Ҳурии нилуфарии шеъри муосири форсӣ
Фарзона чун насими гуҳаррез аз нимаи солҳои даҳаи 80-и садаи гузашта ба шеъри форсӣ ворид шуд, то чароғи афрӯхтаи Рӯдакии Самарқандӣ, Сайфи Фарғонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камолиддини Хуҷандӣ ва дигаронро фурӯзон нигоҳ дорад, балки онро барои оянда мунтақил кунад.
Сухан гуфтан аз Фарзона ва шеъри ӯ ба навъе сухан гуфтан аз покизагист, сухан гуфтан аз офтоб ва шабнам аст. Фарзона аз даврони донишҷӯӣ ба шаҳри Маскав ва шаҳрҳои дигар сафар кард. Ошноӣ бо фарҳехтагоне чун Лоиқ Шералӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муҳаммад Осимӣ ва ғайра ҷаҳони шоирро вусъат бахшид ва мутолиоташро бештар намуд. Охири даҳаи 80 ва аввали даҳаи 90-и асри гузашта давраи бисёр муҳимме дар рӯзгори шоир буд. Бозсозии маъруф ба “перестройка” ба рӯшанфикрони Шуравии собиқ, аз ҷумла ба тоҷикон, имкони худшиносӣ ва пайванди маънавии муҷаддад бо ҳамзабонони хеш дар Эрон ва Афғонистонро бахшид ва бисёре аз баракати бозсозӣ боэътимод ба асли хеш ва русуму оинҳои миллии хеш назар мекарданд ва муътақид буданд, ки имрӯз ё фардо хати форсӣ дар Тоҷикистон дубора эҳё мешавад ва мо ба асли худ бармегардем ва дарвоқеъ ин давра бозҷӯии рӯзгори асли хеш буд. Шоироне мисли Фарзона аз пешгомони ин ҳаракати худшиносӣ буданд. Фарзона бонги «Аҷам бедор мегардад» зад ва дар пайравӣ аз «Соқинома»-и Лоиқ соқиномае суруд ва дар он аз фарри ориёӣ ва ҷаҳони эрониву ваҳдати эрониён дам зад:
Биё, соқӣ оби гуворо бирез,
Марез об, нури Аҳуро бирез.
Чу пайғом омад зи мавлои мо,
Зи пинҳон садо кард пайдои мо…
Чу бар гӯши ҷон бонги тавҳид рафт,
Ба рагҳои ток оби хуршед рафт.
Биё, руҳи сабзи баҳорон шавем,
Дар ин марзи ношуста борон шавем…
Биё, ҷону дил покшӯ мекунем,
Ба нури мухаббат вузӯ мекунем…
Фарзона дар рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон, дар талотуми раҳоӣ ва озодӣ чун парандае буд, ки мебоист каломи шоиронаро ба зиндагии хеш меомехт. Сароҳати бешоибаи Фарзона ҳам афсункунанда буд, ҳам ҷаззоб. Касе, ки ашъори ӯро бо диққат бихонад, ин ду нуктаро ба хубӣ эҳсос мекунад. Аз оғоз пайдо буд, Фарзона эҳсоси миллатдӯстӣ дошт ва аз пора-пора шудани тоҷикон ва дар маҷмуъ форсизабонон ғам мехӯрд ва ин нуҳуфтаҳое буд, ки дар сатр-сатри ашъораш ҳувайдо буд.
Фарзона шоирест ҷустуҷӯгар. Ӯ бо диққату кунҷковӣ лаҳзаҳои шоиронаашро ба пайвастагӣ ва истимрори адабӣ расондааст. Анвоъ ва ақсоми шеъри классику муосири форсиро таҷриба кардааст. Дар ҳама мароҳили офаридгорӣ ҳузури шеър ва вожаро ба хубӣ озмудааст, то ба он вусъати дилхоҳе даст ёбад. Бидуни шак, наметавон аз неруи ҷозибагаройи зеҳни шоир ёд накард, ба ҳадде, ки дар баробари огоҳиҳо ва ҷараёнҳои адабии гузаштаи форсии дирӯз ва имрӯз, фарҳангу адаби рус ва ҷаҳон, бо ҳушёрӣ ва идроки хос ба ҷойгоҳи баланди адабӣ расидааст. Ағлаби сурудаҳои Фарзона оганда аз эҳсоси латиф аст. Чунонки дар ғазали зер бо инсон, пиндори борон, барг, гул, баҳор,… ва бо тавассул ба орояи ташхис табиатро инсонгуна мебинад ва ба ҷунбишу ҳаракат вомедорад ва бо онҳо ба суҳбат менишинад:
Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат рез боз,
Гавҳари ҳар қатраро бар гӯши гул овез боз.
Бо рагам пайванд кун шарёни худро, эй баҳор,
Дар дили фарсудаи ман хуни нав ангез боз.
Нахлҳои сарбурида, хунатон дар гарданам,
Мешавед андар биҳишти он ҷаҳон гулхез боз.
Марғзоре ку дигар дар ин замини заҳрбор,
То биёбад бо шамими сабзааш шабдез боз.
Нохудое киштии моро ба тӯфон мебарад,
Фурсат аз каф меравад, боди барин, бархез боз.
Яке аз муҳимтарин бунмояҳои шеъри Фарзона ишқ аст. Таъбири хоси ӯ аз ишқ дар вожаҳо ва сатрҳои шеъраш пастиҳову баландиҳоеро аз ҷаҳони зеҳн ба забон пай мегирад. Партави ошиқонае, ки аз зеҳни шоир берун метаровад, гоҳе шодиофарин ва гоҳе ғамангез, гоҳе умедворкунанда ва гоҳе ноумедкунанда ба назар мерасад.
Ишқ карашма мезанад дар нигаҳи мунири ман,
Кистӣ, эй замири ту як шуда бо замири ман?
Рӯйи ҳақиқати дағал атри фасона рехтам,
Ларза гирифт руҳи шаб аз нафаси ҳарири ман.
Ин ҳама бешабоҳатӣ мову туро шабеҳ кард,
В-арна бубин намешавад сояи ман назири ман.
Бояд ёдовар шуд, ки вожаи «шабнам» дар шеъри Фарзона мукаррар меояд ва шоир ҷаҳонро чунон мебинад, ки инсон дар он намуде аз шабнам аст, ки ҳарчанд умри кӯтоҳ дорад, дар оғӯши гул ва аз ханҷари хуршед ҷон медиҳад.
Ба қавли нависандаи китоби “Забон ва адаби форсӣ дар Фарорӯд”, ашъори Фарзона дар канори шоироне ҳамчун Лоиқ, Муъмин Қаноат ва… “дарду доғи мардумро самимона тасвир карда ва бедории оммаро фароҳам мекунад”. Даричае, ки шоир аз тавсифҳо ва тасвирҳои шеъри худ ба рӯйи хонанда боз мекунад, аз пайвастагии густарда бо зеҳнияти мубтанӣ бар тахайюл, отифаи фардӣ суд мебарад. Аз ин рӯст, ки дар варои вожаҳои шеъри ӯ меҳру самимият ниҳон аст ва пас аз хондан аз гузаргоҳҳои эхсоси хонанда убур мекунад ва ин яъне шоир будан дар ҳама сатрҳои шеърӣ ва шеър гуфтан дар ҳама ҳолатҳо”.
Яке аз ҳунарҳои Фарзона ин аст, ки ӯ бароҳатӣ метавонад лаҳзаҳои зиндагии худро ба тасвири шоирона дароварад. Замина ва бистари бунёдини бештари сурудаҳои Фарзона тадовуми риштаҳое аз ҳиссу отифаи инсонии шоир ҳамроҳ бо замона аст:
Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо,
Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо.
Чун чашм бикшодам, яке чашми ҳақиқат баста буд,
Печидам аз нав хешро дар парниёни хобҳо.
Бо омади номаҳрамон яксар фирор овардаанд
Аз субҳи ман хуршедҳо, аз шоми ман маҳтобҳо.
Бо нозбунёде чу ман офоқ тундӣ мекунад,
Нӯшобаи дил хушк шуд то мақдами дилёбҳо.
Оҳ, ин сарои кӯзпушт бас фитна дорад дар сиришт,
Ҳар дам ба берун сар кашад аз кӯзаҳо хунобҳо.
Дар ҷустуҷӯйи рӯз не, дар ғор раҳ гум кардаам,
Охир барандам бар куҷо беқиблаву меҳробҳо.
Самимият ва ихлоси инсонии Фарзона ҳаққи каломи шоирона ва ҳаққи калимаро адо мекунад. Ин самимиятҳоест, ки бетардид аз сароҳат баҳра мегирад. Аз муваффақияти зани тоҷик сухан меронад ва бо тасвири воқеиятҳо хонандаро ба андешидан вомедорад. Шоир аз худ шикебоӣ ва вусъати назар нишон медиҳад ва бо нимханди талх, ки дар банд-банду сатр-сатри ашъораш дида мешавад, ҷо хуш мекунад. Гароиши бисёре аз ашъори ӯ бешак аз он рӯст, ки ин партави иҷтимоӣ дар бистаре аз имон ва эътиқоди васеъ ба шеър (ваҷҳи дарунӣ) ва тасаллут бар забони шеър (ваҷҳи берунӣ) шакл мегирад.
Шохи хурмо шикаст, модарҷон,
Шаҳпаракҳо ҳанӯз бехабаранд
Аз рафтани баҳор,
Ҳанӯз ҳам барраҳои ҷавмаст,
Алафҳои тозаву тар мехоҳанд.
Арӯси ҳамсоя
Ҳанӯз вусма мекашад
бар абрувони барозандаи пайваста.
Ба ҷӯйбораки бараҳнаи мо меларзад
Офтоби таҳнишаста.
Медонам,
Ба ҷустуҷӯйи ман
Касе намеояд…
Чӣ гуна ором хоҳам хуфт фардо
Дар хонаи гул,
Чӣ гуна таслим хоҳам шуд
Ба рӯзони бетаҷалло.
Гузашта аз ин ҳар кас бо Фарзона ошно мешавад, имкон надорад таҳти таъсири сафо ва садоқати ӯ қарор нагирад. Ахиран дар се ҷилд ҳудуди 1500 сафҳа мунтахаби ашъори Фарзонаро интишороти «Нури маърифат» дар шаҳри Хуҷанд ба номи “Қатрае аз Мӯлиён” мунташир карда, ки ин ном низ рамзе аст ва ва ишорае ба ҳамон ҷӯйи Мӯлиён, ки Рӯдакӣ онро васф кардааст. Ҳар кас, ки ин ашъорро мехонад, бидуни тардид эҳсос хоҳад кард, ки дар муҳити пок ва беолоиш қарор дорад ва ин шеъри зулолу андешаи тобноки ӯст, ки варо ташхиси шоирона мебахшад.
Сайидмуҳаммадбоқири КАМОЛИДДИНӢ, Эрон