Ӯ ШОИРОНА ЗИСТ
Хабари андуҳбори даргузашти шоиру мунаққиди номвар устод Муҳаммадалии Аҷамӣ ҷомеаи адабии кишварамонро сахт такон дод. Шоире рахт аз ҷаҳон барбаст, ки ҳамеша бо ишқи шеър ва шеъри ишқ мезист, ошиқонаву содиқона бори гарони суханро бар дўш мекашид ва дору надори худро ба пои арўси сухан рехта буд. Ноқиде моро тарк кард, ки вожа-вожа ва сатр-сатри ашъори шоиронро вошикофӣ мекард, ба жарфнои калимаҳо роҳ мебурд, ба нақд ҳам чун ба шеър бархурди ошиқона дошт.
Устод Муҳаммадалии Аҷамӣ бешак дар олами шеър ва нақди адабии тоҷик ҷойгоҳи комилан вижа дошт ва ин ду риштаро тавре ба ҳам гиреҳ зада буд, ки якдигарро устувору комил мекарданд. Байни шеъру нақди ў як навъ муштаракоти аҷибе ба назар мерасад. Ҳар нақди ў шеъри зебоеро мемонад ва завқи шеършиносии хонандаро бедортар мекунад, дидгоҳи маърифатӣ ва зебоишиносии ўро вусъат мебахшад. Шояд аз ин рўст, ки нақди ўро нақди завқӣ ном мебаранд. Равоншод дар нақдҳояш аз канори калимаҳо ба шитоб ва бетафовут гузар намекард, балки ба умқи рамзу маънои ҳар вожа фурў мерафт ва таъбиру ибораҳоро тагорў мекард. Аз ин рў, як шеър барои ў маводи як нақди муфассал буд. Чунин равишу ҳинҷор, яъне ба доираи нақду баррасии муфассал гирифтани як шеър, агар иштибоҳ накунам, дар нақди адабии тоҷик чандон собиқа надошт. Устод Аҷамӣ ин равишро ба ҳукми анъана даровард. Бо хондани нақдҳои шоиронаи ў кас лаззати маънавӣ мебарад, дақиқан ҳамон лаззате, ки аз хондани шеър ё ҳикояи марғубе ҳосил мешавад.
Нақши устод Муҳаммадалии Аҷамӣ дар навсозии шеъри имрўзи мо низ чашмрас аст. Ў бо огоҳии комиле, ки аз тозатарин ҷараёну равишҳои шеъри имрўзи форсӣ дошт, дар заминаи тозагии забону баён ва дигаргун сохтани фазои шеъри тоҷикӣ корҳои шоиста анҷом дод. Ба ғазал дилбастагии тамом дошт. Бемуболиға, дар сурудани ин навъи шеър ба ҳадди устодӣ расида буд ва тавонист он рози ҷовидони ғазалро, ки на ҳар шоире ба кашфи он қодир аст, дарёбад ва ғазали зебову шевову дилангез бигўяд. Фасоҳату балоғати сухан, ки муҳимтарин шарти ғазалсароӣ мебошанд, дар ғазалҳои устод хеле равшан намудоранд.
Дар навсозии анвои дигари шеър, аз ҷумла шеъри сапед низ устод Аҷамӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Як даста ашъори сапедаш, ки чанде пеш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашр шуданд, аёнгару баёнгари онанд, ки сухани ў дар ин қолаб ба ҳадди камолу ҷамол расидааст.
Дарахти андешаи устоди равоншод реша дар замини барўманди маърифат дошт. Пайваста ба осори шоирони ориф, махсусан ба ашъори Аттору Саноиву Мавлоно ишқу ихлос меварзид. Аз ин ҷост, ки ашъори худи ў низ рангу бўи ирфон дорад, аммо гароиши ў ба шоирони ориф муқаллидона нест. Ў ба назари ман, бодагусореро мемонад, ки аз майкадаи ашъори шоирони орифи бузург хумор мешиканад ва ин майи куҳанро ба соғари комилан нав мерезаду пешкаши муштоқони сухан мекунад. Майи куҳан ҳамон ҷонмояи ашъори ў ва соғари нав забону баёни тозаву имрўзии ўст. Пайдост, ки май ҳар қадар куҳантар бошад, он қадар гиротар аст.
Таваҷҷуҳ ва ғамхории устод Аҷамӣ ба адибони ҷавон хеле зиёд буд. Рўзе набуд, ки шоири ҷавоне ба дафтари кори ў наояд ва аз маслиҳатҳои муфидаш баҳравар нагардад. Дафтари ў маҳфилгоҳеро мемонд, ки табъу завқи шоирони ҷавон дар он ҷо парвариш меёфт. Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур, Иброҳимҷони Дўстализод, Мафтунаи Қосим, Дилором Чориева ва каминаи камтарин аз он хушбахтоне ҳастем, ки аз ин маҳфили унс сабақҳо гирифтаем, аз хони маънавии он чошниҳо бардоштаем. Устод баъзан дар атрофи як шеър соатҳо мулоҳиза меронд ва бо нармиву меҳрубоние, ки хоси ў буд, камбуду нуқсонҳои навиштаҳои моро мегуфт ва барои рафъи онҳо раҳнамоӣ мекард. Ҳарчанд ки худ чандин сол дар Эрон зист ва бо ҳавзаҳои адабии ин кишвар ошноӣ дошт, ҳамеша такрор ба такрор, дар маҳфилҳову маҷлисҳо ва суҳбатҳои алоҳида ба ҷавонон таъкид мекард, ки ба шеъри шоирони ин сарзамини дўсту бародар кўр-кўрона тақлид накунанд, аз корбасти таъбиру ибораҳои онон парҳез намоянд, рўҳияи миллӣ ва тоҷиконагии шеърро нигоҳ доранд.
Дареғо, ки дигар устоди маслиҳатгару дилсўзи мо дар дафтари кори худ нест. Ў ба водии абадият кўч бастааст. Аммо мо ҳамчунон аз осори гаронсанге, ки ба ёдгор мондааст, сабақ мегирем, сабақи шеъру ишқу маърифат.
Рафт он ки дар қаламрави ирфон мақом дошт,
Аз рози соликони тариқат паём дошт.
Медид дар вуҷуди ҳама ҳусни ишқро,
Рўҳе мунир аз адабу эҳтиром дошт.
Аз бодаи муҳаббати Аттору Мавлавӣ
Сармаст буд ҳамешаву саршо ҷом дошт.
Дар хилвати хаёли худаш фориғ аз ҷаҳон
Бо орифони дилшуд“шурби мудом” дошт.
Мекард аз тариқати хуршед пайравӣ:
Якгуна меҳру отифа бар хосу ом дошт.
Ҳатто ба он ки кинавар аз роҳ мерасид,
Чун армуғон табассуму пайку салом дошт.
Охир ба пойбўсии пирони хеш рафт
Он солике, ки аз ғами ғурбаткалом дошт .
Толиби ЛУҚМОН