Ҷуброн Халил Ҷуброн. Девпайкарон. Руъё.

Ҷуброн Халил Ҷуброн (1883-1931) нависанда, шоир, рассом ва мутафаккири маъруфи араб буда, дар Лубнон ба дунё омада, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико зиндагӣ ва эҷод кардааст. Оромгоҳаш низ дар ҳамон ҷост.

Ҷуброн асосгузори робитаи адабии нависандагони араб дар муҳоҷират буда, аз худ осори баландғояи адабӣ ва фалсафии зиёде ба забонҳои арабӣ ва англисӣ боқӣ гузоштааст, ки номи ӯро дар тамоми ҷаҳон маъруфу машҳур кардаанд.

Ба қалами сеҳрангези адиб маҷмуаи новелла ва таро­наҳо, монанди “Арвоҳи исёнгар”, ”Болҳои шикаста”, ”Па­ямбар”, ”Исо — фарзанди инсон”, ”Тӯфонҳо”, “Таронаҳо”, “Маросим” ва “Олиҳаи замин” тааллуқ доранд.

ДЕВПАЙКАРОН

Он ки бо давот менависад, на­метавонад мисли касе бошад, ки бо хуни дил иншо мекунад. Сукуте, ки онро хастагӣ ба амал оварда­аст, наметавонад монанди сукуте бошад, ки зодаи дарду ранҷ аст. Вале сукути ман аз он хотир буд, ки доду фиғони варта гӯши оламро аз шунидани оҳу нолаи нотавонон масруф кардааст ва аз рӯи ҳикмат аст, ки нотавон лаб фурӯ бандад, чун неруҳои дар замири замин мак­нун ба сухан оянд. Ҳамон неруҳое, ки ба ҷуз аз тӯпхона забонеро намеписанданд ва ба ҷуз гулӯла лафзеро намепазиранд.

Мо кунун дар замоне арзи ҳастӣ дорем, ки ночизтарини чизҳояшро ба мо бузургтар аз бузургиҳо пеш­каш мекунад. Умуре, ки афкор, майлу хоҳишҳо ва эҳсосоти моро саргарм мекард, гӯшаи хилват гузидаанд. Масоил ва мушкилоте, ки бо ақида ва мабодии мо бар­мехӯрданд, паси пардаи фаро­мӯшӣ ниҳон гардидаанд. Орзуҳои ширин ва шабаҳҳои зебое, ки дар арсаи виҷдони мо бо сарбаландӣ сайругашт доштанд, мисли туман пароканда гардиданд ва ҷои онҳо­ро девпайкароне гирифтанд, ки монанди тундбод роҳ мераванд, монанди баҳр мавҷ мезананд ва монанди кӯҳи оташфишон нафас мегиранд.

Оқибати ин дунё баъди анҷоми задухӯрди девпайкарон чӣ гуна бо­шад? Оё деҳқон ба замини худ бармегашта бошад, то дар он ҷое, ки марг косахонаи сарҳои куштагонро мекошт, тухм афшонад? Оё шубон ба чарогоҳе, ки қишри заминашро теғҳо пора-пора кардаанд, рама­ашро мебарад ва аз чашмае, ки хунобаҷӯш аст, об медиҳад? Оё обид дар ибодатгоҳе, ки дар он шайтонҳо рақсидаанд, намоз ме­гузорад, шоир баҳри ситорагоне, ки дуд онҳоро аз назар пинҳон кар­дааст, шеър мегӯяд ва хунёгар та­ронаашро дар шабе, ки оромии он ҳамоғӯши даҳшат аст, месарояд? Оё модар аз тарси фардо назди гаҳвораи тифли ширхорааш суруди алларо мехонад? Оё ошиқон дар он ҷое, ки душманон ҳамдигарро гулӯлаборон кардаанд, вохӯрда якдигарро бӯсаборон мекунанд? Оё баҳор ба замин баргашта, пай­кари захмии онро бо пераҳани хеш мепӯшонад? Худоё, оё баҳор ба ин киштзорҳо дубора бармегардад?

* * *

Чӣ сарнавиште кишвари ману шуморо интизор аст? Кадоме аз девпайкарон бар сари теппаю баландиҳое, ки моро пеши наза­ри хуршед марду зан сохтааст, панҷаи худро мегузорад?…

Ҳар гоҳ ки танҳо мемонам, бар зоти худ чунин суолҳоро матраҳ мекунам, гарчанде ки он мисли қазо мебинад, вале ҳарф намеза­над, роҳ меравад, вале илтифот намекунад, чашмони бино ва поҳои равон дорад, вале забонаш гӯё нест.

О, мардум, кадоме аз шумо шабу рӯз аз зоти худ сар­навишти замин ва сокинони онро мепурсад, модоме ки девпайкарон бо сиришки беваю ятимон орди худро хамир мекунанд?

Ман аз қабили онҳое ҳастам, ки ба суннати нушуъ ва таҳаввул қои­ланд. Ба ақидаи ман, ин суннат бо амали худ дар баробари коиноти маҳсус мавҷудоти маънавиро низ дар бар мегирад, динҳо ва ҳуку­матҳоро аз хуб ба хубтар интиқол медиҳад, чунонки тамоми махлуқо­тро аз муносиб ба муносибтар.

Ба пас бозгашт нест, ба ҷуз дар сурат ва таназзуле нест, магар сатҳӣ. Суннати таҳаввул роҳҳои гуногуншохаро дорост, ки яке аз ди­гаре шоха мегиранд, вале дар асл мулозими якдигаранд. Зуҳуроти бераҳму золим, ки афкори маҳдуд онро инкор мекунад ва алайҳи он дилҳои заиф исён мебардоранд, ботинан одил ва равшан аст, хуқуқи волотар аз ҳуқуқи фардро пос медорад, ба мароми болотар аз мароми ҷамоат менигарад ва ба овозе, ки бо даҳшату риққатан­гезӣ оҳҳои бенавоёну нолаҳои дардмандонро фаро мегирад, гӯш меандозад.

Он чи наслҳо бо илму фарҳанг бунёд карданд, инсони ваҳшӣ бо тамаъ ва худбинӣ хароб кард. Ҳоли мо имрӯз мисли ҳоли сокинони ғорҳост ва фарқ танҳо дар он аст, ки мо олоте сохтем барои вайрон кардан ва макру фиреб ба кор ме­барем барои куштор!

Чунин мегӯянд ононе, ки замири дунёро ба миқёси замири худ андо­за мекунанд ва мурод аз вуҷудро бо фикри кӯтоҳе, ки онро барои ҳифзи мавҷудияти шахси худ ба кор мебаранд, таҳлил мекунанд. Гӯё офтоб танҳо барои гарм кар­дани онҳосту баҳр барои шустани пойҳояшон вуҷуд дорад.

* * *

Аз қаъри дили зиндагӣ, аз паси ашёи ноаён, аз жарфои кайҳони соҳибтадбири пурасрор девпайка­рон чун бод бурун омада, чун абр боло мераванд. Сипас чун кӯҳҳо рӯбарӯи якдигар қарор гирифта меразманд, то мушкили танҳо бо набард ҳалшавандаи заминро файсал намоянд.

Аммо мардум бо тамоми илму маърифате, ки дар сарҳои эшон аст, бо тамоми меҳру муҳаббат, дарду алам ва беқарорие, ки дар ботини эшон аст, олоте ҳастанд дар дасти девпайкарон барои расидан ба мақсади улвии ногузир.

Хунҳои рехта чун рӯдҳои шодоб ҷорӣ хоҳанд гашт, ашкҳои фишон­да чун гулҳои поксиришт хоҳанд сабзид ва ҷонҳои нисоркарда бо ҳам хоҳанд омад ва аз паси уфуқи нав чун субҳи тоза хоҳанд дамид. Он гоҳ мардум хоҳанд донист, ки ҳақро аз бозори бенавоӣ харидорӣ кардаанд ва ҳар кас, ки дар роҳи ҳақ харҷ мекунад, зиён нахоҳад дид…

Баҳор дубора хоҳад баргашт, вале ҳар кӣ бе зимистон толиби баҳор аст, онро ҳаргиз пайдо на­хоҳад кард.

РУЪЁ

Ҳангоме ки шаб фаро расид ва сукунат ҷомаи худро рӯи замин афканд, бистарро тарк карда, рӯ ба баҳр овардам. Ба худ гуфтам, ки баҳр намехобад ва дар бедории он таслияест барои руҳи бедор.

Ба соҳил расидам. Тумани аз баландии кӯҳҳо поин омада он мавзеъро фаро гирифта буд, чунонки ҳиҷоби хокистарӣ рӯи духтари зеборо пӯшида бошад. Таваққуф кардам, то ба лашкари амвоҷ чашм дӯзам, ба таронаҳои он гӯш андозам, дар бораи неруҳои сармадии аз паси он ниҳон андеша ронам. Ҳамон неруҳое, ки ҳамраҳи тундбодҳо медаванду ҳамраҳи кӯҳҳои оташфишон ба шӯр меоянд, бо лабони гулҳо табассум мекунанду бо даҳони рӯдҳо тараннум.

Ногоҳ назарам ба се шабаҳе афтод, ки рӯи харсанги наздик менишастанд. Пардаи туман қариб буд онҳоро тамоман пӯшонад. Ба сӯяшон оҳиста-оҳиста гом бардоштам, гӯё дар вуҷудашон оҳанрабое буд, ки маро беихтиёр ба худ ҷазб мекард.

Масофае чанд қадам аз онҳо намонда буд, ки дар ҷоям шах шудам. Гӯё он ҷо сеҳре буд, ки азимати маро карахт карду хаёле­ро дар руҳи ман бедор. Дар он лаҳза яке аз шабаҳҳо аз ҷой бархост ва бо овозе, ки гумон мекунам, аз жарфои баҳр меомад, гуфт:

— Зиндагӣ бе муҳаббат мисли дарахтест бебор, муҳаббат бе зебоӣ мисли гули бенакҳат ва ҳосили бетухм аст. Зиндагӣ, муҳаббат ва зебоӣ се ҷавҳа­ранд дар як зоти мустақили мутлақ, ки тағйир ва ҷудоиро напазиранд.

Шабаҳи якум инро гуфта, дар ҷояш нишаст. Сипас шабаҳи дувум қомат рост карда, бо овози чун селоб пурталотум гуфт:

— Зиндагӣ бе мубориза монанди солест бе баҳор, муборизаи бе ҳақиқат монанди баҳорест дар саҳрои бе обу гиёҳ. Зиндагӣ, мубориза ва ҳақиқат се ҷавҳаранд дар як зоти тағйирнопазир ва ҷудонашаванда.

Сипас шабаҳи савум бархост ва бо овози чун раъд гулдуросӣ гуфт:

— Зиндагӣ бе озодӣ мисли пайкарест бе руҳ, озодӣ бе ақида мисли руҳест мушавваш. Зиндагӣ, озодӣ ва ақида се ҷавҳаранд дар як зоти азалӣ ва фанонопазир.

Пас аз он ҳар се шабаҳ аз ҷой бархоста, бо як овози пурдаҳшат гуфтанд:

— Муҳаббат ва он чи меофарад, мубориза ва он чи ба вуҷуд меоварад, озодӣ ва он чи мепар­варад, — се таҷаллӣ аз таҷаллиёти Худо ҳастанд ва Худо замири ҳамешазинда аст.

Дар ин асно хомӯшие ҳукмфармо гардид, ки онро садои болҳои диданашаванда ва ларзиши ҷисмҳои осмонӣ пур мекард. Чашмонамро пӯши­да, ба акси садои он суханҳо гӯш додам. Вақте ки дубора чашм кушодам, танҳо баҳрро дидам, ки ҷомаи туман ба бар карда буд. Ба харсанге, ки он се шабаҳ нишаста буданд, наздик шудам. Ба ҷуз сутуни дуде, ки ҷониби осмон боло мерафт, дигар чизеро пайдо накардам.

Тарҷумаи Назруллоҳи Назар

Дигар хабарҳо