Ёдкард аз ноқиди маъруф

Рӯзи 14-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди мунтақиди равоншод Маъруф Раҷабӣ баргузор шуд.
Ин маҳфилро, ки бо ширкати адибону пажӯҳишгарон сурат гирифт, Равшан Махсумзод, муовини раиси ИНТ ифтитоҳ карда, аз пажӯҳишҳои Маъруф Раҷабӣ ёдоварӣ намуд.
Дар идома профессор Шамсиддин Солеҳ бо ироаи гузориши муфассал таъкид кард, ки рӯйкарди Маъруф Раҷабӣ ба адабиёти ҷадидия тоза ва дақиқназарона буд. Номбурда раҳкушову ташаббускори таҳқиқи адабиёти аҳди шӯравӣ буд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз ошноии худ бо Маъруф Раҷабӣ хотирнишон шуда, гуфт: “Маъруфхоҷа Раҷабӣ ҳар проблемаро то умқаш меомӯхт ва таҳқиқ мекард. Вай як давраи мушкил дар адабиётшиносиро ба баррасӣ гирифтааст”.
Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон дар суханронии худ иброз дошт, ки Маъруф Раҷабӣ инсони зирак ва борикбин буд, ки дар натиҷаи кӯшишу талош ба шахсияти илмӣ табдил шуд. Ҳамчунин дар ташаккули шахсияти ӯ ҳамнишинӣ бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ таъсир гузоштааст.
– Коре, ки Маъруф Раҷабӣ анҷом дод, оғози кор дар адабиётшиносист, ки бояд идома кунад. Хидмати ӯ маҳз дар ҳамин аст, – хулоса кард Абдураҳмон Абдуманнон.
Умар Сафар, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод дод, ки ба хотири идомаи кори равоншод Маъруф Раҷабӣ боиста аст ҷавононеро, ки мисли вай метавонанд шеваи таҳқиқро дигар кунанд, кашф ва ба таҳқиқ омода кард.
Ба назари ӯ, ин рӯзҳо шеъру наср нақд мешаванд, аммо нақде, ки моҳияти эҷодро рӯшан кунад, камшумор аст.
Бояд гуфт, ки Маъруф Раҷабӣ 14-уми феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Номбурда донишомӯхтаи риштаи суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буд. Ӯ солҳои 1984-2000 мудирии шуъбаи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба уҳда дошт. Дар мавзуи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ камобеш 100 мақола чоп кардааст. Бештар осори устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Юсуф Акобиров ва Ӯрун Кӯҳзодро ба баррасӣ гирифтааст. Маъруф Раҷабӣ доктори илми филология ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 1999 буд.