Ёде аз адиб ва рӯзноманигор Отахон Латифӣ

 Ёде аз адиб ва рӯзноманигор Отахон Латифӣ

12 март  маҳфили бузургдошти 90-умин солгарди таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва нависандаи барҷастаи тоҷик баргузор шуд. Дар ин нишаст аҳли адабу фарҳанг ва пайвандону ҳамдиёрони Отахон Латифӣ ширкат карданд.

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва гардонандаи маҳфил О.Латифиро яке аз шоҳсутунҳои матбуоти тоҷик ва устураи рӯзноманигории миллӣ хонд. Ӯ таъкид кард, ки О.Латифӣ рӯзноманигори ҷасур ва шуҷоъ буд ва барои таҳаққуқи ормонҳои миллӣ талошҳои зиёде харҷ дод.

Профессор Иброҳим Усмонов, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон узви хайати Ҳукумати Тоҷикистон буд, хотироти он солҳои душвору сарнавиштсозро бозгӯ кард. Ҳамчунин устодон Абдунабӣ Сатторзода, Гулрухсор Сафӣ, Бахтиёр Муртазо, Зинатулло Исмоилзода, Башир Азизӣ, Г. Алиёрова ва дигарон дар бораи дӯстиву ҳамкориҳояшон бо шодравон сухан гуфтанд. Бахтиёр Ҳамдам, рӯзноманигор ва адиби шинохта паёми Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистонро қироат кард.

Дар идомаи маҳфил мустанаде аз солҳои поёнии умри устод, лаҳзаҳои хотирмони зиндагии шахсӣ ва корномаи сиёсӣ барои ҳозирин намоиш дода шуд.

Дар поёни маҳфили ёдбуд чанд тан аз пайвандони зиндаёд Отахон Латифӣ ва Манзура Яқубова, ҳамсари эшон ба раёсати Иттифоқи нависандагон ва аҳли нишаст барои гиромидошти хотираи неки О.Латифӣ ташаккур баён карданд.

Дигар хабарҳо