Эҷодгари сазовори ситоиши халқ

Ба муносибати 90-солагии Ибод Файзулло
Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1959) ва Мактаби олии ҳизбии Маскав (1977) ба ҳайси мудири шуъба ва ҷонишини котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», котиби КМ Комсомоли Тоҷикистон, ҷонишини мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» кор кардааст. Борҳо вакили мардумии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шудааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагон аст.
Муаллифи маҷмуаҳои очерку ҳикоя ва қиссаҳои «Ба сӯи нур», «Садоқат», «Гулхани дӯстӣ», «Падарон ва фарзандон», «Дур аз фронт», «Остони баланд», «Қиссаи ҷангали сабз», «Борони баҳор», «Савганд», «Қарзи фарзандӣ», «Кӯҳи панҷум», «Борони баҳорон», «Дили пурмеҳр», «Лаҳзаҳои дидор», «Хотираҳои офтобӣ», «Ҳадиси дӯст», «Оташи дил», «Ҷони одам», «Достони Исфара», «Боз баҳор меояд…», «Соҳибэҳтиром», «Роҳ ба сӯи ситораҳо» аст, ки аксаран бозчоп шудаанд.
Чеҳраҳои адабии Мирзо Турсунзода, Расул Ҳамзатов, Роберт Рождественский, Анвар Олимҷонов, Fафур Fулом, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигар шоиру нависандагонро ҷолибу хонданӣ офаридааст.
Асарҳои С. Аҳмад, Г. Бакланов, Л. Ленч, С. Зунунова, И.Ракша, А. Хоҷаев, А. Тарозӣ ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Навиштаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, белорусӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Барои хидматҳои арзандааш бо унвони Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
17 октябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Пораҳо аз навиштаҳои Ибод Файзулло
Касе, ки хунсардона «ишқ нест, ишқ афсона аст» мегуфт, ба дили ман ханҷар мезад ва маро ба кӯчаи парешонҳолию маъюсӣ тела медод. Ва оне, ки «ишқу муҳаббат ҷовидонист!» гӯён нидо мекард, барқи чашмонамро даҳчанд меафзуд, чеҳраамро гул-гул мешукуфонд, тапиданҳои диламро баланд мекард, дасту диламро ба зиндагӣ гарм менамуд. Хуллас, мукофоте медод, ки беҳ аз лаъли рахшону ситораи тобон аст.
* * *
Ҳамаи ин соли 1941-ум буд. Қиссаи сӯхтанҳои ман бо саршавии ҷанг муваққатан анҷом ёфт. Орзуву хаёлҳои ширин дар хусуси Саодат нотамом монд. Суханон ногуфта, қиссаи ишқ нотамом, муносибатҳо ноаён, нақшаҳо ба оянда, ба фардо, ба ёди дидор ва висол мавқуф гузошта шуданд. Ҳоло ҷои ин ҳамаро фикри дигар – зудтар аз хоки муқаддаси Ватан рондани душман ишғол карда буд. Майдони ҷанг корнамоии садҳо ҳазорон ман барин ҷавонмардонро талаб мекард.
* * *
Борони баҳорон, ки ҳангоми суҳбати Насимҷону Қобил-боғбон қатра-қатра ба боридан шуруъ карда буд, дар хотимаи қисса басанда шуд. Ба назар чунин мерасид, ки вай акнун ҳамаи он дарду аламҳои дили Насимҷонро шуста бурд.
* * *
Агар ба ман ҳанӯз дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон суоле аз эҷодиёти Ҳофиз дода бошанд, дар меҳмонхона пешхизмати шӯху зиндадил тамоман ҷиддӣ талаб менамуд, ки байте ё ғазале аз Ҳофиз азёд бихонам, вагарна ҳуҷраи маро нишон намедиҳад. Байте, ки дар он маврид ба хотирам расид, ин буд:
Ҷои ҳузуру маҷлиси унс аст ин сарой,
3-ин дар ба шодмонию айшу тараб дарой!
Ман гумон доштам, ки пешхизмат акнун ба зудӣ маро ба ҳуҷраи муқарраршуда мебарад. Вале ӯ бар хилофи чашмдошт ҷомадон ба даст қафо баргашт. Назди маъмури меҳмонхона рафта, ба гӯшаш пичиррос зад. Сонӣ ҳар ду ризомандона сар ҷунбонданд ва пешхизмат бо лабони пурханда омаду гуфт:
– Ба ҳуҷраи дигар мехобед. Он ҷо ба табъи шумо мувофиқтар, бифармоед!
* * *
Анҷумани ҳаштуми нависандагони тоҷик ба ақидаи вакилон ва меҳмонон хуб, дар вазъияти корӣ ва пурмаънӣ гузашт. Жанрҳои мухталифи адабиёт ҳартарафа, чуқур ва пухта таҳлил шуданд. Ҳусни анҷуманро иштироки меҳмонон аз Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои бародар, инчунин табрику таҳнияти онон боз ҳам зиёд кард. Анҷуман бо шабнишинии пуршукӯҳ дар Хонаи маорифи сиёсӣ хотима ёфт, ки он ҷо шоирону нависандагон дар ҷабҳаи каломи бадеъ қувваозмоӣ намуданд. Аҳли толор ба меҳмони мо – шоири маъруфи шӯравӣ Роберт Иванович Рождественский кафкӯбиҳо карданд.
Субҳи дигар меҳмонони анҷуман ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ба сайру тамошо рафтанд. Гурӯҳи моро, ки Роберт Иванович ба он ҳамроҳ буд, сафари водии Вахш насиб гашт.
Ҳангоме ки мо ба роҳ баромадем, Роберт сабаби ба ин гурӯҳ дохил шуданашро шарҳ дод:
– Ман дар бораи «Вахшстрой» бисёр хонда ва шунидаам. Орзуи дидани Тоҷикистони офтобӣ ва хусусан ин водӣ кайҳост, ки дар дилам маскан дошт.
Мошин чун бод ба пеш метохт, талу теппаҳои сабзпӯш, ғаллазору ангурзорҳои Фахрободро ба пас монда, ба маркази водӣ – ба шаҳри зебоманзари Қӯрғонтеппа наздик мешуд.
Роҳи мумфарши ҳамвор, манзараҳои нотакрор шояд ба Роберт илҳоми тоза бахшиданд, ки ӯ якбора ба шеърхонӣ даромад. Шеър аз достони устод Мирзо Турсунзода «Ҳасани аробакаш» буд ва мисраъҳои равону обдори он ба сафари мазкур басо мувофиқ афтода, мутантан садо медод:
– Гиссарская долина синевой
Соперничала с небом за спиной,
А впереди, в заре, широкий Вахш,
Горел, вскипая, желтою волной
– Чӣ шоири бузург. Чӣ сухансарои беҳамтое буданд устод! – худ ба худ нидо кард Роберт. – Кас ин талу теппаҳои гулпӯш, ин шаҳомати дарёро мебинаду ба заминӣ, воқеӣ ва самимӣ омадани ашъори ӯ гаштаву баргашта қоил мешавад.
Ман кӯшиш мекардам, ки байти тоҷикии ин достонро ба хотир оварам:
Як тараф водии васеи Ҳисор
Ҷанг бо ранги осмон мекард,
Як тараф рӯди сероби Вахш
Водии хешро ҷавон мекард…
– Мошинро як доред, – ҳангоме ки ба пули дарёи Вахш расидем, илтимос кард Роберт. – Ин аҷоиботи табиатро дурусттар бояд тамошо кард. Оҳо, ана ин дарёи овозадор чӣ гуна ҳусну малоҳат доштааст, хеле тамошобоб будааст! Биёед, аз оби он якқатрагӣ нӯшем…
* * *
Ҳа, кори саҳл набуд бо каланду зоғнӯл канал кофтану ба ин мавзеъ об овардан! Вале мардум, ки нашъаи ҳаёти нав бурда, маҳсули меҳнати аҳлонаю дастҷамъонаро чашида буд, бо азму иродаи қавӣ кор мекард. Дар дашти Пушта дар бадали рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳои тӯлонӣ ҷанги одаму об идома дошт. Рӯҳи қавӣ, иродаи матин дар ин талош ғолиб омад. Рӯзе расид, ки Абдулбоқӣ-саркор лаб-лаби канали нави пуроб ҳамроҳи аъзои колхоз кӯдаквор завқидаю давида, аз чашмони хеш ашки шодӣ рехт. Оре, ӯ шоҳиди ба канал доман- доман гул афшонданҳо, оби ҷонбахшро бо кафи даст, бо тоқӣ нӯши ҷон карданҳо, худро аз шодӣ бо сарулибос ба об ҳаво додану тарона хонданҳои ташналабон буд.
* * *
Ҳамон соли пурташвиш писари калонии саркор- Абдурауф низ ба ҳифзи ору номус, мудофиаи Ватан ва дафъи душман рафт. Абдураззоқ ба паҳлуи падар гузашта истод, ғамгусораш шуд. Саркор донаҳои охирини ғаллаи мардумро ғундошта, ба замин кишт мекарду баробари зери хок афтидани он донаҳо аз дидагон низ дона-дона ашк мерехт. Бо вуҷуди ин, ба Абдураззоқ мефармуд, ки ба фронт, ба собиқ аъзои бригада хат нависад, гӯяд, ки корҳо хубанд, хавотир нашуда, фақат аз пайи сур кардани душман шаванд, ба деҳаи қадрдони худ бо рӯи сурх, сари баланд ва ордену медалҳо баргарданд.
* * *
Ва акнун Фарҳод фаҳмид, ки бо ӯ ягон ҳодисаи нохуше рӯй додаасту ӯ дур аз Ватан, аз зодгоҳ, дар ким-кадом як шаҳри дур, бегона дар беморхона хобидааст. Хоҳише дар дилаш пайдо шуд, ки ҳамшираро боз ба наздаш хонад ва аз ӯ буду шуди воқеаро фаҳмида гирад. Вале аз раъйаш зуд гашт. «Бо «гуд-гуд»-у «корошо» аз афташ кор буд намешавад, – аз дил гузаронд ӯ, – фаҳмондан лозим, ки ҳатман, худи ҳозир тарҷумон ҷеғ зананд. Шояд байни духтарҳояшон ягон русидоне бошад».
Ва Фарҳод худро сарзаниш кард, ки чаро бадали ин қадар солҳо бепарво гашт ва кӯшиш накард, ки ақаллан ягон забони хориҷиро ба таври ҷиддӣ омӯзад, вагарна имрӯз ба чунин ҳолати ногувор афтода намемонд. Ба ҳар ҳол забондонӣ кори хуб ва натанҳо хуб, балки талаботи рӯз аст ва ҳатто нишонаи маданиятнокии баланди инсон.
* * *
Ва дертар, ҳа-ҳа, хеле дертар, дар қиссаи аввалинам «Дур аз фронт» ман қаҳрамони асосии асари худ – Шарифҷонро дар задухӯрди шадид дар қуллаи ҳамин кӯҳсорон тасвир кардам ва сурудеро низ овардам, ки ҷиянатон Абдураззоқ он шаби пуразоб хонда буд:
Сари кӯҳи баланд то кай нишинам,
Ки лола сар барорад, ман бичинам.
Чу лола сар баровард, бебақо шуд,
Чилими нуқрагӣ аз каф хато шуд…
Ногуфта намонад, ки воқеа ва ҳодисаҳои қиссаи мазкур дар ақибгоҳи дурдасти Ҷанги Бузурги Ватанӣ – дар Исфарамарз рух додаанд. Воқеан, Исфараи ман ҳазорон-ҳазор фарзандони худро ба ин набард фиристод ва қисми зиёди онон дар задухӯрд бо фашистҳо талаф ёфтанд. Аз ҷумла, олими забардасти забоншинос Лутфулло Бузургзода. Ёдашон ба хайр!
* * *
…Дирӯз ба китоби навбатии хеш, ки номаш «Кӯҳи панҷум» аст, нуқта гузоштам. Он саропо ҳикоят аз Исфара, Шумо, аз Модари бебаҳоям Қамархон аст, ки дар душвортарин лаҳазоти рӯзгор солиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аввал раисии ҷамоа, сонӣ сардории бригадаи колхозро ба уҳда доштанд. Ман ба таври рамзӣ Шумо, Модарам, дигар пирони хирадманд ва ҷонфидои деҳаам ва ноҳияи азизам Исфараро «Кӯҳи панҷум» гуфтам. Хирадмандӣ, бузургӣ, дурандешӣ ва сабру таҳаммули Шумо, инсонҳои аҷибу наҷиби кишварамро танҳо бо кӯҳҳои бузург, мустаҳкам, сарсабзу хуррам, пурганҷ, пурҷило ва қуллаҳояш осмонбӯсу дастнорас муқоиса кардан мумкин асту бас.
* * *
Гап, хаёлам, дароз шуд. Ҳарчи гуфтам, аз ҷон гуфтам. Биёед, акнун маро дуои пирона диҳед, ки бақияи умрро ба хизмати ҳамин Кишвар, ҳамин Халқ, ҳамин Миллат сарф карда, ба ваҳдату ягонагӣ минбаъд ҳам саҳмгузор бошам.