Ёде аз шоири бачаҳо

 Ёде аз шоири бачаҳо

Шоири хушзавқи адабиёти бачагонаи тоҷик Наримон Бақозода бо офаридаҳои хеш олами ширину зебои кўдаконро боз ҳам рангину хотирмон тасвир сохтааст. Даврони кўдакии насли ҷавони ҷомеа бо шеърҳои ин шоири соҳибқалам тавъаманд. Шеъри «Чароғаки роҳнамо» бисёр касонро ба олами дуру беғаши овони кўдакӣ мебарад. Бо гузашти солҳо шеъри мазкур таровати худро гум накарда, баракс барои омўхтани қоидаҳои роҳ ба хурдсолон роҳнамоӣ мекунад.

Шаҳри калон – шаҳри мо,

Пури мошин – кўчаҳо.

Чӣ хел карда гузарем,

Аз чорроҳа, бачаҳо?

Роҳ нишон диҳад ба мо

Чароғаки роҳнамо!

Ба ин монанд шеърҳои зиёди шоир ҳастанд, ки дархўри завқи хонандаи хурдсол мебошанд. Калимаҳо ҳама содаю равон, дилчаспу гўшнавоз садо медиҳанд, ки ин вижагиҳо хоси шеъри бачагона дониста мешавад.

Турна қатор омадаст,

Авҷу барор омадаст.

Оҳ, чӣ хуш ин ки боз

Фасли баҳор омадаст!

Шонасарак аз саҳар

Замзама сар мекунад,

Замзама не, ҳамаро

Боз хабар мекунад:

Оҳ, чӣ хуш ин ки боз

Фасли баҳор омадаст!

Дар офаридаҳои Наримон

Бақозода олами аҷиби кўдакон баръало эҳсос карда мешавад. Ифодаҳо ҳамагӣ сода бошанд ҳам, дар шаклу қофияҳои хотирмон ба ҳам омадаанд.

Соҳибқалам дар ҳар вохўрӣ бо кўдакону наврасон бо садои маҳину гўшнавоз шеъру чистон, тезгўяку муаммо мехонд.

Агар аз рўзгори ин шоири тавоно ҳарф бизанем, маълум мегардад, ки ба адабиёт рў овардани ў бесабаб нест. Падари Наримон Бақозода – Абулато Бақозода журналисти маъруфи рўзномаи «Овози тоҷик» буда, дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард. Баъди соҳибмаълумот гардидан Наримон Бақозода ҳаёти минбаъдаи худро бо Душанбе – пойтахти навини тоҷикон мепайвандад. Дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба ҳайси ходими адабӣ фаъолият намуда, чанд сол ҳамчун мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» адои вазифа мекунад. Солҳои 1967-1970 дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷик- филм» чун сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатӣ фаъолияти пурсамар дошта, минбаъд то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул мешавад. Офаридаҳои ў барои кўдакону наврасон дар маҷмўаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд.

Аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хонаи заргўшбибӣ» (1969), драмаҳои «Бузаки ҷингилапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985) ба қалами Наримон Бақозода тааллуқ доранд. Киносенарияи «Пули ларзон» (бо забони русӣ), радиопесаи «Истиқболи Барфибобо», драмаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» аз силсилаи намоишномаҳоеанд, ки  дар саҳнаи театрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамчунин Н. Бақозода чун тарҷумони хушсалиқа барои бачаҳо чандин асарҳои нависандагони шўравӣ — «Доктор Айболит»-и К. Чуковский (1984), шеърҳои С. Маршак, ҳикояву афсонаҳои А. Гайдар ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Ба забони русӣ маҷмўаҳои Наримон Бақозода «Хандаляк» (1969), «Ишь ты, озорной» (1974), «Что всегда слаще?» (1990), бо забони узбекӣ маҷмўаи шеърҳои «Гулсара» (1979) ба табъ расидаанд. Наримон Бақозода яке аз он шоирони хушқалам аст, ки қариб дар ҳама жанрҳо барои кўдакону наврасон асар эҷод намудааст. Чистонҳои навиштаи ў миёни хурдсолон хеле маълуму машҳуранд:

Аз сари кўҳ омада,

Фиғону гиря сар кард.

Қолини сабзи моро

Аз оби дида тар кард.

Рўз бошад ноаён

Мекунад ў сайри боғ,

Шаб биёяд ногаҳон,

Мекунад худро чароғ.

Зарбулмасалҳояш низ равону дилчаспанд.

Афсўс, ки ин шоири хушкалом хеле бармаҳал дунёро тарк гуфт. Хабари марги нобаҳангоми ў, ки тариқи радио садо дод, ба аҳли адаб ва дўстдорони ашъораш андўҳи гаронеро ба бор овард . Ў дар айни камолоти эҷодӣ аз олам гузашт. Аммо шоирон намирандаанд. Онҳо тавассути шеъру достонҳояшон ҳамеша дар қалби хонандагон чун нур медурахшанд ва олами ботинии ҳар нафари китобдўстро мунавар месозанд.

Заррина БОБОЕВА

Дигар хабарҳо