ҚОСИМОВА ЭЛЕОНОРА

 ҚОСИМОВА  ЭЛЕОНОРА

ЭЛЕОНОРА ҚОСИМОВА 27 августи соли 1945 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1968 мактаби миёна, соли 1972 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар Кумитаи ҳизбӣ кор кардааст. Муддате ҳамроҳи ҳамсараш (сафири ИҶШС) дар хориҷи кишвар зистааст. Муассиси рӯзномаи хусусии «Между нами, женщинами», мухбири ғайриштатии маҷаллаи «Новый Венский Журнал» (2003-2007) будааст. Ҳоло машғули кори эҷодист.

Офаридаҳояш – «Женкий роман» (2005), «Кукушкины дети» (қисса, 2006), «Колдовская любовь» (қисса, 2007), «Таджик» (қисса, 2008) ва ғ. дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои мустақил интишор ёфтаанд.

Соли 2011 ба узвияти ИН Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дигар хабарҳо