Шоири бузурги даврон

 Шоири бузурги даврон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН:

Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ кору фаъолият дошт.

Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛӢ:

Муъмин Қаноат аз як мушоҳидаи назарфиреб, як ташбеҳи тоза ё як образи ба назари аввал касногуфта ва ё як фикри обнарасидаи муҷаррад шеър намесозад. Ў як образ, як мушоҳидаи тозаро дар дастгоҳи коргаронаи шоирӣ хеле ва хеле ба тааммуқ сайқал медиҳад, бо эҳтиёткории заргарона, бо суботкории олимона ва бо дақиқсанҷии шоирона барои баёни эҳтиёҷу ниёзи дили худ ё тақозои мавзуъ ва образ суфта мекунад, ба ў болу пар медиҳад, ҷавҳар мебахшад, бузург мекунад.

(Порча аз мақолаи «Руҳи қаҳрамонии назм».

«Маориф ва маданият», 4 октябри 1975)

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Низом ҚОСИМ

Чашми ҳама чашмаи Ватан тар бошад…

Эй шоири хоки Ватану оби Ватан,

Ҳамсуҳбати офтобу маҳтоби Ватан,

Монд аз ту нишона сухани ноби Ватан,

Мероси ту монд шеъри шодоби Ватан.

 

Сад чашмаи дил аз суханат дарё шуд,

Гармии сухан аз суханат эҳё шуд,

Аз нури Ватан гуфтиву аз нори Ватан,

Имрўзи Ватан дар суханат фардо шуд.

 

Ҳар ҳарфи ту як санги Ватан буду бувад,

Бар пояи авранги Ватан буду бувад,

Ҳамрозу ҳамоҳанги Ватан буду бувад,

Номи Ватану нанги Ватан буду бувад.

 

Аз ҷустани ту басо ниҳон гашт аён,

Аз завқи ҷавонат сухани пир ҷавон,

Аз чашмаи шеъри обдорат ҳама сўй

Шуд Вахшу Днепру Волгаи шеър равон.

 

Бишнида ба гўши ҷону дил рози Ватан,

То гўши ҷаҳон расондӣ овози Ватан.

Бо заҳмати ҷонгудозат аз ҳарфи вафо

Барпо кардӣ ҳайкали сарбози Ватан.

 

Вахши сухани ту нобу шодобтар аст,

Варзоб зи мавҷи шеър Варзобтар аст,

Ҳар кўҳ ба шеъри туст сарболотар,

Рўҳи Ватан аз ҳарфи ту бехобтар аст.

 

Дар сина гирифта дарди дерини Замин,

Додӣ ба сухан ту вазну тамкини Замин.

Бурдӣ ба само ту аз Замин қадри сухан,

Таҳсини само бар туву таҳсини Замин.

 

Аз шеъри ту ҳар диле муҳаббат омўхт,

Бишнида садои ту, садоқат омўхт,

Имону амони зиндагӣ ёд гирифт,

Муъмин шудаву дарси қаноат омўхт.

 

Дастону суруду ғазалат мемонад,

Ширинии шеъри асалат мемонад,

Будат амали фузун дар ин дори фано,

Аммо сухани чун амалат мемонад.

 

Танҳо на ду чашми мову ман тар бошад,

Чашми гулу наргиси чаман тар бошад.

Бо ёду хаёли шоири тарсуханаш

Чашми ҳама чашмаи Ватан тар бошад.

 

Дарёшудагони ҷўи Турсунзода,

Афзунии обрўи Турсунзода —

Бозору Қаноат аз пайи Лоиқи хеш

Рафтанд ба рўбарўи Турсунзода.

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Тақдим барои устод Муъмин Қаноат

Ин зиндагӣ иксири дигар мехоҳад,

Ин фалсафа тафсири дигар мехоҳад.

Бо мехи наву хишти куҳан нав нашавад,

Ин хона, ки таъмири дигар мехоҳад.

2012

ГУЛРУХСОР

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Эҷодиёти Муъмин Қаноат дар саросари кишвари мо шинохта аст ва маҳбубияти шоиста дорад. Ў шоирест, ки дар муҳимтарин масъалаву мавзуъҳои замон шеър мегўяд. Ман ўро ҳамчун шоири асил дўст медорам.

 Роберт РОЖДЕСТВЕНСКИЙ

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Бешак, устод Муъмин Қаноат номвартарин шоири ҷавони тоҷик дар солҳои 60-уми асри бист буданд. Аз ибтидои роҳи эҷодӣ то нафаси охирин устод кашфиёту эъҷози тозабаёнӣ бо сабку шеваҳои нав дар шеъру достонҳоро пешаи худ қарор доданд ва ба ин содиқ монданд. Кам навиштанду зебо ва пургунҷоишу арзишманд ва бо маънии баланд. Роҳи мушкилписанду сангини эҷодӣ. Заргарӣ! Роҳе, ки шираи мағз, афкор, набзу ҳарорати дили суханварро меҷабаду мемакад.

Абдулҳамид САМАД

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Бо сабки устод Муъмин Қаноат шеър гуфтан, ҳамон тавре ки худ эътироф кардааст, «корест басо мушкил ва пурзаҳмат». Зеро ҳама чизро, аз ҷумла ҳар як ҳарфу ҳиҷоро ҳаматарафа санҷидан лозим меояд, алалхусус табиату нисбати онҳоро бо ҳамдигар бояд пайдо намуд, то ки ба ҳам хўранд, ҷўр оянд, занг зананд, садо бароранд ва ҷило диҳанд. То ки бо камтарин сухан, бо як ё ду ҷузъиёти назаррас, бо як ё ду саҳнаи ҷолиби диққат, лаҳзаҳои фаромўшношуданӣ, манзараҳои нотакрори зиндагӣ, маъниҳои бузург, ҳодисаҳои муҳим ва симоҳои муҳташаму зебо офарида шаванд.

Абдунабӣ САТТОРЗОДА

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Орзу мекунам, ки замоне дўстам китобчае ба табъ бирасонад иборат аз ду ҳазор байт… ва дар муқоваи он на ном, на унвон, балки танҳо «Муъмин» сабт шуда бошад.

Олжас СУЛАЙМОНОВ

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Ман аз аввал то охири муҳорибаи шадиди Сталинград иштирок намудаам. Вақте бо достони «Сурўши Сталинград»-и шоири тоҷик Муъмин Қаноат ошно шудам, итминон ҳосил кардам, ки ў шуҷоату мардонагии ҷанговарон ва сокинони шаҳри дар муҳосира буда, дўстию рафоқати халқҳои шуравиро ҳамчун асоси ғалаба бар фашизм бисёр воқеъбинона тасвир намудааст, ҳарчанд худи муаллиф иштирокчии бевоситаи ҷанг нест. Ин аст маҳорати шоири боистеъдод. Достони ў барҳақ ба ҳама мукофот сазовор аст. Аз ҳама муҳиммаш, он наслҳои навро ба ватандўстӣ ва омодагӣ ба дифои мамлакатамон ҳидоят мекунад.

В. И. Чуйков, Маршали Иттифоқи Советӣ, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Аз комёбиҳоят шодам. Достони «Умари Хайём»-ро интизорам.

Йордан МИЛЕВ

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

Ҳарфу ҳиҷои туро дўст медорам. Саломат бошу пайваста эҷод бикун.

 Юстинас МАРТСИНКЯВИЧУС

Дигар хабарҳо