Ҳамсадоӣ бо Паём. Остонаи дигари даргоҳи дерин
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зикр мекунад, ҳадафи Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, таъмини амнияту осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа аст, ки тавассути фаъолияти густардаю пурмаҳсули тамоми мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мешавад.
Аз ин назар соле, ки сипарӣ гашт, барои Тоҷикистон ва мардуми ватандӯсту заҳматкаши он чӣ гуна сол буд? Чӣ бояд кард, ки дар соли фарорасида заҳмати соҳаҳои гуногун бештар самар бидиҳаду комёбиву муваффақият зиёдтар, зиндагии мардум беҳтар ва мақоми давлатамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувортар бишавад?
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январ доир гашт, тавассути гузоришу ҳисоботи масъулони соҳаҳо, ҷамъбасту хулосаҳои амиқ ва супоришҳои мушаххаси Раиси Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ҳамин масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр гардид, ки соли 2025 бахусус бо чанд дастоварди барҷаста дар рушди босуботи мамлакат ва таҳкими мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ёдҳо хоҳад монд.
Пеш аз ҳама, амнияту осоиш, ки ормони ҳамешагии давлату миллати мо ва омили асосии бақову пешрафт аст. Дар ин доира бо заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳаллу фасл шудани масъалаҳои марз ва имзои созишномаи сулҳи пойдор бо ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Қирғизистону Ӯзбекистон басо муҳим буд.
Дар ин сол Созмони Милали Муттаҳид се ташаббуси давлати моро оид ба ҳифзи пиряхҳо, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» пазируфт, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун узви фаъоли он меафзоянд.
Баргузории маҳфилҳои пурмазмуну бошаҳомат доир ба шахсияту эҷодиёти ҷаҳонии классикони адабиётамон Мавлоно ва Хоҷа Ҳофиз дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Париж) ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» эълон гардидани шаҳри Панҷакент бори дигар маънавиёти бостонию ҷовидонии миллатро бозгӯ намуд. Муждаҳои дигар ҳам буданд: буҷети мамлакат аз ҳисоби андозу пардохтҳо 113, 2 фоиз пур ва дар ин замина уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон комилан иҷро гардид, қарзи берунаи кишвар ҳамагӣ 18 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад (қарзи баъзе мамлакатҳо ду-се баробари маҷмуи маҳсулоти дохилиашон аст!), дар соли нави молиявӣ буҷети давлатӣ ба таври назаррас (аз 54 ба 65 милярд сомонӣ) меафзояд, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорон иншооти ҷашнӣ – корхонаҳои саноатӣ, маишӣ, иҷтимоӣ бунёд шуданд, ки қисмеро бо кор таъмин ва бештарро аз хизмати худ баҳравар месозанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳбари ояндабину замонавӣ ба омилҳои муосири рушди кишвар таваҷҷуҳи амиқи пайваста зоҳир мекунад. Дар ин маҷлис ҳам аз комёбиҳои кишварҳои минтақа дар ин замина сухан ронда, бо таассуф қайд кард, ки дар мамлакати мо рақамикунонӣ танҳо 29 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, амр шуд, ки дар вазорату кумитаҳо вазифаи муовин оид ба рақамикунонӣ таъсис биёбад, мутахассисони арзанда ҷалб бишаванд ва суръати корбасти ин омили муҳимми пешрафти ҷомеа – пеш аз ҳама чун коҳишдеҳи фасоди молиявӣ ва хароҷоти нозарур ҳамеша зери назар бошад.
Боз ҳам ҷои таассуф аст, ки қарзи бонкҳо аксаран ба соҳаҳои истеҳсолӣ не, ба соҳаҳои истеъмолӣ дода мешавад ва ин амал соҳибкории ватаниро танг намуда, бозори дохилиро ба молҳои бегона вомегузорад. Агар пахта, меваю сабзавот ва маъданамон ба ҷои дар шакли ашёи хом содирот шудан дар кишвар мавриди коркард қарор бигиранд, ба ҳалли мусбии чанд масъалаи давлату миллат – афзудани арзиши илова, бақувваттар шудани соҳа, таъсиси ҷойҳои нави кор, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ, зиёд шудани даромади аҳолӣ ва билохира ба қудратмандии бештари давлат мусоидат менамоянд.
Гуфта шуд, ки дар соли гузашта содирот 27, 7 фоиз афзуд, ки хурсандибахш аст, вале се-чор баробар зиёд шудани воридот ташвишовар аст. Аз ҷумла, ба кишвар ба маблағи як милярд сомонӣ рӯғани рустанӣ, беш аз ним милён сомонӣ маводи шустушӯ, қариб ним милён сомонӣ нӯшокиҳо, беш аз милён сомонӣ шоколад ворид шудааст. Аён аст, ки дар дохил ба роҳ мондани истеҳсоли баъзе молу мавод имкон дорад. Ҳатто ноҳияҳои дурдаст метавонанд дар корхонаҳои хурди саноатӣ бо истифодаи ашёи таги дасташон – меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахш, ширу асал маҳсулоти барои содирот зарур истеҳсол бикунанд ва ё ақаллан сокинони хеш, мактабу кӯдакистон, шифохонаю ошхонаҳои қаламрави худро бо он таъмин бисозанд. Ё худ, ба кишваре, ки алҳол худро навад фоиз бо гӯшти мурғ таъмин мекунад, дар тули соли гузашта 12, 2 ҳазор тонна аз ин мавод ворид шудааст. Оё бо шароиту имкониятҳое, ки дорем, ба сад расонидани ин рақам мушкил аст? Мавриди зикр аст, ки барои иҷрои ин корҳо ширкату кормандони болаёқат кам нестанд ва дар айни замон тавассути сохтмону корхонаҳои саноатӣ танҳо ба хоҷагии халқи яке аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя маблағгузорӣ кардани беш аз сесад нафар соҳибкорамон исботи ин мебошад. Яъне, таъкиди Роҳбари давлат барҷост, ки дар сурати истифодаи пурратари имкониятҳо то се баробар афзудани буҷет мумкин аст. Яъне, се баробар бештар кардани ободии кишвар, се баробар боло бурдани сатҳу савияи зиндагии сокинони он!
Сайёҳӣ ҳам яке аз соҳаҳои барои афзудани буҷет муфид арзёбӣ гардид, ки ҳақ асту рост. Ҳамчун яке аз кишварҳои амнтарин эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, табиати дилфиреб, ҳавои дар чор фасли сол мусоид, обҳои табиии шифобахш, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои диданӣ заминаи боэътимоди ин кор аст. Вале ба по мондани ин соҳа таваҷҷуҳу заҳмати зиёд, аз ҷумла бунёди инфрасохтори замонавӣ, роҳи бехавфи манзилбар, суръату сифат ва дастрасии интернет, имкони муомилаи ғайринақдии молиявӣ, сатҳу савияи роҳбаладон, муаррифии шоистаи миллату давлат, корҳои зиёди ташкилӣ мехоҳад. Ва то ин ҳама сурат нагирад, шумораи сайёҳон ба кишварамон камтарин дар минтақа ва саҳми арзандаи ин соҳа ба буҷет номуассир боқӣ хоҳад монд.
Дар соли 2025 ба Ҳукумати кишвар муяссар гардид, ки баъд аз гуфтушунидҳои тулонии асоснок ба шартномаҳои байнидавлатӣ оид ба неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тағйироти муҳимму муфид ворид карда, тақрибан милярд сомонӣ қарзҳоро бартараф бисозад.
Ҳамзамон, андешидани чораҳои муассир, аз ҷумла маблағгузории даҳ милярд сомонӣ дар ин сол, имкон медиҳад, ки соли 2027, дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархи сеюми Неругоҳи обии барқи Роғун гардон ва маҳдудияти барқ пурра бартараф бишавад. Сарвари давлат пайваста дар ин самт меандешад ва мулоҳизаю хулосаҳои амиқаш дар ин маҷлис ҳам ба огоҳии комил ва чун як роҳбари воқеии дилсӯз пайваста дар фикри мардум буданаш далолат мекунад. «Вақте ки дар хонаи мардум гармию рӯшанӣ нест, шуморо хоб мебарад? – суол кард ӯ аз масъулони соҳа. – Маро хоб намебарад!»
Дар давраи ҳисоботӣ 24 милярд киловат барқ истеҳсол шуд, талафоти он то 15 фоиз (дар шаҳри Душанбе – 13 фоиз) поён рафт, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда 92 фоиз (дар шаҳри Душанбе – 96 фоиз)-ро ташкил дод. Дар ин замина зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ 397 милён киловат изофанависии истифодаи барқ ошкор шудааст ва дар сурати пешгирии ин зуҳуроти бевиҷдонӣ ҳар шабонарӯз то 2, 5 милён киловат қувваи барқро барқарор ва барои истифода ба мардум вогузор намудан муяссар мешавад. Бояд гуфт, ки мақомоти дахлдор дар ин самт кор карда истодааст. Танҳо Прокуратураи генералӣ якуним ҳазор ҷинояти коррупсиониро ошкор карда, як милярд сомониро ба буҷет баргардонидааст, ки қисме ба соҳаи мазкур оиданд. Аз ҷумла, истифодаи беҳад зиёду ройгони барқ аз ҷониби 65 шахси мансабдор ошкор шудааст.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз истифодаи ғаразноки маблағу захираҳо зиёд сухан рафт. Аз ҷумла, санҷиш ошкор кардааст, ки аз 800 000 нафақахӯр 25 фоизаш, аз 120 000 маъюби бақайдгирифтаи мақоми иҷтимоӣ як қисмаш «ҷонҳои мурда»-анд.
Дар натиҷаи чунин фасодкориҳои масъулони соҳаҳои гуногун дар маҷмуъ ба давлат қариб ду милярд зарари молиявӣ расидааст, аз ҷумла 52 милён сомонӣ аз фаъолияти ғайриқонунии лоиҳаҳои гуногун, ки бо сармояҳои ҷалбнамудаи мамлакат кор мекунанд ва вазифаашон ҳарчӣ бештар ба аҳли Ватан истифода бурдани он аст. Бо ин маблағҳо чӣ қадар муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ сохтан, маошу нафақаи чӣ қадар эҳтиёҷмандонро зиёд кардан, афзудани ободии Ватану эътиқоду эътимоди ҳамватанон мумкин мебуд!
Заминаҳои беҳбуди фаъолият дар ҳамаи самтҳо ҳастанд. Аз ҷумла, дар саноат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудааст. Ҳоло дар кишвар қариб чор ҳазор корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунад, ки чорсадтояш дар соли сипаригашта ба кор шуруъ намуд. Барои ба соҳа ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ дар соли 2025 бо иштироки беш аз 2000 нафар се намоиши байналмилалӣ доир гардид.
Таваҷҷуҳ махсусан ба коркарди конҳо зиёд аст ва бо мақсади истифодаи пурмаҳсултари онҳо, аз ҷумла пешгирии кам нишон додани захираву сифати маъданҳо бояд озмоишгоҳи байналмилалӣ ба кор оғоз намояд. Бо супориши Раиси Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он комиссияи давлатӣ роҳбарӣ ва миқдору арзиши маъдани конҳоро муайян мекунад. Ҳамчунин, бобати ба се сол фуровардани муҳлати корҳои ҷустуҷӯӣ, ки беасос панҷ сол кашол меёфтанд, дастур дода шуд. Яъне, минбаъд конҳо ду сол пештар ба манфиати мардуми кишвар ба фаъолият шуруъ менамоянд.
Дар маҷлис чун ҳамеша ба бахши иҷтимоӣ аҳаммияти калон дода шуд, дар атрофи масъалаву мушкилаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ суҳбати ҷолибу муфид сурат гирифт. Зикр шуд, ки дар соли гузашта мутаносибан панҷ ҳазор ва ду ҳазор нафар мутахассис ба сафи омӯзгорону табибон пайвастанд ва танқисии кадр дар ин соҳаҳо хеле коҳиш ёфт. Сабаби ин падида зиёдшавии маош дар ин соҳаҳо ва, бинобар дар Ватан ба пешаи худ шуғл варзидан, кам шудани муҳоҷират арзёбӣ гардид. Дар курсҳои касбу кор хондани 800 000 нафар ҳам бояд ба коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё боло рафтани сатҳу савияи он мусоидат намояд. Интизор меравад, ки ба шифохонаҳои хориҷӣ рӯи ниёз овардани мизоҷон хоҳад кост, зеро дар худи кишвар 72 ташхиси нави тиббӣ ба роҳ монда шуд.
Раиси Ҳукумати мамлакат талаби ҳамешагии худро хотиррасон намуд, ки ба соҳаҳои гуногун дипломдор не, мутахассис, бахусус мутахассисони техникӣ заруранд. Кишвар 43 донишкадаву донишгоҳ дорад, вале техникиҳояшон ангуштшуморанд ва, аз ҷумла бо ин сабаб, ҳатто аксари роҳбарони вазорату идораҳо бо компутер кор карда наметавонанд. Ин кор муҳим арзёбӣ шуд, чунки пешрафти кор аз роҳбар ва ибрати шахсии ӯ вобаста аст.
Баҳри бартараф намудани мушкилаҳои собиқи соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, аз ҷумла коҳиш додани шумораи муассисаҳои садамавию таъмирталаб, дар соли нав ҳам бояд тадбирҳо андешида шаванд. Лекин, тавре ки дар мавриди баррасии фаъолияти кумитаи навтаъсиси коргарҷавонон аз ҷониби Ҷаноби Олӣ зикр шуд, бо як зоҳири биноҳоро дигар кардан кор буд намешавад. Ҳадафи аслӣ тарбияи кадрҳои коргарӣ, бо касбу ҳунари мушаххаси зарурӣ ва забондонӣ мусаллаҳ кардани онҳост. Агар муҳоҷири меҳнатӣ касб надошта бошаду забон надонад, дипломаш нақше намебозад.
Надоштани касбу надонистани забон, ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги худу дигарон боиси бисёр бадбахтиҳо мешавад, таҳсили ғайриқонунии диниро ривоҷ медиҳад, ҷавононро ба роҳҳои каҷ мебарад, хурофотпарастию ифротгароӣ, тундравию бегонапарастӣ ва зимни ин зуҳуроти махуф ҷинояткорӣ тавлид мекунад, сабаби рушди зоҳирпарастию риёкорӣ ва помол шудани арзишҳои маънавии динӣ мегардад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб роҳу воситаҳои дигар ҳам номбар шуданд. Аз ҷумла, нақши фарҳангу маърифат дар тақвияти фарҳанги миллӣ, ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои худӣ ва пешгирии бегонапарастӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар ҳақиқат, адабиёт, кинову театр воситаҳои хуби тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ ва симоҳои аслии давлату миллатанд ва бояд корашонро дар ин самт ривоҷ бидиҳанд.
Ба ин тариқ, соле гузашту соле оғоз ёфт. Натиҷаҳои яке ҷамъбасту нақшаҳои дигаре муайян шуданд. Халқи мо дар фазои сулҳу ваҳдат ва муҳаббату садоқат ба остонаи дигари даргоҳи деринаш қадам гузошт. Бовар дорем, ки соли 35-умин Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин кишвари муқаддас ва мардуми шарифи он комёбию комгориҳо меорад. Муваффақиятҳое мебахшад, ки тавассути фаъолияти густурдаю пурмаҳсули тамоми мақомоти ҳокимият ба амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлатамон – таъмини амнияту осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти ҷомеа ва беҳбуди зиндагии шаҳрвандонаш мусоидат хоҳанд намуд.
Низом ҚОСИМ



