ЁДИ ЁРОН, ЁДИ ОДАМҲОИ ХУБ
12-уми июл ба ифтихори 110-солагии шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Нодир Шанбезода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону донишмандон ва мухлисони адабиёт маҳфили ёдбуд баргузор шуд.
Дар бораи рўзгори ибратомўз ва осори арзишманди шоири зиндаёд муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа сухан ронда, аз ошноӣ ва ҳамнишиниҳои номбурда бо устод Айнӣ ёдовар шуд ва изҳор дошт, ки Нодир Шанбезода бо фотеҳаи пири адабиёти муосирамон ба олами сухан роҳхат гирифтааст.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ҷиҳати барпо намудани ин маҳфил ва пос доштани хотири шоир ба роҳбарияти ИНТ изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти густурдаи сиёсию ҷамъиятӣ ва адабӣ, хидматҳои Нодир Шанбезода дар таҳияву нашри осори классикон сухан гуфт.
Зимнан ин иқтибос аз мактуби устод Айнӣ ба устод Лоҳутӣ, аз 8 майи соли 1938 ёдовар гардид:
«Нависандагони ҷавон ба пеши Шанбезода омада, таклиф кардаанд, ки маҷлиси расмӣ ҷеғ зада, Айниро фош кардан даркор аст. Шанбезода ҷавоб додааст, ки агар билети партиявии маро зи дастам гиранд ҳам, то ягон ҳуҷҷати расмие, ки исбот шуда бошад, ба дасти ман нарасад, ман ин корро нахоҳам кард».
Дар атрофи девони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ба хатти кириллӣ, ки бори нахуст аз сўи Нодир Шанбезода таҳия ва нашр шудааст, доктори илмҳои филология Шарифмурод Исрофилниё маърўза кард. Бинобар гуфтаи Ш. Исрофилниё, он аз нусхаҳои нашрнамудаи дигарон як сару гардан болост ва то кунун беҳтарин дониста мешавад.
Ҷойи ёдоварист, ки Нодир Шанбезода ҳамчунин девонҳои Соиби Табрезӣ ва Сайидои Насафиро низ ба хатти кириллӣ таҳия ва нашр кардааст.
Дар бораи фаъолияти серҷанба, ҳунари шоирӣ ва симои инсонии шоири равоншод академик Муҳаммадюсуф Имомзода, адибони шинохта Ўрун Кўҳзод, Гулназар, Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷўра Ҳошимӣ, Варқа Охонниёзов ва дигарон ибрози назар карданд.
Дар фарҷоми маҳфил Ато Мирхоҷа зикр кард, ки ҳоло мактабе дар зодгоҳи шоир номи ўро дорад ва умед аст, ки дар пойтахти кишварамон низ кўчае ба номаш гузошта мешавад.
Фарзанди шоири зиндаёд Камол Шанбезода дар охири маҳфил ба ҳамагон барои фурўзон доштани шамъи ёди падараш арзи сипос намуд.
«АС»