Шамъе, ки зуд хомӯш гашт
Ба муносибати 80-солагии Муҳиддин Олимпур
Агар умр вафо мекард, Муҳиддин Олимпур, аксбардор ва рӯзноманигори номошнои Тоҷикистон, рӯзи 2 марти имсол 80-сола мешуд. Ӯ аз пешгомони ҳунари аккосӣ дар Тоҷикистон буд ва аз охири солҳои ҳафтодуми қарни гузашта то поёни умр дар канори аксҳои зебою гӯё ва тасвирҳои ҷаззоб бо навиштаҳою мусоҳибаҳои ҷолибаш дар саҳнаи матбуоти кишвар ҳузури пурранге дошт.
Муҳиддин Олимпур ба воситаи аксҳо ва гузоришҳояш аз зебоиҳои табиати Тоҷикистон, дастовардҳои аҳли адабу ҳунар ва вижагиҳои расму ойинҳои миллии мо мегуфт. Дар Эрону Афғонистон низ ӯро хуб мешинохтанд, зеро пайваста аз фарҳанг, ҳунар ва мусиқии миллии тоҷикон барои ҳамзабононаш дар саросари дунё ҳикоят мекард. Афсус, ки ин садоро дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зарби гулӯла хомӯш карданд. Душманони миллат сӣ сол пеш дар остонаи сафараш ба сарзамини хуршед ва гаҳвораи тамаддун дили ҳассосу зебоипарасти Муҳиддин Олимпурро ҳадаф қарор доданд. Ӯ нияти сафар ба Эронро дошт то дар сарзамини ниёкони худ аксҳояшро ба намоиш бигзорад. Мутаассифона, ин сафар дигар ҳеҷ гоҳ иттифоқ наафтод.
Зеро шаби 13 декабри соли 1995 аз сӯйи афроди мусаллаҳи ношинос дар остонаи 50-солагиаш кушта шуд. Ба қавли устод Гулрухсор, “силоҳи Муҳиддин табассумаш буд. Афсус, ки табассумашро куштанд…” Хонаи падарии Муҳиддин Олимпур дар рустои Шамтучи ноҳияи Айнӣ муҳташаму нақшин аст ва онро наққошону гаҷкорон ва наҷҷорони машҳури аҳли Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Истаравшан дар оғози садаи бист сохтаанд. Бо гузашти беш аз яксаду бист сол ин хона ҳамчунон побарҷост ва рангҳо ҷилои худро ҳифз кардаанд. Шояд муҳиту фазои ин хонаи қашанг дар қалби Муҳиддини навҷавон орзуи наққош шуданро ҷо карда буд. Ӯ баъд аз хатми мактаби зодгоҳаш ба Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе омад. Таҳсил дар ин ҳунаристон роҳи Муҳиддинро ба дунёи ҳунар ва нафосату зебоӣ боз кард.
Аз Муҳиддини наққош се асари мусаввар ба ёдгор мондааст. Дар яке булбуле дар шохи дарахт нишаста ва нағмасароӣ мекунад. Дар наққошии дигар ду қу тасвир ёфтааст, ки яке дар ҳоли пар задан ва дувумӣ дар ҳоли шино дида мешаванд. Ин ду кори наққоширо Муҳиддин рӯйи девори пешайвони хонаи падариаш кашида. Яке аз корҳои халлоқонаи Муҳиддин дар айёми таҳсилаш дар Омӯзишгоҳи наққошӣ тасвири симои Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) аст. Ин тоблуи наққошӣ кори дипломии Муҳиддин Олимпур буд ва акнун дар осорхонаи шоир дар зодгоҳаш – рустои Зосуни ноҳияи Айнӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Баъд аз поёни таҳсил дар Омӯзишгоҳи наққошӣ дар охирҳои даҳаи 70-и қарни гузашта Муҳиддин ҳамчун аккос ва тарроҳ дар рӯзномаи он замон маъруфи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба фаъолият оғоз кард ва ҳамзамон таҳсилро дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дод. Ӯ мӯқаламро ба дурбини аккосӣ иваз намуд. Бештар барои рӯзномаҳою маҷаллаҳо ва китобҳо аксҳои шахсиятҳо ва чеҳраҳои дурахшони илму адаб ва фарҳангу ҳунарро мегирифт. Ба сабаби нигоҳи зебо ва халлоқонааш ба инсонҳо, ашё ва муҳити атроф, аксҳояш ҷаззобу зебо буданд ва ҳар кадоми онҳо як асари ҳунариро мемонд. Заҳмату ҷустуҷӯҳои пайваста дар як муддати кӯтоҳ номи ӯро ҳамчун аксбардори соҳибистеъдоду ҳунарманд вирди забонҳо кард. Дар он солҳо ҳамкориашро бо ҳафтаномаи машҳури “Адабиёт ва санъат” оғоз бахшид. Фаъолияти пурбор дар ин ҳафтанома дар рушди ҳунару истеъдод ва шахсияти М. Олимпур нақши муассире гузошт. Узви ҳайати таҳририяи нашрия буд ва дар ҳар шумораи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” аксҳо, гузоришҳои фарҳангию ҳунарӣ ва мақолаҳояш ба нашр мерасиданд.
Дар замони шуравӣ тоҷикон аз кишварҳои ҳамзабони худ шинохти кофӣ надоштанд. Муҳиддин Олимпур аз набудани робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамзабонони худ малулу нороҳат буд ва ормони зинда кардани пайвандҳои таърихиро дар дил мепарварид.
Дар поёни соли 1979 неруҳои шуравӣ вориди хоки Афғонистон шуданд. Даҳҳо тан аз тоҷикони таҳсилкардаро барои тарҷумонӣ ба он кишвар фиристоданд. Барои Муҳиддин ҳам чунин фурсате пеш омад. Акнун ӯ имкони дидору суҳбат бо ҳамзабононашро дар он сӯйи Ому дошт, ба маҳфилҳои адабию фарҳангии онҳо мерафт ва бо равшанфикрони он сарзамин ба баҳсу гуфтугӯ менишаст. Ҳамзамон, сафҳаю навори мусиқӣ ва маҷаллаҳои гуногунеро шунидаю дида, бо осори адибону ҳунармандони ҳамзабонаш ошно мешуд. Дар маҷмуъ, М. Олимпур дар ду давра ба муддати шаш сол дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон кору зиндагӣ кард ва мардуми ин сарзаминро беҳтар шинохт. Дар канори аксҳое, ки дар рӯзномаҳои шуравӣ, аз ҷумла дар «Правда» ва «Известия» аз Афғонистон мунташир мекард, аз ин кишвар аксҳои ҳунарӣ низ мегирифт.
Баҳори соли 1988 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоишгоҳи «Афғонистон аз нигоҳи дӯст»-ро баргузор кард. Дар расми кушоиши он нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода ин иқдоми Муҳиддин Олимпурро “неку савоб” ва худи ӯро “аккоси моҳир” тавсиф намуда буд. Соли 1990 Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Муҳиддин Олимпурро барои силсилаи аксҳояш аз Афғонистон шоистаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ донист.
Ӯ аз Афғонистон бо нигоҳи комилан дигар ба Тоҷикистон баргашт. Акнун дар канори аккосии чеҳраҳои фарҳангию адабӣ ва осори ҳунарҳои мардумӣ барои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», дар мавзуъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳам акс мегирифт. Дар он солҳо М. Олимпур дар шаҳри Душанбе ду намоишгоҳи дигари аксҳояшро таҳти унвонҳои “Гулдухтарони тоҷик” ва “Мӯйсафедон” баргузор кард, ки бо пешвози гарми аҳли фарҳангу ҳунар рӯбарӯ шуд.
Армуғони дигари Муҳиддин Олимпур барои ҳамватанонаш мусоҳибаҳо, наворҳо, аксҳо, китобҳо ва маҷаллаҳои бо худ овардааш аз Афғонистон буданд. Мехост ҳамватанонашро бо овозхонҳои шинохтаи Эрону Афғонистон ошно созад.
Бо истифода аз маводҳои овардааш аз кишвари ҳамсоя ва дар ҳамкорӣ бо коргардони телевизион Ҳалим Сангинов ва журналист Ҷобир Азизмуродов (ёдаш гиромӣ бод!) дар Телевизиони Тоҷикистон барномае бо номи «Ситораҳои Шарқ» таҳия кард. Барномаҳояш дар бораи Аҳмад Зоҳир, Гугуш ва ҳунармандони дигар ба шуҳрату маҳбубияти худи Олимпур низ афзуданд.
Он солҳо нависандаи ин сатрҳо хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон буд. “Ситораҳои Шарқ” воқеан аз пурбинандатарин барномаҳои телевизионӣ буд ва бинандагон рӯзи пахши ҳар барномаи нави ин силсиларо бесаброна интизор мешуданд.
Яке аз корҳои мондагори М. Олимпур сафаргуфтаҳои ӯ бо номи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” аст. Тобистони соли 1993 ӯ ба Амрико сафар кард. Баъд аз суханронӣ дар донишгоҳи Вашингтон дар шаҳри Сиэтл Муҳиддин дар барномае, ки дӯстонаш барои ӯ тартиб дода буданд, саросари Амрикоро давр зад.
Ин сафари пурборро ӯ дар сафар-гуфтаҳояш қисса кардааст. Дар ин сафар бо фарзандони Амир Олимхон, охирин амири Бухоро гуфтугӯ кард, бо хонаводаи Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди пуровозаи Афғонистон ҳамсуҳбат шуд ва ба дидори Нодири Нодирпур, шоири бузурги эронӣ рафт ва ин ҳамаро ҳамчун пораҳои аз ҳам ҷудои тани як пайкари воҳид ба шунавандагони худ арза дошт. Ин риштагуфторҳо, ки он вақт аз радиёи форсии Би-би-сӣ пахш шуданд, нишоне аз ҷудоии аъзои як пайкари фарҳанги муштарак буданд, ки М. Олимпур орзуи пайванди дубораи онро мекард. Силсилаи гузоришҳои радиёӣ пиромуни «Шашмақом» аз дигар корҳои арзишманди М. Олимпур дар роҳи муаррифии ин шоҳкори мусиқии суннатии мо ба ҳамзабононамон дар саросари дунёст. Ӯ воқеан “сафир”-и фарҳангу ҳунари мо дар кишварҳои форсизабон буд.
Баъд аз марги М.Олимпур дӯстону ҳамкоронаш китоби мусаввареро ба номи “Бинишвари тоҷик” соли 1997 дар Лондон чоп карданд, ки он дар канори сӯгномаю хотираҳои бузургони адабу фарҳанги тоҷик ва хориҷӣ, намунаҳое аз аксҳои ҳунармандонаи ӯро низ дар бар мегирад. Соли 2001 маҷмуаи “Ҷойи ӯ дар дида буд…” дар Душанбе аз чоп баромад. Ҳамза Камол, мураттиб ва муҳаррири китоб, матолиби рангинеро пиромуни зиндагӣ ва рӯзгори Муҳиддин Олимпур гирд оварда, ки адибону фарҳангиёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон навиштаанд.
Беҳтарин китоби Муҳиддин Олимпур ба назари ман “Эрон бӯйи модар медиҳад” аст, ки ду сол пас аз марги ӯ дар Душанбе ба зевари табъ ороста шуда буд. Унвони ин сафарнома далели гӯёи меҳру муҳаббатест, ки Муҳиддин ба Модар-Ватан дошт ва Тоҷикистонро фарзанди ҷудошуда аз модар медид.
Қарор аст ин китоб ба муносибати 80-солагии М. Олимпур дар рӯзҳои наздик ба ду хат бознашр шавад.
Баъд аз марги ин рӯзноманигору аксбардори моҳир ҳамкорону дӯстонаш созмонеро дар Тоҷикистон ба номи Конуни байналмилалии Олимпур таъсис карданд, ки ҳадафаш ҳифзи осори аккосию тасвирии М. Олимпур мебошад. Ин конун дар гузашта дар заминаи рушди рӯзноманигории чандрасонаӣ ва тарбияти насли ҷадиде аз хабарнигорон ва аккосони тоҷик дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон чанд давраи омӯзишӣ баргузор кард. Муҳиддин Олимпур воқеан аз бунёнгузорони рӯзноманигории чандрасонаӣ (multimedia journalism) дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Зеро ҳанӯз чаҳор даҳсола қабл бо ин сабк фаъолият мекард, яъне худаш акс мебардошт, барои он матн менавишт, видео мегирифт ва гузоришҳои савтӣ таҳия менамуд.
Конуни байналмилалии Олимпур имсол ният дорад ба муносибати 80-умин солгарди таваллуди аксбардори барҷаста маҷмуаи наверо аз хотироту ёдномаи дӯстону ҳампешаҳо дар бораи Муҳиддин Олимпур ба нашр расонад. Дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон баргузории намоиши аксҳои ӯ низ дар назар аст.
Суҳроби ЗИЁ,
рӯзноманигор



