Ҷаҳони бадеии Баҳманёр

 Ҷаҳони бадеии Баҳманёр

Эҷодкор наметавонад ба тариқи назария ҳикоят кунад, ки чӣ меофарад, аммо афкораш дар хусуси образ дар мағзаш шакл гирифтааст. Дунё дар тахайюли ӯ дар шакли образи нав – ба таври мушаххаси ҳиссӣ бозсозӣ мегардад ва андешаи ӯро маҳз ҳамин образ роҷеъ ба олами атроф ифода мекунад. Андеша дар мағзи эҷодкор аз он сарчашма мегирад, ки ӯ оламро чӣ навъ эҳсос мекунад, гуфтану тасвир кардани чиҳоро барои башарият зарур медонад… Ҳамин тавр, тахайюле, ки дар офариниши асар корбурд мешавад, натиҷа, восита ва шакли шуури бадеист ва образ ё сувари хаёл маънои олии ҳастии ин шуур аст.

Ин муқаддимаи кӯтоҳ аз мавзуи мо берун нест, балки ба он дахли бевосита дорад. Сухан аз ҷаҳони бадеии Баҳманёр аст, ки ҳадди ақал андешаи дар боло изҳоршуда ба ҳамин ҷаҳони бадеӣ алоқадор мебошад. Аввалан, то кунун (бо вуҷуди даҳҳо мақолоту гузоришу суханрониҳо) исбот нашуда, ки чаро Баҳманёр дар офариниши насри бадеӣ ҳамқадами замона нашуд, балки моҳияти насрро дигаргуна дарк кард? Ин ки ривояту афсонаву гуфторҳои мардумӣ ба ӯ таъсири файёз доштанд ё аз таҷрибаи адабиву эстетикии адабиёти классикӣ (аз “Ҳазору як шаб” то “Гулистон”) илҳом гирифт ва ниҳоятан, аз эҷоди носирони амрикоилотинии мансуб ба ҷараёни “реализми ҷодуӣ” бархурдории қавӣ дошт, посухи ҷиддӣ буда наметавонанд. Инҳо ба ҳайси сарчашмаҳои илҳому истиқболи адиб барои равнақи эҷодаш, албатта, бидуни аҳаммият нестанд, аммо омили асосӣ ҳам нестанд.

Омили асосӣ, ба андешаи мо, дар дигар ҷост. Дар адабиётшиносии мо одат шуда, ки пайдоиши равия ва ҷараёнҳои рангоранги адабӣ ва зиёда аз ин, сабку услуби гуногуни баёнро бо тағйир ёфтани фазо ва вазъи иҷтимоию сиёсӣ, сохтори идораи ҷомеаҳо ва дигар сабабҳои ба зиндагии воқеӣ алоқаманд нисбат медиҳанд. Ба фарзи мисол, баъди табаддулоти солҳои бистум ва таъсиси давлати шуравиии тоҷикон вуқуънигории сирф ё реализми сотсиалистӣ ҷойи ҳама равияҳои дигари адабиро ишғол кард. Суннатҳои адабии классикӣ ҳам дар наср ва ҳам дар назм якбора қатъ шуданд, навъҳои адабие зуҳур карданд, ки дар адабиёти мо собиқа надоштанд. Ин ҳолатро тақозои идеологияи нав ва талаби замони дигаргуниҳои азим дар ҷомеа медонистанд, дар умум адабиёт ба сохтори нави идора ва мафкураи он камари хидмат баст. Чунин мисолҳоро аз минтақаҳои дигари олам ба вуфур метавон ёфт.

Гумонам, омили асосӣ ин нест, зеро мисолҳои баръаксро низ метавон пайдо кард, агарчи пайванди адабиёт бо тарзи ҳаёти ҷомеаҳо ба ҳукми як қонун аст, аммо ин қонунмандӣ истисноҳо низ дорад. Омили асосӣ дар бисёрмаъноии ҷону руҳи каломи ҳунарӣ, яъне образи бадеист. Эътибори образи бадеӣ дар амиқ будани мундариҷаи он (вусъати баланди фаҳму дарки он) аст, бад-ин маъно, ки аз замони ба вуҷуд омаданаш то ба садсолаҳо боқӣ мемонад. Бо он неруи бузурги образофаринӣ, ки масалан, дар “Шоҳнома”, “Ёддоштҳо”, “Ғуломон”, “Ҳайҷо”, “Фирдавсӣ”, “Гардиши девбод” ва ғайра ҳаст, оё метавон гуфт, ки ин осор зарфияти тавлиди фикр ё андешабарангезиашонро дар ниҳоди хонанда ба итмом расонидаанд? Ҳаргиз не.

Намоишномаҳои А.П. Чехов барои баҳсу баррасиҳои ҳамзамононаш мавзуъҳои зиёде медоданд ва барои имрӯзиён низ аз аҳаммият холӣ намебошанд. Чунки дар ин осор тавассути бисёрмаъноии образ арзишҳои башарӣ мавқеи устувор доранд. Аз ин ҷиҳат сухани файласуф Г.Г. Нежнов дуруст аст, ки мефармояд: “Ҳар қадар зиндагӣ дар образ бештар ғунҷоиш ёбад, ҳар қадар ҳаяҷону гирудори олами ботинии инсон, таҷрибаи ҳаёт, умқи идроки ҷаҳон дар он ҷо бигирад, ҳамон андоза тафсиру шарҳ, маърифат ва дарёфти маънои ҳастӣ васеътар ва рангоранг хоҳад шуд”.

Зиёда аз ин, образ ҳамон вақт бадеӣ мешавад, ки агар эҳсосоту ҳаяҷони зиёд, тасаввуру ташреҳи бештар тақозо кунад. Бисёрмаъноии образ, жарфои он, беинтиҳо буданаш асроре дорад, ки хоси эҷодиёти адибони барҷаста аст. Пӯёии хос ва нопурра баён шудани ҳадаф низ аз хисоли дигари образи бадеист. Асарҳои бадеие дучор мешаванд, ки зоҳиран сухани ногуфта зиёд доранд, гоҳо хонанда дар дарёфти матлаби асосӣ ба монеаҳои фикрӣ дучор мешавад, чизҳое барояш фаҳмост ва чизҳое, ки чистонро мемонад. Адибони хушқареҳа ҳамеша иқрор мекунанд, ки баъди анҷоми асар чизҳои зиёдеро нагуфта мондаанд ва ҳалли хеле аз мушкилотро ба уҳдаи хонанда вогузоштаанд.

Аз нигоҳи бадеӣ ва ҳунарӣ он асарҳое заъф доранд, ки агар дар онҳо мантиқ ба эҳсос тарҷеҳ дода шавад. Ба қавли дигар, ҳама чиз маълум бошад, на нақшаи дувум бошаду на зерматн… Мисли он ки раҳи рост ягон камбуд надорад, аммо якнавохт аст, аз дур уфуқи онро метавон мушоҳида кард, аммо пайраҳаҳои ноҳамвору морпеч аз он ҷиҳат мароқангезанд, ки дар ҳар гардише чизи наверо вохӯрдан мумкин, дар ҳар печутоби роҳ бо ҳаводиси ғайричашмдоште дучор омадан имкон дорад… Худи тақозои тахайюли одамӣ ба номуайяниҳо ва сирру асрор, чизи дигаре нест ба ҷуз ашколи тағйирпазируфтаи ҷустуҷӯйи маърифат ва хоҳиши ба умқи ин ё он падида фурӯ рафтан…

Ҳамин тавр, аз нигоҳи илм падид омадани насри романтикии Баҳманёр, ба мисли насри сюрреалистии Сайф Раҳим ва намунаҳои саршор аз мактабҳои таърихиву асотирии адибоне, аз қабили Муҳаммадзамони Солеҳ, Абдулқодири Раҳим, Юнус Юсуфӣ, зиндаёд Муаззама ва чанде дигар рабт дорад ба имконоти истифодаи ин адибон аз зарфияти номаҳдуди образи бадеӣ. Ҳатто дар насри устод Айнӣ ҳам, ки дар айёми авҷи реализми сотсиалистӣ шакл гирифта буд ва уфуқҳои образи бадеӣ комилан муайян буданд, ба қавли Худоӣ Шарифзода, “унсурҳои румонтикӣ, тасвирҳои натуралистӣ, баёноти хитобии публитсистӣ, қиссапардозиҳои омиёна ва ҳатто лаҳзаҳои ахбори таърихӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд”.

Ба гумони ғолиб, агар сабаби аввал дуруст надонистани меъёру милокҳои методи реализми сотсиалистӣ бошад (чун он замон оғози ташаккули ин методи эҷодӣ буд ва табиист, ки устод Айнӣ бино ба сабабҳои айниву зеҳнӣ ба назокатҳои ин тарзи таълифи осори бадеӣ тасаллут надоштанд), пас, сабаби дигар вуқуфи комили устод аз ҳунари адабии пешиниён ва хусусан вижагиҳои насри классикӣ буда, ки ин вижагиҳоро барои барҷаста зуҳур кардани образи бадеӣ истифода мекарданд. Аз ин нуқтаи назар, он адибонеро, ки дар даҳаи 80-90-уми асри гузашта маҷрои насри вуқуъгарои тоҷикиро комилан тағйир доданд, метавон пайравони насри Айнӣ ва мисли он ки реализми Айниро шартан реализми омехта меноманд, инҳоро ҳам ба ҳамин навъи эҷод шомил кард.

Аммо дар ин байн насри Баҳманёр (чи дар шаклу муҳтаво ва чи аз нигоҳи вазоифи эстетикӣ) комилан мутафовит аз носирони ҳамзамонаш аст. Онро, агар жарфтар таҳқиқ кунем, метавон насри романтикию натуралистӣ номид, ба шарте ки агар зери мафҳуми натурализм таърифи В.М. Толмачевро ба эътибор дошта бошем: “Маҳз нигариши биологӣ муносиботи натурализмро ба вазифаҳои эҷодӣ муқаррар мекунад. Адибони натуралист худашонро бо табиатшиносон, табибон, донандагони хуби зиндагии табақаи поёнии ҷомеа, таҷрибакорон, муҳандисони адабиёт, равоншиносон ва офарандагони этюдҳо ва очеркҳо, репортёрҳо муқоиса мекунанд”. Тасовири нақшину шоирона ва аксаран муфассали роҳу кӯҳу пуштаву қуллаву зову шебу фарози деҳ, хулқу хӯ ва тарзи гуфтору нишасту хези мардуми русто, то ҷойе ба қолаби антропоморфизм даровардани образҳои ҳайвонот, таваҷҷуҳ ба унсурҳои хурду резаи характери одамон ва ҷузъитарин зуҳуроти психологияи онҳо – ҳамагӣ аз нишонаву аломатҳои натурализм ҳастанд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ намунаҳои зиёде дорад (масалан, Г. Мопассан, Э. Золя, К. Гюисманс, Э. Гонкур, А. Доде ва дигарон). Маҳз пайванди анъаноти романтизм бо аносири диққатталаби натурализм бар иловаи истифодаи вофири санъати саҷъ насри Баҳманёрро аз насри дигар адибони ҳамзамонаш ҷудо кардаанд.

Омили дувум гурез аз такрор буд, чунки ба қавли Ортега-и-Гасет, “дар олами ҳунар ҳама гуна такрор бемаъност. Ҳар сабки таърихан ташаккулёфта шумори муайяни шаклҳои гуногунро дар чорчӯби ҳамон як типи умумӣ ба вуҷуд меорад, аммо бо гузашти айём ин чашмаи мусаффо оқибат мехушкад”.

Ин андешаи Ортега-и-Гасет, файласуф ва муҳаққиқи испанӣ мавқеъ дорад ва мисолҳояшро метавон аз адаби ҷаҳон бисёр овард: даҳҳо навъи адабӣ ҳам дар чаҳорчӯби ҳамоса ва даҳҳо навъи шеър дар қолаби лирика аз гардиши адабиёт бозмонданд, чун дигар талабот ба идомаи онҳо намонд. Ямбу элегия ва эпиникияҳои юнонӣ аз марзи антиқа ба дунёи нав нагузаштанд, дар рӯзгори мо идомаи “Шоҳнома”-нависӣ ва ё тарҷеъбанду таркиббанднависӣ ба хотири шоире намеояд.

Такрор аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво низ ба адибон шуҳрату эътибор намеорад. Дар замонаш хеле адибони номвари мо ба татаббуи асарҳои нависандагони рус қиссаву романҳо ва манзумаҳо навиштанд, аммо бо вуҷуди изофаи рангубор ва руҳияи миллӣ онҳоро дар сатҳи дувуми арзишдовариҳо мегузоранд, чун ду унсури муҳимми адабиёт (шаклу мазмун) такрор ҳастанд. Ҷасорату ҷуръат ва шаҳомати Баҳманёр ва як идда адибони солҳои ҳаштодум ба баъд ҳамин буда, ки аз такрори сабк ва тарзи навиштори умумӣ (яъне вуқуъгароӣ бо ҳама ашколи мавҷудаш) парҳез намуданд ва ҳар яке роҳи мустақимеро интихоб карданд. Ҳамин роҳҳои мутафовит аз ҳамдигарро дар олами бадеъ ҷаҳони бадеӣ мегӯянд, ки якеро аз дигаре фарқ мекунонад. Ҳамин тавр, ҷаҳони бадеӣ воқеияти тахайюлии офаридаи адиб аст, ки ӯ дар ҳамон воқеияти тахайюлӣ сужаи асарашро пардоз медиҳад.

Ин ҷаҳон, яъне ҷаҳони бадеӣ, агар барои як адиб дунёи сирфан фантастикӣ бошад, барои дигаре марҳалаи мушаххаси таърихист ва барои адиби севум ҷомеаи муосири ӯст ва ниҳоятан, ҳар пораи замонест, ки нависанда онро бо хости фаросати адабии хеш меофарад. Ин ҷаҳонро муҳаққиқи варзидаи рус А.Ф. Лосев “ифодаи тамомияти тафаккури бадеӣ ва татбиқи он тафаккур, мундариҷа ва шакли асар” номидааст.

Ҳамин тавр, ҷаҳони бадеӣ дар умум, натиҷаи фаҳму дарки адиб аз воқеият ва табдили бадеии он дар асари бадеӣ аз ҷониби худи адиб аст. Агар ҷаҳони воқеиро фазову вақт ва муҳити равониву маънавӣ мақулаҳои аслӣ бошад, пас ҷаҳони бадеии сохтаи адиб низ ҳамин мақулаҳоро дорост. Ин дунё, яъне дунёи бадеӣ, на системаи ғайримустақим, балки натиҷаи муносиботи ҳамдигарии олами ботинии муаллиф ва воқеият аст.

Офаридаҳои бадеии Баҳманёр асосан дар навъи ҳикоят, дақиқтараш – новелла (ба истиснои романи “Шоҳаншоҳ”) таълиф шудаанд ва ин навъи асар бино ба нисбатан хурд будани ҳаҷмаш ба нависанда имкон намедиҳад, ки мукаммалу тӯлонӣ характерофаринӣ кунад, ин ҷо ҷараёни вақт ниҳоят пуршитоб ва зудгузар аст. Ҳар амали персонажҳо, диалогу монолог ва ҷунбишу ҳаракат бояд маъно дошта бошад, ҳар сухан тиллобаркаш бошад.

Дар новеллаҳои марғуби Баҳманёр муколамаҳо зиёданд, маҳз дар онҳо моҳияти характерҳо ошкор мешаванд, ки аксаран на интеллектуалӣ, балки бештар эҳсосиянд. Ҳамин ҳассосияти характерҳои одамӣ муҳтаво ва руҳиёти ҳикоятҳоро хеле ҷолибу хотирмон кардаанд.

Арзиши бадеиву эстетикии ҳикоёти соҳиби Сармаддеҳ баланд аст, он дар мураккабиву печидагӣ ва умқи масъалагузориҳо, дар қобилияти ба ҳам овардани тазодҳо, пеши назари бинанда мисли саҳнаи театр гузаронидани неку бади олами ашё зоҳир мешавад. Аммо боз ҳам чизи асосӣ тарзи хоси офариниши характерҳост, онҳо фардию нотакроранд, мувофиқ бо табиати одамӣ ва мутаносиб ба замони ҳаёташон ҳастанд.

Ҷаҳони бадеии осори Баҳманёрро мушаххас кардан душвор аст ва агар кӯшиши мушаххас кардани он ҷаҳонро дошта бошем, пас қутби асосии он инсонгароӣ ва категорияи асосии ин консепсия ҳастии маънавии инсон аст. Гуманизми Баҳманёр омехта ё синкретизми ҳама формулаҳои инсонпарварист, инсонмеҳварӣ (ончунон ки дар даврони антиқа инсонро мизони ҳама ашё мегуфтанд), то яздонмеҳварии асримиёнагӣ, ки ҳама мардумро назди Худо баробар медонист ва инчунин ҳикмати Пико де ла Мирандола, ки инсонро натанҳо мизони ҳама ашё, балки “муъҷизаи табиат” номидааст.

Асоси ин ҷаҳони бадеиро принсипи иқоъ ё гармония ташкил додааст. Гармонияи байни идеалҳои эстетикӣ ва ахлоқӣ… Ин ҳамон гармонияе ҳаст, ки дар он инсони табиӣ ва муқаррарӣ мухолифати руҳу ҷисм ва ва зуҳуроти даруниву беруниро қабул надорад ва ҳатто бархе амалҳои барои ҷомеаи ахлоқии имрӯз номуносибро (фаразан, майхӯриҳои бархе персонажҳо, дурӯғ бофтанҳо, муносибати начандон хуби лафзӣ бо занҳо, гоҳо тасовири натуралистии аҷсоми инсон, аммо бисёр зебову шоирона) бисёр воқеӣ мепазирад ва завқ мебарад. Ин вижагиҳоро ҳанӯз дар Юнони бостон бо мафҳуми “калогатия” мешинохтанд, ки маънои зебоии бо некӣ омезишёфтаро дошт.

Ҳамин тавр, ҷаҳони бадеии осори Баҳманёрро ҳамоно воқеияти объективии мавриди тасвири ӯ ташкил медиҳад, агарчи ин воқеият моломоли тахайюл, устураву пиндорҳо ва боварҳои мардумист. Агар ба забони фалсафӣ гӯем, ҳастии мавриди тасвир ё воқеияти инъикосшаванда новобаста ба иродаи ҳар эҷодкор, хоҳ устод Баҳманёр бошаду хоҳ устод Абдулҳамид Самад, Кӯҳзод ё ҳар адиби дигар, вуҷуд дорад. Аммо адабиёт чунин вижагӣ дорад, ки предмети он натанҳо инъикоси воқеияти объективӣ ё ҳастии воқеист, балки воқеияти он шууре метавонад бошад, ки тавассути тахайюли нависанда офарида шудааст, яъне шуури вижае, ки агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад, хоси адаби бадеист. Маҳз осори гаронмояи Баҳманёр собит кардааст, ки то чӣ андоза нақши тахайюл бузургу баҳиммат аст ва ба чӣ амалкардҳои руҳиву равонӣ қодир…

Тибқи фармуди фалосифа, тахайл ба чанд навъ қисмат мешавад, ки аввалаш тахайюли қабулкунанда аст, ҳамон навъи тахайюле, ки ба тасвири вазъи мушаххас сахт вобастагӣ дорад, баъдан – тахайюли дар ёдҳо ҳифзмешуда, ки аз асотсиатсияҳои фикрии дар хотираҳо ҷодошта иборатанд, навъи севум – тахайюли фантастикӣ, ки ба маводи воқеӣ, ин ё он унсури воқеият дахл дорад, аммо имкони моделҳои образнокро ҳам дорад, яъне устураиву афсонаист ва ғайра.

Қариб ҳама анвои ин тахайюлоти номбаршуда дар осори Баҳманёр ба мушоҳида мерасанд, махсусан аз навъи севум. Ин тахайюл ба нависанда имкон додааст, ки дунёи аҷиберо дар пасманзари олами воқеият бо ҳама эҳтимолият ва зарфиятҳои мавҷуд буданаш бисозад: модел ё навъи дунёе, ки Сармаддеҳ унвон дорад ва аз як сӯ, бо воқеият алоқадор аст (чун сокинонаш ҳама мардуми тоҷиканд ва саросар ҳувият ва маънавияти миллӣ доранд) ва аз ҷониби дигар – ҳамин инсонҳо ҳар яке бо хулқу хӯ ва гирудори олами ботин – тарзи андеша, рафтор, ҷаҳонбиниву фитрати ба худ хосашон гӯиё мардуми сайёраи дигареро мемонанд…

Худи адиб борҳо дар суҳбатҳояш иқрор кардааст, ки тафаккури эҷодии ӯ билкул кандаву гусаста аз олами воқеият (ҳастии реалӣ) нест, маҳз мушоҳидаҳои амиқи нависанда аз гирумони зиндагии мардум зербинои шуури эҷодии ӯ будааст. Аммо фақат зербино, дигар ҳама конструксияҳои ин бино аз маводи тахайюли нависанда иборат шудаанд. Инро дар адаби ҷаҳонӣ “тарҳ” мегӯянд (ё проексия, сатҳе, ки болои он нақши ҷисмҳо ва шаклҳоро меофаранд, айнан мисли он ки дар илми ҳисоб ин корро мекунанд), манзур – дар пасманзари ҷаҳони воқеӣ офаридани ҷаҳони тахайюлии худи нависанда. Ва ин ҷаҳон мисли он ки ин дунё (дунёи реалӣ) сохтусоз ва қонунмандиҳо, ҳикмату фарҳангу муомилоти иҷтимоӣ дорад, ҳамон гуна сохторҳо дорад. Аксар адибони муваффақи ҷаҳон зимни офариниши ҳамин навъ ҷаҳони бадеии тахайюлӣ ормонҳо ва навъе аз фалсафаи вижаи хешро баён кардаанд ва муроди аслии онҳо, ба гумони ғолиб, талқини он ғояву андешаҳоест, ки дар сархати эҷодашон қарор доранд.

Як хосияти адаби бадеӣ ҳамин аст, ки қабл аз тавассути калом таҷассум кардани сувари хаёл ҳар нависандае марҳалаи образофаринии тахайюлиро пушти сар ва ҳамвора барои муқаррар кардани ҳаҷму ҳудуди асари бадеъ андеша мекунад. Идеяи асари бадеӣ қабл аз ин мароҳили эҷод ба ҳушу мағзи адиб ворид аст: чӣ гуфтаҳое дорад, ки хоси худи ӯст ва ҳадафи ниҳоии инъикоси ин ҷаҳони бадеӣ чист…

Масалан, муҳаққиқони осори Шекспир фалсафаи дунёи бадеии ӯро аз ҳикмати ҳиндувони бостон дарёфтаанд, ки тибқи ин ҳикмат олам ҳамчун занҷир ё нардбонест, ки аз санг оғоз шуда (яъне аз мабдаи моддиву ғайрируҳӣ) ба сӯйи улвият (маънавият, Худо) меравад. Дар маркази ин занҷира инсон қарор дорад, ки ҳарду мабдаъ – моддиву маънавиро таҷассум мекунад. Ҳар қисмати ин занҷира яке ба дигаре тобеият доранд, яъне иерархияи худро дорад. Масалан, як санг ба санги дигар баробар нест, шоҳи сангҳо алмос аст, шоҳи металҳо – тиллост, миёни рустаниҳо авлотараш булут, миёни паррандагон – уқоб, миёни ҳайвонот – шер, миёни одамон – шоҳ, дар оила – падар, миёни ҷирмҳои осмонӣ офтоб афзалият доранд. Агар яке аз қисматҳои ин занҷира халалдор шавад, ҳама ҷо хаосу бенизомӣ оғоз мешавад. Ин бесомонӣ то даме идома меёбад, ки вазъу ҳолати халалёфта дубора эҳё нашавад. Аз рӯи ҳамин консепсия, дар «Ҳамлет» шабаҳи шоҳи мақтул пайдо мешавад, дар «Шоҳ Лир» тӯфони азиме ҳамаро тагурӯ мекунад, вақте ки шоҳ Лирро духтарони худаш аз дарбор меронанд ва ғайра.

Агар аз анбуҳи адаби ҷаҳон қаламкашеро ҷӯё шавем, ки аз нигоҳи тарзи офариниши характерҳои одамӣ ва мотивҳои ҳаётдӯстона, таваҷҷуҳ ба ҷузъитарин унсурҳои руҳи миллӣ ва менталитети миллӣ қаробати зич дошта бошад, пас, аз назари мо, нависандаи маъруфи рус Николай Лесков (яке аз ахтарони тобноки насри нимаи дувуми садаи XIX) аст. Шахсиятҳои достонии ӯ (аз қиссаҳои “Чапдаст”, “Хонум Макбет аз шаҳристони Мтсен”, “Марди сарсони афсуншуда” ва ғайра) бо ҳама зебоиву қабоҳат, сатҳи зеҳният ва тарзи афкор, истиқболи сидқиашон аз мазҳаби православӣ ба миллати рус алоқадоранд ва ҳеч имкон надорад онҳоро ба миллати дигаре мансуб донист. Осори ӯро мутолиа карда, вазъу ҳолотеро тасаввур мекунӣ, ки вижагиҳои намоишӣ доранд: ҳам муҳит ва ҳам фазову манзараҳо ва ҳам одамони ҳақталош, хуллас, ҷаҳони рангоранги зебо ва то ҳадде ҳайратовар…

Масалан, дар “Марди сарсони афсуншуда” дар шакли тамсил образи писари велгарде тасвир шуда ва тавассути он масъалаҳое ба миён ниҳода шудаанд, ки башариятро то кунун ором намегузоранд. Ин қаҳрамонон, мисли шахсиятҳои Сармаддеҳи Баҳманёр покизаву олиҳимматанд, каломашон одиву зебост, тақозои вуҷуди маънавияшон зарур будани шафқату накуиву дастгирии ҳамдигарист. “Сокинон”-и ҷаҳони Лесков ба андозае воқеӣ тасвир шудаанд, ки гумон мекунӣ адиб миёни онҳо умре ба сар бурдааст…

Дар ҷаҳони Лесков низ дар баробари корҳои хайру савоби мардум одати бади майхорагии русҳои деҳотӣ нақд шудааст, дар Сармаддеҳ низ тасвири одатҳои бад, аз қабили дурӯғпароканиву дурӯғбофӣ, ҳасадхӯриву шуғл ва бовар ба сеҳру ҷоду ва ғайра (Холи чилдурӯғ, Оростаи сиёҳ, Фармони Мурод, Бухоризода, Дамдузд ва чанде дигарон). Нутқи персонажҳо низ дар қиссаву ҳикоёти Лесков вобаста ба мансубияти иҷтимоии онҳо мураттаб шудаанд, аз ин рӯ, бисёр табииву одӣ ва латифу шевоянд. Худи адиб иқрор шуда, ки “ман солҳои сол каломи мужикҳо, зиёиву нимзиёиҳо, қаллобону роҳибонро омӯхтам, зарра-зарра мақолҳову ифодаҳои рехтаи забони онҳоро гирд овардам, дар издиҳом, дар бозорҳо, дар маъбадҳо…”.

Баҳманёр, агарчи дар ин хусус чизе нагуфтааст, аммо аз матни осораш маълум аст, ки ба забони “зинда”-и халқ тасаллути комил дорад, беш аз ин, барои ҳар шахсияти достонӣ мувофиқ ба хислату атвораш каломи мувофиқро истифода кардааст, дар сухани худи ӯ шираву қиёми забони адабии порсии тоҷикӣ зоҳир аст, як мисолаш ҳамин вожаҳои ҷуғрофӣ ё топонимикаи тахайюлии адиб аст, аз қабили Кафкрӯд, кӯҳҳои Шанобурзу Шеданзо, фарозҳои Хорбунаву Ялмо, дунги Жаврак, теғаи Шер, толаи Барзу, зови Фалахмон ва ғайра. Фалсафаи ҷаҳони бадеии Лесков куллан аз дигар адибони номдори ин кишвар (масалан, аз Лев Толстой ва Федор Достоевский) тафовут дорад, дарунмояи ҳикмати ӯ тақвияти шуури динии қавми рус ба василаи категорияҳои некиву бадист, ҳадафи таҳқиқи бадеии Лесков заминаҳо ва асосҳои фарҳанги руҳию маънавии ин қавм аст ва роҳҳои наҷот ва рушди ин қавм низ ҳамин аст.

Фалсафаи ҷаҳони бадеии Баҳманёрро аз инъикоси образноки тарзи зист, муомилаву муносибат, андеша ва менталитети сокинони “ормоншаҳр”-и ӯ, яъне Сармаддеҳ, чунин шакл додан ё формулбандӣ кардан мумкин аст: ҷомеаи инсонӣ дар шароите метавонад рушди муътадил дошта бошад, ки ба донишу таҷриба ва фазлу ҳикмати худаш ва ниёгони худаш такя кунад, хосияти софкории ҳар неку бади аз дигар ҷоҳо омадаро дошта бошад, талошу кӯшиши созмон додани ҷомеаи ахлоқиро ба ҳеч ваҷҳ аз даст надиҳад, дар маҷмуъ, як воҳиди сохтории худидора бошад. Фарҳанги ин мардум аз фазилати гузаштаҳо (этикаву сатҳи зебоишиносӣ ва ташхиси амиқи категорияҳои некиву зиштӣ) саршору сероб аст ва меъёру милоки саодати инсонҳо беҳбудии ҳамагонист: як ҷомеаи суннатие, ки дар он расму оину анъанаҳо риоят ва муҳофизат мешаванд, шафқату муҳаббат ду рукни асосии хушбахтии инсонҳо маҳсуб меёбад. Ин деҳи ормонӣ одамони гуногунхулқу хислат дорад, ончунон ки дар табиат қонуни рангорангии биологӣ амал мекунад.

Баҳманёр қаламрави тахайюлии хешро Сармаддеҳ гуфтааст. Ин навъи қаламравҳоро дар паҳнаи адабиёти ҷаҳон ҳам дар Амрикои Лотин (дар мисоли адиби номваре аз Колумбия Габриэл Гарсиа Маркес) ва ҳам дар Амрикои Шимолӣ (Улям Фолкнер аз ИМА) пайдо кардан мумкин аст. Ин ки сабки эҷодии ин ду нависандаи хушқареҳа ва хеле бузург ба тафаккури бадеии Баҳманёр таъсири бисёр амиқ дорад, шубҳае нест, дар ин хусус худи Баҳманёр борҳо дар суҳбатҳо ва навиштораш зикр кардааст.

Дар матни эълони он ки ба Гарсиа Маркес Ҷоизаи Нобел медиҳанд (соли 1982) ин ҷумла сабт аст: “Барои ҳикояҳо ва романҳое, ки дар онҳо фантазия ва воқеият омезиш ёфта, зиндагӣ ва муноқишаҳои як қитъаи томро инъикос кардаанд”. Дар матни ҷавобияи Маркес масъулияти адиб “барои ба вуҷуд овардани тахайюле, ки тибқи он касе ҳақ надорад сарнавишти дигаронро ҳал кунад, чӣ гуна бимирад, чӣ навъи муҳаббат бошад ва саодат имконпазир бошад ва мардумоне, ки ба сад соли танҳоӣ маҳкум шудаанд, дар охири охирон ҳаққи зистанро пайдо кунанд”, таъкид шудааст.

Сабк ё методи эҷодии ин адиби шуҳратёр реализми ҷодуӣ ё сеҳромез аст, ки агарчи ӯ бунёнгузораш набошад ҳам, ин сабкро дар мисоли романи “Сад соли танҳоӣ” (ба қавли Варгас Лйоса, “заминларзаи адабӣ”) ба ҳадди камол расонд ва номашро дар дафтари адабиёти ҷаҳон сабти ҷовидона кард. Кӯтоҳи сухан, дар ин метод унсурҳои сеҳромез дар батни манзараҳои воқеии олам ворид мешаванд ва ё дар шаклҳои сюрреалистӣ ва ғайричашмдошт ҳулул меёбанд. Баъзе ҳолоту вазъиятҳое тасвир мешаванд, ки қонунҳои мантиқ ва сабабиятро сарфи назар мекунанд. Маркес барои таҷассуми фоҷеоти натанҳо кишвари хеш, балки як қитъаи дунё сарзамини хаёлие офарид ва онро Макондо ном гузошт.

Таърихи Макондо устураи аслии Колумбия ва ҳама Амрикои Лотинӣ аст. Сарнавишти таназзули фарҳангу тамаддунҳои ин қитъаи олам тавассути рамзу истиораҳо ва воқеоти муъҷизаосо ифода мешавад. Тавассути ин шаҳри хаёлии мушаххас нависанда таърихи банни башарро баён мекунад: адиб тавассути ин асар хонандаро ба фаҳму дарки жарфи табиати одамӣ ва равандҳои таърихӣ даъват мекунад ва он мавзеъ, ки ин ҳама гирудори оламро мардум бояд бубинанд, ҳамин шаҳри хаёлӣ — Макондо аст. Аз ин пеш, ҳамин навъи сабкро адиби гаронмояи амрикоӣ Вилям Фолкнер ҳангоми офариниши қаламрави тахайюлиаш – Йокнапатоф истифода карда буд.

Ба андешаи мо, Баҳманёр аз ин методи эҷодӣ ва ин тарзи ҷаҳонбинии адабӣ истиқболи эҷодкорона кардааст, онро батамом омӯхта, агар ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад, танҳо қолаб ё конструксияи онро барои сохтмони қиссаву ҳикоёташ гирифтаасту халос. Боқӣ ҳама василаҳои образофаринӣ, характерсозӣ ва тарзи истифода аз унсурҳои фарҳанги мардумӣ заминаи миллӣ ва зеҳнияти сирф тоҷикона доранд.

Дар реализми ҷодуӣ, ки омехтаи воқеияту устураву фолклор ва фарҳанги суннатии мардумист, масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ низ матраҳ мешавад, яъне реализми ҷодуӣ саросар танҳо иборат аз тахайюл ҳам нест. Агар дар осори Маркес масоили фасод, зӯроварӣ ва нобаробарии иқтисодӣ, таъсири фарҳанги бегона дар батни реализми номбаршуда башиддат маҳкум шуда бошад, дар Сармаддеҳи Баҳманёр (ки онро муаллиф роман дар қиссаву ҳикояҳо номидааст) низ хеле аз масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ мавриди нақди сахту сангин қарор гирифтаанд. Ба гунаи мисол, зулму истибдод аз пайи ҳасби сарзамини дигар (“Зарринаи зарнигор”), майхорагӣ ва оқибати зишти он (“Дона дар дастос”), ё зӯроварию шиканҷаву беадолатӣ нисбат ба зан (“Зан ва ғӯл”, “Ғӯл дар кӯҳистон”).

Аз нигоҳи мухтассоти жанрӣ низ “Сармаддеҳ” дар адабиёти тоҷик дар зоти худ ягона аст. Дар нашри соли 2001 “Сармаддеҳ” – роман дар қиссаву ҳикояҳо унвон гирифтааст ва аз чиҳил ҳикоят иборат шудааст, дар китоби дувум бо зерсарлавҳаи “Сарвоҳо” 25 ҳикоят гирд оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки вожаи “сарво” ҳам дар луғат маънои ҳикояту афсонаро дорад. Дар китоби “Шоҳаншоҳ” (якҷо бо романи “Шоҳаншоҳ”) 5 сарво ва 39 новеллаи хурди нависанда бо унвони “Сарвоякҳои чун мушту чун ангушт” нашр шудааст. “Чун мушту чун ангушт” таъйин шудани жанри офаридаҳои мазкурро сабаб, ба гумони ғолиб, шояд хоксории нависанда аз хурд будани ҳаҷму андозаи ин новеллаҳо бошад. Аммо дар таҷрибаи адабиёти ҷаҳон ин навъи новеллаҳои хурдҳаҷм зиёд ба назар мерасад, масалан, новеллаҳои нависандаи машҳури аргентинӣ Хорхе Луис Борхес ҳамон гуна ҳаҷму андозаҳое доранд, ки сарвоҳои Баҳманёр доранд.

Романи “Декамерон”-и Ҷованни Бокаччо низ иборат аз сад новелла буда, бо шакли “ҳикоят андар ҳикоят” иншо шудааст. Адиби маъруфи Фаронса Лесаж (қарни XVIII, аҳди Маърифати Аврупо) таҳти унвони “Ҷини ланг” романе дорад, ки аз силсилаи новеллаҳо иборат аст. Унсури сужасози ин асар саргузашту муколамаҳои ду шахсияти асосии роман – ҷин Асмодей ва донишҷӯ Клеофас аст, ки дар асоси онҳо новеллаҳо пайиҳам оварда мешаванд.

Леонардо Шаша, адиби маъруфи итолиёӣ, гуфтори аҷибе дорад: “Нависанда кист? Ҳамонест, ки ҳақиқатро зинда мекунад, чизи одиро аз печидагиҳо ҷудо месозад, зиндагиро ба ду қишр тақсим карда, лаззати маънавиро низ ду баробар меафзояд: ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон”.

Ин гуфтор ба шахсият, осор ва мавзуи баҳсу баррасиҳои мо дар мавриди ҷаҳони бадеии Баҳманёр, гумонам, ҳусни хотимаи хубест. Муҳим, ки ба шарҳ эҳтиёҷ надорад.

Дигар хабарҳо