Шаддаи дурдонаҳо
(Назаре ба шумораи нави “дурдонаи шарқ”, самарқанд. №2 /2022)
Шумораи дувуми маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” дар шаҳри Самарқанд аз чоп баромад. Ин шумораи маҷалла низ бо нашри мавҷи табрикот оғоз гардидааст.
Сироҷиддин Сайид, Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон, дар номаи шодбош аз ҷумла менависад: “Дар шаҳри Самарқанд нашр гардидани маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” яке аз воқеаҳои фараҳбахш дар ҳаёти адабии мо мебошад. …Бигзор, қадамҳои ин маҷалла, ки бо нияти неки бо ҳам наздик кардани адабиёти ду халқи аз қадим бо ҳам дӯсту бародар ва хешу табор, инчунин дар радифи чопи асарҳои эҷодкорони тоҷикзабони ин диёр, ба хонандагони тоҷик пешкаш кардани эҷоди намояндагони адабиёти ӯзбек ба кори худ шуруъ кардааст, мубораку хуҷаста бошад.
Сафи дӯстонро намо устувор, Тифоқӣ бимонад ҳаме пойдор!
Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дар пайи шодбош бо ифтихор аз ҷойгоҳу манзалати Самарқанди куҳану навҷавон менигорад: “Беҳтарин дастовардҳои адабиёту фарҳанги навини тоҷикон низ ба ҳар василае пайванд ба Самарқанд аст. Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ беҳтарин асарҳои хешро дар ин макони адабпарвар эҷод намудаанд ва ҳамзамон барои таъсиси рӯзномаҳои тоҷикӣ ҳисса гузоштаанд.
Гулшаҳри Самарқанд сари шонаи Шарқ,
Афсонаи Ғарб буду фарзонаи Шарқ.
Бо тозаҷило зи ҳиммати волояш
Омад ба кафи замона “Дурдонаи Шарқ”.
Дар мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дурдонаи Шарқ”: Оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар Самарқанд моҳи марти соли 2022 аз чоп баромадани шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” беҳтарин туҳфа барои мардуми тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзёбӣ шуда, дар мисоли таъсис ёфтани Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд, аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ӯзбекистон баргузоршавии чорабиниҳои фарҳангии марказҳои миллии тоҷикони вилоятҳои Ӯзбекистон, ба марказҳои фарҳангӣ ҷудо гардидани грантҳои ҳукуматӣ барои чопу бознашри асарҳои адибони тоҷик ва тарҷумаи осори адибони ӯзбек, дар вилояти Самарқанд таъсис ёфтани шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ба фаъолият пардохтани шуъбаҳои тоҷикӣ дар якчанд муассисоти таҳсилоти олии кишвар чун нишонаҳои ба марҳалаи тоза ворид гардидани робитаю муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя таъкид гардидааст.
Мақола хусусияти шодбоши ба чоп расидани маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” дар Самарқандро дорад, вале муаллиф бо ин маҳдуд нашуда, тавре ба олими адабиётшинос хос аст, аз назари муҳаққиқ, вале бо самимияти эҳсосшаванда, мундариҷаи шумораи нахустини маҷалларо бозгӯ кардаву матолиби адабии табъшударо шарҳу тавзеҳ медиҳад. Ба хусус ороиши дар ҳақиқат зебою пурмазмуни шумораи нахустини “Дурдонаи Шарқ” аз назари муаллифи соҳибзавқ берун намондааст, ки менависад: “Дар рӯйи муқова кори рассоми Самарқанд Алибек Раҳмон — “Дарахти ҳаёт” бо шакли ранга ҷой дода шудааст, ки таърихи ин шаҳри куҳанро бо фарҳанги бояш фаро мегирад”, “дар дохили муқова акси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо рубоии машҳури ӯ “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад” ҷойгир шудааст”, “дар дохили муқоваи пушти маҷалла акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо рубоии зерин оварда шудааст:
Саъйе бинамову илму одоб,
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бо донишу ботамиз бошӣ”.
Шумораи дуюми маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ”, ки ба тозагӣ аз чоп баромад, то куҷо муҳим будани ороиш ва ҷобаҷогузории матолиб барои ҳамагуна нашрия, на беҳуда ҷалб гардидани таваҷҷуҳи муҳаққиқ ба ороиши шумораи нахустинро бе сухан бозгӯ мекунад. Рӯйи муқоваро маҳсули мӯқалами мусаввир Алишер Алиқулов “Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ” зеб дода бошад, дохили муқова акси Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо зерматни порае аз “Шоҳнома”-и безаволашро фаро гирифтааст. Дохили муқоваи пушти маҷалла бо акси устод Абулқосим Лоҳутӣ ва чанд байте аз осори ӯ музайян гардидааст ва паси муқоваи пушти маҷалла чун дар шумораи нахустин, рекломи хизматрасониҳои Хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат”-ро, ки дарвоқеъ “Дурдонаи Шарқ” дар он саҳифабандӣ мегардад, ҷой додааст.
Маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” шаклан ба “Садои Шарқ” шабеҳ, лек ҳаҷман хурдтар (12 ҷузъи чопӣ) мебошад, вале гӯшаю рубрикаҳои зиёдтар дорад. Шумораи мавриди назари мо бар замми гӯшаи шодбоши чопи маҷаллаи нав (аз 7 муаллиф), зери 20 рубрикаи дигар матолиби хонданӣ ба табъ расонидааст. Агар ҳисобем, ки рубрикаҳои “Назм”, “Наср”, “Адабиёти муосир”, “Адабиёти кӯдакон”, “Нақди адабӣ”, “Адабиётшиносӣ”, “Ёднома”, “Ҳаҷв”, “Китобҳои тозанашр” хосси маҷаллаҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии бо забонҳои гуно- гун нашршаванда асту чашми хонанда унс гирифтааст, рубрикаҳои шумораи дуюми маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” – “Адабиёти навини Тоҷикистон”, “Адабиёти навини Эрон”, “Адабиёти навини Афғонистон” бозёфти дастандаркорони маҷалла буда, бо табъи намунаҳое аз адабиёти имрӯзи кишварҳои ҳамзабон, вазъ ва сатҳи ҳунари равандҳои эҷодии минтақаро то ҷойе бозтоб медиҳанд.
Ғазалҳои шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор “Насиби ман шукуфтан нест”, Озарахш “Ойинаро бедор кун!..”, шеърҳои “Оғоз”-и Аҳмади Шомлу, “Гурги дарун”-и Фаридуни Муширӣ (Эрон), 2 ғазале аз Қаҳҳори Осӣ ва ғазале аз Розиқи Фонӣ (Афғонистон) таҳти рубрикаҳои номбурда ба ҳайси дастагуле аз гулистони адаби форсизабонон, ба алоқамандони шеъри муосир армуғони дилкашест.
Гӯшаи “Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар давраи истиқлол” дар ин шумораи “Дурдонаи Шарқ” низ пурбор аст. Зери рубрикаи “Назм”-и он намунаҳо аз ашъори 14 тан аз сухансароёни ба истилоҳ калонсолу миёнасол ҷой гирифта бошанд, гӯшаи “Эҷоди ҷавонон” дар бахши “Назм” шеърҳои 5 нафар ва дар бахши “Наср” ҳикояи 1 нафарро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешниҳод намудааст. Нуктаи ҷолиби маводи ин гӯшаҳои маҷалла дар фарогирии ҷуғрофиёи фарохи эҷодкорони гуногунсолу гуногунсабк зоҳир мегардад, яъне, бар хилофи ақидаи маъмули “эҷодгарӣ танҳо дар Самарқанду водии Сурхон зинда мондааст”, зери имзои эҷодгарон зикри шаҳру навоҳии Тошканду Шаҳрисабзу Деҳқонободу Форишро низ мебинем, ки аз як сӯ, ба руҳбаландии муаллифон сабаб гардад, аз ҷониби дигар, ба ҷалби хонандагону алоқамандони нав ба нави маҷалла мусидат менамояд.
Худо кунад, ки нияти Асадуллоҳ Исмоилзода, роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд, сармуҳаррири “Дурдонаи Шарқ”, “маҷалларо, ки алҳол ҳамчун фаслнома, соле чаҳор маротиба чоп мешавад, бо дастгирии муштариён ва афзудани теъдоди хонандагон, аз соли оянда ба моҳнома табдил доданӣ ҳастем”, амалӣ гардад.
Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, муҳаққиқ