Ӯ аз шоми ҷаҳолат меҳаросид

 Ӯ аз шоми ҷаҳолат меҳаросид

Роҳи эҷодии Гулназарро метавон ба ду марҳала тақсим кард, зеро онҳо аз ҳамдигар хеле тафовут доранд.

Дар эҷодиёти даврони шӯравии Гулназар лирикаи гражданӣ ва мавзуъҳои иҷтимоӣ мақоми хос доштанд. Шеърҳои ватандӯстона («Ватан», «Садои ҷовидона» ва ғ.) ва ба мавзуи сулҳу дӯстии халқҳо («Дар боғи дӯсткорӣ нахли ту бехазон аст», «Шеъри ман», «Дар сари Майдони Сурх» ва ғ.) бахшидаи Гулназар дорои оҳанги баланди гражданӣ мебошанд ва аз ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инсондӯстиву некбинӣ нисбат ба ояндаи инсоният саршо­ранд. Дар онҳо қаҳрамони лирикӣ хеле фаъол аст ва мавқеи устувори гражданӣ дорад, мавзуъ тавассути иштироки фаъолонаи ӯ барраси­ву матраҳ гардида, мазмуну ғояи шеър ва ҳадафи шоир пайваста бо ҳиссиёту андешаҳои ассотсиативӣ ифода меёбанд.

Қаҳрамони лирикии ашъори гра­жданиву иҷтимоии Гулназар дар он солҳо ба андозае фаъол аст, ки баъзе аз он шеърҳо дар назари ав­вал як дараҷа ҳасбиҳолӣ менамоянд. Вале лаҳзаҳои саргузаштӣ ва ёду хотираҳои қаҳрамони лирикии шеър аз доираи тасвири лаҳзаҳои ҳаёти як фард васеътар рафта, тавассути ифодаи таассурот ва андешаву пин­дорҳо ба тасвиру баррасии бадеии марҳалаву давраҳои ҳаёти иҷтимоӣ иртибот пайдо мекунанд («Писарам, баччагӣ бувад таътил», «Фарзанди кӯҳҳои баланд», «Барои падар», силсилаи «Се бахшиш» ва ғ.). Ба ашъори гражданӣ ва лирикаи иҷти­моии он солҳои Гулназар андешаву муҳокимаҳои фалсафимазмун хос­санд, ки ба рӯҳу оҳанги эҷодиёташ таъсир гузоштаанд.

Дар як силсила шеърҳои Гулназар мавзуи васфу ситоиши модар пайваста ба андешаҳои қаҳрамони лирикӣ оид ба маънои зиндагӣ, мақоми инсон дар ҷамъият сурат гирифтааст («Модарамро ба хоб дидам ман», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам»).

Як зумра ашъори замони шӯравии Гулназар ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар онҳо фоҷеаи ҷанг, ҳофизаи таърихии халқ пайваста бо вазъу ташвишҳои мардум дар замони иншои шеърҳо ифодаи бадеии худро ёфтаанд. Шеърҳои «Зангӯлаи Хатин», «9 майи соли 1945», «Ҳайкали ташнагӣ», «Аскари нобино», «Бевазан», «Як замон аз набарди дунёӣ» ва ғ. аз ҳамин ҷумлаанд. Дар солҳои 70-80-и қарни гузашта, ки доғи ҷанг ҳанӯз аз лавҳи дилҳои мардум шуста нашуда буд ва афроди зиёд аз иштирокчиёну маҷрӯҳони ҶБВ дар ҳаёт буданд, ҷанг ва оқибатҳои фоҷиабори он, инчунин корномаҳои ҷанговарон аз мавзуъҳои муҳими рӯз ба шумор мерафтанд.

Дар шеърҳои иҷтимоии даврони шӯравии Гулназар мавзуъҳои байналмилалӣ низ мавқеи муҳим доранд. Силсилаҳои «Раҳовард» ва «Тахти Рустам» намунаҳои барҷастаи чунин ашъоранд.

Гулназар аз солҳои 70-и қарни гу­зашта то имрӯз дар ашъори лирикиву иҷтимоӣ ва фалсафимазмунаш ба корбасти жанрҳои дубайтӣ ва рубоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар рубоиёти шоир паҳлуҳои гуногуни вазъи ҷомеа омехта бо ҳолатҳои рӯҳиву равонии гӯянда ифода ва ба тасвир меоянд:

Ҳар рӯз зи дӯшина гарон меояд,
Борест, ки бар пиру ҷавон меояд.
Бозор марав, ки мегазад қимати нон,
Ғам хӯр, ки ҳамеша ройгон меояд.

Дубайтиҳои Гулназар мазмунҳои ишқӣ, фалсафӣ ва иҷтимоию таъри­хиро фаро гирифта, аз лиҳози оҳангу услуб як навъ таркиби шеъри китобӣ ва дубайтиҳои шифоҳии мардумиро мемонанд. Дар мавриди мақоми ду­байтиву рубоӣ дар эҷодиёташ худи Гулназар иқрор кардааст, ки «ин навъи зебои адабӣ ҳамеша бо ман будааст ва бо ман хоҳад монд». Ба ин маънӣ ишораи зебое низ дорад:

Аз рози нуҳуфтаам забон месӯзад,
Аз доғи шукуфтаам равон месӯзад.
Рӯзам пайи зиндагӣ гузар карду маро
Аз шеъри нагуфта устухон месӯзад.

Гулназар аз ибтидои эҷодиёташ ба мавзуи Ватан, тарғибу ташвиқи ҳиссиёти ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хоса дошт, пайванди ногусастании қаҳрамони лирикии шеърро бо Ватан пайваста таъкид мекард:

Дардҳои ҷонгудозу бедавои мо – Ватан,
Захмҳои кории мо, нолаҳои мо – Ватан,
Оре, оре, ибтидову интиҳои мо – Ватан.

Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки Гулназар дар лаҳзаҳои барои Ва­тан фаҷеътарин – маҳз аз ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта ба баъд симои воқеан муфрад ва хоси худро дар шеър ба зуҳур овард. Муҳити иҷтимоиву сиёсии тамоман нав, маносибатҳои ғайриодии ҷамъиятӣ назари шоирро ба муҳит, ба ҷомеа ва инсон, инчунин ба адабиёт ва кори адабӣ тағйир дод. Аз ҳамон замон, гуфтан мумкин аст марҳалаи нави эҷодиёти Гулназар оғоз шуд.

Воқеаҳои ибтидои солҳои 90 дар ҷумҳурӣ Гулназарро гӯё ба деги ҷӯшони имтиҳон барои дарёфти асолати мақому манзалат ва рисо­лати адабиёт дар ҷомеа андохтанду пухтанд. Хусусан аз шеърҳое, ки дар айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гуфта шудаанд, эҳсос мешавад, ки дили шоир баробари сӯхтани қитъаҳои гуногуни кишвар месӯхт, баробари кушта шудани ҳар фарзанди номдори халқ мемурду ба умеди бақои миллат ва Ватан аз нав эҳё мешуд. Аксари кулли он шеърҳо дар китобҳои «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст», «Фариштаи бомдод», «Шуълаи барқадди сӯзони малоҳат», «Ойинаи ташна» ба табъ расида, дар маҷмуаи «Фасли оғоз» сара карда шудаанд. Аз миёни он шеърҳо ниёишҳои Гулназар («Эй об!», «Афсонаи «як замон», «Тулуи қулла», «Ниёиш», «Нигоҳам шарм медорад», «Субҳ бо лаҳҷаи тифлона биёяд ба дарам нонталабӣ», «Баҳор­ро хабар кунед», «Ҳаст халқе, ки агар нонаш нест» ва ғ.) рӯҳияи шоир ва аксари мардуми ҷумҳурӣ, авзои замонаро хеле воқеъбинона ва му­ассир ифодаву тасвир намудаанд:

Ин саҳар дар шохаҳо
овози
мурғони саҳар ях бастааст,
Хандаҳои зарҳалии офтоб
Дар лабаш бишкастааст…
Эй нафас, к-аз гармсери сина меоӣ пушаймон,
Ту гусастӣ? Ё рамидӣ?
Дар куҷоӣ?
Дар билоде, ки замину осмонашро
                                         ҳавои меҳрубонӣ нест,
Илтиҷо дорам Худоро, к-аз забони ман
Дур н-андозад даме номи баҳории туро, эй дӯст,
Ях набандад то лабони ман!..

Маҳз аз он солҳо Гулназар дар баробари ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммати мураббаъ ба гуфтани шеъри озод бештар руҷуъ кард, ҳарчанд қаблан низ, ба истилоҳ, «хусравониҳо» менавишт. Дар шеърҳои озоди ӯ маънову ҳадаф равшану возеҳ ифода ёфтаанд, таъбирҳо пурборанд, иртиботу таносуби вожаҳо мустаҳкаманд. Муҳимтарин хусусияти шаклии шеърҳои озоди Гулназар ин аст, ки онҳо орӣ аз вазн набуда, бар истифодаи озодонаи арӯз асос ёфтаанд ва маҳз истифодаи эҷодкоронаи арӯзи озод навову оҳанги мавзуни ин гуна шеърҳоро таъмин кардааст:

Дар сари раҳ
Бар тиҳигоҳи кафи дасти гадо
Оби борон мечакид,
Аз сари мижгони ман бо ашки хунин
Тоҷикистон мечакид.

Гулназар аслан шоири ғазалсаро ва табиатан суханвари ғиноист. Ин ҷо манзур на шаклу қолаби шеър, балки муҳтаво ва дарунмояи он аст. Худи шоир дар яке аз ғазалҳояш иқрор кардааст, ки «Табъи ғазалпаймои ман бо шеъри озодам насохт». Ғазалҳои Гулназар бештар мавзуъҳои ошиқона доранд, як қисми онҳо ба тасвиру ибрози ҳолати рӯҳиву равонии шахси шоир ва ифодаи афкори иҷтимоии ӯ алоқаманд аст. Дар ҳар сурат ғазал яке аз жанрҳои маъмули эҷодиёти Гулназар аст ва аксаран хеле равону хушоҳанг офарида мешавад, ки ин чанд байт чун намуна манзур мегардад:

Ташнагиам ҳаваси ҷоми лаболаб дорад,
Ҷуръае, баҳри Худо, к-ин таби ман таб дорад…
Умрҳо дар талаби фасли висоланд ҳама,
Дили ман низ дар ин ғамкада
«Ё раб!» дорад.
Шоиро, ноз макун бо сухани лабҳоят,
Пайи изҳори ғамаш ҳар сухане лаб дорад.

***

Дар ин паҳнои сангистон,
                        ки файзи осмон санг аст,
Нафас тангу ҳавас танг аст,
                                   дил тангу қафас танг аст.
Битобам дасти қисматро,
                                        ки эъҷозаш хатокорист,
Ки аз фарҳанги «дилҷӯӣ» ба комам вожаи «ҷанг» аст.
Зи меҳнат панҷаи ман менамояд хӯшаи ангур,
Вале киште, ки беҳосил бувад ин ҷо, ҳамон нанг аст…

Дар ашъори Гулназар тасвир мақоми хос дорад. Баъзе шеърҳо саропо аз тасвир иборатанд ва дар онҳо шайъ ё манзараи мавриди тасвир бо нишонаву аломат ва намуду ҳолати мушаххас чунон қаламдод мешаванд, ки онҳоро натанҳо тасаввур кардан, балки пеши назар овардан низ имконпазир аст.

Абдураҳмон АБДУМАННОН

Дигар хабарҳо