Шоире аз корзори ашку хун

Ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Барои дурусту беҳтар шинохтани шоири маъруф Ҳабиб Юсуфӣ хотираҳои дӯстон ва пажӯҳишҳои адабиётшиносон нақши муассир доранд. Хушбахтона, дар зери дасти мо баъзе аз ин хотирот мавҷуданд, ки метавонанд барои мо кумак кунанд. Яке аз ин хотираҳо «Вохӯрӣ» – навиштаи Ю. Некрӯз аст, ки аз давраи таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогӣ бо Ҳабиб Юсуфӣ шинос буд: «Ҳабиб Юсуфӣ дар Омӯзишгоҳи педагогӣ дар курси охир мехонд ва дар дастаи ҳаваскорони он ширкат варзида, танбӯр менавохт. Ҳабиб ҷавони малламӯй, мулоимтабиат, муҳаррири рӯзномаи девории «Педагоги ҷавон» буд. Шеърҳояш рӯзномаро ҳамеша зеб медоданд. Вай баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ ба Университети давлатии Самарқанд, шуъбаи шабонаи факултети филология дохил гардид, ҳамзамон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Омӯзишгоҳи педагогӣ дарс медод. Адабиёти классикӣ ва забони тоҷикиро хуб медонист. Забондонияш аз шеърҳояш, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп мегардид, маълум буд. Вай шоири ватандӯсти оташинсухан, марди ғаюру ғамхор буд… Ба устод Лоҳутӣ эътиқод ва эҳтироми хоса дошт …»
Баъди шиносоӣ бо мақолаҳои Ҳ. Юсуфӣ таҳти унвони «Баъзе фикрҳо дар бораи забони адабии тоҷик», «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо», «Барои поэзияи муносиби давр», «Подшоҳи идрок ва озодӣ», Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ», «Пушкин ва Байрон» мо ба хулосае омадем, ки шоир дар натиҷаи омӯзиши осори адибони классик ва осори устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ чун шоири навовар, адабиётшинос, мунаққиди тавоно ва тавассути омӯхтан ва тарҷумаи осори чанде аз шоирони русу ҷаҳон чун мутарҷими мумтоз худро муаррифӣ кард. Ҳабиб Юсуфӣ дар мақолаи «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ»-и худ навиштааст, ки Лоҳутӣ ҳанӯз аз ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садои худро зидди фашизм ва Гитлер баланд кард:
Нусрати фошизм варо кӯр кард.
Ақли салим аз сари ӯ дур кард.
– Лоҳутӣ, – қайд мекунад Ҳабиб Юсуфӣ-даҳ сол муқаддам хавфи ба сари халқ омадаро ҳис намуда буд ва ин матлаб дар шеърҳои «Суруди комсомол», «Мо зафар хоҳем кард» басо ҷолиб баён гардидааст:
Мавқеи ҷанг аст, бояд диққат аз ҳар сӯ кунем,
Кори худро бо дурӯён комилан якрӯ кунем.
Ҳабиб Юсуфӣ зиндагии давраи қабл аз инқилоби Лоҳутиро пеши назар оварда, ӯро шоири мубориз, ҷанговари матинирода, шеърашро пуробутоб, маҳсули ҳаёти пурмазмуну ҷанговаронаи ӯ номидааст:
Дар ҷабҳаи мубориза умрам тамом шуд,
Даврони теғу оташу хун буд замони ман.
Шоир қайд мекунад, ки дар манзумаи «Сафари Фарангистон» фашизмро Абулқосим Лоҳутӣ душмани тамаддуни башарият, харобкунандаи беҳтарин осори таърихии халқҳои дунё номидааст:
Хирад пасту беқадру берангубӯст,
Хирадманд беному беобрӯст.
Тамаддун чу оҳуи бепову даст
Зи шамшери фошизм афтода паст.
Дар охир Ҳабиб Юсуфӣ мегӯяд, ки як қисм шеърҳои дар замони ҷанг иншокардаи Лоҳутӣ сурудҳо мебошанд, ки баъзеашонро худи шоир, баъзеи дигарашонро бастакорон оҳанг бастаанд. Он шеърҳо аз тарафи ҷавонон ва меҳнаткашони тоҷик суруда мешуданд. Ҳабиб Юсуфӣ нақши ин сурудҳоро дар он замон хеле бузург донистааст, чунки онҳо ба хонанда ва шунаванда рӯҳи қаҳрамонӣ, зиндадилӣ мебахшиданд. Лоҳутӣ дар ин шеърҳо низ халқи советиро ба муборизаи муқаддас барои озодӣ ва ҳимояи Ватан, ба диловарӣ ва қаҳрамонӣ даъват мекард.
Ҳабиб Юсуфӣ мегӯяд: «Лоҳутӣ барои ифодаи мазмунҳои баланд шакл ва образҳои пурқувват ҷустуҷӯ мекард. Масалан, дар шеъри «Бародарони рус» овардааст:
Дасти манро бин чӣ сон аз ҳар саре болотар аст,
Кӣ шавад розӣ, ки акнун ман сар андозам ба зер.
Дар охир Ҳабиб Юсуфӣ бо бовар гуфтааст, ки шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ бо ин тамом намешаванд. Ҳоло ҷанги азим ва пуршиддат дар пеш аст. Артиши диловарамон ба ҳуҷум гузашта, душмани манҳусро аз хоки Ватани муқаддасамон пеш карда истодааст. Албатта, Лоҳутӣ ҳам боз бисёр асарҳои бузург ва сазовори қаҳрамонии артиши далер ва халқи босуботамон эҷод хоҳад кард.
Хулоса, мақола ҳамчун сарсухан дар маҷмуаи шеърҳои Лоҳутӣ – «Сурудҳои мусаллаҳ» (с.1942) ба нашр расид ва он маҷмуа бо ҳамин сарсухан ҳамон сол ба забони русӣ низ чоп шуд. Мутаассифона, дар китоби «Адабиёт» барои синфи 11 натанҳо дар бораи ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудани он маҷмуа, балки ҳатто дар бораи ба забони тоҷикӣ мавҷуд будани он чизе гуфта нашудааст.
Аз мутолиаи он ва дигар мақолаҳои Ҳабиб Юсуфӣ дармеёбем, ки шаш соли зиндагии шоир (1936-1942) дар Самарқанд ва Сталинобод солҳои пурмаҳсул ва камолоти эҷодии шоир буданд. Вай ин солҳо мисли устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ дар назми тоҷик образҳои тоза ва ташбеҳу истиораҳои нав дохил намуд ва ба дигарон низ маслиҳат медод, ки ин таҷрибаро пайравӣ намоянд.
Ёду номаш гиромӣ бод!
Хайрулло РАҲИМОВ,
собиқадори маориф