Ҳақназар Ғоиб: Се манзара

 Ҳақназар Ғоиб: Се манзара

СЕ МАНЗАРА

Дар оби софи рӯд

Чанде ба рӯи акси худам кардаам назар,

Аз оби рӯд ҷониби ман гўиё нигоҳ

Мекард Ҳақназар.

 

Чашмаш хаёлманд,

Дар зери чашм чин.

Пайдо буд аз ваҷоҳати он пеши дидаам

Ҳоли дили ҳазин.

Гуфтам ба хештан,

Шояд, ки он манам?

 

То гардадо аён

Равшантарак ба ман

Санге ба оби рӯд

Андохтам ба шаст.

Он тарҳи рӯ ба рӯ

Чун шишае шикаст…

 

Кардам ба худ яқин:

Ман нестам чунин…

 

… Дар оби софи рӯд

Чанде ба акси хираву бемуддаои хеш

Бозидам чу тифл ба бозичаҳои хеш

Таҳдид кардамаш

Чун бо гиреҳи мушт,

Ӯ низ сӯи ман,

Бас тунду бас дуруст,

Бардошт мушти хеш.

 

Кардам табассумаш

Бо мехрубоние,

Ӯ ҳам бикард ҷониби ман во лабони хеш,

Бо сходмоние…

Гуфтам ба хештан, ки сад афсўси одаме,

Бо ганҷи синааш, ки биарзад ба оламе,

Гар аксшавад…

 

… Дар оби софи рӯд

Чанде ба рӯи акси худам кардаам назар,

Аз оби рӯд ҷониби ман гўиё нигоњ

Мекард Ҳақназар.

 

Аммо дар оби рӯд

Тарҳе зи чанд мӯи сафедаш наменмуд.

Гулҳои орзу-ш ба мисли гули ҳубоб

Дар оби рӯд баргу барашро намекушуд.

 

Гуфтам, намешавам

Чун акси сарди хеш…

Бигзор, мирам аз ҳама он сўзу дарди хеш

Рӯзи набарди хеш.

 

БО ҲАМА

Нахл будам, бо ҳама оғӯши гулшан ёфтам,

Зарра будам, бо ҳама хуршеди равшан ёфтам.

Қатра будам, ёфтам баҳри дамонро бо ҳама,

Ҷӯшу исёне бурун аз олами тан ёфтам.

Гар сари сабзам ба танҳоӣ кашид оҳи хазон,

Бо ҳама оби ҳаёт аз абри баҳман ёфтам.

Бо сари танҳо насибам буд агар кунҷе хамӯш,

Бо ҳама паҳнои дашту кӯҳу барзан ёфтам.

Бар худам гар буд як пар коҳ ҳам бори гарон,

Бо ҳама неруву зӯри оламафкан ёфтам.

Бо сари худ ёфтам гар ошёни кўчаке,

Бо ҳама меҳру бузургиҳои Меҳан ёфтам.

 

ПАНДИ НИЁ

Гар надорӣ поси нони халқ, нонат мезанад,

Оташак рӯзе ба боғи сабзи ҷонат мезанад.

То бинозӣ бо нигоҳи осмонӣ дар замин,

Санг, эй ахтар, ба чашми осмонат мезанад.

Рӯзи ғам хандӣ агар – бишнидам инро аз падар,

Барқи ғам оташ ба мертви шодмонат мезанад.

Бигзарӣ бефарқ агар аз сели чашми мардумон,

Сел рӯзе кап ба пои хонадонат мезанад.

Т о зи рўйи ҳирс гирӣ луқмаеро бар даҳон,

Мушти сангини маломат бар даҳонат мезанад.

То ба ваҳшихў зи ҳад берун ту бошӣ меҳрубон,

Дар дами теғаш забони меҳрубонат мезанад.

То ту мағрур аз паси айнак бубинӣ одамон,

Аз камине тир дар ҷони ҷавонат мезанад.

Бо фазилатҳо наороӣ агар номи калон,

Дар бало рўзе туро номи калонат мезанад.

То баҳори дил надорӣ, зиндагии ҳақшинос

Аз хазон ранге ба рўи арғувонат мезанад.

 

ЁДАТ КАРДАМ

Бо боли тари нигоҳ ёдат кардам,

Бо фасли хазони оҳёдат кардам.

Бо ҳар қадаме, ки меравам бар пасу пеш,

Бо гиряи чашми роҳ ёдат кардам.

Эй ҳазрати сарпаноҳ! Ёри ту Худо,

Чун кӯдаки бепаноҳ ёдат кардам.

Гар ташнагии Ишқ диёри гунаҳ аст,

Бо ташнагии гуноњ ёдат кардам.

Танҳо ту ба дил шаҳӣ тавонӣ кардан,

Эй ҳазрати подшоҳ! Ёдат кардам.

 

ЁДГОР

Ин саҳар абрҳои боронӣ

Доман афшонд рӯи кӯҳу камар,

Эй падар, ёди чашми обращаться

Гашт борону кард чашмам тар.

 

Пуштаи кӯҳи деҳа ёд орад

Пуштаи сабзи ормони туро.

Дар баҳори хаёл кўчонам

Фасли гулрезу гулфишони туро.

 

Оби дарёи деҳа чин ба ҷабин

Акс медод рӯи пурчинат.

Кӯҳу саҳрову дашт мегуфтам

Бурдбориву сабру тамкинат.

 

Лонаи сарди мурғакони раҳӣ

Хонаи бе туро ба ёд расонд,

Лек ғавғои кӯдаконаи ман

Шеъри умри туро ба гӯшам хонд.

 

Шиҳаи аспи ҷерани ҷавмаст

Омад аз дурҳо ба гӯшам боз.

Дар гумонам, ки ташнаи дидор

Боз меоӣ аз раҳи Дарвоз.

 

Кулаҳи баррагӣ ниҳода ба шапка,

Чакмани пашмие кашида ба бар,

Бибароӣ ба роҳ, то гирӣ

Куҳна ёрони дури хеш хабар…

***

Ман зиндаам!

Бало ба паси фанди зиндагӣ,

Фархунда бод ҷону ҷигарбанди зиндагӣ!

Фанди ман аст бовариям бар вафокушон,

Эй хок бар садоқати фарзанди зиндагӣ!

Бас кандаанд риштаи меҳри маро, зи нав

Кардам гираҳ ба набзи дил пайванди зиндагӣ.

Ёбад Худо ҳисоби туро, ай худогурез,

Роҳи гурез нест аз ин панди зиндагӣ.

Касби дурӯғ мекуниё аз барои суд,

Эй судхӯр! Ту бандиӣ дар банди зиндагӣ!

Рӯзӣ надид марди ҳунар, ки ҷафокаш аст,

Сад ҳайф, ҳайф, ҳайфи ҳунарманди зиндагӣ!

Бар Ҳақ супурдаам ҳама неку бади ҷаҳон,

Ман такя кардаам ба Худованди зиндагӣ.

***

Дар шуълаи ёди ман ту хомўш наӣ,

Дар хотирам аз хотираи дўш наӣ.

Он сон ту ба тору пуди ҷон ҷо шудаӣ,

Сад сол равад ҳам, ту фаромўш наӣ.

***

Парвардаи обу хокдонем ҳама,

Асрор зи асрори ҷаҳонем ҳама.

Дар ҳастии даҳр аксисад нести,

Дар санги сукути он забонем ҳама.

***

Маро имрӯз бояд ёбӣ, имрўз,

Ки гирӣ з-оташам сад созу сад сўз.

Гумор: аз субҳҳо як субҳ дорам,

Пур аз хуршедхандонии як рўз.

***

Чӣ мекобӣ маро, рафтам, ки рафтам,

Ба шаҳри бесадо рафтам, ки рафтам.

Чӣ мекобӣ маро дар он шоми торик,

Аз ин ғурбатсаро рафтам, ки рафтам.

Дигар хабарҳо