидам ҳайратомез.
– Ман бо директори нашриёти «Ма- ориф» Собир Хоҷаев гапзанон кардам. Он касро мешиносед? Не? Афсӯс. Бо ин хел одамҳои нағзи даркорӣ, мулло, шинос шудан шарт, зарур ва ҳатмист! – гуфт муаллим бо ҳаракати таъкидомези дасту ангуштон тарзи сухангӯии Ғанӣ Абдуллоро дар минбар тақлид карда, қоҳ-қоҳ хандид ва афзуд: – Хоҷаев инсони яклухт, меҳрубон… Ваъда дод, ки соли оянда китобатро чоп мекунад, лекин даҳ ҷузъ не, камтар…
Дар хиҷолат мондам ва узромез гуфтам:
– Ташвиш кашидед, муаллим.
– Мулло, ман ба ту гӯям, ин корҳо ташвиш не, – хушҳолона фаҳмонданд муаллим: – ҷавоб ба қарори КМ КПСС…
Он шаб дар дафтари ёддоштҳо навиштам: «Аҷаб инсони ҳалиму меҳрубонанд муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев. Ба Худо, ки ғами моро аз мо бештар мехӯранд. Риояи оини некиву ҷавонмардӣ…». Ба ростӣ, аз чунин ғамхориҳои устод бисёр адибон бархӯрдор шуда буданд.
Чун дар мақолаи «Қаламҳои умедбахш»-и устод (1984), аз китоби «Дӯстон тоҷи сар»-и эшон («Ирфон», 1987) ин сатрҳоро мехонам «…дар ин роҳ (наср – А.С.) Абдулҳамид Самадов бозёфтҳои хуб дорад. Дар ҳикояҳо, қиссаҳои худ ба офаридани образ ва характерҳои ҷолибе мекӯшад.
Характерҳое, ки ба назар зинда, мустақил менамоянд ва хонанда ба онҳо шинос шуда, эҳсос мекунад, ки бо одамони нав, бо таҷрибаи тозаи зиндагонӣ ошно шудааст, хулоса, аз мутолиаи китобҳои нахустин нависанда бурд кардааст» – боз дар хиҷолат мемонам.
Гап сари ин аст, ки устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар маъруза, гузориш, мақола ва суҳбатҳояш оид ба ҳолати насри муосири тоҷик, перомуни дастовардҳои нависандагони он солҳо нисбатан ҷавон Кӯҳзод, С. Турсун, Сорбон, Б. Ғанӣ, К. Мирзо, Б. Фирӯз, Ҷ. Акобир… ва шояд ба хотири руҳ бахшиданамон ба навиштаҳои шогирдонаи мо баҳоҳое медод. Вале мо дар мавриди ибрози назар оид ба шахсияти дурахшону тавонои адабӣ будани муаллим, саҳми воқеан бузургаш дар баланд бардоштани сатҳи насри муосирамон бо сабку услуби хоссаи тоза, пурмағз асар ва қаҳрамон офариданаш ҳангоми барҳаёт будани вай истиҳола карда будаем. Баъд, вақте ки ин нависандаи бузург ва мураббии нодиру камназир аз сарамон рафт, банда бо дареғу афсӯс дар филмномаи «Дил дар кафи даст», эссеи «Тоҷи сари дӯстон», мақолаҳои «Ҷони одам» ва «Боғбони хосакори наср», дигар адибони иродатманди шахсияту осори устод дар ёдвораҳои хеш бо некӣ ва арзи сипос муаллимро фаровон ситоиш намудааст. Шахсияти дурахшон ва осори пурзарофату мондагори устод Фазлиддин Муҳаммадиев, – ҳамсанги бузургтарин нависандагони ҳамсолаш дар паҳнои Давлати Шуравӣ буд – арзандаи ҳама ситоишу арҷгузорист…
Суол: Мехостем назари Шуморо дар мавриди бурду бохти насри тоҷикӣ, хосса роман, дар даврони Истиқлолият бифаҳмем.
Посух: Адабиёт, майдони ҳунару суханварӣ аз азал озодихоҳ буд, истиқ- лолро мепарварад. Армону орзуҳои инсонӣ ва дарду алам, часпу талошҳои шахсиятҳои арсаи набард, эҷоду кашф низ дар шоҳкориҳои ҳазорсола дар пояи озодихоҳӣ, худшиносӣ, ҳимояи шарафи инсонӣ, ғуруру ифтихор аз реша ва асолати фарҳанги пурғановати бумӣ қаламӣ шудаанд. Талоши хирадмандони вораста ҳамеша барои таъмини фазои озод, ибрози ҳақиқат дар диёри хеш ба суди мардум буд. Шояд ба ин хотир Хоҷаи бузург Ҳофизи Шерозӣ ба шоҳу гадо эълом дошт:
Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳарду ҷаҳон озодам.
То даврони расидан ба Истиқлоли давлатӣ насри тоҷик ба шарофати нави- сандагони хушқаламамон соҳиби беҳтарин намунаҳои ҳикоя, қисса ва роман шуд, ки имрӯз чун таҳкурсии боэътимод устуворанд ва метавонанд бо романнависи ояндаи тоҷик беминнат маърифати адабӣ бахшанд. Дар мавриди «бурду бохти насри тоҷикӣ» метавон гуфт, ки он вобаста ба сатҳи ҳунар (истеъдод), донишу омӯзиш ва бинишу ҳадафи нигоранда дар иншои асар аст. Яъне, сухани ҳар кас ба андозаи зарфияти ҳунари ӯст. Нависандагони тавонои тоҷик ҳатто дар замони ба истилоҳ карахтӣ дар таҳқиқи бадеии масъалаҳои доғ, офаридани қаҳрамонҳои бақуввати армонии миллӣ дастовардҳои назаррас доранд. Ба ёд биёред ҳикоя, қисса, романҳои беҳтарини С. Айнӣ, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ҷ. Одина, А. Баҳорӣ, Ш. Ҳаниф, М. Наҷмиддинов, Кӯҳзод, Ю. Акобиров, М. Хоҷазод, Р. Ҳодизода, С. Турсун, Сорбон, К. Мирзоевро. Ин ҷо мехоҳам як чизи дигарро ёдрас бикунам. Нақши эҷодиёти нави- сандагони он замон ҷавон Ҷ. Акобиров, Б. Абдурраҳмонов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, А. Рабиев, М. Солеҳ, Муаззама бо риояи салиқа ва сабку услуби ҷолиб равшан аст. Шоирон Ғ. Мирзо, Гулназар, М. Бахтӣ, Гулрухсор, М. Ғоиб, Ш. Ёдгорӣ ва А. Раҳим бо иншои ҳикоя, қисса ва романҳое пурмуҳтаво дар насри муосир ҷову мақоме ёфтанд. Имрӯз носироне чун А. Мирхоҷа, Ю. Юсуфӣ, Р. Махсумзод, Мирзонасриддин, Анвар, Т. Муҳаммадризо, М. Фарғонӣ, М. Ёрмирзо- ева, Ҳ. Муҳаммадохир, А. Абдуҷаббор, Б. Муродӣ ва дигарон мекӯшанд бо навиштаҳои навашон насрамонро ҷолибтар бикунанд. Норасоии асар нишонаи коҳилӣ ва аз заҳмати сангини тозаҷӯӣ, рангину навгӯӣ гурехтани муаллиф аст. Шояд касе хоҳиши зиёди навиштан дорад, аммо бинишу ҳунари заиф… Гап сари ҳадафи эҷодӣ меравад. Ба ин маънӣ А. П. Чехов ҳушдор дода: «Агар шумо барои имрӯз эҷод бикунед, ҳосили заҳмататон пуч, ботил хоҳад буд; барои оянда бояд офарид».
Истиқлол дар замони ҳассос, сипас пурмоҷарову фоҷиабор, ки ба қавле, зоғе бе доғу инсон бе дарду алам намонд, қуфли дару дарвозаҳои озодии суханро ба рӯйи ҳама кушод ва барои навиштани китоб, ёддошту роман барои нависанда, ҳаваскор, шуҳратхоҳе, ки аслан дар сар фикри китобдор шудан надошт, фазову майдони васеъ фароҳам овард. Падидаи нав. Ҳама барои навиштани китобҳои ғафсу роман ҳарисона, саросема камар баст. Бисёриҳо иншои ҳикоя ва қиссаи нағзро ба чоҳи фаромӯшӣ андохтанд. Романнависӣ авҷ гирифт. Ҳазённависӣ ривоҷ ёфт. Нависандагони ботаҷриба, олимон, рӯзноманигорон низ дар ҳар мавзуъ ва дар бораи шахсиятҳои таърихӣ роман эҷод карданд дар поя ва сатҳи маърифати гуногун. Боз онҳое, ки аз курсиҳои мансаб афтода буданду даврони моҷароҳо «роҳнамо» буданд, ба воситаи « фабрикаҳо» қисме аз ҳаёти бобову бобокалон ё сулолааш ҷилд-ҷилд китоб ба нашр расонданд. Боке не. Бигузор бошанд, агар шумора сифатро аён созад. Бубинед, дар 70 соли замони шуравӣ агар мо 10-15 нависандаи романнавис дошта бошем, ин рақам акнун ба 70-80 мерасад. Нағз. Чуғрофияи романнависон пас аз Истиқлол аз ҳудуди пойтахт ва шаҳри Хуҷанд берун баромад. Акнун дар Зарафшону Рашт, Хатлону Бадахшон, водии Ҳисор муаллифони романнавис кам нестанд. Нағз… Шумораи романнависҳои замони Истиқлол беҳисоб аст. Романҳои аз ҷиҳати таҳқиқи бадеӣ, нигориш ва офаридани симои қаҳрамон хуб низ пайдо шуданд. Лекин ба арзиши бадеии ин романҳо дар муқоиса бо дигар асарҳо холисона баҳо додан вазифаи аҳли таҳқиқ ва хонандаи хушмутолиа мебошад. Ҳақиқат ин аст, ки танҳо асари аз ҳар ҷиҳат хушобуранг, баландғояву дилнишин бозёфти адиб ва ҳусни адабиёт шуда метавонад. «… бохти насри тоҷикӣ», ба назари банда, дар саросемакории мо зоҳир мешавад.
Суол: Чаро нависандагони тоҷик дар тасвири воқеиятҳои замони Истиқлол муваффақ нестанд?
Посух: То ҷое муваффақ ҳастанд, вале ба назарам, дар жанр ва мавзуъҳои гуногун: шеъру манзума, очерку публитсистика. Арзишмандтарин дастоварди замони озодӣ раҳидан аз ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ ва зина ба зина ба шарофати иродаи мустаҳкам ва хиради азалии миллати тоҷик, дастгирии якдилонаи хурду бузург аз сиёсати сулҳпарваронаву созандаи Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба сулҳу оштии миллист. Роҳ ҳамвор набуд. Ин падидаи нодирро бузургтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хайрхоҳ эътироф карданд. Оре, раҳидан аз фоҷиаи харобиовари давлату миллати тоҷик меҳвари бақои Истиқлолият шуд ва ҳосили азму талошҳои ҷонкоҳонаи роҳбарону фарзандони вафодори миллати меҳанпараст. Имрӯз пойдевори устувори рушду ободии диёр осудагӣ ва хушҳолии мардум аст. Ин мавзуъ, ки дурнамои ҳамешасабзу дурахшони давлату миллати моро муайян мекунад, зевари шеъру суруд, чакомаву мақола ва китобҳои зиёди адибони ваҳдатсаро шуд… Падидаи дигар сол ба сол дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдат устувору густарда шудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, ривоҷ ёфтани бунёдкориву созандагӣ дар саросари мамлакат аст. Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва пулҳо, кушодани бузургтарин нақбҳо, сохтани неругоҳҳои пуриқтидортарини обӣ дар дили кӯҳсорон (Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2 ва НОБ-и Роғун) бо заҳмат ва дасту панҷаи бинокори тоҷик ба шарофати Истиқлолу ҳидоятҳои сарвари давлат – Президент аст. Дар як фосилаи кӯтоҳ Тоҷикистони азияткашида аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳид ва ба истиқлоли энергетикӣ расид. Пирӯзӣ! Бунёди корхона, иншоотҳои табобативу таълимӣ, ободонии шаҳру деҳоти дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ беҳисоб аст. Ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону бунёдкорон дар китобҳои адибони касбиву ҳаваскор зиёд ситоиш ёфтааст. Вале бо салиқа ва бинишу ҳадафи гуногун, шабеҳи резакорӣ. Шояд хонанда аз мо имрӯз асарҳои доманадореро интизор бошад, ки дар замони шуравӣ дар мавзуи сохтмонҳои бузург бо талош, ишқу гирудори қаҳрамонҳои армонӣ иншо мешуданд. Давр дигар буду талаб аз адибу адабиёт низ.
Ногуфта намонад, ки дар сохтмонҳои бузурги замони Истиқлол ҳам баъзе адибон чун коргару хабарнигор ширкат доштанду доранд. Шояд оянда аз хазинаи эҷоди эшон асари шоистае ба даст расад… Ва боз пӯшида нест, ки замони Истиқлол ҷомеаи мо ба падидаҳои пуртазоди ахлоқиву маънавӣ рӯ ба рӯ омад. Якбора табақаҳои сарватманду миёнаҳол ва камбизоат пайдо шуданд, муҳоҷирати меҳнатӣ, фурӯши маводи мухаддир, ҳирсу тундравӣ авҷ гирифт; ҳушу ёди ҷавононро бештар ёфтани пули муфт, соҳиби қасру мошинҳои пурдабдаба шудан афсун кард. Китобхонӣ, донишандӯзӣ коҳид. Афсӯс. Ин дарду доғҳоро оромона дар осори бадеӣ ба тав- ри шоиста тасвир кардан ҳунар, ҷасорат, андеша ва фурсат мехоҳад.
Як падидаи ғашовари дигар доман паҳн мекунад, ки то ҷое ҳайратангез аст. Шумораи адибони ҳаваскор ва асарҳои хасакӣ беш аз пеш меафзояд. (Агар адиби ҳаваскор оянда суханвари тавоно шавад, ҳалолаш бод!) Ва ин вирус завқи хонандаро мекоҳонад. Кор ба ҷое расидааст, ки чун устодон аз шогирдон пурсанд: «Китоби кадом шоир ё нависандаро хондаӣ?», посух мешунаванд: «Китоби шоир, нависандаи деҳаи худамонро». Ҳама медонад, ки чунин «адибон» ҷуз тоҷири сухан беш нестанд. Магар осори чунин «адибон» завқи хонандаро намекоҳонад?
Суол: Баъзе нависандагон дар ин нобаробариҳо ҳамаи гуноҳро ба сари мунаққидон бор мекунанд. Шумо чӣ ақида доред?
Посух: Худсафедкунии маҳз. Дар ягон давру замон ягон мунаққид ё муҳаққиқ ва муҳарриру каси дигар аз номи нависанда асари хонданӣ ва баландпоя наофаридааст. Асари хуб маҳсули ҳунар, ковиш, биниши нозук ва заҳмати бардавоми адиб аст. Нокомиро эҷодкор ҷавонмардона аз фаъолияти суст ва саҳлангоронаи хеш дар эҷоди асараш биҷӯяд, беҳтар аст. Яъне бо назари танқидӣ ба офаридаи худ нигаристану каму костиҳои онро ёфта, ислоҳ кардан роҳи раҳоиш аз нобарориҳо хоҳад шуд. Лекин агар пажуҳишгаре дар нигоштааш ду-се эроди дуруст барои комилтар шудани асару қаҳрамонҳои мо пешниҳод бикунад, бо ранҷиш не, бо арзи сипос бояд онҳоро бипазирем. Шиори банда дар ин маврид чунин аст:
Касе, ки айби маро мекунад ниҳон аз ман,
Агарчи чашми азиз аст, душман аст маро.
Суол: Фикри Шумо дар бораи баррасӣ ва нақди асарҳои адибон дар маҳфилҳои илмӣ чӣ гуна аст? Оё аз онҳо барои шоир ва ё нависанда манфиате ҳаст?
Посух: Нек аст. Ба қавле: Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Вале суд бардоштан аз суҳбати, ба қавле, шӯру талх низ, ба зарфияти дониш, фаҳмиш ва иродаву ҳиммати адиб вобастагӣ дорад. Ба назари ман, агар муаллиф бо сари гарм ё қаҳру алам не, бо тамкину нармӣ ба эродҳои мунаққидон ё хонандаи кунҷков эътибор диҳад, ҳатто аз сангпартоиҳои ғаразнок ҳам барои такмил ё зебову хонотар шудани асараш манфиате бардошта метавонад.
Суол: Агар ба аҳли илм – аҳли нақду адабиётшиносӣ хитоб намуданӣ шавед, чӣ хоҳед гуфт?
Посух: Бе хотирбинӣ дар бораи арзиши бадеии асарҳо, – аз ягон ҷиҳат моли адабиёт ҳастанд ё не – ҳақиқатро нависанд. Бешак, исботи ҳақиқати осори бадеӣ кори осон ҳам нест. Ба пажуҳишгар ё мунаққид ҳолатҳои ногувор пеш меорад. Хусумат, бадгӯӣ, қасосгирӣ. Лекин касби пажуҳиш ва танқидро интихоб карда бошед, шердилона аз гуфтани ҳақиқат рӯ натобед. Дар ин сурат сифату шукуфоии адабиётамонро чун солҳои 60-70-80 дар ҳамаи жанрҳо шояд таъмин карда тавонем. Зимнан ёдрас кардани ин гуфтаи нобиғаи адабиёт Ф. Достоев- скийро бамаврид меҳисобам: «Агар аз ман пурсанд: Исоро (ҳазрати Исо – А. С.) интихоб мекунӣ ё ҳақиқатро? Ман бе дудилагӣ посух медодам: Ҳақиқатро!».
Суол: Феълан дар коргоҳи эҷодиатон бо чӣ машғул ҳастед? Нақшаҳои эҷодиатон дар ояндаи наздику дур аз чӣ иборат аст?
Посух: Ба шамол додану такидани дастхатҳои зардранг аз хоку чанг. Ба партофтани мусаваддаҳои чил-сӣ сол пешина, – арзише доранд ё не, – хасисӣ мекунам. Заҳмат, лаҳза ва саҳифаҳои азизи умранд… Таҳриру тасҳеҳи дафтарҳои ёддошт, ки андеша, баҳс, сафарнома, бардошти мутолиа ва ҷойгоҳи чеҳраи ҳунарӣ, вижагии эҷодиёти устодону ҳамқаламон, хӯву хислати дӯстонро дар бар гирифтаанд, ба назарам, муҳим менамояд. Кош ин амалро бо дасти худ ба анҷом расонам ва ягон вақт бо номи «Раҳоварди зиндагӣ» ба нашр расанд. Дигар, вобаста ба ҳолати сиҳатӣ, оромии руҳ ва неруи созгор бо инояти Худованд қисса, ҳикоя ва мақолаҳо хоҳам навишт. Ва боз, агар Худо мададгору умр вафодор шавад, нияти омодаи чоп кардани китобҳои эссе ва мақолаҳо, ҷилди дуюми «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар», ҳамчунин маҷмуаи пурсишу посухҳоро дар назар дорам.
Суол: Маводи этнографӣ, тасвири такомулҳои зиндагии мардум ва боварҳои мардумӣ дар асарҳои Шумо, бахусус, дар романи «Гардиши девбод» хеле зиёд аст. Сабаб чист?
Посух: Ин анъанаи қадимаи адабиёти қаламии бостонӣ ва шифоҳии мост. Шояд рӯзгори пурфоҷиа, ғасбу истило, фишору кӯшишҳои бераҳмонаи аз беху бун баркандани суннат, фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, генотсиду таҳқир ва харобкориҳои гӯшношуниди душманони хуношом дар марҳалаҳои гуногуни таърих ин вазифаи муқаддасро бар дӯши суханварону мутафаккирони мо гузошта буд. Ҳифзи асолат ва фарҳанги миллӣ. Ҳаким Фирдавсӣ дар шоҳкори безаволаш «Шоҳнома» ва кулли суханварони некномамон дар баробари васфи далериву шуҷоати родмардон дар дифои марзу бум, тараннуми оини инсонпарварӣ, хазинаи хираду заковат, ғановати забон, ҳикмату маърифати мардумро барои ояндагон ба ёдгор гузоштанд, ки сипоси бепоён ба эшон. Зимнан вазифаи ҷонии давлатдору лашкариён дар ҳар давру замон ҳимояи сарҳаду ватан аз ҳуҷуми аҷнабиён бошад, вазифаи шаҳрвандии аҳли илму адаб ҳамеша ҳифзи расму суннат ва арзишҳои фарҳангии миллист. Дар замони шуравӣ низ таҳдиду хатарҳои ҷиддие барои маҳв кардани миллати тоҷик ва забону адаби он пеш омада буд. Хушбахтона, бо талошҳои қаҳрамононаи устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, ҳамсафони эшон ва давлатдорони фидоӣ дар такя ба намунаҳои адабиёти классикӣ аз он фалокат раҳидем. Руҳашон шод бод. Пирӯзӣ. Алҳол падидаи дигари зишт –ҷаҳонишавӣ, ба расму таомул, хулқу атвор ва асолати фарҳангии мо пайваста таҳдид мекунад ва ҳатто дар муҳити хонавода ба воситаи филму барномаҳои фаҳш, матбуоти кӯчабоғӣ чунон таъсир мегузорад, ки бехабар мемонем. Ин ҳолати нохуш магар ташвишовар нест? Ба мафкураи адабии мо низ кайҳост, ки сабку андешаронӣ ва тимсолофарии адибони овозадори адабиёти олам: Америкаи Лотинӣ, Ҷопон, Ғарбу Аврупо файзе мебахшанд. Таъсирпазирӣ. Бошад. Интихоб озод аст ва дар ҷаҳони муосир аз ин берун, ба истилоҳ дар қафаси тиллоӣ ҳам наметавон зист. Агар мо ҳамсангу ҳамболи, масалан, насри пешқадами дунё бо фазилат, хусусият, орзу ва дарду талошҳои қаҳрамонҳои ормонии тоҷикӣ ё миллӣ асарҳо офарида тавонем, нуран алонур мешуд. Яъне асарҳое, ки дар онҳо каму беш «маводи этнографӣ, тасвири такомулҳои зиндагии мардум ва боварҳои мардумӣ» ҷило диҳад. Ин, ба назари ман, барои дар ҳофизаи насли ҷавони имрӯза ва оянда мондани арзишҳои миллӣ хеле муҳим менамояд. Метарсам, ки ҷаҳонишавии босуръат бисёр анъанаҳои зебо ва хосси миллиро чун наҳанг фурӯ мебарад, аз ёдҳо мезудояд. Дареғо, ки ба хотири дар як китоб нағунҷидани ҳама панду ҳикмат, андарзу зарбулмасалҳои нодири мардумӣ, ки дар саросари Тоҷикистон фаровонанд, банда аз тарси фаромӯшу бенишон шуданашон андак-андак онҳоро истифода бурдаам… Бубинед, даҳсолаҳо пеш тақрибан ба ҳамин маънӣ Расул Ҳамзати бедордил дар китоби гаронбаҳояш «Доғистони ман» чӣ хел бонги изтироб зада буд: «…вале ман як чизро медонам: вақ- те ки адабиёт аз ғизои аҷдодони худ маҳрум гашта, ба таомҳои лазизу нозуки хориҷӣ мегузарад, ҳангоме ки урфу одат, забону хислати халқи худро дигар мекунад, ба ин ҳама хиёнат мекунад, чунин адабиёт харобу адо мегардад ва ҳеҷ як дору ба дардаш дармон намешавад».
Хислати аз рӯйи ҳавову ҳавас, ҳатто мафтуну гирифтор шуда, ба дигарон беҳунарона пайравӣ ё тақлид карданро устод Симини Беҳбаҳонӣ ҳам бо нешханди зариф ин тавр мазаммат карда:
Овои шумо ҳайф, ки аз нойи шумо нест
В-аз нойи шумо ҳаст, ки овои шумо нест.
Магар баъзе асарҳои қолибӣ, тақлидӣ, сабкгароии орӣ аз обу ранг ва санъатҳои бадеӣ, расму таомул, хӯву хислатҳои дилангези миллӣ, дурдона ва зару зевари гӯишҳои мардумӣ ба чӯби хушк ё санглохи дилгиркунандаи мулки бегона шабоҳат надоранд?!