Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо ватан

Моњи декабри соли 1967 ба пешвози љашни 50-солагии Тољикистон дар Душанбе Симпозиуми назми форсизабонон баргузор шуд, ки дар он аз Маскав, Ленинград, љумњурињои бародар, хусусан аз давлатњои дўсту њамзабон, аз он љойњое, ки бо адабиёту санъати форсизабонон шуѓл доштанд, мењмонон иштирок карданд. Дар маљлиси муњташам шоирон, нависандагон, донишмандон, муњаќќикону адабиётшиносон, намояндагони соњањои гуногуни адабиёт дар бораи пешравињои назми садаи бистум сухан гуфтанд.

М.Турсунзода, М.Миршакар, Н.Маъсумї, Б.Сирус, Жола, Р. Амонов, Ш.Њусейнзода, А.Маниёзов, Х. Отахонова, С. Давронов (аз Душанбе) И. Брагинский, З.Осмaнова (аз Маскав) аз дигар шудани авзои шеър вобаста ба муњити иљтимої, замон ва табиати ќањрамони лирикї мулоњиза ронданд. Онњо батаъкид мегуфтанд, ки баъзе хусусиятњои шеър—вазну ќофия, образњои бадеї, бањрабарї аз анъана, жанрњои шеъри классикї, санъатњо, таъсири назми Шарќу Ѓарб, эњтиёљи шеър ба наср, љараёну методњои адабї, калимаву таркибњои дохилии забони шеър, содагии сухани бадеї ва монaнди инњо аз ибтидои садаи бистум ба дигаргунї дучор шуданд. Абдулњаќи Вола, Моили Хиравї, Накњати Саидї (аз Афѓонистон), Лутфалии Суратгар, Нодири Нодирпур, Жола Бадеъ (аз Эрон) ба муњимтарин махсусиятњои шеъри садаи бистуми форсизабон назари таљдид андохтанд.

Оид ба шеъри нав дар Эрон маќолаву рисолањо хеле зиёд навишта шуда буданд, фикру андешањо оид ба пањлуњои гуногун ва мухталиф изњор мешуданд, вале дар Тољикистон муњаќќиќон аз истилоњи «шеъри нав» ва мулоњизањо дар атрофи он бехабар буданд ва шеъри имрўзро шеъри нави замон муаррифї мекарданд. Номи «шеъри нав»-ро дар Тољикистон њамчун истилоњи љадиди шеъри форсї Жола овард . Ў бо маќолањои худ таъкид кардан мехост, ки шоирони тољик њам аз шеъри нави имрўзии худ андешањо ба ќалам дињанд. Б.Сирус дар маќолаи «Оид ба шеъри нaв» баъзе пањлуњои сухани Жоларо аз маќолаи «Шеъри нав чист?» танќид кард, онњо як ќатор хусусиятњои сохтории ин назмро равшан карданд. Њам Жола ва њам Сирус аслан эронї буда, яке дар Маскав ва дигаре дар Душанбе зиндагонї мекарданд, аз тањаввулоти шеъри муосири Эрон рўњ гирифта, назми муосири Эронро як навъ љамъбаст кардан мехостанд, бурду бохташонро нишон дода, аз пешрафтњои назми тољик низ мисол оварда, гўё дар Тољикистон он бањсро идома додан мехостанд. Ин маќолањо ва махсусан маќолаи муфассали М.Шукуров «Сухан аз лирика ва мазмуни њаётию иљтимоии он» (1966) хонандагони тољикро ба мулоњизањои нав овард, як сабаби асосии пайдо шудани бањсњои симпозиуми назми форсизабонон гардид.

Онњое, ки дар симпозиуми назми форсизабонон маърўза карданд, ќариб њама вобаста ба замон ва муњити нави иљтимої дигаргун шудани шеъри муосирро хотиррасон мекарданд.

Жола чунин аќида дошт, ки мазмунњои нави шоирони классик њам баргирифта аз муњити иљтимої буд. «Шоирони бузурги классики мо њељ ваќт дар баробари зулм ва мардумкушии подшоњон ва умарои ситамгар сукут накарданд ва њамеша монанди устодони мутафаккире бо пандњои њакимона ва андарзњои бузургворонаи худашон шоњонро ба адлу дод даъват менамуданд» . Вале дар љамъомади соли 1967-и Душанбе муњаќќиќон гоњ-гоње ба назми гузаштаи инќилобї мурољиат кунанд њам, гузаштаву имрўзро алоќамандона аз назар нагузарониданд, асоси бањс мулоњиза дар сари шеъри имрўз буд. Ва њол он ки биниши таърихї лозим буд, то ки тањаввулу такомул аз ќадим то кунун дар як ришта баён гардад.

Шеър баъди солњoи шаст њар ќадар дар шаклу мазмун таѓйир меёфт, дигаргун мешуд, шоирон боз зиёда ба андеша мерафтанд. Онњо то солњои панљоњум бештар ба мазмун диќќат медоданд, аз пањлуњои сиёсиву иљтимоъї ба бањс даромадан дида мешуд, аз ибтидои солњои шастум дар бораи моњияти шеър, ќувваи пешбарандагии он, вазифањои иљтимоияш зиёд сухан сар шуд. Гоњ худи шоирон дар шеърњо чун мунаќќид ба мулоњиза мерафтанд, хидмат ва вазифањои нави шеърро муайян кардан мехостанд, мавќеъи иљтимоъии шоиронро ифода менамуданд. Ин њодиса шеърро аз сухани сода ба мураккаб, аз сухани сарду берўњ ба муносибати гарму самимї, аз наќли хушк ба эњсосу андеша мебурд, як мавзўъро ба силсилаи мавзўъњои мухталифи иљтимої мегузаронд. Шеър ба куллї дигаргун мешуд, ба аќлу рўњи њамсолону њамзамонон роњ мегирифт.

Назми тољик баъд аз инќилоби октябр дар асоси назми ќадими њазорсола ќомат рост кард, њамин навию тозагї дар сохтору созмони назми гузаштаамон ба вуљуд омад. Нодири Нодирпур, ки яке аз пешоњангони шеъри нави Эрон буд, истифода аз анъанаро зарур дониста, шоиронро даъват менамуд, ки аз бењтарину муњимтарин љињатњои шеъри анъанавї бархўрдор бошанд,

суннатњои бадеиро њушёрона ба кор гиранд. — Ў ГУФТАСТ: «ЊАНЎЗ ЗАБОН ВА ШЕЪРИ ФОРСЇ, — ОН ЌАДAР АЗ БОБАТИ ГУЗАШТА ЃАНЇ АСТ, КИ БИТАВОНАД МОРО ТО СОЛЊО ВА ШОЯД ЌАРНЊОИ ДИГАР РАЊБАРЇ БИКУНАД».

2

Адибону муњаќќиќон дар бораи пайдоиши шеъри нав фикру мулоњизањои мухталиф баён карданд. И.С.Брагинский ибтидои шеъри навро аз даврањои атиќа ба њисоб гирифтааст.

Донишманди афѓон Накњати Саидї дар асрњои миёна њам навию куњнагии шеърро дидааст. Ў мефармояд, ки «шеър ва адабиёти мо њамин вазъи иљтимоии мост». Шеъри ирфонї барои шеъри ѓайриирфонї нав буд, услуби ироќї ба хуросонї ва њиндї ба ироќї низ нав буданд. С.Давронов падидањои шеъри навро аз замони Рўдакї ба мушоњида мегирад. Б.М.Њусайнов, В.Б.Кляшторина падидаву хусусиятњои навини шеърро дар назми Эрони асри ХIХ ба баъд љустуљў менамоянд. Чунон ки мебинем, шеър дар давоми инкишофи таърихиаш њамеша хусусиятњои нав пайдо карда, мањз бо њамин ифодањои нави эстетикиаш тараќќї карда омадааст. Ин њолатро дар назми аксари халќњои Шарќ низ дидан мумкин аст.

Назми тољик то инќилоби октябр асосан як љузъи адабиёти маорифпарварї буда, дар роњи маданияти нав, барои пешрафти илму маърифат, вусъат додани кишоварзиву саноати замонї мубориза кард. Шеър дар давраи баъди инќилоб марњилаи нави сайри таърихии худро оѓоз намуд ва на фаќат дар мазмун, балки дар шакл њам таѓйир ёфт. Лоиќ навиштааст:

Шеъри нав бархост

                     њамчун одами нав,

Њамчу тифли Инќилоб

Бо саволу бо љавобу бо хитоб.

Захмњои пушти Айнї

                 мисрањои ў шуданд,

Оњњои хашмолудаш нидои

ў шуданд.

Њар дари зиндон,

         ки бар рўйи асирон боз шуд,

Боби озодї кушоду

                     шеъри нав оѓоз шуд.

     

Ин чо Лоиќ њам мисли С.Айнї ба муњташамии сухан, вaзнњои ба њам монaнди рукнњои рамал, калимаву иборањои шеъри нав, инќилоб, бо саволу љавоб, бо хитоб, захмњо, оњњо, зиндон, асирон, озодї ва монанди инњо дучор меояд, ки дар «Марши њуррият» ва дигар шеърњои ў вохўрда будем. Лоиќ њам мисли Айнї шеърро омили мубориза ва ќувваи ќобили фаъолият донистааст.

3

Тадќиќи бамуддаои вазни шеър баъди инќилоби октябр аз љониби А.Фитрат (1936) ва Н.Бектош («Вазни манзумаи тољик», Сталинобод, 1936) анљом гирифт. С.Айнї чун наќшаи боз мукаммали рисолаи «Вазни шеъри тољикї»-ро ба хонандагону муњаќќиќон пешкаш намуд, як гурўњи муњаќќиќони тољик ба навиштани рисолањои илмии назарї пардохтанд. Ш.Њусейнзода («Назарияи адабиёт», 1948), Б.Сирус («Ќофия дар назми тољик», 1955; «Арўзи тољикї», 1963; «Назарияи нави ќофиябандї дар назми тољик», 1970), Т.Зењнї («Санъатњои бадеї дар шеърњои тољикї», 1963; Мухтасари арўз дар китоби «Санъати сухан», 1967) дар њамин роњ кўшидаанд. Ин муаллифон ба љуз арўз ќофия ва санъатњои шеъри тољикиро ба тадќиќ оварда, хонандагони сершуморрро бо асоси илмњои сегонаи поэтикаи форсиву тољикї огоњ намуданд. Дертар А.Мирзоев («Ѓазал ва инкишофи он дар асрњои Х-ХV», 1958) дар хусуси таќдири таърихии як жанр сухан гуфт. «Луѓати истилоњоти адабиётшиносї» (1964) ба майдон омад. Яъне муњаќќиќон дар маќолаву асарњои зиёди танќидиву адабиётшиносї гоњ-гоњ ба асосњои илмии поэтикаи форсии тољикї ва масъалањои назарї расида, рисолањои алоњидаи илмию назарї эљод мекарданд.

Бaъди таъсиси Академияи илмњои Тољикистон (1951) кормандони илм зиёда ба таърих ва масъалањои назарияи шеъру адабиёт гузашта, онро як воситаи ќувватбахш ва рањнамои танќиди адабиву адабиётшиносї донистанд. Донишмандони тољик дар зимни пажўњиши таърихи адабиёт дар китобњо ва маќолањо гоњ-гоњ ба масъалањои назарї раѓбат карда, баъзе мулоњизањои љолиб баён мекарданд. Масъалањои таърих, назария ва наќди адабї, пайвандии онњо сабаби асосии вусъати шеъру адабиёт гардид, ки саргањаш њамоно аз аввали солњои шастум мебошад.

Ќофия аломати зарурии шеър ва як навъи њунари шоир мебошад. Он агар дар назми классикї њудуди воњидњоро муайян карда, љилвањои тозаи маънавї ба вуљуд овардааст, пас, дар назми садаи бист хусусиятњои гуногуни композитсионї ба он вобаста аст. Дар назми классикї мо дар њар жанр як ё ду навъи ќофияро мушоњида мекардем, яъне шеър чунон навишта мешуд, ки аз ибтидо то интињо дар як тарзи ќофиябандї ќарор мегирифт. Дар чунин система шоир агар баъзе таѓйирот ва дигаргунї дохил кардан хоњад, ба танќиди сахти назарияпардозон гирифтор мешуд. Бинобар ин, шоирон аз њамон сохтори шеър, ки чун ќолаб ќабул гардида буд, берун намерафтанд. Њар маънии навоварона ва мазмунњои замон, ки дар шеър гуфта шавад, дар њамин ќолабњо инъикос мешуданд. Аз ин рў, ќофия ягонагии худро нигоњ медошт.

Дар бораи хизмати ташкилкунандагї ва ањаммияти композитсионии ќофия дар ин давра дар назми рус, назми халќњои бародар, умуман назми љањон майлу таваљљуњи нав зоњир шуд. Шоирону муњаќќиќон шаклу навъњои гуногуни жанр, муносибати онњоро дар муќоисаву маънидоди мантиќї аз назар гузаронда, дар равшан шудани роњи ташаккулу тањаввули ќофия сањми босазое гузоштанд.

В. Маяковский навиштааст, ки «ќофия шуморо ба мисраъи пешина бармегардонад, маљбур мекунад, ки онро ба ёд оред ва њамаи он мисраъњоро, ки барои ифодаи як фикр омадаанд, ба њамдигар мепайвандад». Дар бораи навъњои нави ќофия ва комбинатсияњои он Б.Сирус гуфта буд: «Мо бояд ки ин ташаббуси шоирони моро њимоя ва табрик карда, дар айни замон кўшиш кунем, ки онњоро аз љињати назариявї асоснок намоем. Аксарияти томи ин типњои нави ќофия њаќиќатан лоиќи диќќат аст. Вале дар баробари он боз чунин ќофияњо дучор мешаванд, ки аз љињати сифат шубњанок буда, аз мубоњиса ва муњокимаи танќидї гузаронидани онњо зарур аст». «Дар тањлили ќофияњо, — навиштаст Б.Томашевский, — мо њаракати тадриљии декламатсияро аз талаффузи сунъї ба талаффузи зиндаи шеър ба мушоњида мегирем».

4

Соли 1973 ќарори њизбу Њукумати шўравї «Дар бораи танќиди адабию бадеї» баромад. Нашр шудани ин ќарор адибону мунаќќидон, адабиётшиносон ва њамаи ањли ќаламро ба андеша бурд ва боиси ба майдон омадани як силсила маќолањои танќидї, суњбатњои пурмазмун, аз њама муњим, боиси ба майдон омадани се бањси љиддии оид ба назм шуд. Баъзе масъалањои њалталаб мавриди гузоришњои муњим ќарор ёфтанд. Бaњсе, ки маљаллаи «Помир (1974) ташкил кард, дар бораи мазмуни шањрвандии назми тољик буд ва бо ташаббуси бевоситаю ѓамхоронаи раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон М.Турсунзода оѓоз гардид. Бањси дувумро маљаллаи «Садои Шарќ» дар мавзўъи «Шеър ва зиндагї» ба уњда гирифт, ки оѓозгараш Абдунабї Сатторзода буд . Бањси севумро њафтавори «Адабиёт ва санъат» аз хусуси ѓазалњои муосир давом дод (1976-1977). Њар се бањс яке давоми дигаре буд. Бањсњо бо хулосаву љамъбастњо ба охир расиданд. Идораи маљаллаи «Садои Шарќ» дар охир бањcи мизи мудаввар кушод ва гўшаи «Мактуб аз идора»-ро ташкил кард.

Агар ба табиати се дањсолаи охири тољик назар андозем, хоњем дид, ки худи њаёт, тараќќиёту инкишоф ва пешрафту дастовардњои зиндагї дигаргунињои сифатию ѓоявї ва бадеиро талаб дошт. Сабаби асосии ба вуљуд омадани бањсњоро Х.Шодиќулов ва Гулназар аз рушду камоли назми муосир медонистанд. «Пеш аз њама марњилаи њозираи инкишофи назми тољик, -навиштааст Х.Шодиќулов, — ин гуна мубоњисаро таќозо мекунад ва ин гуфтугузор ба эътибори тањќиќи љињатњои навтарин ва пањлуњои тоза ба тозаи љустуљўњои эљодии шоирони муосир низ дорои ањамияти махсусест». Ба адабиёт омадани як зумраи калони шоирони љавони тољик низ чунин бањсњоро таќозо мекард.

Бањси «Садои Шарќ» бо тадќиќу тањлил ва назари танќидї сустињои назми муосирро тезутунд ба муњокима гузошт, дар ин зимн муваффаќиятњояшро низ нишон дод. Масалан, дар бањс гуфта шуд, ки шеъри тољик торафт аз умумигўї даст кашида, мушаххас шуда истодааст, он камбудњои адабиётшиносї ва мунаќќидонро ошкор сохт (Р.Амонов), аз њама муњим мулоњизањои назарї як сабаби гарм шудани бозори бањс шуд ва дар танќиди адабї љону мадори тоза даровард.

Ба адабиёт дохил шудани зумраи адибони љавон гуногунии диду услубњоро таќозо намуд. Бањсе, ки дар пленуму анљуманњои адабї сурат мегирифтанд, чанд силсила маќолањои проблемї ва асарњои монографї барои инкишофи љавонон роли муайян бозиданд. Ю.Акбаров маќсади он бањсњоро дар ошкор кардани тамоюл, равияю услубњо ва муайян кардани љараёни инкишофи шеър дид. Аз ин рў, вай иштирокчиёни бањсро ба тезутунд сухан кардан, ба муайян намудани муњимтарин хусусиятњои шеър, беѓаразонаю ѓамхорона њал кaрдани норасоињои он ташвиќ кард. «Барои он ки бањсњои минбаъда дуруст гузарад, — навиштааст А.Сатторзода, — нуќсонњои ошкоршудаи шеъри имрўз ба андеша гирифта шавад. Мо аминем, ки танќиду адабиётшиносии тољик ин масъалањоро сари бармањал ба доираи диќќат гирифта, аз онњо хулосањои зарурї мебарорaд».

Њамаи бањсњои охир нишон доданд, ки мунаќќидону адабиётшиносон дар аксари мавзўъњои шеър сухан ронда, аз намунањои назми имрўз мисолњо оварда, бештар бо назми муосири тољикї мањдуд шуда, бо адабиёти асрњои миёна коре надоштанд. Пайванди замонњо ба андеша гирифта намешуд, аз намунањои назми Эрону Афѓонистон ва дигар халќњои Шарќу Ѓарб тамоман истифода накарданд. Њар ќадар ки мо ба назми ќадим ва назми асрњои миёна назари тааммуќ дўзем, сењру эъљози суханро аз наздик мефањмем, нозукињои шеъри имрўзу навињояшро ба хубї идрок мекунем. Наздикї ба назми классикї, бањраварї аз гузаштаи шеъри имрўз шоиронро ба умќи мавзўъ ва мазмун бурда, њунару санъаташонро мустањкам мекунад.

Ба фикри мо, бо вуљуди инњо Симпозиуми назми форсизабонон (1967), Конгресси назми Тењрон (1968), бањсњои назми форсї дар Тењрон (1961-71), анљуману пленумњои нависандагон, конференсияњои љашниву илмї ва чанд бањси дигар бо такмили якдигар масъалањои шеъри муосирро аз баъзе љињатњо равшан карданд. Љињати муњимми бањс аз он иборат шуд, ки роњу равиши назми тољикро дар љараёни инкишофи назми умумии шўравї ва назми љањонї муайян кард, дар ин зимн бурду бохти шоирони тољикро нишон дод. Бањс инчунин баъзе равияњои танќиди адабиро муайян кард. Ба ќавли А.Сатторзода, «аз бањси шеър вазъияти танќиди адабї бештар намудор гардид».

Шоњзамон РАЊМОН,  профессор

Дигар хабарҳо