ҶОВИДОН БО КӮДАКОН

8-уми феврал ба ифтихори 90-солагии ду адиби маъруфу маҳбуби кӯдакон, ду ҳамсафари роҳи зиндагӣ — Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Акобир Шарифӣ дар ИНТ бо иштироки адибону донишмандон, тарбиятгирандагони боғчаву хонандагони мактаб ва пайвандону дӯстони соҳибҷашнҳои равоншод маҳфили ёдбуд баргузор шуд.

Дар бораи нақши шоистаи ин ду адиб дар пешрафти адабиёти бачагона ва маҳбубияташон миёни кӯдакон муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни суханронии ифтитоҳӣ изҳори назар кард.

Номбурда ёдовар шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ дар хонадони шоири бузурги тоҷик Пайрав Сулаймонӣ  ба камол расида, корномаи падарашро дар олами адабиёт бо сарбаландӣ идома додааст ва дар ташаккули адабиёти бачагонаи тоҷик хидматҳои мондагор кардааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ замони ҳамнишинӣ ва ҳамсуҳбатиҳояшро бо Гулчеҳра ба ёд оварда, вобаста ба сифатҳои инсонияш зикр намуд, ки равоншод дили софу кӯдакона дошт ва ҳангоми суҳбат бо кӯдакон худ низ ба кӯдаки содадил табдил меёфт, фурӯтану заминӣ ва бисёр самимӣ буд. Номбурда афзуд, ки Гулчеҳра Сулаймонӣ дар эҷоди шеър барои бузургсолон низ дасти тавоно дошт ва ба намуна шеъри зебоеро аз китоби «Наргис»-и ӯ қироат намуд.

Сухангӯ дар бораи эҷодиёти Акобир Шарифӣ низ ҳарфҳои пурмеҳру самимона гуфт ва изҳор дошт, ки марҳум ҳам дар эҷоди шеър ва ҳам дар иншои қиссаву ҳикоя маҳорати хос дошт.

Сурудхонии зебову самимонаи шогирдони яке аз кӯдакистонҳои пойтахт маҳфилро пур аз гармию муҳаббат намуд.

Сипас  яке аз шогирдон ва наздикони Гулчеҳра Сулаймонӣ, адиби шинохта Латофат Кенҷаева дар бораи шахсияту эҷодиёти шоира сухан ронд ва китоби тозанашреро таҳти унвони «Духтари Пайрав», ки аз рӯзгору осори Гулчеҳра Сулаймонӣ қисса мекунад, ба ҳамагон муаррифӣ намуд.

Дар идомаи маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур, адибон Ҷӯра Ҳошимӣ, Ғанӣ Ҷӯразода, Искандар Мирзоев, Абдуғаффори Партав, Шаҳрия, Адибаи Хуҷандӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода дар бораи симои инсонию эҷодии Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Акобир Шарифӣ  суханҳои пурҳарорат гуфтанд.

Дар суханрониҳо перомуни маҳбубияти шеъри «Бибиҷонам меояд», «Хоҳаракам» ва дигар шеърҳои бачагонаи Гулчеҳра, ҳамчунин дар бораи шеъру ҳикояҳои хубу марғуби Акобир Шарифӣ, махсусан ҳикояи «Амаки милиса» сухан рафт.

Хонандагони гимназияи №2-и шаҳри Душанбе аз эҷодиёти ҳарду соҳибҷашн шеърҳо қироат намуда, гармии маҳфилро афзуданд.

Аз номи пайвандону наздикони Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Акобир Шарифӣ духтари онҳо Шаҳло ба роҳбарияти ИНТ ва ҷамъомадагон изҳори сипос намуд. 

Дар поёни маҳфил Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки имрӯз бояд анъанаи чунин адибон дар самти адабиёти кӯдак  идома ёбад ва мо аз адибон хоҳиш мекунем, ки дар семинарҳои омӯзишии мо оид ба адабиёти кӯдак ширкат варзанд ва дар рушди ин бахши муҳимми адабиётамон саҳм гузоранд.

Мудири бахши адабиёти кӯдаки ИНТ Азизи Азиз адибонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, бо суханронии мухтасар дар бораи адабиёти кӯдак маҳфилро ҳусни хотима бахшид.

  Т. ХАЛИЛӢ  

Дигар хабарҳо