Аз саҳнаи хурд то бузург

Аз саҳнаи хурд то бузург

Чанд манзара аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев
Асланшоҳ Раҳматуллоев дар зиндагӣ марди хуштолеъ аст. Бахт насибаш гашта, ки соҳиби ду падар ва ду модар бошад. Модару холаи Асланшоҳ ҳамсарони бародарон Аскаршоҳ ва Зуҳуршоҳ ҳастанд. Рухсорамоҳу Аскаршоҳ волидайни аслиаш буда, Низорамоҳу Зуҳуршоҳ холаву амакаш. Волидайни аслиаш зиёӣ буданд, амаку холааш ходимони давлатӣ. Асланшоҳ нахустписари ин авлоди бузург аст, аз ин рӯ, ба дунё омаданаш барои ҳамагон мояи хушбахтии беандоза буд.
Барои ҳунарпеша шудани Асланшоҳ низ муҳити хонаводагӣ таъсир доштааст. Падараш Аскаршоҳ омӯзгор буд, аммо ба санъат майлу рағбати беандоза дошт. Думра навохта, суруд замзама мекард.
Чеҳраҳои маъруфи кишвар — Мирзо Турсунзода, М . Миршакар, Б . Раҳимзода, Акашариф Ҷӯраев, Барно Исҳоқова, Абдулло Назриев меҳмони хонадони амакаш мешуданд. Инчунин волидони шаҳриаш ӯро ҳамеша бо худ ба тамошои намоишномаҳои театрӣ мебурданд.
Нахустин тамошои филмро ба хубӣ ёд дорад. Он дар деҳа сурат гирифта буд. Ҳамин ки шом фаро расид, одамон назди бинои мактаби куҳнаи деҳа ҷамъ омаданд. Дар девори мактаб матои сафедеро овехтанд. Ногаҳон ғурроси баланде ба гӯш расиду рӯи пардаи сафед одамони гуногун пайдо шудан гирифтанд. Онҳо дар даст шамшер ба ҳамдигар меҷангиданд, қисме захмӣ шуда, қисми дигар кушта гардиданд. Ҳуш аз сари Асланшоҳи хурд парид. Ин чӣ ҳолест? Ин одамон аз куҷо пайдо шуданд, ҳеҷ кадомашро ӯ аз ин пеш надида буд. Чаро онҳо танҳо дар даруни парда меҷанганд? Гирду атрофи он касе дида намешавад. Ин қадар одам даруни ин матои хурд чӣ гуна ҷо шудаанд? Ҳарчанд зӯр мезад, фаҳмида наметавонист.
Асланшоҳ тоқат накард, гаваккашон ба пушти парда рафт, он ҷо низ касеву чизеро надид. Баъдан ҷое қарор гирифту филмро то охир тамошо кард ва ҳамон ҷо ба худ қарор дод: калон шавад, ба даруни ҳамон парда медарояд!
Такони сахт ва инқилоби зеҳнӣ дар вуҷуди Асланшоҳ зимни яке аз сафарҳояш ба шаҳри Маскав, ки ҳамроҳи модархолааш Низорамоҳ Зарифова сурат гирифт, ба вуҷуд омад. Дар синфи ҳафтум ё ҳаштум мехонд. Сафарашон тӯл кашид, баъди боздид аз шаҳри Ленинград (имрӯза Сант-Петербург) ба шаҳри Маскав омаданд. Ҳамон шабу рӯз дар Маскав фестивали синамогарони ҷаҳонӣ барпо мегашт. Синамогарони тоҷик низ он ҷо буданд. Ташрифи бонуи сиёсатро фаҳмида, ба наздаш омаданд, ба фестивал таклиф намуданд. Модар, ки кораш зиёд буд, хоҳиш кард писарашро ба тамошо бубаранд.
Дар зали бузурги Кремл филми Сергей Фёдорович Бондарчук «Ҷанг ва сулҳ» намоиш дода мешуд. Ҳунарна- моӣ ва суханронии ин ҳунарпеша пас аз намоиши филм чунон ба Асланшоҳ писанд омад, ки беихтиёр ба худ гуфт: «Кас агар ҳунарпеша шудан хоҳад, ана ҳамин хел шуданаш даркор!»
Баъди ин ӯ яқин донист, ки ояндаашро бо санъат, махсусан ба синамо мепайвандад. Бо тамоми ҷиддият ба омӯзиш ва сайқал додани ҳунари хеш пардохт. Сарварии дастаи ҳаваскоронро, ки худ солҳо узваш буд, ба уҳда гирифт. Хонандагони болаёқатро ҷамъ овард. Ба колхозу совхозҳо «сафарҳои ҳунарӣ» ташкил кард, саҳнаҳои хурди театрӣ нишон дод. Бо чунин орзуҳои ширин ба воя расид ва фурсате омад, ки ҳавасу хоҳишҳояшро дар асл татбиқ намояду орзуҳояшро амалӣ созад.
– Ту дар ҳақиқат мехоҳӣ ҳунарпеша шавӣ? – бори чандум буд, ки наздиконаш аз Асланшоҳ мепурсиданд.
– Бале, мехоҳам, — як ҷавоб дошт ӯ. — Охир, пешорӯи ту ҳама дарҳо
кушода аст. Дилхоҳ касберо, ки интихоб намоӣ, соҳиб мешавӣ, донишат мерасад, мо ҳам кумак мекунем. Заҳмату машаққати ҳунарпешагонро худат дидаӣ. Ҳунарпеша шудан кори осон нест! Метавонӣ мисли онҳо аз баҳри худ гузарӣ? Пушаймон намешавӣ? — бо исрор мегуфтанд холаву амакаш.
— Мехоҳам. Пушаймон намешавам, бо қатъият мегуфт Асланшо.
-Хайр, Худованд мададгорат бошад.
Вақте аз модари деҳотиаш талаби дуо кард, вай гуфт:
— Худованд, ба Маскав равию ба мактаби актёрӣ дохил нашуда баргардӣ, омин, Аллоҳу акбар.
— Очаҷон, ин чӣ гуна дуо аст? – хандаи Асланшоҳ омад.
— Ана ҳамин хел. Ту, бачаи бесар, ин ҷо қарор надорӣ, он ҷо чӣ ҳодисаро ба сар меорӣ, Худо медонад! Худованд, соқу саломат равию дарав гашта биоӣ!
Ӯ озими шаҳри Маскав шуд, то ба Институти умумииттифоқии синамогарон (ВГИК)-и овозадор дохил шавад. Намедонист, ки дар Маскав бахт ал- лакай ба сӯяш хандидааст.
Имтиҳонгирандагон худи С. Ф. Бондарчук, ҳамсари ӯ Ирина Конс- тантиновна Скобсева ва чанди дигар буданд. Асланшо даступо хӯрд, ҳарчанд ин чеҳраҳо ба сӯяш бо меҳр менигаристанд. Бахусус ҳамсари С. Ф. Бондарчук Ирина гӯё аз ҳунарнамоии Асланшоҳ серӣ надошт. Дар муқоиса ба дигар довталабон Асланшоҳ ҳунару маҳорати хуб нишон медод. Аммо бо тамоми овоз дод задану шеър хонда- наш ба Бондарчук хуш наомад.
-Чаро ин қадар дод мезанӣ? — бо ҳайронӣ пурсид ӯ.
— Муаллим, мо дар кӯҳистон зиндагӣ мекунем. Мо дар як тарафи теппа, тамошобинон дар тарафи дигари теппа қарор доранд, агар дод зада, гап назанам, намешунаванд, — худро сафед кард Асланшоҳ.
-Хайр, ин ҷо кӯҳистон не-ку. Дод назада, як шеъри дигар бо забони русӣ хон канӣ.
Асланшоҳ шеъреро, ки муаллифаш тоҷик буд дар тарҷумаи русӣ хонд.
-Ана мешудааст ку! Ба русӣ нағз мехониву… — таъриф кард ҳунарпешаи тавоно. Канӣ, гӯй, ҳунарпешаи кадом жанр шудан мехоҳӣ?
— Ман актёри фоҷиавӣ мешавам! – бовиқор ҷавоб дод Асланшоҳ.
Бондарчук хандид. Бо чунин ҷуссаи хурд даъвои ҳунарпешаи фоҷиавӣ доштан?
— Хайр рав, ҳоло мебинем, аз ту чӣ гуна ҳунарпешаи фоҷиавӣ мебарояд, – ризомандона гуфт имтиҳонгиранда.
Шогирдии Бондарчук кори саҳл набуд. Махсусан Асланшоҳро зиёд заҳ- мат медод. Этюдҳои гуногунро месупо- риду баъди иҷроиши он аз ҳамсабақон талаб мекард, камбудҳояшро ёфта гӯянд. Шунидани эроди ҳамсабақон кори осон набуд, Асланшоҳ дарундарун оташ мегирифт. Боре дигар худро дошта ната- вониста, ба Бондарчук гуфт:
— Бубахшед, муаллим, ман барои шумо чӣ, харгӯши озмоишиям?
Бондарчук сахт
хандид:
— Ҳамаи ин ба манфиати худи туст, ором бош!
Асланшоҳ баъди хатми донишгоҳ бо сари баланд ва бо умеду орзуҳои
зиёд ба ватан баргашт. Аз он ифтихор мекард, ки таълимгоҳи мазкурро ба итмом расонидааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ барои хатмкунандагони ихтисоси мазкур дар ҷумҳурӣ бояд студияи синамоӣ кушода, онҳоро бо кор таъмин менамуданд. Аммо ҳеҷ гуна студия кушода нашуд, Асланшоҳу ҳамроҳонашро ба театр ба кор фиристоданд. Бисёре аз ҷавонон тарки пешаи худ карда, баъзеи дигар ба хориҷа рафтанд. Кори театр барои Асланшоҳ низ душворӣ мекард. Ӯ дилдодаи синамо буд. Дар филм нақш офарида, чун коргардон филм ба навор гирифтан мехост. Муддати панҷ сол онҳо ҳамин ҳунарро аз бар карданд. Театр бошад қонуниятҳои худро дошт. Аммо дигар чора набуд. Асланшоҳ дар театр фаъолияташро оғоз намуд, вале чун фурсат даст медод, дар филмҳо нақш меофарид. Бо филмҳои «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Соати комендантӣ», «Асир», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ», «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Марги прокурор», «Марди мутааллиқи ду зан» ва чандин филми дигар, ки дар онҳо нақшҳои гуногунро бозид, миёни мардум чун ҳунарпешаи ҳирфаӣ шинохта шуд. Аммо ин ҳама барои Асланшоҳ басанда набуд. Ӯ мехост филмҳои худашро дошта бошад. Чун коргардон ҳунару маҳораташро нишон диҳад.
Тавре гуфтем, С. Ф. Бондарчук дар ҳаёти қаҳрамони мо саҳми бузург дорад. Талаби С. Ф. Бондарчук аз гурӯҳи шогирдони тарбиянамудааш ин буд, ки онҳо аввалан худро чун ҳунарпеша муаррифӣ намоянду баъдан ба коргардонӣ машғул шаванд. Дар охирин дидор Бондарчук аз ҳунари Асланшоҳ қаноатманд гардида, барои коргардо- нии филмҳо низ фотеҳааш дод. Ваъ- даи кумак низ кард. Афсӯс, ки баъди як моҳи ин вохӯрӣ Бондарчук аз дунё гузашт. Дар Тоҷикистон бошад ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, нақшаву ниятҳои неки Асланшоҳро барбод дод.
Асланшоҳ аз ин мушкилиҳо ба танг омада бошад ҳам, ноумед нашуд. Фаъолияташро қатъ накард. Вазъи сиёсӣ каме беҳтар шуд ва ӯ аввалин филми худро бо номи «Буд набуд» ба навор гирифт. Таърихи ба навор гирифтани ин филм ҳам аҷиб аст. Дар давраҳои бесарусомонӣ боқӣ мондан ё нигоҳдории ҳудуди «Тоҷикфилм» зери суол монд. Асланшоҳ назди директори онвақтаи муассисаи мазкур рафта, пешниҳод намуд, ки барояш имконият фароҳам оварад, то филми наве ба навор гирад. Вай ба ин васила мехост исбот созад, ки «Тоҷиккино» пайи фаъолият ҳасту баҳри рушди минбаъдаи он халал ворид насохта, баръакс дастгирӣ кунанд. Директор розӣ шуд, аммо се рӯз муҳлат дод.
Филм рӯи навор омад. Сюжети филм аз рӯи намоишномаи театрӣ бо номи «Гилеми кабуд» гирифта шудааст, ки солҳои қабл дар театр гузошта мешуд. Аксарияти ҳунарпешагон нақшҳои худро ба хубӣ медонистанд, аз ин рӯ, навори филм дуру дароз давом накарда, дар се рӯз сабт шуд.
Соли 1991 бо ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов театр-студияи миниатюрии «Оина» кушода шуд. Асланшоҳ дар он чун актёр ва режиссёр ба кор оғоз кард. Ин театр-студия ҷунбиш ё худ қадами тозае дар рушду нумӯи театр ва синамои ватанӣ шуд. Намоишномаҳо, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, филмҳои кӯтоҳмуддате, ки аҳли эҷод ба навор мегирифтанд, имрӯз ҳам тамошобини худро доранд.
Махсусан филми «Оворагардон», «Сароби биҳишт», саҳначаҳо аз рӯи ҳикояҳои В. Шукшин, ки дар онҳо Асланшоҳ Раҳматуллоев нақшҳои марказиро бозидааст, ба тамошобин хеле писанд омад.
Саҳми Асланшоҳ дар синамои кишварҳои дигар, махсусан, синамои Русия чашмрас аст. Филми машҳури «Афсарон», силсилафилми «Хазинаи тилло», ки ӯ дар онҳо нақшофарӣ намудааст, беҳтарин филмҳои синамогарони рус дониста шудаанд.
Солҳои охир дар фаъолияти театрстудия «Оина» мушкилиҳои зиёд пеш омад. Аҳли эҷоди он аз надоштани бинои доимӣ танқисӣ мекашиданд. Аммо қаҳрамони мо аз мушкилиҳо рӯҳафтода намегардад. Синаморо дӯст медорад ва барои пешрафти он ҳамарӯза ҷаҳду талош мекунад. Таҷрибаи ғаниашро ба ҷавонони зиёде, ки гирдаш ҷамъ овардааст, меомӯзонад. Аз бахту қисмати хеш низ меболад. Розӣ аз худ, розӣ аз тақдир аст. Подоши ҳунар, хотираву ёддошт ва туҳфаҳои дӯстону мухлисонашро дар хонаи осорхонамонанде гирд овардааст, ки бозгӯкунандаи ҳаёту фаъолияти пурсамараш ҳастанд.

Мижгона ХАЛИЛЗОДА, «АС»

Дигар хабарҳо