Нишаст дар ИНТ: Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ
Чанде пеш бо иштироки адибон дар ИНТ дар мавзуи «Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ» мизи мудаввар доир гардид. Адибон мулоқоти Пешвои миллатро бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин муҳимму созанда арзёбӣ карданд.
Фишурдаи андешаҳои адибонро аз он пешкаши хонандагон менамоем
Ато Мирхоҷа
муовини аввали раиси ИНТ:
– Мутаассифона, ба ифротгаро ё ҳаросандоз муттаҳам намудани иддае аз ҷавонони тоҷик яке аз мавзуъҳои марказии баъзе расонаҳо қарор гирифт. Ҳол он ки яке аз кишварҳое, ки бар зидди терроризм, ифротгароии динӣ, хурофотпарастӣ як рӯ дорад ва ҳамеша онҳоро маҳкум мекунад, Тоҷикистон аст. Муборизае, ки дар Тоҷикистон бар зидди ин амалҳои номатлуб бурда мешавад, фикр мекунам, дар ягон давлати дунё нест.
Бо вуҷуди ин, ҷои таассуф аст, ки хурофоту таассуб бисёр аз худ дарак медиҳанд.
Чанд сол пеш шоҳиди суҳбати ду ҳоҷӣ шудам. Ҳоҷии «собиқадор» ба ҳоҷии «нав», ки муаллими математика будааст, мегуфт:
– Муаллим, акнун, ки ҳоҷӣ шудӣ, мактабро мону умри боқимондаро дар масҷиду хона бо намоз гузарон.
Байни мо баҳси шадид сурат гирифт, ки мағзаш «Магар муаллимӣ гуноҳ аст?!» буд.
Бубинед, то чӣ андоза одамонро аз роҳ мезананду мутаассиб мекунанд!
Чандин сол дар микроавтобусҳои ҷамъиятӣ шунавонидани сабти амри маъруфи муллоҳои бесаводу хурофотӣ одат буд. Дар натиҷаи пайгирӣ маълум гашт, ки ин кори ҳизби ҳоло мамнуи наҳзати ислом будааст. Таъйини ин корҳо аз хориҷа аст, албатта. Онҳо меомӯзанд, ки мардумро бо чӣ роҳ ба иғво кашидан мумкин аст. Даркор шавад, дар як шаб дар ислом мазҳаби нав ҷорӣ мекунанду талаботҳои бадашро пеш меоранд.
Дар Бадахшоне, ки ягон вақт нафаре ифротгарову террорист набуд, мардум тибқи боварҳои худ зиндагӣ доштанд. Лекин чун душманон фаҳмиданд, ки ин мардумро ба воситаи дину мазҳаб шӯронда наметавонанд, «одамони худ»-ро вазифадор карданд. Масалан, нафаре гӯё «пажуҳишгари илми ботаника», дигаре ҳатто «мусиқишинос» худро муаррифӣ намуда, бо одамон дар иртибот шуд. Ҳамин тавр, оҳиста- оҳиста ҷавонҳоро аз роҳ мебароварданд. Дар Прага бо забонҳои шуғнониву рӯшониву вахонӣ радио ташкил намуданд, ки дар Афғонистон, Покистон, Хитой гӯш мекарданд. Ҳамин тавр коре карданд, ки як гурӯҳ аз асли худ мункир гаштанд. Он гумоштаҳо иғво меандохтанд, ки шуморо забонатон дигар ва ҳоказо, ки натиҷаи бад ба бор овард.
Дар кӯчаҳои Душанбе бонувоне пайдо шуданд, ки дар рӯсарияшон номҳои Муҳаммад ё Абубакр ё чизи дигар навишта шуда буд. Як зан бисёр барҷо гуфт, ки дар вақташ бадбахтӣ дар хиёбонҳои мо аз ҳамин гунаҳо оғоз ёфта буд.
Бояд қарори Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи торномаи ташкилотҳое, ки мамнуъ шудаанд», риоя гардад. Муҳим аст, ки аҳли қалам дар мавзуи ифротгароӣ ва терроризму экстремизм дар нашрияҳои ИНТ мунтазам андешаҳояшонро баён намоянд.
Равшан Махсумзод,
муовини раиси ИНТ:
– Дар хусуси афзудани хурофотпарастӣ, зиёдаравии динӣ ва ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастани иддае аз шаҳрвандони мо, мубориза ва роҳҳои пешгирии ин амалҳои нанговар солҳои охир зиёд мегӯем. Воқеан ҳам, ин масъалаҳо ҷомеаро ба ташвиш овардаанд. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон баргузор гашт, махсус ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид карданд, ки нисбат ба ин мушкилоти ҷомеа бетараф набошанд, фарзандони худро тарбия кунанд ва нагузоранд, ки ба номи миллату давлати соҳибистиқлоли мо иснод биёранд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар роҳи пешгирии хурофотпарастӣ, зиёдаравии динӣ, ки теша ба рушди ҷомеа мезанад ва ҳамчунин бегонапарастиву тақлид ба фарҳанги бегона, ки дар замони ҷаҳонишавӣ хатари ҷиддӣ ба фарҳанги миллисту ба суботи ҷомеа халал мерасонад, терроризм ва дигар амалҳои нангин, ки обрӯи кишварро дар миқёси ҷаҳон резонида, ҷомеаро ноором месозад ва боиси ҳалокати одамони бегуноҳ мегардад, ҳеҷ кас бетараф набошад, зеро мубориза бо ин амалҳои номатлуб кори дастҷамъист.
Ба андешаи камина, барои дар ин роҳ ба як натиҷаи дилхоҳ ноил гаштан, анҷом додани корҳои зерин аз манфиат холӣ нест:
– Иҷрои асноди марбут ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби волидайн ҷиддӣ талаб карда шавад ва дар ҳолати риоя нашудани он чораҳои сахт бояд андешид;
– Ба мактабу маориф аҳаммияти ҷиддитар додан лозим ва маоши муаллимонро зиёд карда, ҳамзамон аз онҳо натиҷаи корашонро бояд талаб намуд;
– Ходимони дин, имомҳои масҷидҳо дар мавъизаҳои худ ба ҷуз масъалаҳои динӣ ҷавононро ба илмомӯзӣ (хусусан, илмҳои дақиқ), ҳунаромӯзӣ ташвиқ намоянд. Ҳамчунин, дар бораи хатарҳои воридшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқибатҳои фоҷиабори амалҳои террористӣ ва ҳоказо суҳбат кунанд. Ин амалҳо аз нигоҳи дин чӣ гуна муҷозот дорад, фаҳмонанд.
– Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, адибон, ходимони дин, воситаҳои ахбори омма бояд дар байни аҳолӣ, хусусан занҳо, дар бораи зарарҳои хурофот ва бегонапарастӣ вохӯриҳо ташкил намоянд.
– Кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони милитсия, хусусан шуъбаи кор бо ноболиғон, беш аз пеш корро бо ҷомеа ва мактабу донишгоҳҳо вусъат бахшанд.
– Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, радиову телевизионҳои хусусӣ корҳои ташвиқотиро бар зидди хурофотпарастӣ бештар намоянд. Солҳои пеш дар ин масъала намоишу спектаклҳои телевизионию радиоинсенировкаҳо пешкаши бинандагону шунавандагон карда мешуданд. Онҳо бояд дар фонди радиову телевизион маҳфуз бошанд. Намоиши онҳоро тез-тез ташкил кардан лозим.
– Драматургону коргардонҳои театру синамо бояд дар ин мавзуъҳо филму намоишҳои нав офарида, пешкаши мардум кунанд.
Зиё Абдулло:
— Ҳанӯз аз бардахӯӣ одам аз ҳақ сахт метарсад…
Дунё имрӯз гирифтори тарс аст. Ин тарс аз нигоҳи равоншиносӣ аз кай ба ниҳоди мо фиристода шуд?! Вақте ки пиндори неку гуфтори неку кирдори некро инкор карданд ва натанҳо инкор карданд, куфр бароварданд.
Солҳо боз идеологияи бегона муқобили андешаи мо амал мекунад. Таассубу хурофотпарастӣ, исроф, ҳаҷравии беасос бо ин ҳама хароҷоти беҷо чаро? Дар яке аз телевизионҳои Русия навореро нишон доданд, ки чӣ хел дар ҳаҷ гӯсфанд харида, қурбонӣ мекунанд. Фурӯшанда ба ҳар ҳазорумин харанда як гӯсфанд мефурӯшад ва ба 999 нафари дигар чек медиҳад, ки қурбоният қабул шуд.
Дар Қуръон омадааст, ки фитна бадтар аз куштор аст. Бадхоҳ дид, ки аз дарун шикаста истодааст, фитнаро ба кор гирифт. Ва ҳамин қурбониҳои имрӯза ҳам аз фитна аст. Ин фитнаро шоха ба шоха инкишоф доданду то хонаи мо оварданд, барои фитна ангехтан гурӯҳҳо ташкил карданд. Ҳар бор, ки ин ё он кас ҳаҷ меравад, бо худ 6000 доллар мебарад. Лекин ба фарзандаш як китоб, як мизи дарсхонӣ намехарад. Мо бояд мағзамонро дигар кунем.
Барои чӣ аз қадим кофиргӯиро ба миён андохтанд?! Ҳамин ки як касро, як донишмандро кофир гуфта, сангсор мекунед, миллион авом аз ӯ, яъне аз нури маънавӣ рӯ мегардонад. Ва домани чаламуллоро мегирад. Ва ин аст чапа бурдани мағз. Бояд аввал худро ислоҳ кунем, баъд ба фарзандамон рӯ биёрем. Фарзандамон аз замони ба кӯдакистон рафтан фарзанди ҷомеа аст.
Шаҳрия Аҳтамзод:
– Дар давраи шуравӣ ин қадар аз пушти мулло рафтану фолбинӣ кардану хурофотпарастӣ набуд. Аслан намедонистем, ки фолбинӣ чист. Аъзои Иттифоқи нависандагон, шоирону нависандагонро ҳар ҳафта, ҳар моҳ ба ноҳияҳо, барои тарбияи мардум мефиристоданд. Барои чӣ иддае аз ҷавонони мо акнун ин хел шудаанд?! Агар ин зумра медонистанд, ки Рӯдакӣ гуфтааст:
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост,
ҳаргиз ба чунин роҳи хато намерафтанд.
Дар як литсей барои тайёр намудани наврасон ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» машғулам. Ҳаками озмун низ ҳастам. Аксари довталабони озмун духтаронанд. Имсол хостам, ки писарон низ фаъол бошанд.
Лекин ин кор ба мушкилӣ муяссар мешавад. Мутаассифона, падару модарон ба тарбияи писарон кам аҳаммият медиҳанд, ба маънавиёт кам рӯ меоранд, барои ҳамин онҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд. Мо, адибон, ҳам бояд пайваста дар ин самт кор кунем, дар мактабу донишгоҳҳо вохӯриҳо дошта бошем.
Иттифоқи нависандагон ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавон кори зиёд анҷом медиҳад, вале бояд бештар ҳайатҳо ташкил ёбанду ба шаҳру ноҳия сафар кунанд.
Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ борҳо бо устодон Гулназар Келдӣ ва Саидалӣ Маъмур дар Рашту Бохтару Кӯлоб будам. Мардум гапи моро гӯш мекард. Бинобар ин, мо бояд насли ҷавонро аз ҳар балое, ки ҳаст, пешгирӣ кунем. Сухан метавонад, ки ононро ба як маҷрои нек баргардонад.
Абдураҳмон Абдуманнон:
– Сохтани муҳити маънавӣ барои пешгирии ин амалҳои ношоиста сабаб мегардад. Муҳити маънавӣ дар оила, кӯдакистон, мактаби миёна, мактаби олӣ бояд пурзӯр карда шавад. Мартабаи муаллимро бояд баланд бардорем, ки шогирд ӯро гӯш кунад. Ҳозир чӣ гуна, ки мактабро хатм мекунанд, ҳамон хел донишгоҳро ба итмом мерасонанд ва омӯзгор мешаванд. Баъд бояд чӣ интизор шавем аз насли наврасу ҷавон?!
Моҳонаи муаллим бояд зиёд карда шавад, муаллим тариқи озмун ба кор қабул гардад, он вақт натиҷа дилхоҳ мешавад.
Барои чӣ иддае ба гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ шудааст? Мо бояд сарчашмаи ин корҳоро ёбем.
Рустам Ваҳҳобзода,
сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”:
– Дар солҳои охир, хусусан дар интернет ҳамарӯза бо навиштаҳои касоне, ки миллатситез, ҳувиятситез ҳастанд, ба ном, ба таърих, ба мафҳуми тоҷик, тоҷикият, ҳатто Тоҷикистон ситеза мекунанд, дучор мешавем. Ин танҳо як ҷараёни динӣ ё мазҳабӣ нест. Хеле фаротар аст.
Бояд бофти бисёр ҳакимонаи арзишҳои эътиқодӣ ва арзишҳои миллиро, ки бо хуни ҷигар хӯрдани раҳнамоёни маънавӣ дар тули беш аз 1000 сол ба амал омадааст, ҳифз кунем. Дар 1400 соли таърихи ислом тоҷикон тоҷик боқӣ монданд. Миллату нажоди бисёр мардумони мусулмоншуда дигар гашт, вале тоҷикон арзишҳои миллиро ҳифз карданд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки “бояд ҳақиқатҳои воқеии мазҳаби мо фаҳмонда шавад, мардум дар руҳияи суннатӣ тарбия шаванд”, то гирифтори васвасаҳои ифротгароӣ нашаванд.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар тамоми кишварҳои пасошуравӣ ҳамин вазъият ба вуҷуд омад. Ҳатто соли 2001 китобе ба қалами Архиепископи Тошканд ва Осиёи Миёна Владимир ба нашр расид, ки «Дӯстонро бояд аз Шарқ ҷустуҷӯ кард» ном дошт.
Он тавсиянома аст ва дар он аз ҷумла тазаккур дода мешавад, ки “баъди фурӯпошии Шуравӣ ва шуруи таҳоҷуми фарҳангӣ мо ба фирқаҳои зиёде рӯ ба рӯ шудем, ки сару ҳисобашон гум аст. Фирқаҳои ифротӣ, ҷараёнҳои дар таркиби масеҳият ва берун аз масеҳият, ҳатто фирқаҳое, ки тасаввури вуҷуди онҳо пештар ғайримумкин буд ва шеваи кору рафторашон аз ҳар навъ ақли солим хориҷ аст. Вале, хушбахтона, ҷомеаи мусулмонии шуравии собиқ бо доштани мазҳаби мутаодиле, ки ҳамаашон пайрави он ҳастанд, — мазҳаби Имоми Аъзам аз ин фитнаҳо халосанд. Мо бояд дастгирӣ кунем, ки ҳамин мазҳаб тақвият пайдо кунад ва дигар ҷараёнҳои ифротие, ки дар ислом пайдо шудаанд, рахна накунанд, бо ҳамин осуда мешавем аз хатарҳои ифротию терроризм”.
Ин китоб ҳамагӣ 61 саҳифа буда, хеле далелҳои аҷиб аз забони як руҳонии дараҷаи олии масеҳӣ оварда мешавад. Масалан, дар он собит карда мешавад, ки терроризм ва ифтротгароӣ ба асли ислом бегона аст ва аз тарафи он шадидан маҳкум мегардад.
Тоҷикистон бояд дар ҳама бахш худкифо бошад, ки як шарти кишвари мустақил аст. Агарчи худкифоӣ аз назари маводи ғизо, саноати худӣ, ҳамлу нақл, энергетика барои ҳама кишварҳо муҳим аст, вале дар як чиз худкифоӣ аз ҳама муҳимтар аст: тафаккур, андеша ва гароиши эътиқодӣ. Бояд таълими эътиқодӣ дар дохили кишвар тибқи анъана ва суннатҳои мазҳабе, ки ҳеҷ гоҳ террористу ифротгаро надошт, сурат бигирад. Вуҷуди як ниҳоди пажуҳишии неруманде, ки тавонад дар масъалаҳои ҷоизу ноҷоизи эътиқодӣ ҳукм содир кунад, зарур аст. Аз ҷумла, бояд дар муассисаҳои таълимоти эътиқодӣ адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик, ки муҳимтарин воситаи парвариши руҳиёти ҷаҳоншиносии солим, арзишҳои олии миллӣ ва инсондӯстӣ (гуманизм) аст, муфассалу амиқ ва бо шарҳу тафсири коршиносона дарс дода шавад. Ситезаи гурӯҳҳои ифротӣ ба адабиёти мо ва бузургони ин адабиёт, ки гоҳо дар саҳифаҳои маҷозӣ рух медиҳад, маҳз нишондиҳандаи ҳамин ҳақиқат аст, ки ин адабиёт ба ифроту тундравӣ роҳ намедиҳад, баракс арзишҳои волои миллию умумиинсониро тарғиб мекунад, ки бо аслҳои эътиқодоти суннатиамон ҳамоҳанганд.
Мирзо Шукурзода:
– Ин мавзуъро ба миён гузоштани Пешвои миллат ва муҳокимааш дар Иттифоқи нависандагон хеле судманд аст. Воқеан, саволҳои зиёд посух мехоҳанд.
Дар Эрон ва Покистон дар бораи тоҷикон чор китоб чоп кардам. Дар ягон ҷо тоҷикро касе мазаммат накардааст. Ҳама шеъреро, ки шоирони классик дар бораи тоҷик гуфтаанд, ҷамъ кардам, саросар васфу ситоиш аст. Ҷои таассуф аст, ки иддае аз муҳоҷирбачаҳои тоҷик тамоман забони русиро намедонанд. Дар вақташ беҳтарин тарҷумонҳои шуравӣ мо, тоҷикон, будем ва масъулини рус орзу мекарданд, ки тарҷумонҳояшон тоҷикон бошанд.
Дар ин самт кори бисёре бояд кард. Қонунҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назари ҳама бояд бошанд.
Бояд ҷомеа дарк кунад, ки тамоми хушбахтиву бадбахтии мо аз хонавода шуруъ мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри Тоҷиддин