«Шод бошед! Мо зафар кардем»

Ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Мирсаид Миршакар шоирест, ки ашъораш гуногунҷабҳа мебошад. Дар баробари тараннуми мавзуъҳои Ватан, ободкориҳову бунёдкориҳо, васфи зебоиву таровати диёр, инчунин мавзуи таъсири ҶБВ ба ҳаёти ҷомеа ва азхудгузаштанҳои мардуми тоҷикро дар майдони ҷанг ва ақибгоҳ моҳирона ба қалам додааст.
Дар ашъори давраи ҷанги Мирсаид Миршакар ҳифзи сарзамин, садоқат ба Ватан ва хисоли неки инсонӣ талқин мешаванд, ки омӯзиши онҳо баҳри тақвияти худшиносии миллӣ имрӯз низ басо судманд аст. Имрӯзҳо, ки ҷаҳонро низоъҳои шадидтар фаро гирифтаанд ва таҳдидҳои нав дар муборизаҳои геополитикии ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд, тақвияти эҳсоси ватандорӣ ва ибратомӯзӣ аз корнамоиҳои гузаштагон аҳаммияти бештар касб кардааст. Бахусус корнамоиҳоиву фидокориҳои мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашаванда аст ва ин нукта чанде пеш дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин зикр гардид.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи 25 марти соли 2025 бо Вячеслав Володин суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки муҳтавои он таҷлили бошукӯҳи 80-солагии пирузӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Бояд гуфт, ки 70 соли таърихи миллати тоҷик бо таърихи шаҳрвандони 14 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст, ки ин як марҳалаи муҳими таърихист ва дар ашъори Мирсаид Миршакар баръало таҷассум ёфтааст. Даҳҳо шоирону нависандагон ба сони Мирсаид Миршакар қаҳрамонии мардони тоҷикро дар майдони ҷанг ва қаҳрамонии пиру барно ва бонувонро дар ақибгоҳ ба қалам медоданд ва бо ҳамин ҳувияти миллиро баланд мебардоштанд ва шуҷоати онҳоро дучанд мефузуданд.
Шеъру достонҳои шоир дар ин мавзуъ хеле зиёд аст, вале мо танҳо ду шеърро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Яке аз онҳо дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дигаре дар анҷоми ин ҷанг, дар рузи пирузӣ навишта шудааст.
Аввалин шеъри Мирсаид Миршакар, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда буд, дар рӯзи дуюми ҷанг, яъне 23 июни соли 1941 навишта шудааст. Эълони нобаҳангоми ҷанг Мирсаид Миршакарро ба ҳолати шокӣ меоварад ва ба рӯҳияи ӯ таъсир мерасонад. Шоир зери тассуроти фазои ҳузнангези оғози ҷанг шеъри “Таронаи уқоби озод”-ро эҷод менамояд. Дар ин шеър шоир Ватани худро макони озодагон ва халқи худро ба сони уқоби озод тасвир намудааст ва таъкид дорад, ки уқоби озод ҳеҷ гоҳ таслими душман намегардад, зеро ӯро табиат чунин боли парвоз бахшидааст. Халқи баору номуси худро ба сони уқоби озод ба мубориза ва ба даст овардани пирузӣ ҳидоят намуда, давом додани парвози озодро талқин мекунад. Уқоби тезчангол таслими душман намегардад, вале қодир аст, ки душманро нобуд созад:
Уқоб ин дам шуморад хешро шод,
Ки дар банде набуда бошад озод.
Зи озодӣ вале маҳрум будан
Барои вай бувад бадтар зи мурдан:
Сарашро медиҳад бо фахр, аммо
Нахоҳад дод озодии худро.
Дар бораи шеърҳои ин давраи Мирсаид Миршакар доктори илми филология Додихудо Карамшоев дар матни суханронии худ ба ифтихори 70-солагии шоир нигоштааст: “Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қалами шоирону нависандагон ба аслиҳаи буррои ҷангӣ мубаддал гардид. Мирсаид Миршакар “Таронаи уқоби озод”-ро эҷод намуда, мақсади разилонаи фашистонро, ки аз таҷовуз ба озодӣ ва истиқлоли халқи советӣ иборат буд, ба омма фаҳмонда медиҳад. Шоир душмани ватанро ба таъбири “шағоли мурдахӯр” маҳкум менамояд”
Давоми шеър чунин аст:
…Ҳавас дорад, ки озодии манро
Кунад помолу гирад ин чаманро:
Ҳавас дорад…Вале ман зинда ҳастам,
Ба ҳифзи хоки худ поянда ҳастам.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми филология Холиқ Мирзозода дар китоби “Қуллаҳои камолот” зимни таҳлили ин шеър менигорад ки “…аз номи дар он давра 200 миллион халқи советӣ баромад карда, онро ба роҳ надодан ба душман ва ҳимояи Ватан даъват намудааст… Дар банди охирини шеър шоир аз маънои умумӣ ва васеи лирикии “ман” ба маънои танги индивидуалии он ва аз маънои маҷозӣ – тамсилии уқоб ба маънои шахс – гражданин гузашта, дар бораи вазифаи муқаддаси ҳар як гражданини СССР будани мудофиаи Ватан мулоҳиза рондааст».
Дар давоми панҷ соли ҷанг даҳҳо шеъри кӯдаконаву достонҳо дар мавзуи муборизаву ҷоннисорӣ дар роҳи ғалаба, ҳаёти саршор аз заҳмати мардуми ақибгоҳ аз ҷониби Мирсаид Миршакар эҷод шудаанд, ки бештари онҳо дар маҷмуаи шеърҳо ва достонҳои шоир таҳти унвони ”Даъвати Ватан” соли 1954 ба табъ расидаанд.
Шеъри дигари муҳими шоир, ки 9 майи соли 1945 эҷод шудааст, “Мо зафар кардем” ном дорад. Додихудо Карамшоев дар ин маврид чунин қайд намудааст: “Ғалабаи оламшумули таърихии халқи советӣ дар ҶБВ бар Германияи фашистӣ мавзуи эҷодиёти шоиру нависандагони тоҷик, аз ҷумла Миршакарро низ аз бисёр ҷиҳат тағйир дод. Худи ҳамон рӯзи Ғалаба, яъне 9 майи соли 1945, шоир шодию хурсандии бепоёни худро нигоҳ дошта натавониста, халқи диловару зафарманди худро бо шеъри “Мо зафар кардем” муборакбод мегуяд.”
Оғози шеър чунин аст:
Мужда, эй дӯстон! Муборак бод!
Шод бошед, мо зафар кардем!
Мутрибони диёри озодӣ,
Бинавозед, мо зафар кардем.
Ҳофизони суруди озодӣ,
Бисаройед, мо зафар кардем.
Дар давоми шеър шоир мардуми Ватани паҳноварро некбахтон ном мебарад ва таъкид менамояд, ки ба пешвози ёру дӯстон бароед, ки мо зафар кардем. Менависад, ки душмани беҳаёву беномус, ки ба сони кӯҳи ғам буд, маҳв гардид ва кӯҳи ғам аз музаффариятҳои мо нопадид шуд. Байроқи пирӯзии мо дар мамолики Ғарб чун хуршед ҷилвагар шуд, дари фатҳу зафар кушода гардид.
Имсол аз ин рӯзи пурсаодати мардуми давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Мирсаид Миршакар зода ва камолёфтаи ин даврон аст, 80 сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат дар шаҳри Волгоград Форуми байналмиллалии Иттиҳоди давлатҳо таҳти унвони “Мероси бузург – ояндаи умумӣ” баргузор гардид, ки Тоҷикистон низ дар он ширкат варзид.
Хосият ХУДОЁРБЕКЗОДА,
рӯзноманигор