Як соли бурду бохти шеър

 Як соли бурду бохти шеър

“Адабиёт ва санъат” ягона ҳафта­номаи адабии кишвар аст, ки ба ҳама эҷодкорони кишвар минбаре барои муаррифӣ ва осори тозаи худ додааст. Дар соли 2024 бахши назми ҳафтанома кӯшидааст, ки дар ҳадди имкон ба ҳамаи шоирони кишвар, чи ҷавону чи миёнсо­лу чи куҳансол, майдон бидиҳад. Дар бештар аз 50 шуморае, ки соли гузашта чоп шудааст, ба ҷуз аз як-ду шумора, барои чопи ашъор як сафҳа ихтисос ёфта, ашъори тозаи як ё чанд нафар ба нашр расидааст. Шояд ба сабаби зиёд будани теъдоди шоирон ва ба хотири густардатар кардани доираи фарогирии ҳарчи бештар аст, ки тақрибан барои ҳар шоир фақат як бор дар як сол фурсати чопи ашъор дода шудааст. Ба таври ис­тисно, барои чопи ашъори ду-се нафар шоири шинохта ду маробита минбар дода шудааст. Ба сабаби ҳаҷми бисёр зиёди шеърҳо наметавон ҳамаи онро аз зовияҳои гуногун баррасӣ кард, ба ин хотир, дар ин навишта саъй мешавад, ки ашъори чопшуда дар соли 2024 ба таври фишурда дар чанд бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавзуъ ва муҳтаво. Мавзуи барҷастае, ки дар миёни тамоми ашъори чопшуда дурахшиши хосе дорад, мавзуи Ватан ва ашъори ватандӯстона аст. Ба далели сарнавишти таърихии хосе, ки миллати тоҷик дорад, мавзуи Ватан ва Тоҷикистон барои шоирони тоҷик аз тамоми мавзуоти дигар аҳаммияти бештаре доштааст. Гоҳе шоири тоҷик бо тасвири гузаштаи пурифтихор хонандагони ашъораш ва ҳамватанонашро ба қадрдонӣ ва ҳифзи доштаҳои имрӯзаш мехонад:

Зодгоҳи Рӯдакию Буалӣ Синостӣ,
Ҳам виқору ҳам шукӯҳи шеъри Мавлоностӣ.
Порае аз сарзамини ориёӣ,  эй Ватан,
Маҳди фарҳангу тамаддунофарини мостӣ.
Хонаи уммеди моӣ, эй Ватан,
Армуғоне аз Худоӣ, эй Ватан!
                                          (Аъзами Хуҷаста, № 36, с. 8)

Ва гоҳе баъд аз дидани мулкҳои зебо, дилбарони раъно, маконҳои биҳиштман­зар ва дарёҳои зулоли олам ба ин хулоса меояд, ки ҳеч ҷое дар олам беҳтар ва бартар аз Тоҷикистон нест:

Дидаам мулкҳои зебое,
Дилбару дилкашу дилорое,
Ҳар яке ҷаннати тамошое,
Об хӯрдам зи ҳафт дарёе…
Нест дигар маро таманное,
Тоҷикистон намешавад ҷое!

Атри Пекини гулбадомонаш,
Чатри симини кӯҳи Ҷопонаш,
Растаи шаҳнишини Ландонаш,
Бурҷи Порису нозанинонаш,
Бо ҳама ҳусну қадду болое…
Тоҷикистон намешавад ҷое.
                               (Абдуллоҳи Раҳнамо, № 33, с. 8)

Аз нигоҳи шоири дигар, калимаҳои ишқ ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд. Чу­нонки ишқ барои фарди ошиқ маънои ҳаёт аст, барои шоир ҳам фақат зиндагӣ дар оғӯши кишвараш Тоҷикистон дорои маънӣ аст:

… Намедонам, шарҳи ин ҳадис
Дар кадом вожа мегунҷад,
Аммо медонам,
Зиндагии ман
Бидуни вожаи ишқ,
Яъне Тоҷикистон
Беранг ва холист.
                          (Муҳаммадалии Аҷамӣ, № 3, с. 8)

Баъд аз ашъори ватандӯстона дуву­мин навъи ашъоре, ки дар ҳафтанома чоп шудааст, ашъоре бо мазомини иҷтимоист. Раҳмат Назрӣ аз шоиронест, ки дар баробари сурудани ашъори ватандӯстона ва ошиқона дар офаридани мазмунҳои иҷтимоӣ ҳам дасти боло до­ранд. Ба ин байтҳо диққат кунед:

Вой, лағжида замон дар раҳи рижд,
Ғажд акнун дили афсурдаи кас.
Бо ҳама тофтаву бофтааш
Ғижда андешаи афсурдаи кас.
                                                          (№ 4, с.8)

Дар мисраи аввал бо истифода аз санъатҳои ташхис ва таноқуз замона ба инсоне ташбеҳ шудааст, ки ҳангоми роҳ рафтан лағжидааст ва хотири шоирро мукаддар кардааст. Зимнан, лағжидани замона ҳам ба маънои воқеӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ ба кор рафта, ёдовари санъати иҳом аст. Нуктаи ҷолиби ин мисраъ на ҳамин тавр дар роҳ лағжидани замона, яъне одамони замона, балки лағжидани онҳо дар роҳҳои ҳамвори дунёст. Ҳамин тавр, мисраъҳои дигар ҳам ҳарчанд дар нигоҳи аввал мазмуни одӣ доранд, аммо дар нигоҳи амиқтар аз маонии амиқ бархурдоранд ва дардҳову воқеиятҳои имрӯзро тасвири шоирона бахшидаанд. Чунонки аз ҳамин намунаи ашъор ҳам дида мешавад, истифода аз вожаҳои забони мардум аз вежагиҳои коргоҳи эҷодии Раҳмат Назрист.

Камол Насрулло ҳам аз зумраи шо­иронест, ки мазмунҳои иҷтимоӣ дар ашъори ӯ бисёр барҷаста бозтоб меёбад. Аз миёни шеърҳои эшон, ки дар шумораи 49-уми ҳафтанома ба нашр расидааст, шеърҳои “Ман аминам” ва “Баргҳои ти­рамоҳ” маонии амиқи иҷтимоӣ доранд. Бахусус дар шеъри “Баргҳои тирамоҳ” баргу боду табиат бо инсон ва дардҳову ранҷҳои ӯ пайванд хӯрдаанд ва ҳамдигарро комил кардаанд:

То дами вопас ҳамоғӯшанд,
Ҳамдилу ҳамдарду ҳамдӯшанд.
Эй Худо, захми дили моро
Баргҳо бо хеш мепӯшанд.
Баргҳо чун вақт мерезанд,
Беамону сахт мерезанд.
Аз ҷигар, аз ҷисму ҷони мо
Лахти лахти лахт мерезанд.
                                                     (№ 49, с.8)

Гурӯҳи дигари шеърҳои чопшуда дар ҳафтанома ашъори ошиқона ҳастанд. Ҳарчанд дар миёни ашъори шоирон ин навъи ашъор басомади бештаринро дорад, аммо дар ҳафтанома нисбатан камтар ба чоп расидааст. Албатта, на­мунаҳои чопшуда, чи аз устодони шеър ва чи аз шоирони ҷавонтар, бисёр хуб ҳастанд. Аз ҷумла, Озар Салим дар сурудани ин навъи ашъор тавоноии хос дорад:

Магӯ, ки боғи ғазал лоиқи гузори ту нест,
Гуле наруста дар ин ҷо, ки интизори ту нест.
Накуҳишу ситаму таънаву маломатҳо,
Чиҳо, ки саҳми ман аз чашми рашкбори ту нест.
Ба норасоии ҳар шеър мезанӣ лабханд,
Надидаам суханеро, ки шармсори ту нест.
                                                                              (№ 1, с. 10)

Устод Гулрухсор ҳам устоди суру­дани маъниҳои ошиқона аст. Аз ҳамон нахустин шеърҳо то имрӯз парчамдори ҳунари ошиқонасароӣ будааст. Бавежа дар дубайтиҳои эшон ин ҳунар бештар ба чашм мерасад:

Саҳар шоми туро аз ман бипурсад,
Саранҷоми туро аз ман бипурсад.
Баҳори пуштаи гулпӯши Варзоб
Фақат номи туро аз ман бипурсад…

 ***

Ба дунё аз барои ман расидӣ,
Нафас андар ҳавои ман расидӣ.
Дароӣ ҳар сафар аз дар саломат,
Бидон, ки бо дуои ман расидӣ!..
                                                (№ 29, с. 8)

Навъҳои шеърӣ. Ғазал навъи шеърии ғолиб дар адабиёти имрӯзи тоҷик аст. Дар ҳафтанома ҳам аксари ашъоре, ки ба чоп расидааст, ғазал аст. Ҳамчунин дигар анвои шеърӣ мисли рубоӣ, дубайтӣ ва байт ҳам ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар яке аз шумораҳои ҳафтанома байтҳое, ки аз Муҳаммад Ғоиб ба нашр расидаанд, саршори ҳикмат ва таҷрибаи зиндагӣ ҳастанд:

Хонаш пур аз кабоби фиреб аст,
пур махӯр,
Дилро шикам макун, ки
рагат рӯда мешавад.

***

Дорад ҳазор фарёд хомӯшии ватандор,
Дар бешаи хаёлам шеру паланг дорам.

***

Ба чашми посдорон зиндагӣ ранги дигар дорад,
Дарахти бед ҳам аз соя дар  гармо самар дорад.
                                                                                   (№ 11, с. 7)

Дар давраи мавриди баррасӣ ду сил­силаи ашъор аз устод Рустам Ваҳҳобзо­да чоп шудааст, ки яке бо тозагии шаклу муҳтаво, диди хоси шоирона ва дигаре бо тасвиру ҳикмати вежа ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Махсусан дар силсилаи дувум – «Зарфишони тирамоҳ», ки аз рубоиҳо дар бораи мавсими хазон иборат аст, тасвирҳои зебоеро мебинем, ки хотир­нишинанд. Тасвири моҳи коҳидаранг дар пасманзари шоми зимистон дар ин рубоӣ зебову баёдмонданист:

Бар хок ду сатри роҳ мемонаду бас,
Аз қофила ин гувоҳ мемонаду бас.
Фардо, ки шавад ҳама таги барф ниҳон,
Як барги хазони моҳ мемонаду бас.

Тасвирии айнии манзараи пойиз дар рубоии дигар шоиронагии хос дорад:

Беди лаби ҷӯй зардкокул шудааст,
Хурмо ҳама тухми нимдунбул шудааст,
Дар рангразии тирамаҳ эъҷозест,
Ҳар шохи дарахт буттаи гул шудааст.

Тарҷума. Нашри ашъори тарҷума­шуда низ дар ҳафтанома ҷойгоҳи худро дорад. Аз ҷумла, дар шумораи 19-уми ҳафтанома қиссаи “Рустам ва Суҳроб” (дар пайравӣ аз “Шоҳнома”) навиштаи В. Жуковский (тарҷумаи Н. Қосим), дар шу­мораи 20-ум ашъори Марина Некрасова, дар шумораи 26-ум ашъори шоири чинӣ Ли Чжаосин, дар шумораи 49-ум ашъори Малвина Матросова ва Елена Либман (тарҷумаи Б. Тоҷиддин), дар шумораи 47-ум ашъори Шандор Петёфӣ, Федери­ко Гарсиа Лорка (тарҷумаи Н. Қосим), дар шумораи 38-ум ашъори Юлиан Тувим ва Мухтор Шоҳонов (тарҷумаи Фарзона) ва ғайра ба нашр расидаанд, ки дар огоҳӣ ёфтани аҳли адабиёту фарҳанги тоҷик аз осору ашъори шоирони миллатҳои дигар аҳаммияти фаровон доранд.

Муаррифии шоирони ҷавон. Ҳафтанома бо чопи навиштаҳои ҷавонони эҷодкор барои дилгарм ва наздиктару қаринтар карданашон ба кори эҷод хидмати арзишманде мекунад. Дар соле, ки гузашт, дар шумораҳои гуногуни ҳафтанома ба нашри ашъори ҷавонон таваҷҷуҳ шудааст, аммо миқдори чопи ашъори ҷавонон нисбатан кам аст. Ҳайати ҳафтаномаро мебояд, ки ба ҷавонон ва чопи офаридаҳои онҳо тамаркузи бештаре дошта бошад. Ба ҳар ҳол, дар соли сипаришуда дар ҳафтанома шеърҳои шоирони нисбатан ҷавонтар Аҷиб Ҷамол (№21, с. 8), Руъё Усмонӣ, Меҳровари Масчоҳӣ, Анисаи Маннон, Саъдии Зикрихудо, Парвиз Қайюмӣ (№31, с. 8), Оминаи Ҳамро (№34, с.8), Баҳманёр Муяссарзода (№41, с.8), Муҳаммад Ғанизода, Шукронаи Эраҷ, Аброр Аҳрориён, Кибриёи Аҳрор (№45, с.8) ва дигарон ба нашр расидаанд. Чунонки аз ашъори чопшуда бармеояд, шеърҳои ду тан дар ин миён аз ҳамнаслони худ андаке тафовут доранд, ки нишондиҳандаи қареҳа ва истеъдоди шоирии онҳост. Умедворем ин роҳро бо ишқу алоқа идома медиҳанд ва ба шоирони баркамол табдил хоҳанд ёфт:

Нахустмактаби ман!
                             Саҷдагоҳу маъбади ман!
Ту остони нахустини илму хат ҳастӣ!
Барои мардуми соҳибтафаккури Помир
Чу гоҳвораи зарринимаърифат ҳастӣ…
                                                                         (Аҷиб Ҷамол)

***

Мапурс аз шафақу офтоби бешарарам,
Тулуи ишқ расиду ҳанӯз бехабарам.
Ситораҳо ҳама дуранду зарду ғамгинанд,
Ба завқи пеш ба истораҳо наменигарам.

Замини хушк ба борон ниёз дорад, хуб,
Магир нукта ба ин шеъри хушку чашми тарам…
                                                                                       (Шукронаи Эраҷ)

Ашъори ҷашнӣ. Ашъоре, ки ба истиқ­боли ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла Наврӯз, Ваҳдат, Истиқлол ва Сарқонун ба нашр расидаанд, дарбаргирандаи паҳлуҳои мухталифи ин ҷашнҳо ва мавзуоту масоили марбут ба онҳост. Доро Наҷот, ки намояндаи барҷастаи шеъри сафед дар адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ба муносиба­ти ҷашни Ваҳдати миллӣ чунин пурмаъно ва зебо сурудааст:

Ваҳдат
тулуи зарринтоҷи ориёист
аз мазҳари миллат.
Ва ҳафтандарҷӯши кафшерест,
ки васл мекунад моро
ба фӯлоди пайкари миллат.

Ваҳдат
тахти баланд аст
дар хостгоҳи бахти
                            баланди миллат.
                                                              (№ 25, с.8)

Нигоҳи шоир Гулноз ба Истиқлоли Тоҷикистон аз зовияи хос ва фардии ӯст:

Муҳташам шуд аср бо имдоди Истиқлол,
Нек бодо, ҳамватан, милоди Истиқлол.
Ҳарчи дар дасти хазону бод буд, омад
Дар саҳаргоҳе ба як  фарёди Истиқлол.
                                                                         (№ 36, с. 8)

Ашъори ҳамзабонон. Соли сипари­шуда дар ҳафтанома ба нашри ашъору осори ҳамзабонон таваҷҷуҳи бештар шудааст, ки боиси хушҳолӣ ва дастги­рист. Дар шумораҳои гуногун ашъори шоирони афғонистонӣ Маздо Меҳргон, Эҳсони Бадахшонӣ (№ 49, с. 15), Қаҳҳори Осӣ (№ 48, с. 15), Суҳроби Сират (№31, с.15), Партав Нодирӣ (№29, с. 15), шои­рони эронӣ Муртазо Амирии Исфандақа, (№40, с.15), Муҳаммадалии Баҳманӣ (№35, с. 15), Сиёвуши Касроӣ (№30, с. 15), шоири покистонӣ Аҳмади Шаҳриёр (№ 32, с.15) ба нашр расидаанд.

Дар поён бояд зикр кард, ки ҳафтано­маи “Адабиёт ва санъат” рисолати худро дар заминаи чопи ашъори шоирони тоҷик, муаррифии шоирони ҳамзабон ва осори онҳо, дастгирӣ ва муаррифии шоирони ҷавони кишвар ба наҳви аҳсан анҷом медиҳад. Нашрия ягона ҳафтано­маи адабии Тоҷикистон аст ва бодо, ки минбари дастрасу ҳамешагии аҳли эҷоди ин сарзамин бошад.

Дигар хабарҳо