ҒУЛОМ ЗАРИФ

 ҒУЛОМ ЗАРИФ

ЗАРИФ ҒУЛОМ 30 ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик)-и вилояти Хатлон таваллуд шуда, хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст.

Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.

Соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба субут расонда, айни ҳол корманди масъули дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз давраи ҷавонӣ ба адабиёт рағбати гарме дошта, аввалин ҳикояаш «Валадуззино» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст.

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.

Силсилаи Қиссаву ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Помир» ба табъ расидаанд.

Чанд қиссаву ҳикояташ ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Бештар ба жанри детектив майл дошта, қаҳрамонони асарҳояш алайҳи тойифаи баттоли ҷомеа муборизаи беамон мебаранд.

Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо